Он кӣ кирдори бад раво бинад,
Худ зи кирдори худ ҷазо бинад.
Тибқи омори байналмилалӣ, дар саросари ҷаҳон соле наздики 27 млн. мардону занон ва кӯдакон мавриди хариду фурӯш қарор мегиранд. Ин иттилоъро дар нимаи аввали соли ҷорӣ департаменти давлатии Амрико зимни як гузориши худ ироа кард. Дар ин гузориш ҳамчунин гуфта мешуд, ки афроди мазкур бештар бо ҳадафи истисмори меҳнатӣ, шаҳвонӣ ва гирифтани узвҳои дарунӣ тиҷорат мешаванд.
Як теъдоди муайяни шаҳрвандони Тоҷикистон низ аз ҷумлаи ин 27 млн. ба шумор мераванд. Гарчанде кишвари мо дар чанд соли охир иқдомҳои ҷиддиеро барои пешгирии падидаи ба ном хариду фурӯши одамон рӯи даст гирифтааст, аммо ҳанӯз роҳи пирӯзӣ наздик наменамояд…
Нилуфар-номи шартии духтарест, ки як муддат мавриди истисмори шаҳвонӣ қарор гирифта буд. Дар як суҳбати бидуни сабт бо хабарнигори «Бонувони Тоҷикистон», вай саргузашти ғамангез ва фоҷиавии дар асорат будаи худро мухтасар нақл кард. Ба гуфти Нилуфар, ӯро наздиктарин пайвандонаш истисмор намудаанд. Вай мегӯяд, аммадухтарҳояш аз нодонӣ ва камбағалии ӯ суистифода намуда, ӯро бовар кунониданд, ки агар бо эшон сафар кунад, дар як муддати кӯтоҳ даромади ҳангуфте ба даст меорад. Ҳамин тариқ, Нилуфарро ба Дубай интиқол доданд ва ӯ бештар аз як моҳ ғайри хоҳиши худ бо мардони бешуморе алоқаи ҷинсӣ анҷом медод. Нилуфар, тавре худаш нақл мекунад, агарчӣ он замон дар ҳолати шадиди равонӣ қарор дошт ва ҳар лаҳза дар пайи фирор буд, аммо наметавонист аз ин варта раҳо шавад.
– Шабе баъд аз ҳамхоба шудан бо марди навбатӣ, дар роҳ ба сӯи манзил пулиси Дубай маро боздошт. Маълум шуд, ки муҳлати раводидам ба охир расидааст. Ҳамин сабаб шуд ва маро ба Тоҷикистон интиқол доданд. Ин воқеа соли 2009 аз сарам гузашт. Вале то кунун доғаш дар дилам мондааст, – меафзояд Нилуфар.
Аммо тавре Ҷумъахон Каримов, муовини сардори шуъбаи хариду фурӯши одамони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилаи ҶТ, мегӯяд, танҳо Нилуфар ба ин ҳолат гирифтор нашудааст. Ҷ. Каримов меафзояд, дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз рӯи моддаи 1301 Кодекси ҷиноятии ҶТ, ки ин модда бевосита хариду фурӯши одамонро баррасӣ мекунад, се ҳолат қайд ва ошкор гардидааст. Ҳамчунин чанд хабари фаврӣ мадди назари кормандони шуъба аст, ки дар ояндаи наздик пайи ошкор кардани ин маълумот хоҳанд шуд.
Бо ин вуҷуд, ҳанӯз шумори дақиқи иcтисморгаштаҳои соли ҷорӣ аниқ нест. Гуфта мешавад, ҷиноятҳое аз қабили хариду фурӯши одамон ҷинояти ноаён унвон шуда, ошкор кардани ин ҳодисаҳо хеле душвор аст. Ба ин далел, ки одамон аксари ҳолат намехоҳанд аз мавриди истисмор қарор гирифтани худ ба мақомот хабар диҳанд.
Ҷиноятҳое, ки вобаста ба хариду фурӯши одамон ошкор мешаванд, аксар ҳолат аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ; моддаи 1301 – хариду фурӯши одамон ва моддаи 132 – ҷалби одамон бо ҳадафи истисмор баррасӣ мегарданд.
Парлумон бо қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон» ва ворид кардани тағйирот ба дигар қонуну кодексҳои кишвар роҳи мубориза бо тиҷорати одамонро пешгирӣ намудааст.
Тоҷирони «ҷинояткор»
Бино ба иттилои кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, дар Тоҷикистон ҳолати хариду фурӯши узвҳои одамон ба қайд гирифта нашудааст. Ҷиноятҳое, ки вобаста ба хариду фурӯши одамон ошкор мешаванд, аксар ҳолат аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ; моддаи 1301 – хариду фурӯши одамон ва моддаи 132 – ҷалби одамон бо ҳадафи истисмор баррасӣ мегарданд. Дар ҳар ду ҳолат низ истисмори шаҳвонӣ ва меҳнатӣ дида мешавад. Дар ҳоли ҳозир маҳз истисмори шаҳвонӣ боиси нигаронии мақомот шудааст. Агарчӣ ба истисмори меҳнатӣ низ як теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон гирифторанд, аммо неруи асосӣ барои пешгирии истисмори шаҳвонӣ равона шудааст.
– Аз рӯи тақсимбандӣ давлатҳо ба се гуруҳ ҷудо мешаванд: табдилкунанда, интиқолӣ ва таъинотӣ. Мутаассифона, Тоҷикистон ба гуруҳи кишварҳои табдилкунанда шомил мешавад. Мо талош дорем, ки ба ҳар восита пеши роҳи ҳамин ҷиноятро бигирем, – меафзояд Каримов.
Ба иттилои мақомот, духтарони то синни 25 солаи тоҷик бештар тиҷорат мешаванд. Зеро то ин синну сол духтарон дар хориҷ, ба хусус дар Дубай харидори зиёд доранд. Ҷойи таассуф аст, ки аксари духтарони тиҷоратшуда аз ҷониби наздиктарин пайвандонашон бо роҳи фиреб мавриди хариду фурӯш қарор мегиранд. Дар Тоҷикистон бо ваъдаҳои ниҳоят зиёд ба боварии духтарон даромада, нахуст барои эшон шиносномаи хориҷӣ омода мекунанд. Баъдан, раводиди сафарро ба даст меоранд ва тавассути фурудгоҳи Душанбе ба кишвари таъинотӣ интиқол медиҳанд. Ҳолатҳое ба қайд гирифта шудаанд, ки духтарони тоҷикро тавассути сарҳади Қирғизистон ва ё Русия ба мамлакати севум интиқол додаанд. Дар ин ҳолат Русия ва Қирғизистон нақши кишварҳои интиқолиро мебозанд. Гуруҳҳои қочоқчӣ ҳам дар Тоҷикистон намояндаи худро доранду ҳам дар дохили кишвари таъинотӣ. Дар мисоли Дубай, ба маҳзи вуруди духтарон ба ин қаламрав, тамоми ҳуҷҷатҳояшон аз ҷониби намояндаи гуруҳ мусодира мешавад ва дар ивази танфурӯшиашон танҳо бо ҷойи хобу ғизо таъмин мегарданд. Пулеро, ки аз ҳисоби танфурӯшии маҷбурӣ духтарон ба даст меоранд, ба киссаи одамҷаллобон мерезад. Чун дар рӯзи аввали ба Дубай ворид шудан, хабар меёбанд, ки то 10 ё 15 ҳазор доллар аз одамҷаллобон қарздор шудаанд.
Ба гуфти қаҳрамони матлаби мо ӯ низ тақрибан ҳамин ҳолатҳоро аз сар гузаронидааст. Вай мегӯяд, арзиши якшаба хидмати танфурӯшиашро 1000 дирҳам, ки дар соли 2009 250 доллари амрикоӣ қурб дошт, баровард карданд. Ҳамин тариқ, Нилуфар дар бештар аз як моҳи гирифтории истисмори шаҳвонӣ буданаш, ҳудуди 7,5 ҳазор доллар ба «боссҳояш» даромад овардааст. Аммо ҳангоме ба хона баргардонида шуд, маблағе надошт, ки аз фурудгоҳ то манзили зисташ роҳхарҷӣ кунад.
– Бисёр аламовар буд. Ду духтари аммаам – апаву хоҳар, якеш дар Тоҷикистон, дувумаш дар Дубай. Калониаш маро аз ин ҷо фиристод, хурдиаш дар Дубай пешвозам гирифт. Ба болои ин ки чунин муносибати ғайриинсониро бо ман раво диданд, ҳанӯз аз ман домангиранд, ки гӯё аз онҳо қарздор бошам. Дар ҳоле, ки худи ҳамин духтарҳо вақте бори аввал ба Дубай рафтанд, дар соли 2003, аз рӯи нақли худашон, онҳоро низ мавриди истисмори шаҳвонӣ қарор дода будаанд, аммо бо гузашти чанд сол, худи эшон ба ин ҷинояти нанговар даст зада, духтаронро ба Дубай бурда, ба танфурӯшӣ маҷбур мекарданд, – меафзояд Нилуфар.
Талошҳо барои пешгирии ҷиноят
Феълан дар Тоҷикистон дар маҷмуъ барои пешгирии ҷиноятҳои марбут ба хариду фурӯши одамон бори чандум аст, ки Барномаи маҷмуии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта мешавад. Ҳамчунин аз ҷониби Ҳукумати ҶТ Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон ташкил шуда, Парлумон низ бо қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон» ва ворид кардани тағйирот ба дигар қонуну кодексҳои кишвар роҳи мубориза бо тиҷорати одамонро пешгирӣ намудааст.
Тибқи Барномаи маҷмуии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон барои солҳои 2011-2013, чандин идораву мақомоти кишвар муваззаф шудааст, ки аз ин падида ҷилавгирӣ кунанд. Аз ҷумла, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати маориф, Вазорати меҳнат, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Хадамоти гумрук ва ғайра. Умдатан фаъолияти аксари ин ниҳодҳо дар самти пешгирии ин падида, аз корҳои фаҳмондадиҳӣ ва огоҳнамоии шаҳрвандон иборат аст.
Тавре Шаҳобиддин Мирзоаҳмадов, сармутахассиси шуъбаи ташкили ҳуқуқии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ мегӯяд, фаъолияти онҳо аз ташкил кардани семинарҳои омӯзишӣ, паҳн кардани варақаҳои иттилоотӣ, гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ иборат аст.
Ниҳодҳои дигар ҳар кадоме вазифаи худро доранд, аммо бархе аз кормандони мақомоти қудратӣ шикоят аз он мекунанд, ки барои фаъолияти пурсамар маблағҳои буҷетӣ камӣ мекунанд.
Ёриҳои байналмилалӣ
Мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле аз камбуди маблағ шикоят мекунанд, ки ҳамасола ёриҳои ҳангуфте аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ барои ҷилавгирии ин падида ҷудо мегардад. Тавре аз Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба «Бонувони Тоҷикистон» иттилоъ доданд, тибқи як лоиҳаи Оҷонсии амрикоӣ оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар моҳи июни соли 2010 барои Тоҷикистон ба миқдори 1,1 миллион доллар ихтисос дода шудааст. Ин лоиҳа то моҳи октябри соли 2015 идома хоҳад кард. Бино ба иттилои ин сафорат, ҳадафи умумии лоиҳаи мазкур дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон ҷилавгирӣ аз падидаи тиҷорати одамон иборат аст.
Ҳамчунин намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон сар аз соли 2005 кумакҳои билоивазеро ба истисморшудаҳо мерасонад. Гулчеҳра Иброҳимова, корманди лоиҳаи Муқовимат бар зидди хариду фурӯши одамони Созмони байналмилалии муҳоҷират дар ҶТ мегӯяд, то кунун ба бештар аз 500 нафар ёрӣ расонидаанд.
– Миёни ин афрод одамони гуногун буданд. Бархе дар асорати меҳнатӣ, бархе дар асорати шаҳвонӣ, занон, кӯдакон ва мардони сину соли мутафовит. Бархеро намояндагии Созмон дар мамолики дигар пайдо карда, ба Тоҷикистон мефиристад ва мо ба онҳо мадад мерасонем. Бархеро худамон пайдо мекунем, дар дохили Тоҷикистон ва ҳам нафароне ҳастанд, ки худашон ба мо муроҷиат менамоянд. Нишонӣ ва рақамҳои мо дар варақаҳои иттилоотие, ки паҳн месозем, ҷо доранд. Асосан, мо ба истисморшавандаҳо кумаки моддиву равонӣ мерасонем, – меафзояд Гулчеҳра Иброҳимова.
Оё ҳама метавонад Нилуфар бошад?
Сарфи назар аз кумакҳои байналмилалӣ ва талоши мақомот барои ҷилавгирии ин падида, феълан аз ҷониби комиссияи байниидоравие, ки дар боло зикраш рафт, лоиҳаи ду қонун таҳия мешавад. Яке лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон», дигаре лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи расонидани ёрӣ ба истисмориёни хариду фурӯши одамон». Дастандаркорон қасд доранд дар моҳи декабри соли ҷорӣ ин лоиҳаҳоро ба Парлумон ироа кунанд. Гулчеҳра Иброҳимова мегӯяд, умедвор аст баъд аз қабули ин лоиҳаҳо таъқиби ҷиноии афроди одамҷаллоб бештар мегардад ва ба ҳамин тариқ имкон пайдо хоҳад шуд, ки ин ҷиноят дар Тоҷикистон маҳв гардад, аммо ба назари вай шояд ин фосила то 5-6 солро дар бар бигирад.
Эҳтимоли санаи пирӯзӣ аз нигоҳи Гулчеҳра Иброҳимова дар ҳолест, ки ҳам мақомот ва ҳам коршиносон яке аз сабабҳои аслии зуҳур ва авҷгирии ин падидаро дар фақри шаҳрвандон медонанд. Тавре далелҳои мақомот собит мекунанд, бештари истисморшудаҳо аз хонаводаҳои нодоранд. Пас суол инҷост, ки оё бидуни дастболо шудан бо фақр, имкон дорад ба тиҷорати одамон пирӯз гардид?
Аммо суоли аслии ин матлаб аз ин иборат аст, ки сарнавишти минбаъдаи истисморшудаҳо бо чӣ меанҷомад? Тавре дар мисоли зиндагии Нилуфар-қаҳрамони воқеии ин матлаб мушоҳида мешавад, ӯ то кунун дар ҳолати бади равонӣ қарор дорад. Ҳанӯз ҳамаи асрори ӯро наздикону пайвандонаш намедонанд. Вале оё ҳамаи истисморшудаҳо метавонанд ба мисли Нилуфар аз асорат раҳо шаванд ва дубора зиндагии худро ба маҷро дароранд?
Ё. Ҳалимов