Мусаллам аст, ки дилхоҳ ҷомеа дар пояи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ устувор мемонад ва рушд хоҳад кард, агар шаҳрвандонаш ҳама талаботи қавоиду қонунҳоро риоя кунанд ва мутобиқи он кору зиндагӣ намоянд. Аммо боз ҳам ҷомеае нест, ки билкул бастаи ин талабот бошад ва кулли шаҳрвандонаш онҳоро донанду риоя намоянд. Дар ин миён баъзе аз шаҳрвандон ба ҷурми надонистани қонунҳо дар зиндагӣ иштибоҳу гуноҳ ва ҷиноят содир менамоянд. Ба дунболи фаҳму дарки ҳуқуқу вазифаҳо ва манфиатҳои худ як зумра шаҳрвандон, бахусус бонувон бо саволҳои марбути қонунгузориҳо ба мо муроҷиат мекунанд. Имрӯз аксар дар бораи ақди никоҳ медонанд, аммо оид ба аҳдномаи никоҳ маълумоти дақиқ надоранд. Гирифтани иттилои заруриро дар мавриди аҳдномаи никоҳ бисёриҳо дархост кардаанд ва мо мутобиқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон посухи ин саволро матраҳ месозем.
Дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила
1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
2. Меъёрҳои ҳуқуқи оилавие, ки дар санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, бояд ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мазкур мутобиқ бошанд. (ҚҶТ аз 26.12.11с. №791)
БОБИ 8 АҲДНОМАИ НИКОҲ
Моддаи 40. Аҳдномаи никоҳ
Аҳдномаи никоҳ- созишномаи шахсоне мебошад, ки никоҳ мекунанд ё созишномаи зану шавҳар аст, ки ҳуқуқи молу мулкӣ ва уҳдадориҳои онҳоро дар давраи заношӯӣ ва ( ё ) дар ҳолатҳои бекор кардани он муайян менамояд.
Моддаи 41. Бастани аҳдномаи ақди никоҳ
1. Аҳдномаи никоҳ метавонад ҳам то бақайдгирии давлатии ақди никоҳ ва ҳам дар ҳар вақти давраи заношӯӣ баста шавад.
Аҳдномаи никоҳ, ки то бақайдгирии давлатии ақди никоҳ баста шудааст, аз рӯзи бақайдгирии давлатии ақди никоҳ эътибор пайдо мекунад.
2. Бастани аҳдномаи никоҳе, ки яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, ҳатмӣ буда, он бояд то ба қайд гирифтани ақди никоҳ баста шавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с. №710)
3. Аҳдномаи никоҳ дар шакли хаттӣ баста шуда, бояд аз ҷониби нотариус тасдиқ карда шавад. Риоя накардани ин расмиёт боиси беэътибор донистани аҳднома мегардад.
Моддаи 42. Мундариҷаи аҳдномаи никоҳ
1. Зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки бо аҳдномаи никоҳ низоми моликияти муштараки ба молу мулки умумӣ муқаррарнамудаи қонунро (моддаи 34 Кодек-си мазкур) тағйир дода, низоми моликияти саҳмиро ба тамоми молу мулки дар давоми ақди никоҳ ҷамъовардаашон ё ба намудҳои алоҳидаи он, ё худ ҳама гуна низоми молу мулки умумиашонро, ки ба ҳар яки онҳо тааллуқ дорад, муқаррар намоянд.
Аҳдномаи никоҳ метавонад ҳам нисбати молу мулки мавҷуда ва ҳам нисбати молу мулки ояндаи зану шавҳар баста шавад.
Зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки дар аҳдномаи никоҳ ҳуқуқу уҳдадориҳои худро дар мавриди таъминоти якдигар; тариқи иштирокро дар даромади ҳамдигар; тартиби хароҷоти оиларо аз ҷониби ҳар кадоми онҳо; хароҷоти тарафайни ҷашну маросимҳои оилавӣ ва молу мулкиеро муайян намоянд, ки дар сурати бекор кардани ақди никоҳ ба ихтиёри ҳар кадоми онҳо гузошта мешавад, инчунин ҳама гуна муқаррароти дигари марбут ба муносибатҳои молу мулкиашонро дохил намоянд. (ҚҶТ аз 20.03.08с, №382).
2. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои пешбининамудаи аҳднома метавонад бо муҳлатҳои муайян маҳдуд карда шавад ё бо шарти фаро расидан, ё фаро нарасидани шароити алоҳида вобаста карда шавад.
3. Аҳдномаи никоҳ наметавонад қобилияти ҳуқуқӣ ё амалии зану шавҳар; ҳуқуқи онҳоро барои муроҷиат ба суд ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳояшон; танзими муносибатҳои шахсии ғайримолумулкии байни зану шавҳар; ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсии зану шавҳарро нисбати фарзандон маҳдуд кунад; муқарраротеро пешбинӣ намояд, ки ҳуқуқи ҳамсари корношоями эҳтиёҷмандро ба таъминот маҳдуд кунанд ва шартҳои дигаре дошта бошад, ки зан ё шавҳарро дар ҳолати ниҳоят ногувор гузоранд, ё хилофи асосҳои умумӣ ва мазмуну муҳтавои қонунҳои оила бошанд.
4. Дар аҳдномаи никоҳе, ки яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, бояд шартҳои зерин ба таври ҳатмӣ пешбинӣ карда шаванд:
- муносибатҳои молумулкии тарафҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо оид ба молу мулк;
- уҳдадориҳои тарафҳо вобаста ба таъмини фарзандон;
- бо манзили истиқоматии шахсӣ таъмин намудани ҳамсар ва фарзандон;
- нигоҳубини ҳамсари корношоями эҳтиёҷманд. (ҚҶТ аз 25.03.11с. №710)
Моддаи 43. Тағйир додани аҳдномаи ақди никоҳ
1. Аҳдномаи никоҳро дар ҳар давра бо мувофиқаи зану шавҳар тағйир додан ва ё беэътибор кардан мумкин аст. Созишнома дар бораи тағйир додан ё беэътибор донистани аҳдномаи ақди никоҳ дар ҳамон шакле, ки аҳдномаи никоҳ баста мешавад, ба имзо мерасад.
Ба якҷониба рад намудани иҷрои аҳдномаи никоҳ иҷозат дода намешавад.
2. Бо талаби зан ё шавҳар аҳдномаи никоҳ бо ҳалномаи суд тибқи асос ва тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода ё бекор карда шуданаш мумкин аст.
3. Амали аҳдномаи никоҳ аз лаҳзаи қатъ кардани ақди никоҳ (моддаи 25 ҳамин Кодекс) ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар аҳдномаи никоҳ барои давраи баъди қатъи ақди никоҳ пешбинӣ шудааст, қатъ мегардад.
4. Шартҳои аҳдномаи никоҳеро, ки дар қисми 4 моддаи 42 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд, тағйир додан манъ аст. (ҚҶТ аз 26.12.11с. №791)
Моддаи 44. Беэътибор донистани аҳдномаи ақди никоҳ
1. Аҳдномаи никоҳ бо асосҳое, ки дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беэътибории муоҳидаҳо пешбинӣ гардидаанд, аз тарафи суд пурра ё қисман беэътибор дониста мешавад.
2. Аҳдномаи никоҳ дар сурати вайрон кардани талаботи қисми 3 моддаи 42 ҳамин Кодекс дар асоси даъвои зану шавҳар (яке аз онҳо), агар шартҳои аҳднома ин ҳамсарро дар вазъияти ниҳоят ногувор гузорад, инчунин дар асоси даъвои қарздиҳандагон ҳангоми вайрон кардани талаботи моддаи 47 Кодек-си мазкур метавонад аз тарафи суд пурра ё қисман беэътибор дониста шавад.
Моддаи 45. Аҳдномаҳои дигар доир ба молу мулкӣ
Зану шавҳар, инчунин дигар аъзои болиғи оила ҳуқуқ доранд байни худ аҳдномаи ҳадя, хариду фурӯш ва ҳама гуна аҳдномаҳои дигаре банданд, ки хилофи қонун нестанд. Муносибатҳое, ки дар асоси ин гуна аҳдномаҳо байни зану шавҳар ва аъзоёни дигари оила ба миён меоянд, тавассути қонунҳои гражданӣ танзим мегарданд.
Андеша ба ҷойи хулоса:
Имрӯз бисёриҳо ба ин паҳлуи масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ надоранд ва аҳдномаи никоҳро дар масири оиладорӣ муҳим ва зарур намеҳисобанд. Шояд ҳамин гуна мавқеъ ва андеша боис мегарданд,ки ҳангоми баррасии масоили баҳсноки оилавӣ дар мақомоти судӣ печидагиҳо ва ихтилофҳои дигар рух медиҳанду ҳуқуқу манфиатҳои ин ё он ҷониб зери суол мемонанд. Пас, раҳоӣ аз ин печидагиҳо ва саволҳо сатҳи хуби маърифати ҳуқуқӣ ва оилавии мо хоҳад буд!
„Бонувони Тоҷикистон“