«Озору лату кӯб, муносибати дағалона нисбати инсон, новобаста аз он ки ӯ болиғ аст ё ноболиғ, мард аст ё зан ҷиноят аст».
Дар 9 моҳи соли ҷорӣ беш аз 1800 зан барои ёриву маслиҳат ба Маркази буҳронии «Боварӣ» муроҷиат кардааст. Ҳадафи асосии марказ пешгирии зӯроварӣ ва роҳ надодан ба хушунати хонаводагӣ арзёбӣ мегардад.
Маркази мазкур соли 2004 бо пешниҳоди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, аз ҷониби Барномаи «Пешгирии хушунати хонаводагӣ»-и дафтари тоҷикистонии GOPA ва Созмони ҳамкориҳои Шведсарияву Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.
Махфиятро барои корафтодагон кафолат медиҳем
Масъулини марказ мегӯянд, ки бонувони муроҷиаткунанда асосан аз хушдоману хоҳаршӯ, бародару дигар наздикони шавҳаронашон шикоят доранд.
– Ҳастанд занҳое, ки наметавонанд ба рафтору кирдори ношоистаи шавҳар дар оила бархурду вокуниши дурусте нишон диҳанд, баъзеҳо бо худ мушкил доранд, аз ин хотир барои маслиҳат ва тағйир додани ҳолати ногувор назди равоншиносони мо меоянд, – мегӯяд роҳбари маркази буҳронии «Боварӣ» Гулнора Аҳророва.
Роҳбари марказ аз он изҳори таассуф мекунад, ки дар ҷомеаи кунунии мо фарҳанги муроҷиат ба чунин марказҳо, ки дар бештари ҳолат бар манфиати кор аст, ташаккул наёфтааст. Муроҷиати занҳо ба Маркази буҳронии «Боварӣ» дар аксар маврид пинҳонӣ аз шавҳару дигар аъзои оила сурат мегирифтааст. Баъзеҳо иқрор мешудаанд, ки аз хона бо баҳонаи бозор берун омадаанд. «Агар шавҳарам фаҳмад, маро талоқ медиҳад», мегуфтаанд ин қабил занҳо.
– Ба хушдоманҳову шавҳарон маслиҳат медиҳам, ки агар дар оила мушкиле ҳаст, худашон арӯсашонро гирифта назди мо оянд. Барояшон ёрии ройгону манфиатноки коршиносонро кафолат медиҳем, – мегӯяд роҳбари марказ ва дар идомаи фикраш зикр мекунад: – Магар муроҷиат ба чунин марказҳо ва дарёфти роҳи ҳалли масъала беҳтар аз худкушӣ, худсӯзӣ ва оилавайронӣ нест? Муроҷиату суҳбатҳои корафтодагон ин ҷо чун сирри шахсиву оилавӣ мувофиқи қонун махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Мо аз касе ному насаби мушаххас ва нишонии ҷои истиқомат талаб намекунем. Танҳо муҳимаш ин аст, ки тавонем нафареро аз хушунат раҳо бахшем, оилаеро аз хавфи парокандагӣ эмин дорем, мушкили корафтодаеро бароварда созем.
Алами шавҳарро аз кӯдак гирифтан хушунат аст!
Мунира Одинаева, равоншиноси марказ, мегӯяд, ки бонувон дар ҳолати депрессия ҳиссиёту идрокашонро идора карда наметавонанд. Дар сурати идора накардани эҳсосот шахс ба оқибатҳои нохуши бемории қалбу асаб гирифтор шуда, гузашта аз ин ҳолат инсонро то худкушӣ низ мерасонидааст.
– Ба мо бештар занҳое муроҷиат мекунанд, ки намедонанд бо шавҳаронашон чӣ гуна созиш намоянд. Модарон барои маслиҳат дар тарбияи кӯдаконашон ва фарзандон барои чӣ гуна муносибат кардан бо волидон наздамон меоянд. Бо онҳо суҳбат мекунему масъаларо омӯхта, тарзи дурусти бархурдро пешниҳод менамоем, – мегӯяд М. Одинаева.
Равоншинос қайд мекунад, ки вақте бонувон аз ҷониби шавҳаронашон дар оила пайваста хушунат мебинанд, оҳиста-оҳиста худашон низ ба хушунат даст мезананд. Онҳо алами шавҳарро аз кӯдак гирифтанӣ шуда, ӯро лату кӯб мекунанд, ки ин амал хушунат нисбати кӯдак буда, қонун нисбати ҳама гуна намуди он ҷазо пешбинӣ намудааст.
Як мушкили равоншинос ин аст, ки имрӯз қисмати каме аз занҳо бо хости худ, барои холӣ кардани қалбу ором кардани асаб наздаш меоянд:
– Ниёздоштагонро асосан баъди ошноӣ бо вазъу ҳолати равониашон коршиносони марказ назди мо мефиристанд. Дар ҷомеа чунин андешаи ноҷое роиҷ аст, ки гӯё танҳо беморон аз хидмати равоншинос истифода мебаранд Ин дар ҳолест, ки дар давлатҳои пешрафта инсони солимақл, новобаста аз он ки мушкиле дорад ё не, барои холӣ кардани дил, соле 3-4 маротиба ҳатман назди равоншинос меравад, – таъкид менамояд М.Одинаева.
Мардҳои хушунатдида ҳам ҳастанд
Ҳастанд нафароне ҳам, ки барои ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ аз ҳуқуқшиносу ҳимоятгари Маркази буҳронии «Боварӣ» имдод металабанд.
Дурсултон Шоҳназарова, ҳуқуқшиноси марказ, мегӯяд, ки бештари муроҷиаткунандагон барои ҳалли мушкили хонаводагӣ, фишору лату кӯб, бекор кардани ақди никоҳ, рӯёнидани алименту манзил аз шавҳарон ба онҳо муроҷиат мекунанд.
– То ҳадди имкон мо мекӯшем, ки мувофиқи қонун ҳуқуқҳои нақзшудаи онҳоро ҳимояву барқарор намоем. Аммо дар ҷараёни кор мо бештар бо як мушкил рӯ ба рӯ мешавем, ки он надоштани ҳуҷҷати сабти қонунии никоҳ аст. Зану шавҳар муддати зиёд бо ҳам зиндагӣ карда, соҳиби чанд кӯдак шудаанду ҳуҷҷати қонунии тасдиқкунандаи никоҳро надоранд. Аз ин хотир, чун ҳуқуқшинос аз падару модарон, арӯсу домодҳо хоҳиш мекунам, ки ҳатман никоҳашонро аз қайди САҲШ гузаронанд, танҳо дар ин ҳолат ҳуқуқҳояшон аз ҷониби қонун ҳимоя карда мешавад, – ёдвар мегардад Д. Шоҳназарова.
Надоштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти кӯдак ва бесаводии баъзе аз модарон мушкили ҳуқуқшиносони марказро дучанд менамояд, зеро баъзе бонувон ҳатто саводи навишти аризаву мактуби оддиро надоранд.
Ҳамсуҳбатам мегӯяд, ки дар баробари бонувон мардҳо низ дучори хушунати хонаводагӣ мешудаанд. Дар чунин мавридҳо онҳо шикоят аз модару ҳамсар доштаанд, ки бо сабаби надоштани ҷои кор мавқеашонро дар оила танг кардаанд.
– Чун занҳо наметавонанд дар мавриди хушунат аз зӯри бозу истифода баранд, аз роҳҳои дигар, амсоли бадгапӣ, қошу қавоқ ва рондан аз хона истифода мекунанд, – мегӯяд Д. Шоҳназарова.
Солеҳа Холова, ҳимоятгари Маркази буҳронии «Боварӣ» мегӯяд, ки чун роҳнамо ҳамеша мекӯшад корро бо мусолиҳаи тарафайн ҳал кунад.
– То ҳадди имкон бо даъвогару ҷавобгар суҳбат ороста, масъаларо хуб меомӯзем. Аз хизмати коршиносону равоншиносони ботаҷрибаи марказ истифода бурда, тарафҳоро оштӣ медиҳем. Дидем, ки вазъ ислоҳ намешавад ва ҳодиса такрор меёбад, аризаву санадҳоро омода сохта, ба суд муроҷиат мекунем, – мегӯяд адвокат.
Коршиносон мегӯянд, ки зиёд будани марказҳои буҳронӣ бар манфиати кор аст. Бонувон бо истифода аз он дар тамоми гӯшаву канори кишвар метавонанд ба худ бовар ҳосил намуда, аз ҳуқуқҳояшон дифоъ кунанд.
Дар баробари ин, хуб мешуд, агар дар назди Маркази буҳронии «Боварӣ» паногоҳҳои муваққатӣ барои бонувони ҷабрдида созмон меёфт. Аз рӯи мушоҳидаҳо имрӯз дар кишвар бештари занҳои хушунатдида, ҷои амне барои рафтан надоранд. Феълан дар Тоҷикистон танҳо Маркази занони «Гулрухсор» -и шаҳри Хуҷанд соҳиби Маркази буҳронӣ ва паногоҳи муваққатӣ барои занҳои хушунатдида аст. Дар давраи буду бошашон дар ин ҷо (аз 15 рӯз то 3 моҳ) бонувон бо ҷойи хоб, хӯрок, хизматрасонии тиббӣ, ёрии равонӣ ва маслиҳатҳои ҳуқуқии ройгон таъмин карда мешаванд. Аммо ҷомеаи мо ба чунин паноҳгоҳу марказҳо қариб дар ҳама навоҳӣ ниёз дорад, зеро хушунати хонаводагӣ то ҳол масъалаи доғ аст.
Гулноза БОБОМУРОДОВА