Издивоҷ дар гузашта василаи ба низом даровардани зиндагии ҷавонон ба ҳаёти мустақилона маҳсуб ёфта, бо бунёди оила ҳаёти минбаъдаи инсон тавре ороста мешуд, ки дар маҷрои он муҳимтарин арзишҳои ҳаётӣ ва хостаҳои иҷтимоии худро бароварда мекард. Мутаассифона, дар шароити кунунӣ ин арзиши муқаддас моҳияти худро гум карда истодааст.
Дар ҳар давру замон барои қишрҳои аз маънавиёт дар канормондаи аҳолӣ ҳадафи асосӣ аз издивоҷ баҳрабарӣ аз хостаҳои маҳрамона, яъне лаззати шаҳавот буду ҳаст. Мутаассифона, ривоҷи робитаҳои маҳрамона бидуни издивоҷ, ки ба коҳиш ёфтани арзиши оиладорӣ мерасонад, имрӯз дар шаҳру ҳатто баъзе рустоҳо баръало мушоҳида мешавад.
Роғун аз кучактарин шаҳрҳои кишварамон аст, ки мардумаш дар раванди ҷаҳонишавӣ ба суръати тез расму оин ва анъанаҳои аҷдодии хешро ба фарҳангу маданияти бегона табдил медиҳанд. Коҳиш ёфтани арзишҳо дар ҳаёти иҷтимоии сокинони ин шаҳр аз масъалаҳои доғ маҳсуб меёбад. Масъулини риштаи маънавиёти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар як соли охир 31 ҳолати ҷудошавии расмии оилаҳоро ба қайд гирифтаанд, аммо аз қавли мардум ва омори парвандаҳои марбут ба баҳсҳои судӣ бармеояд, ки вазъ нигаронкунанда аст. Асомиддин Абдураҳмонов, раиси суди шаҳри Роғун, мегӯяд: «Муддати як соли охир 5 парванда оид ба рӯёнидани алимент(нафақа) ва тағйири маблағи он, 42 парвандаи бекор кардани ақди никоҳ, ки дар 20 ҳолати он оилаҳои ҷудошуда фарзандони ноболиғ доранд ва 19 ҳолати вобаста ба баҳсҳои молумулкии оилаҳои ҷудошударо баррасӣ намудааст».
Бекорӣ ва издивоҷи беаҳд
Шарифамоҳ Ғаюрова, масъули бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Роғун, афзоиши ҳодисаҳои пошхӯрии оилаҳоро ба бекорию надоштани ихтисос ва донишу маърифати оиладории бонувон рабт медиҳад. Дар хонаводаҳои ду-се келини хонанишиндошта ҳатто сабабҳои ночиз ҳам ба ҷудошавии оилаҳо оварда мерасонанд. Дар бештар ҳолатҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон зодмандон гунаҳгоранд. Дар оянда чӣ гуна волидон ба камол мерасанд, суолест нигаронкунанда.
«Омили дигари афзоиши пошхӯрии оилаҳо аз бекории бонувон маншаъ мегирад», – мегӯяд Шарифамоҳ Ғаюрова. – Аз 18 955 бонувони шаҳри Роғун 11 542 нафарашон қобили меҳнат буда, ҳамагӣ 1035 нафар бо кор таъминанд. Бо таъсиси коргоҳҳои хурди чаканадӯзию қолинбофӣ, заргарӣ бояд сатҳи бекориро коҳиш дод, зеро он ба баҳсу муноқиша ва ҷудошавии оилаҳо оварда мерасонад.
Роҳи дигари пешгирӣ аз никоҳу талоқҳои бемаврид ҳатмӣ намудани аҳднома ва ё боло бардоштани боҷи давлатии ақди никоҳ ва хати талоқ мебошад, то ҷавонон дар интихоби ҳамсар ва ҳифзи оила масъулияти бештар ҳис кунанд. Зеро ба қавли Асомиддин Абдураҳмонов, баъди пош-хӯрии оилаҳо занону фарзандони бесарпаноҳ эҳтиёҷ ба хона доранд.
Азбаски бастани аҳдномаи никоҳ ихтиёрӣ аст, аз 40 ҳазор сокинони шаҳри Роғун нафаре пайдо накардем, ки барои ибратомӯзии дигарон бо ҳамсари худ аҳдномаи никоҳ баста бошад. Сокинони қатории шаҳри Роғун афзоиши пошхӯрии оилаҳоро ба зиёд шудани духтарони бешавҳар ва коҳиш ёфтани ахлоқи ҷавонон рабт медиҳанд. Панҷ соли охир никоҳҳои бемавриди баъзе бонувони ин шаҳр бо хориҷиён ба урфу одат ва одобу рафтори насли ҷавон таъсири манфӣ гузоштааст.
Дар олами фоҷиаҳо
Дар ноҳияи Файзобод низ ҷомеаи шаҳрвандӣ аз болоравии сатҳи талоқ нигарон аст. Тибқи иттилои масъулини бахши САҲШ-и ноҳия дар соли 2012 ҳамагӣ 75 оила расман ҷудо шуда бошад, танҳо дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 33 оила пош хӯрда, инчунин 12 ариза барои бекор кардани ақди никоҳ ба шуъбаи мазкур ворид гардидааст.
Ба гуфти Фариштамоҳ Раҳматуллоева, мудири САҲШ-и ноҳия, як сабаби афзоиши азҳампошии оилаҳои ҷавон коҳиш ёфтани нуфузи волидон дар оила ва соҳибихтиёрии ҷавонони бесавод дар ҳалли баҳсҳои оилавӣ мебошад. Аз ин рӯ, як омили пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо ин ҳатмӣ намудани аҳдномаи никоҳ ва баланд бардоштани боҷи бекоркунии ақди никоҳ мебошад.
– Солҳои пеш барои ҳалли мушкили ахлоқии як оила тамоми сохтору бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, шӯроҳои маҳал, мактабу дигар соҳоти маънавиёт кор мебурданд. Ҳоло бошад, масъулон аз хабари пошхӯрии ин ё он оила вақте огоҳӣ меёбанд, ки ҳамсарон ба САҲШ муроҷиат карда, дигар роҳи бозгашт надоранд, – мегӯяд Фариштамоҳ Раҳматуллоева.
Аммо ба гуфти Сайбӣ Раҷабова, муовини раиси ноҳияи Файзобод, бо дарки вазъ ва оқибатҳои афзоиши талоқ, дар тамоми 74 маҳалҳои ноҳия баргузории суҳбату вохӯриҳо ба роҳ монда шудааст. Азбаски бонувони аз шавҳар ҷудошуда дар баррасии мавзуъҳои оиладорӣ ширкат намекунанд, мо тасмим гирифтаем, ки вохӯриҳоро дар сатҳи оилаҳо баргузор намоем.
- Аз тариқи баҳсҳои судӣ барқарор намудани дарёфти нафақаи фарзандон, ҳуқуқ ба моликият ва маскуният дар хонаи шавҳар роҳи ҳалли муш-кили занон нест. Маскуният дар хонаи «ду пора» шуда, барои зан идомаи зиндагӣ дар фоҷиа аст, зеро дар манзили мансуб бо собиқ ҳамсар, оилаи дигар барпо карда наметавонанд.
Сипари зан илм аст
Аммо Зуҳро Сафарова, омӯзгори собиқадори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Файзобод, иброз медорад, ки роҳи асосии пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо ва ҳифзи ҳуқуқҳои бонувон ин ба илму касбомӯзӣ фаро гирифтани онҳо мебошад.
Дар ҳамин ҳол Сайбӣ Раҷабова иброз медорад, ки дар суҳбатҳо атрофи ҷалби духтарон ба синфҳои болоӣ вақте аз қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ёдрас мешавем, зодмандон эрод мегиранд, ки тибқи қонун «Дар бораи маориф» таҳсил баъди хатми синфи 9-ум ҳатмӣ нест. Аз ин рӯ, дар қонунҳои зикршуда ва Кодекси оила даровардани тағйирот зарурат дорад.
Асрори устувории оила
Ба гуфти Зуҳро Сафарова як сабаби коҳиш ёфтани маърифати оиладорӣ беаҳамиятии модарон дар тарбияи духтар мебошад. Калиди хушбахтии ҳаёти оилавӣ нигоҳ доштани сири хонавода аст, аммо бештари бонувон онро ҳифз карда наметавонанд. Қаблан безурётии зан ё шавҳар ва дигар омилҳои ҷиддӣ боиси ҷудошавии оила мешуд, ҳоло бошад, як баҳси лафзӣ ба пошхӯрии оила оварда мерасонад.
Пешниҳод барои андеша
Дар ҳамин ҳол Майсара Ҷалолиддинова, омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Файзобод, таъкид медорад, ки бояд пеш аз бунёди оила фикри устувории онро кард. Мушкили асосӣ ин аст, ки натанҳо ҷавонон, балки волидон низ аз илму маърифат дур монда, амалу кирдорашон ба баҳсу мунозира ва ҳатто пошхӯрии оилаҳои фарзандонашон оварда мерасонанд. Бояд ба боз-омӯзию баланд бардоштани маънавиёти мардуми русто ва таълими дарси одоби оиладорӣ барои наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи бештар намоем.
Хулосаи равоншиносон дар мавриди афзоиши азҳампошии оилаҳо чунин аст: «Бар замми мушкилоти иқтисодӣ – иҷтимоӣ зодмандон фарзандони ба ҳаёти оилавӣ омода набударо хонадор намуда, мушкилоти ҷавононро дучанд мекунанд. Зеро шахс то синни 22-23- солагӣ шуури пешбиникунанда надошта, таҳаммулпазиру масъулиятшинос нест ва дар олами орзуҳо ба сар мебарад». Оё зарурат ҳаст, ки фарзандонро дар синни ҷавону шароити ноҷӯри иҷтимоӣ бармаҳал хонадор намоем?
Зебо Давлатова ва Ҷамолиддин Сайфиддинов
Душанбе-Файзобод-Роғун-Душанбе