Гуландом Бобоева ному насаби мустаори занест, ки дар батн тифли ҳафтмоҳа дорад. Ин тифл ҳамроҳ бо хушунати равониву ҷисмонӣ дар батни ӯ ҷой гирифтааст ва ба маҳзи чашм ба дунё кушодан, танҳо модар ва хонаводаи ӯро хоҳад дид. Зеро дар пайи хушунатҳои мудовими равониву ҷисмонӣ Гуландом аз шавҳари худ ҷудо гардида, қасд дорад тифли батнашро ҳамроҳ бо падару модар ба воя бирасонад.
Дафтари зиндагии арӯсии Гуландом ҳамагӣ аз 75 саҳифа ( баробар ба ду моҳу понздаҳ рӯз) иборат буда, онҳо низ танҳо аз хотираҳои талхи зиндагии муштарак бо шавҳар мураттаб шудаанд. Ин зан, ки 21 сол умр дорад, мегӯяд: «11 феврали соли ҷорӣ ба шавҳар баромада, 26 апрел бори охир ва барои ҳамеша зери мушту лагад манзилашро тарк кардааст».
Ҳоло Гуландом ба якборагӣ ба додгоҳ 3 ариза пешниҳод намудааст; яке барои дарёфти хати талоқ, дигаре аризаи дарёфти алимент барои фарзанди батнаш ва севумӣ аризаи айбдоркунии хусусӣ дар бораи ин ки ӯ пайваста аз ҷониби шавҳар хушунату зӯроварӣ медидааст. Вай дар даст ду санади муоинаи тиббӣ дорад ва онҳо собит мекунанд, ки ӯ мавриди зӯроварӣ қарор гирифтааст. Бо вуҷуди ин далоил, дар додгоҳ ба Гуландом гуфтаанд, ки аризаи айбдоркуниашро дар навбати охир баррасӣ хоҳанд кард. Аммо ӯ мегӯяд, ҳатман талош мекунад, ки шавҳари «муштзӯраш» ҷазои сазовор бигирад.
Исботи хушунат – амри маҳол
Ин дар ҳолест, ки ба ақидаи ҳуқуқшиносон, исботи хушунати равониву ҷисмонӣ дар додгоҳҳои Тоҷикистон ба осонӣ ба даст намеояд. Гулчеҳра Ашӯрова, яке аз ҳуқуқшиносоне, ки борҳо ба занони хушунатдида ёрии ҳуқуқӣ расонидааст, мегӯяд, айни ҳол дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи алоҳидае бахшида ба хушунат вуҷуд надорад. Ҳангоме занон аз рӯи далели хушунат ариза пешниҳод мекунанд, додгоҳ ин аризаҳоро бар асоси моддаҳои 112 ва 116-и Кодекси ҷиноятӣ ба баррасӣ мегирад, ки ин ду модда лату кӯб ва расонидани зарари ҷисмониро матраҳ мекунад. Ҳамчунин ин моддаҳо ба гурӯҳи парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ дохил шуда, исботи лату кӯб, ҷамъоварии далелҳо ва пешниҳоди аризаи даъво пурра ба зиммаи ҷабрдида вогузор гардидааст. Аз он ҷо ки на ҳамаи занҳо дониши ҳуқуқӣ доранд, ин меъёрҳои қонун, ба иддаои ҳуқуқшиносон, садди роҳи даст ёфтани занҳои хушунатдида ба адолати судӣ мешаванд. Гулчеҳра Ашӯрова инчунин меафзояд, ҳолатҳое ҷой доранд, ки дар додгоҳҳо аризаи занони хушунатдида бино ба далели нуқсу камбудӣ доштан бе ҳаракат гузошта мешаванд.
Аммо на ҳамаи ҳуқуқшиносон ба ин андеша розианд. Бо он ки Ҷамолиддин Ҳаётов, судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ба монеагузории меъёрҳои моддаҳои 112 ва 116-и Кодекси ҷиноятӣ розӣ нест, вале изҳор медорад, ки дар таҷрибаи кориаш шоҳид будааст, ки занҳои хушунатдида наметавонанд аризаҳои шикоятиро беғалат нависанд.
– Ин гуна занҳо дар коғазҳои ғайристандартӣ ариза меоранд. Талаботи пешниҳод намудани аризанависиро, ки дар моддаҳои 354 ва 355-и Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ нишон дода шудааст, риоя намекунанд. Бино бар ин, чунин аризаҳо дар бисёр ҳолатҳо бе ҳаракат гузошта мешаванд. Онҳо, ки як бор навиштанд ва аризаашон баррасӣ нашуд, дигар аз паси он намешаванд. Беҳтар аст, ки қабл аз ба додгоҳ муроҷиат кардан, занҳои хушунатдида адвокат киро кунанд, – меафзояд Ҷ. Ҳаётов.
Оё адвокат ба хушунатдидаҳо ёрӣ мерасонад?
Маслиҳат ва машварати Ҷ. Ҳаётов дар ҳолест, ки киро намудани адвокат барои занони хушунатдида ҳатман бо пардохти маблағи муайян имконпазир мегардад. Меъёрҳои умумии қонунгузории Тоҷикистон хизмати ҳимоятчиро барои ин табақаи аҳолӣ ройгон ба роҳ намондааст. Дар ҳоле, ки занон дар хонавода аз шавҳарони худ вобастагии моддӣ доранд, дар сурати сар задани хушунат наметавонанд аз хизмати адвокат истифода баранд. Ба гуфти адвокат Баҳодур Саидов, хидмати ҳимоятчӣ барои ин табақаи аҳолӣ ройгон нест. Ё ҳадди ақал қонун барои ин гуна табақаҳо хидмати бе музди ҳуқуқиро пешбинӣ накардаст. Ба андешаи вай, чунин занҳо ба хидмати ройгони ҳимоятчӣ ва кӯмаки ҳуқуқии бе музд ниёз доранд.
Аз назари ҳуқуқӣ ин меъёрҳо ва далелҳо дастрасии занони хушунатдидаро ба адолати судӣ як навъ маҳдуд кардааст. Барои ҳаллу фасли ин монеаҳо ва маҳви хушунати хонаводагӣ ҳуқуқдонҳо як қатор пешниҳодҳоро ироа мекунанд:
1. Ба роҳ мондани хидмати ройгони ҳуқуқӣ барои занони хушунатдида;
2. Ислоҳ ва мувофиқгардонии меъёри қонунҳо;
3. Ба Кодекси ҷиноятӣ ворид кардани моддаи алоҳида бахшида ба хушунат;
4. Баргузор кардани маъракаи иттилоотӣ миёни занҳо оид ба ҳуқуқҳои эшон;
5. Тақвият додани фаъолияти Кумитаи кор бо занон ва оила дар ин самт;
6. Қабули қонун дар бораи пешгирии хушунат.
7. Тақвият бахшидани ҳамкории мақомоти давлатӣ, марказҳои буҳронӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ.
Дар сурати амалӣ гардидани ҳамаи ин пешниҳодҳо ҳам, суоле, ки посух мехоҳад ва бештар аз дигарон худи занҳои хушунатдидаро нигарон кардааст, ин аст: «Оё оилаи онҳо баъд аз ҳамаи ин устувор хоҳад монд?»
Табиист, ки ба маҳзи даъвои додгоҳӣ пояҳои оила ба ҷунбиш медароянд ва бовариву эътимод миёни ҳамсарон дар хонаводаҳои суннатии тоҷик рӯ ба коҳиш меорад. Тавре дар мисоли зиндагии Гуландом Бобоева бармалост, аризаи айбдоркунӣ дар хусуси хушунат оилаи ӯро аз ҳам пошид. Гуландом мегӯяд, ки дар аввали эҳсоси хушунат барои бақо ва ҳифзи оилааш аз шикоят кардан худдорӣ меварзид. Вале билохира, ба натиҷа расид, ки бо ин ҳол зиндагии ояндааш маънӣ нахоҳад дошт ва аз болои шавҳараш ба додгоҳ ариза навишт.
Аммо на ҳамаи занҳои тоҷик ба ин амал қодиранд. Мушкилоти дастрасӣ ба адолати судӣ аз як ҷониб ва андешаи ҳифзи оила аз ҷониби дигар, занонеро, ки мавриди хушунат қарор мегиранд, дар кӯчаи сарбастае ворид кардааст, ки аз он берун шудан на барои ҳама муяссар мегардад. Тавре ки хушунат аз мавзуъҳои матраҳ ба ҳисоб меравад, берун рафтан аз он низ мавзуи рӯз аст. Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон танҳо бо даст ёфтан ба адолати судӣ ин мушкил ҳал нахоҳад шуд. Пас чӣ метавонад занҳоро аз хушунати равониву ҷисмонӣ ҳифз намояд?
Суолест барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа.