Дар ин бора Каримҷон Солеҳов, муовини сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва узви ҳайати гуруҳи корӣ оид ба омодасозии лоиҳаи инсондӯстӣ кардани Кодекси ҷиноятӣ иттилоъ медиҳад. Ин масъул мегӯяд, тибқи лоиҳа, новобаста аз сангинии ҷинояти содиркарда, занҳо дар муассисаҳои ислоҳии дорои низомаш вазнин нигаҳдорӣ нахоҳанд шуд.
- Аз сабаби он ки дар ҷомеаи мо ба занҳо муносибати меҳрубонона менамоянд, мо низ, ҳайати кории гуруҳ тасмим гирифтем, ки ба лоиҳа ҳамин тағйиротро ворид созем. Агар ин лоиҳа қабул гардад, минбаъд занҳое, ки ҷиноят содир мекунанд, сарфи назар аз категорияи ҷинояти содиркардаашон, танҳо дар калонияҳои сукунатӣ ва умумӣ адои ҷазо хоҳанд кард, - меафзояд ҷаноби Солеҳов.
Гуруҳи корӣ оид ба омодасозии тарҳи тағйири иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳарчи бештар инсондӯстӣ кардани он, давоми 3 сол инҷониб фаъолит мекунад. Ба ҳайати ин гуруҳ 2 вакили парлумон, 2 корманди дастгоҳи раисҷумҳурӣ ва 2 намояндаи Вазорати адлия низ шомиланд. Ин лоиҳа тағйиру иловаҳоро тақрибан ба зиёда аз 70 дарсади моддаҳои кодекси мазкур пешбинӣ кардаст.
Каримҷон Солеҳов мегӯяд, дар шароити имрӯзии демократисозии ҳаёти ҷомеа ва инсондӯстона кардани муносиботи ҷамъият масъалаи гуманизатсияи Кодекси ҷиноӣ яке аз самтҳои асосии амалигардонии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ гардидааст.
Каримҷон Солеҳов мегӯяд, идеяи инсондӯстона кардани кодекси ҷиноятӣ фикри нав набуда, метавон онро шартан ба се марҳила ҷудо кард. Марҳилаи аввал солҳои 2002 то 2004-ро дар бар мегирад. Дар ин марҳила ба Кодекси ҷиноятӣ ба якборагӣ бештар аз 1000 тағйиру иловаҳо ворид гардида буд, ки бештар аз нисфи ин адад бо принсипи гуманизм иртибот доштанд. Он замон буд, ки номгӯи ҷиноятҳое, ки дар пайи онҳо ҳукми қатл содир мегардид, кам карда шуд.
Марҳилаи дувум солҳои 2005 то 2010-ро дар бар мегирад. Дар қатори чандин тағйироти дигар, ки ба суи гуманизм роҳ мекушоданд, ҳамчунин ба ҳукми қатл дар ин давра маратория эълон гардид. Ва ҷазои ивазкунандаи ин ҳукм ҷорӣ шуд.
Марҳилаи севум, аз соли 2010 то 2013-ро дар бар мегирад. Дар ин марҳила то кунун таҳияи лоиҳаи нав тақрибан омода шудааст, ки ба бештар аз 70 дарсади моддаҳои Кодекси ҷиноятиро дар назар дорад.
Муҳлати адои ҷазои ҷиноӣ ва бозбинии ҳаҷми ҷарима аз дигар пешниҳодҳои ин гуруҳи корӣ будааст. Тавре Каримҷон Солеҳов мегӯяд, моддаи 52 Кодекси амалкунандаи ҷиноӣ нишон додааст, ки афроде ба намуди ҷазои «корҳои ислоҳӣ» муҷозот мешаванд, аз маоши моҳонаи эшон аз 10 то 30 дарсад ба фоидаи давлат рӯёнида хоҳад шуд.
- Мо ба натиҷае расидем, ки ин ҳаҷми ниҳоят зиёд аст. Аз ин рӯ дар лоиҳа пешниҳод кардем, ки аз ин ба баъд ҳаҷми рӯёнидани моҳона ба фоидаи давлат аз 5 то 20 дарсадро ташкил бидиҳад, - меафзояд ҷаноби Солеҳов.
Ворид кардани тағйирот ба моддаи 57 Кодекс, ки ин модда «Мусодири молу мулк» унвон дорад, аз дигар пешниҳодҳои гуруҳи корӣ будааст. Гуруҳи корӣ пешниҳод кардааст, ки ин модда ба таври зайл тағйир дода шавад:
- Ба тамоми моликият ҳукми мусодираи молу мулк набояд амалӣ карда шавад. Ба ин хотир мо фикр мекунем, ки ҳолати мазкурро бояд чунин ислоҳ кард: Танҳо он молу мулк ва дороие мусодира шавад, ки дар натиҷаи содир кардани ҷиноят ба даст омадаанд. Фикр мекунам, ин тасмим ҳам яке аз қадамҳои ҷиддӣ ба сӯи демократиясозӣ ва инсондӯстӣ кардани қонунгузории ҷиноятӣ хоҳад буд, - мегӯяд Каримҷон Солеҳов.
Намунаи дигари тағйироти гуруҳи корӣ ба моддаи 58 Кодекси амалкунандаи ҷиноятӣ рабт дорад. Дар ин модда, ки «Маҳрум сохтан аз озодӣ» ном дорад, ҳадди аксари маҳрум сохтан аз озодӣ 25 сол нишон дода шудааст. Ҳамакнун дар лоиҳаи нав, муҳлати ҳадди аксари маҳрумият аз озодӣ 20 сол таъйин гардидааст.
Ҳоло интизор меравад гуруҳи корӣ то тирамоҳи соли ҷорӣ болои ин лоиҳа кор кунад ва то охири имсол лоиҳаи мазкур ба парлумон фиристода шавад. Каримҷон Солеҳов, муовини сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва узви гуруҳи корӣ лоиҳаи инсондӯстӣ кардани Кодекси ҷиноятӣ мегӯяд, агар ин лоиҳа қабул гардад ва мавриди амал қарор бигирад, аз ҳар ҷиҳат барои давлат ва шаҳрвандони Тоҷикистон муфид хоҳад буд.
Ё. Ҳалимов