Ҳолатҳои аз ҷониби иҷоранишинон ғасб кардани манзилҳо ва бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ соҳибӣ кардани манзили каси дигар ва ё хариду фурӯш намудани онҳо зиёд рух медиҳанд. Дар ҷараёни ин воқеот баъзе шаҳрвандон аз манзили худ бенасиб гашта сарсону саргардон ҳам мешаванд. Омор нишон медиҳад, ки дар бисёр ҳолатҳо бонувон ҳангоми ба иҷора додани манзилашон ба иштибоҳҳо роҳ медиҳанд ва ё аз надонистани қонунҳо танҳо тариқи боварӣ, забонхат ва ё усули дигар хонаҳои худро ба дигарон ба иҷора медиҳанду сипас бонувони дигари миёнарав ва ё қаллоб эшонро фиреб медиҳанд. Омили асосии мувоҷеҳ шудан ба ин мушкилотро коршиносон дар надонистани қавоиди зарурӣ ва талаботи кодекси манзил медонанд. Бо дарназардошти муҳимияти ин масъала дар зер моддаҳои зарурии боби алоҳидаи КОДЕКСИ МАНЗИЛИ ҶТ манзуратон мегардад, то ба талаботу шарту шароити қонунии иҷора ва кирояи манзил ошно шавед.
БОБИ 2.
КИРОЯИ МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ
ДАР ХОНАҲОИ ФОНДИ ДАВЛАТӢ ВА ҶАМЪИЯТӢ
Моддаи 43. Шартномаи кирояи хонаи истиқоматӣ. Бастани шартномаи кирояи хонаи истиқоматӣ
Истифода кардани манзили истиқоматии фонди давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба воситаи шартномаи истифодаи манзил сурат мегирад.
Шартномаи кирояи хонаи истиқоматӣ дар биноҳои фонди манзили давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба таври хаттӣ, дар асоои ордери хонаи истиқоматӣ байни кироядеҳи ташкилоти истифодаи манзил (дар сурати набудани он — корхона, ташкилоту муассисаи дахлдор) ва кирояпир — шаҳрванде, ки ба номаш ордер дода шудааст, баста мешавад.
Дар шартномаи кирояи манзили истиқоматӣ ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳо дар мавриди истифодаи манзили истиқоматӣ муайян карда мешаванд.
Шартномаи намунавии кирояи манзили истиқоматӣ, тартиби истифодаи хонаҳои истиқоматӣ, нигаҳдошти манзил ва рӯи ҳавлӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Ба муносибатҳое, ки аз шартномаҳои кирояи хонаи истиқоматӣ бармеоянд, дар мавридҳои дахлдор инчунин қоидаҳои қонунҳои гражданӣ татбиқ карда мешаванд.
Моддаи 44. Предмети шартномаи кирояи хонаи истиқоматӣ
Дар биноҳои фонди манзили давлатӣ ва ҷамъиятӣ предмети шартномаи кироя, чун қоида, квартираи алоҳида мебошад.
Як қисми утоқ ё утоқе, ки бо дигар утоқ даромади умумӣ дорад (хонаҳои дарун ба дарун), инчунин утоқҳои ёрирасон (ошхона, даҳлез, анбор ва ғайра) предмети мустақили шартномаи кироя шуда наметавонанд.
Моддаи 45. Аъзоёни оилаи кироягир
Ба ҷумлаи аъзоёни оилаи кироягир ҳамсари кироягир, фарзандон ва волидайни онҳо дохил мешаванд.
Фарзандоне, ки оилаи худро доранд ва муқимӣ бо кироягир зиндагӣ мекунанд, танҳо бо розигии тарафҳо аъзои як оила шумурда мешаванд.
Хурандагони ғайри қобили меҳнат агар батаври доими бо кироягир зиндагӣ кунанд, аъзои оилаи кироягир дониста мешаванд.
Дигар хешу ақрабо, дар баъзе ҳолатҳои мустасно дигар ашхосро, ки бо кироягир якҷоя на камтар аз 6 моҳ, зиндагӣ мекунанд, бо вай хоҷагии умумӣ мебаранд, аъзои оилаи кироягир донистан мумкин аст;
Бахсҳо дар мавриди аъзои оилаи кироягир ҳисобидани шахс аз тариқи суд ҳал мегардад.
Моддаи 46. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аъзоёни оилаи кироягир
Аъзоёни оилаи кироягир, ки бо ӯ якҷоя зиндагӣ мекунанд, баробари кироягир аз ҳамаи ҳуқуқҳо истифода мебаранд, ҳамаи масъулиятҳои аз шартномаи кирояи хонаи истиқоматӣ бармеомадаро ба ӯҳда доранд.
Аъзоёни ба балоғатрасидаи оила мутобиқи ӯҳдадориҳои шартномаи кирояи хонаи истиқоматӣ бо кироягир масъулияти муштараки амволӣ доранд.
Агар ашхоси дар қисмҳои 1-4 моддаи 45 Кодекси мазкур зикргардида аз аъзогии оилаи кироягир баромада, вале дар манзили ишғолнамудаашон зиндагиро идома диҳанд, пас онҳо баробари кироягир ва аъзоёни оилаи ӯ дорои ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо мебошанд.
Моддаи 47. Ҳуқуқи кироягир ба сокин кардани шаҳрвандони дигар ба манзили истиқоматиаш
Кироягир ҳуқуқ дорад тибқи тартиби муқарраршуда, бо розигии аъзоёни оила, дар хонаи истиқоматиаш ҳамсари худ, фарзандон, волидайн, инчунин дигар ашхосро ҷой диҳад.
Барои дар назди волидайн ҷойгир кунонидани фарзандони ноболиғашон чунин розигӣ талаб карда намешавад.
Ашхосе, ки мутобиқи муқаррароти моддаи мазкур сокин шудаанд, барои истифодаи хонаи истиқоматӣ баробари дигар ашхоси сокини он, агар ҳангоми ҷойгиршавӣ байни ин ашхос, кироягир ва аъзоёни ҳамроҳи ӯ истиқоматкунандаи оилааш оиди истифодаи манзили истиқоматӣ дигар аҳду паймон баста нашуда бошад, ҳуқуқ пайдо мекунанд.
Шахрвандоне, ки ба хонаи истиқоматии кироягир ба сифати парастор ё васӣ сокин шудаанд, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки онҳо аъзои оилаи кироягир шинохта шаванд ё тибқи тартиби муқарраршуда ин хона ба онҳо дода шавад, ба ин хона ҳуқуқи мастақил надоранд.
Моддаи 48. Пардохти ҳаққи истифодаи хонаи истиқоматӣ ва хизматрасонии коммуналӣ
Андозаи пардохти ҳаққи истифодаи хонаи истиқоматӣ (хонапулӣ) дар биноҳои фонди давлатӣ ва ҷамъиятӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Ҳукумат ҳуқуқ дорад андозаи тафриқашудаи хонапулиро бо назардошти маҳалли истиқомат, сифати манзил, ошёна ва дигар шароити зисти шаҳрвандон муқаррар намояд.
Ҳаққи майдони истиқоматӣ, аз ҷумла иловагӣ, ки тибқи меъёри муқарраршуда ба кироягир ва аъзоёни оилаи ӯ дода шудааст (моддаи 36 Кодекси мазкур), инчунин майдони истиқоматии изофа, агар андозаи он ба ҳамаи аъзоёни оила аз нисфи меъёри майдони истиқоматии ба як нафар муайяншуда зиёд набошад, яккарата пардохта мешавад.
Пардохти ҳаққи истифодаи қисми боқимондаи майдони истиқоматӣ ба андозаи зайл сурат мегирад:
- барои 10 метри мураббаъи аввалини майдони истиқоматии изофагӣ;
- ба андозаи дукарата, барои ҳар метри мураббаъи изофа аз он -ба андозаи секарата.
Андозаи ҳаққи манзил, аз ҷумла барои майдони истиқоматии изофагӣ дар биноҳои фонди манзили ҷамъиятӣ аз тарафи ташкилоти молики бино муқаррар карда мешавад.
Ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ (об, газ, барқ, гармӣ ва дигар хизматрасонӣ) алоҳида аз хонапулӣ, тибқи тарифи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.
Кироягир вазифадор аст хонапулӣ ва ҳаққи хизматрасонии коммуналиро сари вақт пардозад.
Тартиби тақсимоти хонапулӣ ва ҳаққи хизматрасонии коммуналиро байни чанд кироягир, ки дар квартираи умумӣ зиндагӣ мекунанд, шартномаи муштараки тарафҳо муқаррар менамояд.
Моддаи 49. Имтиёзоти хонапулӣ ва хизматрасонии коммуналӣ
Имтиёзоти хонапулӣ ва хизматрасонии коммуналиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Дар биноҳои фонди манзили ҷамъиятӣ имтиёзоти ҳаққи манзили истиқоматиро ташкилоти молики бинои истиқоматӣ муқаррар мекунад.
Ҷуброни хароҷоти вобаста ба имтиёзи хонапулӣ ва хизматрасонии коммуналӣ аз тарафи ташкилоти имтиёздиҳанда, ба ғайр ҷуброни хароҷоте, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинй гардидаст, анҷом дода мешавад.
Ба шаҳрвандоне, ки дар биноҳои марбути колхозҳо зиндагӣ мекунанд, бо қарори маҷлиси умумии аъзоёни колхоз ё маҷлиси вакилони он имтиёз муқаррар карда мешавад.
Моддаи 50. Аз ҷониби мутахассисон бемузд истифода бурдани манзили истиқоматӣ, хизматрасонии коммуналӣ, неруи барқ, газ ва телефон
Мутахассисоне, ки дар деҳот, берун аз маҳалҳои аҳолинишин (дар шаҳраки коргарон ва дигар шаҳракҳо) кор ва истиқомат мекунанд, аз биноҳои истиқоматӣ, хизматрасонии коммуналӣ, неруи барқ, газ ва телефон тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бепул истифода мебаранд.
Номгӯи гурӯҳи мутахассисон, ки бо чунин биноҳо таъмин мешаванд ва тартиби ба онҳо додани хонаҳои истиқоматиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Моддаи 51. Нигоҳ, доштани хонаи истиқоматии шаҳрванди муваққатан ғоиб (хозирнабуда)
Дар сурати муваққатан истиқомат накардани кироягир ё аъзоени оилааш манзил дар давоми шаш моҳ, ба номи ӯ нигоҳ, дошта мешавад.
Хонаи истиқоматӣ дар ҳисоби кироягири муваққатан ғоиб ва ё аъзоёни оилаи ӯ дар мавридҳои зерин ба мӯҳлати нисбатан бештар нигоҳ, дошта мешавад:
1) хизмати ҳарбӣ дар қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз ҳудуди он, дар ҳайати қувваҳои мусаллаҳе, ки бо иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст;
2) рафтан ба кор мутобиқи шартномаи мӯҳлатноки меҳнатӣ ё қарордод, вобаста ба интихоб ба вазифаи интихобӣ дар тамоми мӯҳлати меҳнат;
3) вобаста ба шароиту характери кор муваққатан, аз ҷои истиқомати доими рафтан (экипажи киштиҳо, кормандони гурӯҳҳои геологию ҷустуҷӯӣ, экспедиторҳо ва ғайра);
4) ба тарбияи муассисаҳои давлатии бачагона (ба хешовандони васӣ ё парастор) додани кӯдакон дар тамоми давраи дар ин муассисаҳо будани онҳо, дар назди хешовандон, васӣ ё парастор бошад - то ба балоғат расидани онҳо;
5) бо сабаби таҳсил - дар тамоми давраи таҳсил (донишҷӯён, таълимгирандагони омӯзишгоҳҳои касбию техники, такмили ихтисос);
6) вобаста ба иҷрои вазифаи васӣ ё парастор ба ҷои дигар рафтан - дар тамоми давра, то қатъи чунин вазифа;
7) барои муолиҷа рафтан ё ҷойгир шудан дар профилакторияҳои табобатию меҳнатӣ - дар тамоми давраи дар он ҷо будан;
8) сафар ба хориҷа, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунҳо - дар тамоми давраи дар хориҷа будан;
9) ба ҳабс гирифта шудан ё маҳкум, гардидан ба маҳрумият аз озодӣ ё дигар намуди ҷазо, ки дар маҳалли мазкур истиқомат карданро ғайриимкон мегардонад - дар давраи мӯҳлати дар ҳабс қарор доштан ё то ҳатми давраи муҷозот.
Ҳуқуқи ашхоси ғоиб ба истифодаи хонаи истиқоматӣ аз рӯзи ба охир расидани мӯҳлатҳои дар модаҳои мазкури Кодекс муқарраргардида, дар давоми шаш моҳ, нигоҳ, дошта мешавад.
Моддаи 52. Тартиби аз ҳуқуқи истифодаи манзил маҳрум донистани шахс
Бо сабаби аз мӯҳлати муққарраршуда бештар истиқомат накардани шахс (моддаи 51 Кодекси мазкур) аз ҳуқуқи истифодаи хонаи истиқоматӣ маҳрум шудани ӯ аз тариқи суди ҳал карда мешавад.
Агар кироягир ё аъзоёни оилаи ӯ бо сабабхои узрнок бештар аз шаш моҳ, истиқомат накарда бошанд, ин мӯҳлатро кироядеҳ, аз рӯи аризаи кироягир ё аъзои ғоиби оилаи ӯ, дар сурати баҳс бошад - суд дароз карда метавонад.
Моддаи 53. Ҳуқуқ ва вазифаҳои кироягири муваққатан ғоиб ва аъзоёни оилаи ӯ
Ҳангоми муваққатан ғоиб будани кироягир, нафаре аз аъзоёни оилаи ӯ ё ҳамаашон (моддаи 51 Кодекси мазкур) ашхоси ғоиб ҳуқуқҳои худро ба хонаи истиқоматӣ нигоҳ медоранд ва тибқи шартномаи кирояи хонаи истиқоматӣ ӯҳдадориҳои худро ба ҷо меоранд.
Эзоҳ: Маълумоти муфассалро дар мавриди масоили дигари манзил аз Кодекси манзили ҶТ пайдо хоҳед кард.
Омода кард: Р.Камол