Сумангул Тағоева, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз афзудани теъдоди ҷинояткории занон изҳори нигаронӣ карда гуфт: „Дар муддати 6 моҳ аз сӯйи занон 690 ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 241 маврид бештар аст. Дар ин давра 311 мавриди худкушӣ ва худсӯзӣ сабт шудааст, ки дар 164 ҳолат занон ба ин аъмоли нангин даст задаанд“.
Шариф Назаров, сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, аз тамоюли болоравии сатҳи ҷинояткорӣ изҳори ташвиш кард. Ӯ иброз дошт, ки тайи шаш моҳи аввали соли равон дар қаламрави вилояти Суғд аз ҷониби 258 нафар бонувон ҷиноят содир шудааст. 177 нафар беш аз 30-сола, 71 нафар то 30-сола ва 10 нафар духтарони то 18-сола. Ин дар ҳолест, ки дар нимсолаи нахусти соли 2012 221 нафар занон даст ба ҷиноят зада, теъдоди ҷиноятҳои содиркардаи онон 206 ададро ташкил медод.
Назар ба иттилои сардори шуъбаи нозиротию ташкилии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковник Наим Муртазоев тайи 6 моҳи аввали соли равон аз ҷониби занҳо 2 куштор, 34 авбошӣ, 1 ҳодисаи расонидан ба худкушӣ, 19 даллагӣ, 1 ҳодисаи расонидани зарари ҷисмонӣ, 25 дуздӣ, 27 қаллобӣ, 1 ғоратгарӣ, 5 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, 2 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ ва 140 ҷиноятҳои дигар содир шудаанд.
Арзишҳо дар ҷомеа тағйир меёбанд?
Собиқадори милитсия полковник Мирзонаим Муртазоев бар он аст, ки ҷинояткории бонувон аз ду чиз ибтидо мегирад. Аввал, як теъдод занон ба дарёфти пули калон бо заҳмати андак одат кардаанд. Дувум, мардҳо беш аз пеш рисолати мардии хешро, ки ҳимоя ва пуштибонии зан аст, аз даст медиҳанд. Бархе мардон занонро ба як ҷинси дастнигару мутеъю фармонбардору муҳтоҷ табдил додаанд.
–Боре дар ноҳияи Ҷаббор Расулов раҳгузар будам,– қисса мекунад ӯ. –Ба чойхона даромадам. Мизоҷон саросар мардҳо буданд. Пас аз чанд лаҳза сари роҳи калон дидам, ки чӣ сон бонувони зиёде сару рӯйи худро бо рӯймоли сафед печонида, каланд мезаданд. Онҳо бо гирифтани музди андак шукр мегуфтанд. Вале пас аз чанд рӯзи ин ҳодиса дар чаҳорчӯби баргузории як амалиёт чанд занеро дучор омадем, ки даст ба кори осону сердаромад - танфурӯшӣ зада буданд. Ба ёдам боз он духтаракони рустоӣ расид, ки ба ҳама мушкилоти зиндагӣ тоб меоварданду шиквае аз зиндагӣ надоштанд. Зеро онҳо чунин тарбия ёфта, барояшон иффат, нанг, номус ва шарму ҳаё аз ҳама чизи дигар боло меистад.
Суханони афсари собиқадорро мудири бахши хуҷандии созмони ҷамъиятии „Маркази ҳуқуқи инсон“ Татяна Хатюхина тақвият мебахшад. Ӯ мегӯяд: „Афзудани теъдоди ҷинояткорӣ аз ҷониби занон воқеан мояи нигаронӣ аст. Зеро аксари мардон дар муҳоҷиратанд ва занон муваззафанд ҳам кӯдаконро тарбият намоянд ва ҳам кор бикунанд“.
Хонум Хатюхина дар амри ҷилавгирӣ аз ривоҷ ёфтани ҳаводиси даллагӣ, нашъаҷаллобӣ, авбошӣ, қаллобӣ, дуздӣ ва ҷиноёти дигар нақши кормандони мақомоти корҳои дохила, бавижа, нозирони минтақавиро муҳим донист. Ба андешаи ӯ нозири минтақавӣ бояд бидонад, ки дар минтақаи назоратии ӯ кӣ ба чӣ кор машғул аст ва ба қавле „кӣ чӣ тавр нафас мекашад“.
Раъно Бобоҷонова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дар ин маврид мегӯяд: „Бо мақсади ҳаллу фасл намудани мушкилоти аҳолӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, ҳодисаҳои худкушӣ, нашъамандию интиқоли маводи мухаддир, ҷиноятҳои марбут ба ахлоқ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ байни занону наврасон дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҳисоби занони фаъол ва соҳибтаҷриба гурӯҳҳои мушоҳидон таъсис шудааст. Аъзои ин гурӯҳҳо хона ба хона гашта, бо аҳволи мардум ошно мешаванд ва мушкилоти онҳоро якҷоя бо мақомоти дахлдор ҳал мекунанд“.
Соҳибназарон муътақиданд, ки раванди ҷаҳонишавӣ, интишор ва тарғиби фаҳшу хушунат тавассути Интернет ва муҳоҷирати бебозгашту давомдор таъсири манфии хешро дар руҳу равони занон боқӣ мегузоранд. Бадӣ зояндаи бадӣ аст. Бонувоне, ки муҷозот ва равонаи зиндон мегарданд, аксаран бо тарзу усули зист дар он маҳрумгоҳҳо хӯ гирифтаю мутобиқ мешаванд. Ин аст, ки бархе аз онҳо чун ба озодӣ мебароянд, дер ё зуд боз даст ба ҷиноят мезананд. Зеро муҳит онҳоро аксар ислоҳнопазир гардонида, эшон кунҷи зиндонро аз озодӣ афзал мешуморанд.
Замоне занро гул, олиҳаи ҳусну зебоӣ, ҷинси латифу боназокат ва маҳбубаи замину замон тавсиф мекарданд. Мегуфтанд, ки „аз гул пиёла соз, ки лаби ёр нозук аст!“. Вале ҳоло бархе барои лабони ёр ба ҷойи гул аз пул пиёла месозанд, зеро арзишҳо, муқаддасот, раванди ҳаводис дар ҷаҳони муосир батадриҷ тағйир меёбад. Миллате аз ин сели балою офатбор эмин хоҳад монд, агар сияҳро аз сафед, зулмро аз адолат, кажиро аз ростӣ фарқ бикунад ва барои рафъу ислоҳи камбуду норасоиҳои дар ҷомеа доштааш ҷиддан талош варзад.
Тилав Расулзода