Бо сабаби он, ки мутобиқи қонунгузории то нашри Фармони Раёсати Шӯрои Олии ИҶШС аз 8 июли соли 1944 амалкунанда, ақди никоҳи ба қайд нагирифта ҳамон оқибатҳои ҳуқуқии ақди никоҳи бақайдгирифтаро дошт, низоми моликияти умумии муштараки зану шавҳар ба амволе, ки аз ҷониби шахси бе бақайдгирии ақди никоҳ то ба қувваи қонунӣ даромадани Фармон дар муносибатҳои оилавӣ буда, ба даст даромадааст, паҳн мегардад. Дар ҳалли баҳси тақсими чунин амвол зарур аст, ки қоидаҳои бо моддаҳои 34-37 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ба роҳбарӣ гирифта шаванд.
Аз ҷумла тибқи моддаҳои мазкури Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст;
«Моддаи 34. Моликияти муштараки зану шавҳар
1. Молу мулкие, ки зану шавҳар дар давраи заношӯӣ ҷамъ кардаанд, моликияти муштараки онҳо мебошад.
2. Даромаде, ки зану шавҳар дар натиҷаи фаъолияти меҳнатӣ, соҳибкорӣ ва зеҳнӣ ба даст овардаанд, нафақа, ёрдампулӣ ва пардохтҳои дигари пулии гирифтаашон, чизҳои харидаашон, қоғазҳои қиматнок, саҳмия, пай ва ҳама гуна молу мулки манқул ва ғайриманқули дар давоми заношӯӣ ҷамъкардаашон, сарфи назар аз он, ки ба номи кадоме аз зану шавҳар харида шудааст (ё маблағ гузаронида шудааст), моликияти муштараки онҳо ҳисоб мешавад.
3. Ҳуқуқ ба молу мулки муштарак ҳамчунин ба зан, ё шавҳаре низ тааллуқ дорад, ки дар давоми заношӯӣ хоҷагиро пеш мебурд, фарзандонро нигоҳубин мекард, ё бо сабабҳои узрнок даромади мустақилона надошт.
Моддаи 35. Ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани моликияти муштараки зану шавҳар
1. Ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани молу мулке, ки дар моликияти муштараки зану шавҳар қарор дорад, танҳо бо розигии мутақобилаи онҳо сурат мегирад. (ҚҶТ аз 26.12.11с. №791)
3. Барои ба анҷом расонидани муомилот вобаста ба ихтиёрдорӣ кардани молу мулки ғайриманқул ва муомилоте, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун тасдиқ, ё қайди нотариалиро талаб мекунад, бояд розигии пешакии аз тариқи идораи наториалии давлатӣ тасдиқшудаи зан, ё шавҳар гирифта шавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с. №791)
Ҳамсаре, ки ризоияти дар идораи нотариалии давлатӣ тасдиқшудаи худро барои иҷрои аҳд надодааст, ҳуқуқ дорад дар қисми молу мулки ба худаш тааллуқдошта дар моликияти умумии якҷоя бекор кардани аҳдро талаб намояд, ё ҳамсар ҳуқуқ дорад ба андозаи ҳиссаи дар боло зикргардида аз маблағе, ки ҳамсараш аз фурӯши молу мулки ба даст овардааст, дар давоми се сол аз рӯзи огоҳ шудан аз чунин муомилот, ё мебоист аз иҷрои чунин муомилот, ё пардохти пулӣ, онро талаб намояд.
Моддаи 36. Моликияти ҳар кадоме аз зану шавҳар
1. Молу мулкие, ки ба зану шавҳар то ақди никоҳ тааллуқ дошт, инчунин молу мулкие, ки дар давраи заношӯӣ зан, ё шавҳар ҳамчун ҳадя, ё мерос гириф-тааст, моликияти ҳар кадоми онҳо мебошад.
3. Суд метавонад молу мулкиеро, ки ҳар кадоме аз зану шавҳар ҳангоми ҷудо зиндагӣ карданашон ҷамъ овардаанд, дар сурати воқеан қатъ гардидани ақди никоҳ моликияти ҳар кадоми онҳо эътироф намояд.
Моддаи 37. Моликияти муштараки зану шавҳар донистани молу мулки ҳар кадоми онҳо
Молу мулки ба ҳар як ҳамсар тааллуқдоштаро метавон моликияти муштараки онҳо донист, агар муқаррар гардад, ки дар давоми заношӯӣ аз ҳисоби молу мулки умумии зану шавҳар, ё молу мулки шахсии зан, ё шавҳар ва ё меҳнати ӯ саҳме гузошта шудааст, (таъмири асосӣ, азнавсозӣ, азнавҷиҳозонӣ ва ғайра), ки дар натиҷаи он арзиши молу мулки ба ҳар кадоме аз зану шавҳар тааллуқдошта хеле афзудааст, агар дар аҳдномаи байни онҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
Мурури муҳлати сесолаи даъво барои талаби тақсими амволе, ки моликияти муштараки ҳамсарон мебошаду ақди никоҳашон бекор карда шудааст (қисми 6 моддаи 38 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон), бояд аз рӯзи қатъ шудани ақди никоҳ ҳисобида шавад (аз санаи бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар китоби бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ дар мақомоти бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ҳангоми бекоршавии ақди никоҳ дар суд бошад, аз рӯзи бақайд-гирии бекор кардани ақди никоҳ)».
Адвокати ваколатдор:
Мирзовалиён Ҳамзабек Ҳакимзода