Ҳангоме, ки бо мо суҳбат мекард, дарк кардем, ки ҳанӯз дар ниҳодаш ранҷи гаронеро таҳаммул дорад. Бидуни ашки дида наметавонад он рӯзгорро ба ёд биёрад. Нахуст суоли мо аз ӯ ин буд, ки чи гуна зиндагиаш ба ин самт тағйир ёфт?
– Аз нодонӣ ва ноогоҳӣ фирефтаи ваъдаҳои болобаланди инсонҳое шудам, ки оқибат маро ба иҷрои манфуртарин амал – танфурӯшӣ водор карданд. Он замон, ки зиндагии на он қадар хуб доштам, аз ҷиҳати моддӣ танқисӣ мекашидаму ба ваъдаҳои инсонҳое, ки мегуфтанд, агар бо мо биравӣ маоши калон мегирӣ, дар як мудати кӯтоҳ соҳиби ҳама чиз мешавӣ, бовар кардам.
- Шуморо дар куҷо ба танфурӯшӣ маҷбур карданд?
- Маро ба Дубай бурданд.
- Чи гуна?
- Аслан гуфтанд, ки мо дар Маскав соҳиби чанд мағоза ҳастем. Биё, бо мо, маоши калон мегирӣ, дар як рӯз то 500 доллар даромад пайдо мекунӣ. Ман ҳам бовар кардам. Вақте дар Дубай фуруд омадем, гумон кардам, ки яке аз шаҳрҳои Русия аст. Як духтари деҳотӣ аз куҷо медонад, ки Дубай куҷосту Маскав куҷо?
- Метавонед каме муфассалтару рӯшантар нақл кунед?
- Ҳммм… Намехоҳам. Аммо… маҷбурам ба хотири фиреб нахӯрдани духтарони ҷавон, ҳамаашро аз аввал нақл кунам. Ман аз ҷониби наздиктарин хешовандони худамон фиреб хӯрдаам. Охирҳои соли 2008 буд. Тақрибан 6 моҳ пештар ба шавҳар баромада будам. Шавҳарам як марди бекор буд. Бисёр зиндагии вазнине доштем. Рӯзе духтарҳои аммаам ба хабаргирии мо омаданд. Вақте зиндагии вазнини маро диданд, ба ман дарафтоданд. Ба қавли дигар, сайди ниммурдаи худро пайдо карданд. Он вақт ҳамагӣ 23 сол доштам. Гуфтанд: «Намехоҳӣ бо мо ба Русия равӣ?». Гуфтам: «Чаро не? Меравам!». Албатта, ин суҳбатҳо пинҳонӣ буд.
Хулоса, ба умеди кору пул аз шавҳарам ҷудо шудам. Маро аз деҳа ба пойтахт оварданд. Шиносномаи хориҷӣ омода карданд. Билет гирифтанд. Боз каме сару либос ҳам хариданд. Раводид гирифтанд.
- Кӣ ин корҳоро кард?
Духтари аммаам бо як нафар шиноси хориҷиаш, баъдтар фаҳмидам, ки араб будаасту дар Дубай зиндагӣ мекардааст. Хуллас, то ҳуҷатҳоро омода карданд, ки моҳи март ҳам омад. Рӯзаш аниқ дар ёдам нест, вале аввалҳои моҳи апрели соли 2009 буд, ки маро ба Дубай фиристоданд. Онҳо тавре амал карданд, ки ҳатто модарам нафаҳмид маро куҷо мебаранд.
Дар фурудгоҳ чунон ба ҳаяҷон омада будам, ки аз тарс меларзидам. Худам танҳо будам ва ба болои ин, бори аввал буд, ки ба хориҷа мерафтам. Дар дохили фурудгоҳ як корманди милиса ба ман дарафтод, ки куҷо меравам ва танҳо дар Дубай чӣ кор мекунам. Аз афташ, вай дарк карда будааст, ки инсонҳое ки маро мебаранд, нисбатам қасди бад доранд. Вале намедонам дар охирин лаҳза касе ба ӯ занг зад, ки маро раҳо кард. Духтари аммаам маро ба воситаи дӯсти арабаш, ки бо ман дар як ҳавопаймо бошад ҳам, гӯё намешинохт, маро назорат мекард. Худаш бо ман нарафт. Ба ман гуфт, ки «дар он ҷо хоҳарам туро пешвоз мегирад». Ман бояд ба ҳама мегуфтам, ки назди бародарам меравам.
- Баъд чи шуд?
Хулоса, дар тайёра нишастам. Вақте ба Дубай расидем, аз боло он шаҳрро дидам, куллан дар тааҷуб шудам, зеро аз рӯи шунидам Маскав ҳанӯз хунук буд, ҳатто шунида будам, ки дар замин барф хобидааст. Аммо ин ҷо реги сурхи сӯзон намоён буд. Дар шаҳри Шарҷа ҳавопаймои мо ба замин нишаст. Ман чунин фурудгоҳи азиму боҳашаматро ягон вақт надида будам. Аммо ҳавояш бисёр вазнину инсонро нафасгир мекард. Духтари аммаам моро дар фурудгоҳ пешвоз гирифт. Ба як манзил бурд. Онҷо чанд нафар духтари дигар ҳам буд. То бегоҳ истироҳат кардем. Тақрибан соатҳои 11 шаб духтари хурдии аммаам гуфт: «Хез, либосҳоятро пӯш, кор меравем». Маро «орову тор» дода, ба як тарабхона бурд.
Даври як миз нишастем. Мусиқии баланд садо медод. Камтар вақт гузашт. Ба ман ишора карданд, ки барояму дар миёни саҳна бирақсам. То ҳамин лаҳза ҳам намедонистам, ки ин ҷо чӣ кор бояд бикунам. Хулоса, маҷбур карданд, ки баромада бирақсам. Аммо ман рад кардам.
Дар тарабхона одамони зиёде ҷамъ омада буд. Чанд лаҳза баъд як мард наздам омад. Бо забони арабӣ чизе гуфт, нафаҳмидам. Духтарҳои дар ҳалқаи мо нишаста, ба духтари аммаам ишора карданд. Назди вай рафт. Баъди як - ду дақиқа ҳардуяшон баргашта ба назди ман омаданд. Ба дасти ман 1000 дирҳам (воҳиди пули Аморати Муттаҳидаи Араб), ки ҳамон замон баробар ба 250 доллари амрикоӣ қурб дошт, дароз кард. Ман ҳайрон шудам. Духтари аммаам гуфт, ки бигир пулрову ба ман деҳ. Гирифтам ва ба ӯ додам. Гуфт, акнун бо ҳамин мард рав.
…
Ба баданам рашъа давид. Ҳоҷат ба шарҳи зиёдатӣ набуд. Чӣ кор мекардам? Давоми шаби аввалро намехоҳам нақл кунам…
Чун субҳ ба хона баргаштам, аввалин суолам аз духтари аммаам ин буд: «Ман аз шумо чанд пул қарздорам?» Гуфт: «10 ҳазор доллар» ва илова кард: «Ғам нахӯр, ин пулро дар як моҳ меёбӣ. Баъд барои худат пул ҷамъ мекунӣ, ним сол кор кун, соҳиби ҳама чиз мешавӣ». Намедонистам ва ҳоло ҳам намедонам, ки ин миқдор маблағро дар куҷо, баро чӣ сарф карда буданд. Вале аз рафтору гуфторашон яқин медонистам, ки то ин маблағро ба онҳо надиҳам, роҳи халосӣ надорам.
Ба ҳамин минвол шаби дуюм, сеюм, чаҳорум… идома меёфтанд. Дигар ба худам нафрат доштам.
35 шаб ба тарабхона мерафтаму маро ҳамчун ғулом истисмор мекарданд. Истисмори шаҳвонӣ. Маҷбур будам бо мардҳои шаҳватпарасту фосиқ ҳамхоба шавам.
- Гуфта метавонед, ки ин мардҳо аз куҷо буданд? Ва оё дар байни онҳо тоҷикҳо низ буданд?
- Бале, тоҷикҳои худамон низ буданд. Афғону эрониву арабҳо зиёд буданд. Як эронӣ ва як афғон бо ман дӯстӣ пайдо карданд. Ҳатто баъзан шабҳо бидуни истифодабарӣ пул медоданд. Шабҳое буд, ки ягон муштарӣ пайдо намешуд, аммо духтари аммаам маҷбур мекард, ки ба ӯ пул биёрам. Ҳамин эрониву афғон бароям пул медоданд, ки духтари аммаам бо ман ҷангу хархаша накунад. Чунки онҳо медонистанд, ки духтароне, ки бе иродаи худ ба онҷо рафтаанд, чи азобе доранд.
- Чи азоб доштед?
- Магар аз ин зиёд ранҷу азобе ҳаст? Маҷбур мекарданд, ки ман арақ бинӯшам, сигор бикашам… мисли худашон бе шарму ҳаёву иффату номус шавам.
- Ғайри Шумо, боз чанд нафари дигарро бурда буданд?
- Ман намедонам, ки чанд нафарро ба ин бало гирифтор кардаанд, аммо дар ҳуҷаре, ки ман меистодам, бо духтари аммаам ду нафари дигар буд, ки ҳардуи онҳоро низ бо роҳи фиреб бурдаву ба танфурӯшӣ маҷбур карда буданд. Бадбахтии кор дар ин буд, ки худи духтарони аммаам низ соли 2003 ҳамин гуна ба истисмори шаҳвонӣ гирифтор шуда будаанд. Инро ман дар Дубай фаҳмидам. Аммо ба мо, ба хешу табор доим мегуфтанд, ки дар Маскав кор мекунанд, сарвати зиёд ҷамъ кардаанд, чанд мағоза таъсис додаанд. Мо ба ҳамаи ин бовар мекардем.
- Ҳоло ки дар Душанбе ҳастед, чӣ гуна аз дасти онҳо раҳо шудед?
- Шабе чун ҳарвақта соти 3-и субҳ аз тарабхона мебаромадем, ки дар роҳ пулис моро боздошт. Ба дастҳоямон завлона заданд. Ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурданд. Мо 3 нафар будем.
15 рӯз моро дар боздоштгоҳҳои гуногун нигоҳ доштанд. Бо вуҷуди ин ки дар муддати 35 рӯз ман зиёда аз 7,5 ҳазор доллар ба онҳо даромад оварда будам, аммо духтари аммаам пули билети маро пардохт накард, ки зудтар ба ватан равонам кунанд. Билохира, маҷбур шудам ба ҳамон афғоне, ки бо ман дӯстӣ дошт, занг занам ва ӯ барои ман билет харид. Бо ҳамин, ман аз бардагӣ халос шудам, аммо доғи он рӯзҳо то кунун дар дилам аст ва Худо медонад, ки кай шуста мешавад.
- Ҳоло духтарони аммаат дар куҷо ва ба чӣ кор машғуланд?
– Маро аз ҳамон рӯзи аввал гуфта буданд, ки моро дигар намешиносӣ. Метарсониданд, ки агар ба ягон нафар бигӯям, ҳатман ҷазо медиҳанд. Вақти баргаштам зиёд кӯшиш кардам, ки ин сирро пӯшида нигоҳ дорам. 3 сол хомӯш гаштам. Вале ҳоло дарак ёфтам, ки кормандони мақомот бо кадом роҳе ҳар се духтарони аммаамро дар Дубай дастгир карда овардаанду дар боздоштгоҳ нигаҳ медоранд. Аммаам чанд бор ба хонаи мо омад, ки ту ин корро кардӣ, аммо ман ин корро накардаам.
– Ҳоло зиндагии шахсиат чӣ гуна аст, ба чи кор машғулӣ?
– Намедонам бори чандум буд, ки тақдир ба ман шанс дод. Чанде қабл бо як мард издивоҷ кардам. Бароям дар деҳа хонаву дар сохт. Аз ҷиҳати моддӣ хуб таъмин мекунад. Аз аввал мегуфт, ки «Ба зиндагии гузаштаат кор надорам. Оянда муҳим аст». Дар хусуси зиндагии пешинаам воқеан нақл накардам. Кӣ медонад, ба ҳар ҳол мард аст…
Талош дорам зиндагиамро ба маҷрои пешина баргардонам.
Омодакунандагон: