Ҳуқуқшиносон мегӯянд, сарфи назар аз он ки омилҳои хушунат гуногунанд, вале дар аксарияти ҳолатҳо дар хонавода занон мавриди зӯроварӣ қарор мегиранд. Ба гуфтаи Гулчеҳра Ашӯрова, яке аз муҳофизони ҳуқуқи инсон, бо ин ки занони тоҷик аз ҳаққу ҳуқуқҳои фаровон бархурдор буда, мақомашон бо мардон баробар гардонида шудааст, аммо ин имтиёзҳо натавонистаанд занонро аз хушунат ва зӯроварии хонаводагӣ муҳофизат кунанд. Хонум Гулчеҳра меафзояд, барои пешгирии хушунати хонаводагӣ зарур аст, то дар Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи алоҳида ворид карда шавад.
Дар ҳоли ҳозир, дар додгоҳ хушунат алайҳи занон бар асоси моддаҳои 112 ва 116-и Кодекси ҷиноятӣ баррасӣ мегардад. Ин ду модда, ки лату кӯб ва расонидани зарари ҷисмониро баҳс мекунанд, ба гурӯҳи парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ дохил мешаванд. Яъне, исботи лату кӯб, ҷамъоварии далелҳо ва пешниҳоди аризаи даъвогӣ пурра ба зиммаи ҷабрдида вогузор шудааст. Аз он сабаб, ки на ҳамаи занҳо дониши ҳуқуқӣ доранд, ин меъёрҳои қонун, ба иддаои ҳуқуқшиносон, садди роҳи даст ёфтани занҳои хушунатдида ба адолати судӣ мегардад.
Ҷамолиддин Ҳаётов, судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо вуҷуди он ки ба монеъагузории моддаи 112-116- ин кодекс ҳамрайъ нест, изҳор медорад, ки дар таҷрибаи кориаш борҳо шоҳид будааст, ки занҳои хушунатдида наметавонанд аризаҳои шикоятиро бидуни ғалат бинависанд.
– Занҳои хушунатдида ариза меоранд, дар коғазҳои ғайри стандартӣ. Талаботҳои пешниҳод намудани аризаро риоя намекунанд. Бино бар ин, аризаҳои ин гуна занҳо дар бисёр ҳолатҳо бе ҳаракат гузошта мешаванд, - меафзояд ҷаноби Ҳаётов. Ӯ пешниҳод мекунад, ки барои ба адолати судӣ ноил гардидан, занҳои хушунатдида бояд аз хидмати адвокат истифода баранд. Дар ин сурат метавонанд шавҳарони «забардасти» худро «адаб» диҳанд.
Ин дар ҳолест, ки аз хидмати адвокат намешавад бе маблағ истифода бурд. Ба гуфтаи худи ҳуқуқшиносон, занҳо дар хонавода аз мардон вобастагии иқтисодӣ доранд. Ва ин ҳолат монеаи навбатӣ дар роҳи даст ёфтан ба баррасии судӣ барои занҳои хушунатдида мегардад.
Баҳодур Саидов, намояндаи Колегияи адвокатураи ҷумҳурӣ мегӯяд, дуруст аст, ки хидмати адвокат ройгон нест. Ё ҳадди ақал қонун барои ин гуна табақаи инсонҳо хидмати бе музди ҳуқуқиро пешбинӣ накардаст. Вай меафзояд, аммо дар таҷрибаи кориаш борҳо ба занони хушунатдида ёрии ройгони ҳуқуқӣ расонидааст. «Ё ин ки бо нисфи арзиши корамон ба ин занҳо хидмат мерасонем. Ба ҳар сурат, шароити моддиашонро ба назар мегирем», - мегӯяд ҷаноби Саидов.
Гуфта мешавад дар чанд соли охир дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон марказҳои ройгони ёрии ҳуқуқӣ таъсис шудааст. Ба гуфтаи Шаҳобиддин Мирзоаҳмадов, сармутахассиси шӯъбаи ташкили ҳуқуқии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, сар аз соли 2004 инҷониб дар назди Кумита Маркази ҳуқуқии «Боварӣ» фаъолият мекунад. Фаъолияти ин марказ ба таври комил барои расонидани ёрии ҳуқуқиву равонӣ ба занҳои мавриди хушунати хонаводагӣ қароргирифта, равона шудааст. Шаҳобиддинов меафзояд, ҳамарӯза ба ин марказ занони хушунатдида муроҷиат мекунанд. Ба гуфтаи вай, ҳамчунин дар ҳоли ҳозир чанде аз чунин марказҳо дар шаҳру навоҳии дигари кишвар низ ба фаъолият пардохтаанд, ки дар маҷмӯъ ин марказҳо аз аввали соли ҷорӣ то моҳи июн ба зиёда аз 10 ҳазор нафар кӯмаки ройгони ҳуқуқиву равонӣ расонидаанд.
Бо ин вуҷуд, ҷаноби Шаҳобиддинов мегӯяд, аз ҷониби Кумитаи кор бо занон лоиҳаи Қонун дар бораи «Пешгирии хушунат» таҳия мешавад, ки интизор меравад дар ояндаи начандон дур ба баррасии парлумон фиристода шавад.
Аммо ҳуқуқшиносон мегӯянд, танҳо як қонун кифоят намекунад, ки ба масъалаи хушунати хонаводагӣ нуқта гузошта шавад. Балкӣ, маҷмӯи тадбирҳоро бояд роҳандозӣ кард. Аз ҷумла:
· Ба роҳ мондани хидмати ройгони ҳуқуқӣ барои занони хушунатдида;
· Ислоҳ ва мувофиқгардонии меъёри қонунҳо;
· Баргузор кардани маъракаи иттилоотӣ миёни занҳо оид ба ҳуқуқҳои эшон;
· Тақвият додани фаъолияти Кумитаи кор бо занон;
· Тақвият бахшидани ҳамкории мақомоти давлатӣ, марказҳои буҳронӣ ва созмонҳои ғайри давлатӣ.
Ё. Ҳалимов