Мутобиқи таҳлилу мушоҳидаҳо ва омори расмӣ солҳои охир шумораи вайроншавии оилаҳо зиёд ба қайд гирифта мешаванд.Дар иртибот ба ин масъала мушкили пардохти ҷубронпулӣ ҳам ба миён омадааст. Ба унвони маҷалла чандин нафар бонувон оид ба масъалаи пардохти ҷубронпулӣ (алимент) ва тартиби он бо савол муроҷиат карданд. Дар ин мавзуъ ҳуқуқшинос посух мегӯяд ва чанд омили ҷудошавиро ҳам матраҳ мекунад.
Пардохт накардани алимент ҷиноят аст
Ҳангоми ҷудошавӣ фарзандон бе назорат мемонанд. Баъзе шаҳрвандон фикр доранд, ки агар онҳо ақди никоҳи давлатӣ надошта бошанд, уҳдадор нестанд, ки ба фарзандон алимент диҳанд. Ин андешаи нодуруст аст. Мувофиқи қонун падар ва модар уҳдадор мебошанд,ки дар тарбия ва таъмини фарзандон иштирок намоянд.
Ақди никоҳ доштан ё надоштан дар ситонидани алимент барои таъмини фарзандони ноболиғ аҳамият надорад. Падар ва модар ҳуқуқ доранд ихтиёран дар тарбияи фарзандон иштирок намоянд. Ин бо роҳи бастани шартнома ва ба қайди нотариалӣ гирифтани он амалӣ мешавад. Агар яке аз тарафҳо аз иштирок дар таъмин ва тарбияи фарзандон саркашӣ намояд, тарафи дигар ҳуқуқ дорад ба суд муроҷиат намояд. Суд тарафи саркашро уҳдадор менамояд, ки барои таъмини фарзандон алимент супорад.
Агар алиментдиҳанда ҷои кор дошта бошад, мувофиқи қонун алимент аз миқдори маош ва ҳамаи даромадҳои он муқаррар карда мешавад. Агар алиментдиҳанда маош ва ҷойи кори доимӣ надошта бошад, ё тамоман манбаи даромад надошта бошад, алимент бо тариқи устувор – маблағи муайян муқаррар карда мешавад.
Алиментро алиментдиҳанда метавонад ихтиёрӣ ҳар моҳ ба алиментгиранда пардохт намояд. Агар алимент ихтиёрӣ пардохт карда нашуд, дар асоси аризаи алиментгиранда он бо тариқи маҷбурӣ руёнда мешавад. Барои сари вақт насупурдани алимент ва барои ҳар як рӯзи дер пардохт шудани алимент фоиз руёнда мешавад.
Шавҳар ба ғайри кӯдакони ноболиғ, инчунин барои таъмини зани ҳомиладор уҳдадор аст, ки дар давраи ҳомиладорӣ ва се сол баъди таваллуди кӯдак алимент супорад.Дар ин ҳолат шароити шавҳар ба назар гирифта мешавад.
Вобаста ба зиёд шудани хароҷоти нигоҳубини кӯдак ва зиёд шудани маоши ҳадди ақал, алимент зиёд карда мешавад.
Агар алиментдиҳанда се моҳ алиментро пардохт накард, нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудан алиментдиҳандаро аз уҳдадории пардохти алимент озод наменамояд.
Қонун дар баъзе ҳолатҳо руёндани алиментро аз бобо ва бибии ноболиғ муқаррар кардааст.
Хулоса, қонун манфиати ноболиғонро ҳифз кардааст, аммо қонун ба ноболиғон меҳри модар ва падарро дода наметавонад. Мо бояд сабаби чудо шудани оилаҳоро омӯзем ва ба он роҳ надиҳем.
Ҷудошавӣ аз рӯзи хостгорӣ оғоз мешавад
Якчанд мисолҳо меорем ва хонанда аз он хулоса барорад.
1. Писар аз ноҳияи Ёвон ҳамсар мегирад. Падару модар аз ноҳияи Ховалинг. Онҳо писарро маҷбур мекунанд, ки аз маҳали худ оиладор шавад. Ба андеши онҳо гӯё духтари дигар минтақа вафодору содиқ буда наметавонад. Писарро аз ноҳияи Ховалинг дуюмбора зан медиҳанд. Аз зани аввал соҳиби панҷ фарзанд ва аз зани дуюм соҳиби се фарзанд. Ҳозир зани якум даъвои ҷудо шуданро дорад. Чунки мард зани дуюмро болотар мегузорад.
2. Апа ва хоҳар қудо мешаванд, яъне духтари хоҳарро ба бачаи апа медиҳанд. Онҳо соҳиби як фарзанд мешаванд. Завҷааш бори дуюм ҳомиладор мешавад. Шавҳар бошад дар Русия бо як зани калонсол хонадор мешавад. Зани рус хабар меёбад, ки писар дар Тоҷикистон оиладор аст ва аз ӯ талаб менамояд, то аз зани тоҷикаш ҷудо шавад. Писар баҳона намеёбад, аз занаш талаб менамояд,ки кӯдаки шашмоҳаро аборт (исқоти ҳамл) кунад. Зан розӣ намешавад ва писар таваллуд мешавад. Ба воситаи суд онҳо чудо мешаванд, аммо шавҳар аз додани алимент саркашӣ мекунад.
3. Марди калонсоли соҳиби зан ва ҳафт фарзанд дар шаҳри Душанбе ба духтари бистуяксола, ки аз шавҳараш чудо шудааст, хонадор мешавад. Зани якумро дар ноҳия мемонад ва бо зани дуюм дар ш.Душанбе истиқомат менамояд. Мард назди бародарони духтар ваъда медиҳад, ки духтарро бо хона таъмин менамояд. Духтар ҳомиладор мешавад. Баъди ҳашт моҳи зиндагӣ мард мехоҳад аз ӯ халос шавад. Телефони зани дуюмашро ба зани якумаш медиҳад ва зани якумаш ӯро таҳдид мекунад. Духтар аз тарс ба хонаи бародараш меояд ва мард қулфи хонаро иваз менамояд. Чанд маротиба духтар ба ҷойи кори мард меравад ва хоҳиш менамояд, ки ӯро азоб надиҳад. Хулоса духтар мебинад, ки мард дигар мақсади бо ӯ зиндагӣ карданро надорад, бо ариза ба суд ва прокуратура муроҷиат менамояд. Суд ба манфиати духтар санади судӣ мебарорад.
4. Ҷавонеро, ки холо 25 сол дорад, падару модараш дар 17-солагӣ хонадор мекунанд. Дар панч сол ӯ соҳиби се фарзанд мешавад. Дар 23 солагӣ оилаашон вайрон мешавад. Падару модараш саросема боз писарро хонадор мекунанд. Аз зани дуюмаш соҳиби 2 фарзанд мешавад. Аз зиёд шудани душвориҳои зиндагӣ таҳсилро дар донишгоҳ идома намедиҳад. Дар ягон ҷо кор намекунад. Зани якумаш ӯро барои ситондани алимент ба суд медиҳад. Суд барои се фарзанд 120 сомонӣ алимент муқаррар менамояд. Ҷавон, ки ягон манбаи даромад надошт, панҷ моҳ алиментро намесупорад ва барои ин мувофиқи моддаи 177 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз менамоянд.
5. Ҳолатҳои дигаре ҳам ҳастанд,ки ба ҷавон духтареро нодидаю насанҷида хонадор мекунанд.Пас аз чанд вақт ошкор мешавад, ки арӯс бемории рӯҳӣ ва ё нуқси дигаре доштааст.Ин сабаби вайрон гаштани оила мегардад.
6. Ҷавони дигар дар шаҳр духтареро дӯст медорад ва онҳо хонадор мешаванд. Баъди хонадор шудан манзили якҳуҷрагӣ мехаранд. Соҳиби чор фарзанд мешаванд. Хонаро мард ба номи худаш мегузаронад. 10 сол зиндагӣ мекунанд ва шавҳар доимо занро азоб медиҳаду сипас аз хона пеш мекунад. Зан ба суд оид ба бекор кардани ақди никоҳ ва тақсими амвол муроҷиат менамояд. Суд занро дар хона бо фарзандонаш маскун кард.
Хулоса барои андеша
Чунин ҳолатҳо дар зиндагӣ хеле зиёданд. Таҳлил-ҳо ва парвандаҳои судӣ шаҳодат медиҳанд, ки дар бисёр ҳолатҳо волидон сабабгори ноҷӯрии оилаҳои фарзандони худ мегарданд. Дар мавридҳои дигар ҳавою ҳаваси пулу мол ва манфиатҷӯиҳои шахсӣ боиси пошхӯрии оилаҳо мешаванд.
Набояд фаромӯш кард, ки дар ҳар мавриду ҳолат-ҳо қонун ҳақро ба ҳақдор хоҳад расонд. Ва нуктаи аз ҳама муҳим он аст, ки ҳангоми ба қароре омадан, дар бораи сарнавишти фарзандони ноболиғи худ андеша кунед. Тақдири онҳо чӣ мешавад?
Адвокат С.А.Сафарзода