Мутобиқи моддаи 34 банди 1-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амволе, ки зану шавҳар дар давраи зану шӯйӣ ҷамъ кардаанд, моликияти муштараки онҳо мебошад». Яъне шаҳрвандоне, ки мутобиқи моддаи 10 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ақди никоҳашонро дар мақомоти давлатии сабти ҳолати шаҳрванди ба расмият медароранд аз лаҳзаи ба қайд гирифтани ақди никоҳ дар мақомоти дахлдор зану шавҳар ҳуқуқ ба амвол пайдо мекунанд. Минбаъд дар ҷараёни ақди никоҳ молу мулки якҷоя ба дастовардашуда, ки қонунгузории Ҷумҳурӣ пешбинӣ намудааст, амволи муштараки зану шавҳар ба шумор меравад ва амволе, ки зану шавҳар дар давраи ҳамзистӣ ҷамъ меоваранд, моликияти умумии онҳо ҳисобида мешавад.
Сарчашмаҳои молу мулки зану шавҳар аз фаъолияти меҳнатӣ (музди меҳнат), соҳибкорӣ (даромад), ёрдампулиҳо ва дигар пардохтҳои пулӣ иборат мебошад. Яъне амволи муштараки зану шавҳар ба ғайр аз маблағҳои пулӣ боз аз амволи манқул (автомашинаҳо ва дигар воситаҳои нақлиёт) ва ғайри манқул (хонаҳои истиқоматӣ, иморатҳо, мебели хона, коғазҳои қиматбаҳо, caҳмияҳо) вағайра иборат мебошад. Ҳамаи моликияти номбурда, ки дар ҷараёни ҳамзистии занушавҳар пайдо шудааст, амволи якҷояи онҳо ба шумор меравад. Ин амвол новобаста аз он, ки ба ки номнавис шудааст; ба зан ё ба шавҳар, моликияти ҳар дуи онҳо мебошад. Номгӯи ин моликиятро қонунгузор дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд накардааст ва ба он метавон намудҳои дигари молу мулкро ҳам дохил кард.
Ин ҷо мумкин аст савол ба вуҷуд ояд, ки; - «Агар никоҳ расмӣ бошаду яке аз ҳамсарон хонашин бошад ва фаъолияти меҳнатӣ накунад дар ин маврид ҳуқуқ ба амвол пайдо мекунад ё на?»
Дар шароити Тоҷикистон қисми зиёди занон дар ақди никоҳи расмиянд, локин бо сабабҳои гуногун фаъолияти меҳнатӣ намекунанд ва маблағ ба даст намеоранд. Қонунгузор инро ба назар гирифта, дар Кодекси оила дар моддаи 34 овардааст: «Ҳуқуқ ба амволи муштарак ҳамчунин ба зан ё шавҳаре низ таалуқ дорад, ки дар давоми заношӯӣ хоҷагиро пеш мебурд, фарзандонро нигоҳубин мекард ё бо сабабҳои узрнок даромади мустақилона надошт.»
Ин барои поймол нашуданиҳуқуқи онҳо аст. Аз сабабе, ки ин гуна занҳо (ё бигузор марди хонашин) ба пешбурди хоҷагӣ ва нигоҳубини фарзандон машғуланд ва ё дигар сабабҳо даромади мустақилона надоранд ба амволи муштарак ҳуқуқ пайдо мекунанд. Яъне агар зан (ё мард) дар хона ба тарбияи фарзандон, пешбурди хоҷагӣ машғул бошаду дар таъминоти шавҳар бошад ва дар ҳамин муддат ҳамсараш соҳиби хонаи истиқоматӣ, автомобил ва дигар молу мулк шавад, он гоҳ новобаста аз надоштани даромади пулӣ, зан (ё мард) ба молу мулки номбурда ҳуқуқ пайдо мекунад.
Ба ғайр аз амволи муштарак боз ҳаст амволе, ки пеш аз никоҳи расмӣ бастан ба зан ё шавҳар таалуқ дошт. Ин амвол чи мешавад ва ба кӣ таалуқ мегирад?
Дар Кодекси оила дар моддаи 36 банди 1 пешбинӣ шудааст:
«Амволе, ки ба зану шавҳар то ақди никоҳ таалуқ дошт, инчунин амволе, ки дар давраи заношӯйӣ ё шавҳар ҳамчунин ҳадя ё мерос гирифта аст, моликияти ҳар кадоми онҳо мебошад».
Масалан: То бо ҳамдигар хонадоршавӣ яке аз ҳамсарон соҳиби хонаи истиқоматӣ, автомобил ва дигар навъи амвол буд ва ин амвол пас аз ба расмият даровардани никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ низ моликияти алоҳидаи ӯ эътироф мешавад. Шарти дигари моликияти алоҳидаи зану шавҳар эътироф шудан он аст, ки агар дар давоми заношавҳарӣ ҳар яке аз ҳамсарон амволро ҳамчун ҳадя ё мерос тариқи қонунӣ қабул кунад. Зан ё шавҳар метавонад аз падар ва модар, хешовандон, ёру бародаронаш молу мулки гуногун ҳадя гирад. Ин метавонад хонаи истиқоматӣ бошад, автомобил, яхдон, телевизор ва ғайра бошад. Ба ин амвол ҳуқуқ дорад ва ин амвол таалуқ дорад ба ҳамон шахсе, ки ҳадя ё мерос мондааст. Дигар тараф ба ин амвол ҳуқуқ пайдо карда наметавонад.
Ба моликияти ҳар кадоме аз зану шавҳар ашёи истифодаи шахсӣ (либос, пойафзол ва ғайра), ба истиснои асбоби дигари зебу зиннат, гарчанде дар давраи заношӯйӣ аз ҳисоби маблағҳои умумии зану шавҳар ба даст оварда шудаанд, моликияти шахсии ҳар кадоме аз онҳо ба ҳисоб меравад.
Ранжет Ятимов, ҳуқуқшинос