3 сол инҷониб як гурӯҳи корӣ иборат аз 8 нафар лоиҳаи ҷадиди Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии ҶТ»-ро таҳия мекунанд. Ин лоиҳа як қатор сабукиҳоро дар адои ҷазои ҷиноӣ барои занҳо пешбинӣ кардааст. Лоиҳаи мазкур тағйиру иловаҳо ба беш аз 70 дарсади моддаҳои кодекси мазкурро дар назар дошт. Аммо зимни Паёми имсолаи Президент ба Маҷлиси Олии ҶТ гуфта шуд, ки Кодекси ҷиноятӣ комилан дар таҳрири нав таҳия гардад. Кодекси ҷиноятӣ то охири соли ҷорӣ дар таҳрири нав омода ва ба Парлумон ироа мегардад.
Зимни як мусоҳибаи ихтисосӣ, Назира Ғаффорова, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавриди матни нави Кодекси ҷиноятӣ ба «Бонувони Тоҷикистон» иттилоъ дод.
– Дар оғоз метавонед барои фаҳмотар шудани мавзуъ каме дар мавриди гурӯҳи корӣ ва нукоти Паём дар ин замина маълумот бидиҳед?
– Дар асоси дастуру нишондодҳои Президенти ҶТ зимни Паёми соли ҷорӣ ба Маҷлиси Олии ҶТ вазифа гузошта шудааст, ки Кодекси ҷиноятии ҶТ дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод шавад. То имрӯз гурӯҳи корӣ оид ба такмили қонунгузории ҷиноятӣ фаъолият дошт ва ҳоло он дар асоси амри Президенти мамлакат ба таҳияи лоиҳаи Кодекси ҷиноятӣ дар таҳрири нав маш-ғул мешавад. Албатта, он ғояҳо, он масъалаҳое, ки вобаста ба такмили Кодекси ҷиноятӣ ин гурӯҳи корӣ дар назар дошт, дар вақти таҳияи лоиҳаи нави Кодекси ҷиноятӣ ба инобат гирифта хоҳанд шуд.
– Дар ҳайати гурӯҳи корӣ киҳо ҳастанд?
- Роҳбари гурӯҳ мушовири давлатии Президенти ҶТ оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Ҷумъахон Давлатов буда, ҳамчунин Назира Ғаффорова, Н. Маҳмудов, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, Б. Холова, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, А. Холиқова, муовини раиси Суди Олии ҶТ, М. Бандишоев, муовини аввали вазири адлияи ҶТ, М. Исоев, муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, К. Солиев, сардори Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи генералии ҶТ, А. Раҷабов, муовини сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии ҶТ, Т. Шарифов, сардори Раёсати судҳои Шӯрои адлияи ҶТ, мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистикаи факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳастанд.
– Дар робита ба занҳо дар матни ҷадиди Кодекси ҷиноятӣ чӣ тартиботи наве ворид хоҳад шуд?
– Ҳоло дар асоси Кодекси ҷиноятии амалкунанда занҳо дар се ҷойи маҳрум сохтан аз озодӣ адои ҷазои ҷиноятӣ мекунанд; 1) дар колонияҳои ислоҳии сукунат занҳое, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд; 2) дар колонияҳои ислоҳии низомаш сахт занҳое, ки дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок ҷиноят содир кардаанд; 3) дар колонияҳои ислоҳии низомаш умумӣ ҳамаи дигар занҳое, ки ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд.
Яъне ба колонияҳои низомаш умумӣ ҳамаи занҳое, ки қасдона ҷиноят содир кардаанд, ё ин ки дар ҳолати ретсидиви умумӣ, ё ретсидиви хавфнок ҷиноят содир кардаанд, адои ҷазои ҷиноятӣ мекунанд. Дар колонияҳои ислоҳии низомаш сахт занҳо фақат дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок нигоҳдорӣ мешаванд (се навъи ретсидив аст: ретсидиви одӣ, хавфнок ва махсусан хавфнок).
Мардҳо ҳам дар колонияҳои ислоҳии сукунат адои ҷазо мекунанд ва ҳам дар 4 навъи колонияи ислоҳӣ: умумӣ, сахт, пурзӯр ва махсус. Ба ғайр аз ин, ба мардҳо мумкин аст қисми муҳлати ҷазоро дар маҳбас адо намоянд. Вале занҳо дар маҳбас ҷазо адо намекунанд.
Бо вуҷуди ин, мо, аъзои гурӯҳи корӣ, ба натиҷа расидем ва дар матни Кодекси ҷиноятӣ дар таҳрири нав инро ворид хоҳем кард, ки занҳо бояд танҳо дар ду муассиса адои ҷазои ҷиноятӣ кунанд: дар колонияҳои ислоҳии сукунат ва дар колонияҳои низомаш умумӣ.
Дар колонияҳои ислоҳии сукунат он занҳое адои ҷазо хоҳанд кард, ки аз беэҳтиётӣ ва ҷиноятҳои начандон вазнину дараҷаи миёнаро қасдан содир кардаанд. Ба замми ин, қаблан ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо накарда бошанд.
Ногуфта намонад, ки дар асоси Кодекси ҷиноятии амалкунанда дар колонияҳои ислоҳии сукунат фақат занҳое, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд, нигаҳдорӣ мешаванд. Аммо дар асоси лоиҳаи омодакардаи мо, дар колонияи ислоҳии сукунат на танҳо занҳое, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд, инчунин занҳое, ки ҷиноятҳои қасдонаи начандон вазнин ё дараҷаи миёнаро содир кардаанд, нигаҳдорӣ хоҳанд шуд, ки қаблан ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум нашуда бошанд.
Ҷойи дуюми адо кардани ҷазои ҷиноятӣ, ки мо дар лоиҳаи худ пешниҳод кардаем, ин колонияҳои ислоҳии низоми умумӣ аст. Дар он ҷо занҳое, ки ҷиноят-ҳои вазнин ва махсусан вазнин ва инчунин дар ҳолати ҳама намудҳои ретсидивӣ ҷиноят содир кардаанд, нигаҳдорӣ хоҳанд шуд.
Тибқи Кодекси амалкунанда, занҳое ки дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок ҷиноят содир карда бошанд, дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт ҷазо адо мекунанд. Ҳамакнун ҳамаи намудҳои ретсидив дар колонияи ислоҳии дорои низоми умумӣ адои ҷазои ҷиноятӣ хоҳанд кард. Ин як сабукии адо намудани ҷазои ҷиноятӣ барои занҳо аст, ки мо дар матни Кодекси ҷиноятӣ дар таҳрири нав ворид хоҳем кард.
– Ин сабукиҳо барои занон ба чӣ хотир дода хоҳанд шуд?
– Яке аз асосҳои роҳбарикунандаи қонунгузории ҷиноятӣ ин принсипи инсондӯстӣ аст. Дар ҳама ҳолатҳо ба занҳо бо назардошти хусусиятҳои физиологии онҳо як навъ сабукиҳо дода хоҳанд шуд. Масалан, дар вақти таъйини ҷазо (як мафҳум аст дар қонунгузорӣ - мавқуф гузоштани адои ҷазо), бар асоси моддаи 78-и Кодекси амалкунандаи ҷиноятӣ заноне, ки ҳомила ҳастанд ё кӯдаки то синни 8-сола доранд, адои ҷазои ҷинояташон мумкин аст мавқуф гузошта шавад.
Ҷузъиёти ин модда мавзуи баҳси дигар аст (вобаста ба он ки дар кадом ҳолатҳои мушаххас адои ҷазо мавқуф гузошта мешавад ва дараҷаи ҷинояти содиркардаи зан чӣ гуна аст), аммо инро илова кунам, ки мо дар лоиҳаи худ пешбинӣ намуданием, ки то ба синни 14-солагӣ расидани кӯдак адои ҷазо нисбати зан метавонад мавқуф гузошта шавад. Ба таври мухтасар, мо ҳамон синни 8-ро ба 14 расониданием.
– Ба назари Шумо оё сабукӣ додан дар андешаи занҳо тамоюли ҷинояткориро бедор намекунад? Яъне як нафар зан баъд аз қабул шудани кодекси нав шояд ба ин натиҷа бирасад, ки «ба ҳар ҳол дар адо кардани ҷазои ҷиноӣ сабукӣ хоҳад дошт» ва бо тарси камтар аз қонун ба сӯйи ҷиноят қадам намениҳад?
– Қабл аз ҳама ин сабукӣ ба чӣ хотир андешида шудааст? Ин сабукӣ пеш аз ҳама бо назардошти манфиатҳои кӯдак андешида шудааст. Кӯдак гунаҳкор нест, ки модари вай ҷинояткор аст, кӯдакон модаронро интихоб намекунанд. Ба хотири он ки кӯдак дар шароити муътадил таваллуд шаваду ба воя бирасад, ин имтиёз ё сабукӣ дар назар аст.
Вобаста ба муҳлати ҷазо бошад, ҳеч сабукӣ дода нахоҳад шуд, муҳлати адои ҷазои ҷиноятӣ барои зану мард баробар боқӣ хоҳад монд. Вале танҳо дар сурати доштани 2 ва ё зиёда фарзандони ноболиғ ҳолатҳои сабуккунанда ба инобат гирифта мешаванд. Фарзан, он 10 ё 15 соли ҳукми суд дар мавриди маҳрум сохтан аз озодӣ чӣ ба зан ва чӣ ба мард як хел татбиқ мегардад. Фақат дар ҷойи адо кардани ҷазо мо мехоҳем, ки занҳо имтиёз ё сабукӣ дошта бошанд, муҳлат бе тағйир боқӣ хоҳад монд.
Ҷойи адо кардани ҷазо ҳам бино бар хусусиятҳои физиологии занҳо андешида шудааст.
– Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав кай барои баррасӣ ва қабул ба Парлумон ироа хоҳад шуд?
– Тибқи нақша то охири соли ҷорӣ таҳия ва пешниҳод хоҳем кард. Инро ҳам илова кунам, ки асоси таҳияи Кодекси ҷиноятии ҶТ ҳарчи бештар инсондӯстона кардани он аст. Ба ин васила Кодекси ҷиноятии мо ба бисёр санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, мутобиқ хоҳад шуд ва меъёрҳои умумиҷаҳонӣ ба инобат гирифта мешаванд. Фикр мекунам, дар ниҳоят Кодекси ҷиноятии ҶТ дар таҳрири нав на танҳо барои занон, балки барои ҳамаи шаҳрвандони кишвар новобаста аз ҷинсият ва синну солашон сабукӣ хоҳад овард.