Масъалаҳои ҳуқуқи амволии зану шавҳарро қонунгузории Тоҷикистон хоса боби 7 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад.
Мувофиқи моддаи 34 Кодекси мазкур амволе, ки зану шавҳар дар давраи заношӯӣ ҷамъ кардаанд, моликияти муштараки онҳо мебошад.
Даромаде, ки зану шавҳар дар натиҷаи фаъолияти меҳнатӣ фарқ надорад, ки бо соҳибкорӣ ва ё аз тариқи зеҳнӣ ба даст овардаанд, ё ҳамчун нафақа, ёрдампулӣ ва пардохтҳои дигари пулӣ гирифтаанд, ҳамчунин чизҳои харидаашон, қоғазҳои қиматнок, саҳмия, пай ва ҳама гуна амволи манқулу ғайриманқул дар давоми заношӯӣ ҷамъкардаашон, сарфи назар аз он ки ба номи кадоме аз зану шавҳар мебошад, моликияти муштараки онҳо ҳисоб мешавад.
Ҳуқуқ ба амволи якҷоя ба зан ё шавҳаре низ тааллуқ дорад, ки бинобар машғул шудан ба корҳои хона, нигоҳубини фарзанд ё дигар сабабҳои узрнок даромади мустақилона надошта бошад.
Амволе, ки ба зану шавҳар то ақди никоҳ тааллуқ дошт, инчунин амволе, ки дар давраи заношӯӣ зан ё шавҳар ҳамчун ҳадя ё мерос гирифтааст, инчунин ашёи истифодаи шахсӣ (либос, пойафзол ва ғайра), ба истиснои ҷавоҳирот ва асбоби дигари зебу зинат, гарчанде дар давраи заношӯӣ аз ҳисоби маблағҳои умумиашон ба даст овардаанд, моликияти шахсии ҳар кадоми онҳо мебошад.
Тақсими амволе, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад, чӣ дар давоми заношӯӣ ва чӣ баъди талоқ, бо талаби ҳар кадоме аз онҳо, инчунин дар ҳолати аз ҷониби қарздиҳанда талаб кардани тақсими моликияти умумии зану шавҳар барои ситонидани маблағи қарз аз саҳми зан ё шавҳар дар моликияти умумӣ сурат гирифта метавонад.
Пасандозҳое, ки зану шавҳар аз ҳисоби амволи умумиашон ба номи фарзандони ноболиғи худ гузоштаанд, амволи мутааллиқ ба фарзандон дониста шуда, ҳангоми тақсими амволи муштарак ба ҳисоб гирифта намешаванд.
Ҳангоми тақсими амволи муштарак ҳиссаи зану шавҳар баробар аст. Аммо суд метавонад бо дарназардошти манфиати фарзандони ноболиғ, корношоямии онҳо, инчунин агар яке аз онҳо бо сабабҳои узрнок даромад нагирифта бошад, инчунин дар сурати ҷой доштани ҳолатҳои дигари қобили таваҷҷуҳ. ҳиссаи зан ё шавҳарро зиёдтар кунад.
Оиди ин масъала дар моддаҳои 24, 38-и Кодекс - созишномаи зану шавҳар ва дар боби 8 – аҳдномаи ақди никоҳ пешбинӣ гардидааст.
Азбаски амвол аз они ҳардуяшон мебошад, зану шавҳар метавонанд бе дахолати ягон кас молу мулкашонро бо созишнома тақсим кунанд ва дар ҳолати ба вуҷуд омадани баҳс ба суд муроҷиат намоянд.
Дар аксари мамолики мутараққӣ барои баъдан ба миён наомадани баҳсҳои судӣ сараввал миёни нафароне, ки ақди никоҳ бастанианд, аҳдномае ба имзо мерасад. Аҳдномаи ақди никоҳ – созишномаи шахсоне мебошад, ки издивоҷ мекунанд ё созишномаи зану шавҳаре аст, ки ҳуқуқи амволӣ ва уҳдадориҳои онҳоро дар давраи заношӯйӣ ва (ё) дар ҳолатҳои бекор кардани он муайян менамояд.
Аҳдномаи ақди никоҳ метавонад ҳам то бақайдгирии давлатии ақди никоҳ ва ҳам баъдан дар вақти заношӯйӣ баста шавад.
Аҳдномаи ақди никоҳ, ки то бақайдгирии давлатии ақди никоҳ баста шудааст, аз рӯзи бақайдгирии давлатии ақди никоҳ эътибор пайдо мекунад.
Аҳдномаи ақди никоҳ дар шакли хаттӣ баста шуда, бояд аз ҷониби нотариус тасдиқ карда шавад. Риоя накардани ин расмиёт боиси беэътибор донистани аҳднома мегардад.
Зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки дар аҳдномаи ақди никоҳ низоми моликияти муштараки ба амволи умумӣ муқаррарнамудаи қонунро тағйир дода, низоми моликияти саҳмиро ба тамоми амволи дар давоми ақди никоҳ ҷамъовардаашон ё ба намудҳои алоҳидаи он ё худ ҳамагуна низоми амволи умумиашонро, ки ба ҳар яки онҳо тааллуқ дорад, муқаррар намоянд.
Аҳдномаи ақди никоҳ метавонад ҳам нисбати амволи мавҷуда ва ҳам ояндаи зану шавҳар баста шавад.
Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои пешбининамудаи аҳднома метавонад ба муҳлатҳои муайян маҳдуд карда шавад ё бо шарти фаро расидан ё нарасидани шароити алоҳида вобаста карда шавад.
Аҳдномаи ақди никоҳ наметавонад қобилияти ҳуқуқдорӣ ё амалкунии зану шавҳар, ҳуқуқи онҳоро барои муроҷиат ба суд, танзими муносибатҳои шахсии ғайриамволии зану шавҳар, ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсии зану шавҳарро нисбати фарзандон маҳдуд кунад, муқарраротеро пешбинӣ намояд, ки ҳуқуқи ҳамсари корношоями эҳтиёҷмандро ба таъминот маҳдуд кунанд ва шартҳое дигаре дошта бошад, ки зан ё шавҳарро дар ҳолати ниҳоят ногувор гузоранд ё хилофи асосҳои умумӣ ва мазмуну муҳтавои қонунҳои оила бошанд.
Аҳдномаи ақди никоҳро дар ҳар давра бо мувофиқаи зану шавҳар тағйир додан ё беэътибор кардан мумкин аст. Созишнома дар бораи тағйир додан ё беэътибор донистани он дар ҳамон шакле, ки аҳдномаи ақди никоҳ баста мешавад, ба имзо мерасад.
Ба якҷониба рад намудани иҷрои аҳдномаи ақди никоҳ иҷозат дода намешавад.
Бо талаби зан ё шавҳар аҳдномаи ақди никоҳ бо ҳалномаи суд тибқи асос ва тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода ё бекор карда шуданаш мумкин аст.
Дар моддаи 1 Кодекси оила чунин омадааст: Танҳо он ақди никоҳе эътироф карда мешавад, ки дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҷо оварда шудааст. Ақди никоҳе, ки бо расму оини динӣ сурат гирифтааст, эътибори қонунӣ надорад.
Бинобар ин, баҳсҳои молумулкии зану шавҳаре, ки никоҳи қонунӣ надоранд, мувофиқи талаботи Кодекси граждании ҶТ ҳаллу фасл карда мешаванд.
М. Сафарзода,
донишҷӯй курси сеюми ДМТ