Фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз омилҳои асосии таҳкими пояҳои оиладорӣ ва рушди ҷомеаи муосир аст, аммо имрӯз дар ин самт бояд масоили муҳим матраҳ ва таҳқиқ гарданд. Ноогоҳии фоизи муайяни одамон аз ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаю уҳдадориҳои худ дар раванди кору рӯзгорашон мушкилот эҷод мекунад. Аз ин мавқеъ маҷалла оид ба мавзуъҳои ҳуқуқӣ суҳбатҳои тахассусиро бо ҳуқуқшиносон таҳия месозад,то паҳлуҳои нозуки имконоту маҳдудиятҳои шаҳрвандон аз нигоҳи қонун вобаста ба ин ё он масъала рӯшан гарданд. Дар бахши навбатӣ масъалаи фарзандхондӣ баррасӣ мегардад. Ба саволҳо перомуни ин масъала номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Дониёр Сангинов посух мегӯяд.
Масъалаи фарзандхондӣ тибқи қонунҳои амалкунандаи ҶТ чӣ гуна баррасӣ шудааст?
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи фарзанд-хонӣ дар асоси Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998, №682 бо тағйиру иловаҳои охирин аз 19.03.2013с. №952 (боби 19, моддаҳои 125-146) танзим карда мешавад. Фарзандхондӣ шакли афзалиятноки ҷобаҷокунии кӯдакони бе парастории падару модармонда мебошанд.
Ба фарзандхондӣ қабул кардан танҳо аз тарафи шаҳрвандони ба балоғатрасидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои шахсони зерин сурат мегирад:
- шахсоне, ки ҷои муайяни истиқомат надоранд;
- шахсоне, ки ҳангоми фарзандхондӣ барои содир кардани ҷинояти қасдона доғи судӣ доранд;
- шахсоне, ки суд барои содир намудани ҷиноят нисбати онҳо чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ таъин кардааст;
- шахсоне, ки суд онҳоро ғайриқобили амал ё қобилияти амалашон маҳдуд эътироф намудааст;
- зану шавҳаре, ки суд яке аз онҳоро ғайриқобили амал ё қобилияти амалаш маҳдуд эътироф намудааст;
- шахсоне, ки суд онҳоро аз ҳуқуқи падару модар маҳрум сохтааст ё ҳуқуқи падару модарро маҳдуд кардааст;
- шахсоне, ки ба сабаби иҷрои ғайриқаноатбахши уҳдадориҳои бо қонун ба зиммаашон гузошташуда аз вазифаи васӣ ё парасторӣ дур карда шудаанд;
- шахсоне, ки қаблан фарзандхонд доштанду вале фарзандхондӣ бо гуноҳи онҳо аз ҷониби суд бекор карда шудааст;
- шахсоне, ки аз сабаби беморӣ наметавонанд ҳуқуқи падару модарро амалӣ намоянд. Номгӯи бемориҳое, ки дар сурати мубтало будан ба онҳо шахс наметавонад кӯдакро ба фарзандхондӣ қабул кунад, таҳти васоят (парасторӣ) гирад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Шахсоне, ки байни худ никоҳ надоранд, наметавонанд ҳамон як кӯдакро муштаракан ба фарзандхондӣ қабул кунанд.
Фарқияти синну соли шахси ба фарзандхондӣ қабулкунанда, ки оиладор нест ва фарзандхондшаванда бояд аз шонздаҳ сол кам набошад. Дар сурати ба фарзандхондӣ қабул кардани кӯдак аз ҷониби падарандар (модарандар) фарқияти синну соли муқарраргардида (аз шонздаҳ сол кам набудан) зарур нест.
Барои фарзандхондии кӯдак розигии падару модари кӯдак зарур аст. Дар сурати фарзандхондии кӯдаки падару модари ноболиғи ба синни шонздаҳсолагӣ нарасида инчунин розигии падару модар, васиён ва парасторони онҳо ва дар сурати набудани падару модар ё васиён (парасторон) розигии мақоми васояту парасторӣ зарур аст.
Падару модар ҳуқуқ доранд розигии додаи худ-ро дар бораи ба фарзандхондӣ додани кӯдакашон то баровардани ҳалномаи суд оид ба фарзандхондӣ бозпас талаб кунанд. Падару модар метавонанд барои фарзандхондии кӯдак ба шахси мушаххас ё бе зикр кардани шахси мушаххас розигӣ диҳанд. Мақомоти васояту парасторӣ дар мавриди мутобиқати фарзандхондӣ ба манфиати кӯдак хулосаи худро ба суд пешниҳод менамоянд. Дар сурати аз ҷониби падарандари (модарандари) кӯдак ба фарзандхондӣ қабул кардани ӯ чунин хулоса талаб карда намешавад
Дар ҳолатҳои зерин розигии падару модар барои фарзандхондии кӯдак талаб карда намешавад, агар:
- онҳо маълум набошанд ё суд онҳоро бедарак ғоибшуда эътироф намояд;
- суд онҳоро ғайри қобили амал эътироф карда бошад;
- суд онҳоро аз ҳуқуқи падару модар маҳрум сох-та бошад
- бо сабабҳое, ки суд беасос эътироф намудааст, онҳо зиёда аз шаш моҳ бо кӯдак якҷоя зиндагӣ накарда, аз тарбия ва таъминоти ӯ саркашӣ карда бошанд.
Ҳангоми кӯдакро ба фарзандхондӣ қабул кардани яке аз ҳамсарон, агар кӯдакро зану шавҳар якҷоя ба фарзандхондӣ қабул накунанд, розигии ҳамсари дигар зарур аст. Агар зану шавҳар муносибатҳои оилавиро қатъ намуда, зиёда аз як сол ҳамроҳ зиндагӣ накунанд ва ҷои истиқомати ҳамсари дигар маълум набошад, розигии ӯ барои фарзандхондӣ зарур нест.
Барои фарзандхондии кӯдаконе, ки таҳти васоят (парасторӣ) қарор доранд, розигии хаттии васии (парасторӣ) онҳо зарур аст. Барои фарзандхондии кӯдаконе, ки бе парастории падару модар монда, дар муассисаҳои дахлдори тарбиявию тиббӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои дигари ба ин монанд қарор доранд, розигии хаттии роҳбари ин муассиса зарур аст. Суд ҳуқуқ дорад ба манфиати кӯдак бе розигии ин шахсон дар хусуси фарзандхондӣ ҳалнома қабул намояд.
Кадом кӯдаконро метавон фарзанд хонд?
- Дар асоси моддаи 124 КО ҶТ кӯдаконе барои фарзандхондӣ қабул карда мешаванд, ки бе парастории падару модар мондаанд, тaҳти васоят (парасторӣ) қарор доранд ва ё дар муассисаҳои кӯдакони ятим ё ҳар навъи муассисаҳо барои кӯдакони бе парастории падару модар монда (муассисаҳои тарбиявӣ, муассисаҳои табобатӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳои ба ин монанд) ҷойгир карда шудаанд. Фарзандхондӣ нисбати кӯдакони ноболиғ, яъне ба синни 18 нарасида танҳо ба манфиатҳои онҳо, ҳамчунин бо дарназардошти имконияти инкишофи пурраи ҷисмонӣ, руҳӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак иҷозат дода мешавад.
Фарзандхондии бародарону хоҳарон аз ҷониби шахсони гуногун, ба истиснои ҳолатҳое, ки фарзандхондӣ ба манфиати кӯдак мебошад, иҷозат дода намешавад.
Фарзандхондӣ дар асоси аризаи шахсоне (шахсе), ки кӯдакро ба фарзандӣ қабул кардан мехоҳанд, аз тарафи суд расмӣ карда мешавад. Парвандаҳои фарзандхондиро суд ба тартиби мурофиаи махсус баррасӣ менамояд. Парвандаҳои фарзандхондӣ дар суд бо иштироки мақомоти васояту парасторӣ ва прокуратура баррасӣ мегардад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихоби худ ба суди маҳали истиқомати кӯдаки ба фарзандхондӣ қабулшаванда ё ба суди маҳали истиқомати худ барои ба фарзандхондӣ гирифтани кӯдак ариза медиҳанд. То аризаи фарзандхондиро баррасӣ намудани суд мақомоти васояту парасторӣ вазифадоранд шароити зиндагии шахсеро, ки хоҳиши ба фарзандхондӣ қабул кардани кӯдакро дорад, санҷида, муайян кунанд, ки фарзандхондӣ ба манфиати кӯдак аст ё не, оё барои фарзанд хондан монеае ҳаст, инчунин муносибати кӯдак ба фарзандхондӣ ва фикри ӯро барои ба фарзандхондӣ қабул шуданаш муайян намуда, хулосаҳояшонро дар хусуси имконияти фарзандхондӣ ба суд пешниҳод намоянд. Мақомоти васоят ва парасторӣ вазифадоранд ба шахсоне (шахсе), ки кӯдакро ба фарзандхондӣ қабул мекунанд, дар бораи саломатии кӯдак маълумот диҳанд. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои фарзандхонда ва фарзандхондашуда аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи фарзандхондӣ оғоз меёбад.
Кӯдакони фарзандхондшуда чун ворис ба мерос ҳуқуқ доранд?
- Кӯдакони фарзандхондшуда ҳуқуқи гирифтани меросро доранд. Кӯдакони фарзандхондшуда ба молу мулки меросгирифта ва ҳама гуна молу мулки дигаре, ки тибқи қонун ба ӯ тааллуқ дорад, дорои ҳуқуқи моликият мебошад.
Оқибатҳои ҳуқуқии фарзандхондии кӯдак чӣ гуна аст?
- Кӯдакони фарзандхондшуда ва авлоди онҳо нисбат ба фарзандхондагон ва хешовандонашон, фарзандхондагон ва хешовандони онҳо, нисбати фарзандхондшудагон ва авлоди онҳо дар ҳуқуқу уҳдадориҳои молу мулкӣ ва ғайримолумулкии шахсӣ аз рӯи аслу насаб ба хешовандон баробар карда мешаванд. Кӯдакони фарзандхондшуда нисбати падару модари худ ва хешовандони онҳо ҳуқуқи ғайримолумулкӣ ва молумулкии шахсиро аз даст дода, аз уҳдадориҳо нисбати онҳо озод мешаванд. Агар яке аз падару модар вафот карда бошад, он гоҳ бо хоҳиши падару модари вафоткарда (бобою бибии кӯдак) ҳуқуқу уҳдадорӣ нисбат ба хешовандони волиди вафоткарда метавонанд нигоҳ дошта шаванд, агар инро манфиати кӯдак талаб кунад. Дар хусуси нигоҳ доштани муносибатҳои кӯдаки фарзандхонд-шуда бо яке аз падару модар ё бо хешовандони падар, ё модари вафоткарда дар ҳалномаи суд оид ба фарзандхондӣ зикр карда мешавад. Кӯдаке, ки дар вақти ба фарзандхондӣ гирифта шуданаш бинобар вафоти падару модараш ба нафақаю ёрдампулӣ ҳуқуқ дорад, ин ҳуқуқро дар сурати ба фарзандхондӣ қабул шуданаш низ нигоҳ медорад.
Фарзандхондии кӯдак дар кадом ҳолатҳо метавонад беэътибор дониста шавад?
- Фарзандхондии кӯдак дар ҳолатҳое метавонад беэътибор дониста шавад, ки агар:
- ҳалномаи фарзандхондӣ ба ҳуҷҷатҳои қалбакӣ асос ёфта бошад;
- фарзандхондӣ қалбакӣ бошад;
- шахси ба балоғатрасида ба фарзандхондӣ қабул шуда бошад;
- фарзандхондкарда шахсе бошад, ки суд ӯро ғайриқобили амал ё қобили амалаш маҳдуд эътироф карда бошад;
- шахси фарзандхондкарда бо ҳалномаи суд аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрумшуда бошад;
- шахсоне, ки барои номатлуб иҷро кардани уҳдадориҳои қонунан ба зиммаашон гузошташуда аз уҳдадориҳои васӣ ё парасторӣ бартараф карда шуда бошанд;
- фарзандхондӣ бинобар гуноҳи содиркардаи собиқ фарзандхондагон аз ҷониби суд бекор карда шуда бошад;
- шахсоне, ки бинобар вазъи саломатӣ наметавонанд ҳуқуқи падару модариро амалӣ намоянд. Номгӯи бемориҳое, ки ҳангоми ба онҳо мубтало будани шахс наметавонад кӯдакро ба фарзандхондӣ қабул кунад, таҳти васоят (парасторӣ) қарор диҳад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Фарзандхондии кӯдак аз лаҳзаи қабул гардидани ҳалномаи суд дар бораи фарзандхондӣ беэътибор дониста мешавад. Дар ин маврид тамоми ҳуқуқу уҳдадориҳои фарзандхондаю хешовандони ӯ ва фарзандхонд аз байн мераванд. Суд вазифадор аст, ки дар муддати се рӯз дар хусуси эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома дар бораи беэътибор донистани фарзандхондӣ ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки фарзандхондӣ дар он ба қайд гирифта шудааст, хабар диҳад.
Волидоне, ки бе сабти асноди ҳуқуқӣ кӯдакеро ба фарзандӣ қабул мекунанд, чӣ мақоме доранд?
- Дар асоси қисми 4 моддаи 126 КО ҶТ фарзанд-хонд шудани кӯдак бояд мувофиқи тартибе, ки барои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муқаррар гардидааст, дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайди давлатӣ гирифта шавад. Дар ҳолати баракс, байни волидайн ва кӯдакеро, ки ба фарзандӣ қабул мекунанд, ягон оқибати ҳуқуқӣ пайдо намешавад.
Агар фарзандхондкардагон уҳдадории таълиму тарбияи худро иҷро накунанд, дар ин маврид чӣ оқибатҳо ҷой доранд?
- Фарзандхондкардагон дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» уҳдадоранд кӯдаки ба фарзандӣ қабулнамудаашонро таълиму тарбия намоянд. Дар ҳолати баръакс, нисбати онҳо ҷавобгарии ҳуқуқӣ тадбиқ мешавад.
Дар асоси моддаи 141 КО ҶТ, агар фарзандхондкардагон аз иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташудаи падару модарӣ саркашӣ кунанд, аз ҳуқуқи падару модарии худ суиистифода намоянд, бо кӯдакони фарзандхондкардаашон муносибати бераҳмона дошта, майзада ё нашъаманди ашаддӣ бошанд, фарзандхондии кӯдак дар ин мавридҳо бекор карда мешавад. Суд ҳуқуқ дорад бо назардошти манфиат ва фикри кӯдак фарзандхондиро бо сабабҳои дигар низ бекор кунад.
Суд вазифадор аст дар давоми се рӯзи пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар мавриди бекор кардани фарзандхондии кӯдак иқтибоси ин ҳалномаи судро ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли бақайдгирии давлатии фарзандхондӣ фиристад.
«Бонувони Тоҷикистон»