БОБИ 7 ҲУҚУҚИ МОЛУМУЛКИИ ЗАНУ ШАВҲАР
Моддаи 34. Моликияти муштараки зану шавҳар
1. Молу мулкие, ки зану шавҳар дар давраи заношӯӣ ҷамъ кардаанд, моликияти муштараки онҳо мебошад.
2. Даромаде, ки зану шавҳар дар натиҷаи фаъолияти меҳнатӣ, соҳибкорӣ ва зеҳнӣ ба даст овардаанд, нафақа, ёрдампулӣ ва пардохтҳои дигари пулии гирифтаашон, чизҳои харидаашон, қоғазҳои қиматнок, саҳмия, пай ва ҳама гуна молу мулки манқул ва ғайриманқули дар давоми заношӯӣ ҷамъкардаашон, сарфи назар аз он, ки ба номи кадоме аз зану шавҳар харида шудааст (ё маблағ гузаронида шудааст), моликияти муштараки онҳо ҳисоб мешавад.
3. Ҳуқуқ ба молу мулки муштарак ҳамчунин ба зан ё шавҳаре низ тааллуқ дорад, ки дар давоми заношӯӣ хоҷагиро пеш мебурд, фарзандонро нигоҳубин мекард ё бо сабабҳои узрнок даромади мустақилона надошт.
Моддаи 35. Ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани моликияти муштараки зану шавҳар
1. Ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани молу мулке, ки дар моликияти муштараки зану шавҳар қарор дорад, танҳо бо розигии мутақобилаи онҳо сурат мегирад. (ҚҶТ аз 26.12.11с. №791)
2. Ҳангоми аз ҷониби зан ё шавҳар анҷом додани муомилоти вобаста ба ихтиёрдории молу мулки умумӣ чунин тасаввур мешавад, ки ӯ бо розигии ҳамсари худ амал мекунад.
Муомилоте, ки аз ҷониби яке аз ҳамсарон оид ба ихтиёрдории молу мулки умумӣ анҷом дода шудааст, аз ҷониби суд қисман бо сабаби мавҷуд набудани розигии ҳамсари дигар танҳо ҳангоме, ғайриқонунӣ эътироф мегардад, ки агар яке аз онҳо бо чунин талаб муроҷиат намояд ва танҳо дар сурати собит гардидани он, ки тарафи дигар аз муомилот огоҳ буд ё пешакӣ бояд норозӣ будани тарафи дигарро барои анҷом додани чунин муомилот медонист.
3. Барои ба анҷом расонидани муомилот вобаста ба ихтиёрдорӣ кардани молу мулки ғайриманқул ва муомилоте, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун тасдиқ ё қайди нотариалиро талаб мекунад, бояд розигии пешакии аз тариқи идораи наториалии давлатӣ тасдиқшудаи зан ё шавҳар гирифта шавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с. №791)
Ҳамсаре, ки ризоияти дар идораи нотариалии давлатӣ тасдиқшудаи худро барои иҷрои аҳд надодааст, ҳуқуқ дорад дар қисми молу мулки ба худаш таалуқ дошта дар моликияти умумии якҷоя бекор кардани аҳдро талаб намояд, ё ҳамсар ҳуқуқ дорад ба андозаи ҳиссаи дар боло зикргардида аз маблағе, ки ҳамсараш аз фурӯши молу мулки ба даст овардааст, дар давоми се сол аз рӯзи огоҳ шудан аз чунин муомилот ё мебоист аз иҷрои чунинмуомилот ё пардохти пули онро талаб намояд.
Моддаи 36. Моликияти ҳар кадоме аз зану шавҳар
1. Молу мулкие, ки ба зану шавҳар то ақди никоҳ тааллуқ дошт, инчунин молу мулкие, ки дар давраи заношӯӣ зан ё шавҳар ҳамчун ҳадья ё мерос гирифтааст, моликияти ҳар кадоми онҳо мебошад.
2. Ашьёи истифодаи шахсӣ (либос пойафзол ва ғайра), ба истиснои ҷавоҳирот ва асбоби дигари зебу зинат, гарчанде дар давраи заношӯӣ аз ҳисоби маблағҳои умумии зану шавҳар ба даст оварда шудаанд, моликияти шахсии ҳар кадоме аз зану шавҳар ба ҳисоб мераванд.
3. Суд метавонад молу мулкиеро, ки ҳар кадоме аз зану шавҳар ҳангоми ҷудо зиндагӣ карданашон ҷамъ овардаанд, дар сурати воқеан қатъ гардидани ақди никоҳ моликияти ҳар кадоми онҳо эътироф намояд.
Моддаи 37. Моликияти муштараки зану шавҳар донистани молу мулки ҳар кадоми онҳо
Молу мулки ба ҳар як ҳамсар тааллуқдоштаро метавон моликияти муштараки онҳо донист, агар муқаррар гардад, ки дар давоми заношӯӣ аз ҳисоби молу мулки умумии зану шавҳар ё молу мулки шахсии зан ё шавҳар ва ё меҳнати ӯ саҳме гузошта шудааст, (таъмири асосӣ, азнавсозӣ, азнавҷиҳозонӣ ва ғайра), ки дар натиҷаи он арзиши молу мулки ба ҳар кадоме аз зану шавҳар тааллуқдошта хеле афзудааст, агар дар аҳдномаи байни онҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
Моддаи 38. Тақсими молу мулкие, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад
1. Тақсими молу мулкие, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад, чӣ дар давоми заношӯӣ ва чӣ баъди талоқ, бо талаби ҳар кадоме аз онҳо, инчунин дар ҳолати аз ҷониби қарздиҳанда талаб кардани тақсими моликияти умумии зану шавҳар барои ситонидани маблағи қарз аз саҳми зан ё шавҳар дар моликияти умумӣ сурат гирифта метавонад.
2. Дар сурати тақсими молу мулки умумии зану шавҳар дар давраи заношӯӣ он қисми молу мулки умумие, ки тақсим нашуда буд, инчунин молу мулкие, ки зану шавҳар дар давраи ақди никоҳ ҷамъ кардаанд, моликияти умумии онҳоро ташкил медиҳад.
3. Молу мулки умумии зану шавҳар метавонад бо созишномаи зану шавҳар дар байни онҳо тақсим карда шавад. Дар ҳолати ба миён омадани баҳс вобаста ба тақсими молу мулки муштараки зану шавҳар, инчунин муайян намудани саҳми зану шавҳар дар ин молу мулки он ба тартиби судӣ ҳал карда мешавад.
4. Зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки тақсими пасандоз, саҳмия, ҳисса ва саҳми дар сармояи муассисаи кредитӣ ё ташкилотҳои дигари тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ ба номи яке аз онҳо гузоштаашонро талаб намоянд, агар ин пардохтҳо моликияти муштараки онҳо бошанд.
5. Пасандозҳое, ки зану шавҳар аз ҳисоби молу мулки умумиашон ба номи фарзандони ноболиғи худ гузоштаанд, молу мулки мутааллиқ ба фарзандон дониста шуда, ҳангоми тақсими молу мулкие, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад, ба инобат гирифта намешаванд.
6. Нисбати талаби зану шавҳари ҷудошуда дар хусуси тақсими молу мулки муштараки онҳо, ки онҳо дар давраи заношӯӣ ҷамъ овардаанд, мӯҳлати сесолаи даъво истифода мешавад.
Моддаи 39. Муайян намудани ҳисса ҳангоми тақсими молу мулкие, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад
1. Ҳангоми тақсими молу мулкие, ки дар моликияти муштараки зану шавҳар мебошад ва муайян намудани ҳиссаи зану шавҳар дар ин амал ҳиссаи онҳо баробар дониста мешавад, агар дар аҳдномаи байни онҳо тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.
2. Суд метавонад ҳиссаи зан ё шавҳарро дар молу мулки умумиашон бо дарназардошти манфиати фарзандони ноболиғ ё манфиати қобили таваҷҷӯҳи зан ё шавҳар, зиёд кунад. Ҳиссаи зан ё шавҳар бо назардошти корношоямии онҳо, инчунин агар яке аз онҳо бо сабабҳои узрнок даромад нагирифта бошад ё молу мулки умумиро бар зарари манфиати оила сарф карда бошад, инчунин дар сурати ҷой доштани ҳолатҳои дигари қобили таваҷҷӯҳ мумкин аст зиёд карда шавад.
3. Ҳангоми тақсими молу мулки умумии зану шавҳар суд бо талаби онҳо муайян менамояд, ки кадом ашьё бояд ба кадоме аз онҳо дода шавад. Агар ба зан ё шавҳар ашёе дода шавад, ки арзиши он аз ҳиссаи барои ӯ муайяншуда зиёд бошад, барои ҳамсари ӯ метавонад ҷубронпулӣ ё ҷуброни дигар муқаррар карда шавад.
4. Қарзи умумии зану шавҳар ҳангоми тақсими молу мулки умумӣ дар байни зану шавҳар баробар ба ҳиссаи ба ҳар яки онҳо муқарраршуда тақсим карда мешавад.
5. Ашёе, ки махсус барои қонеъ гардонидани талаботи фарзандони ноболиғ харида шудаанд (либос, пойафзол, лавозимоти мактаб ва варзиш, асбобҳои мусиқӣ, китобҳои кӯдакона ва ғайра) ба ихтиёри зан ё шавҳар, ки фарзандон бо ӯ зиндагӣ мекунанд, бе ҷуброн гузошта мешаванд.
Омода кард: Р. КАМОЛ