Чашмони пуробу китфони ларзони Маърифат ва нолаҳои ҷонсӯзи ӯро дар фироқи фарзандони зиндаҷудояш чандин бор пеши назар овардаам. Қалам ба даст гирифтаву ҳарфе болои коғаз нонавишта пас гузоштаам. Андеша кардаам, ки агар ман ғайриқонунӣ паст задани шаъну шарафи занро аз ҷониби пайвандони худаш ва аз тарафи баъзе аз дастандаркорони ВАО-и вилояти Суғд ва чун манбаи шармандагиву нафрат қарор додани занеро, ки аз гуфти худаш ҷинояти содирнакардаро «бор»-аш кардаанд, ба қалам диҳам ва чун як зан, як инсон, як ҷавонзани бепушту паноҳ ӯро ҳимоя кунам, оё маро дуруст мефаҳмида бошанд? Оё дар сари хонанда ба ҷойи мақсади мо, ки ҳимояи ҳуқуқҳои инсоне, занест, ки мавриди шармандасозиаш қарор додаанду аз таҳқирҳои зиёди мунтазам ба худкушӣ даст заданист, андешаи «ҳимоя кардани зинокории занон» намеомада бошад?
Воситаҳои ахбори омма аслан рисолати иттилоъ додану афкори оммаро ба вуҷуд овардан доранд ва ин вазифа танҳо ба хотири хизмати манфиатовар намудан ба ҷомеа бояд роҳандозӣ шавад. На барои шарманда кардани касе. Пас чӣ шуд ба ҳамкасбони мо ки хилофи рисолати хеш рафтаанд?
Ин ҳама ва боз чандин андешаҳои дигар водорам карданд, ки хилофи талаботи қонун, тӯли то се моҳ не, соле ба аризаи бо умед навиштаи Маърифат Абдуллоева посухе нанависам. Бале, нанавиштам, вале борҳо бо ӯ сӯҳбати телефонӣ кардам. Аз собиқ муовини раиси шаҳри Хуҷанд Рухсора Каримхоҷаева ҳам борҳо ҳолу аҳволашро пурсида таъкид кардам, ки монеъ шавад, то худкушии дигаре рух надиҳад. Вале сари дуроҳаи андешаҳои ба ҳам зид, перомуни ин қазияи хеле дардноку то андозае нангин, чизе навишта натавонистам. Нангин ба он хотире, ки агар ба қавли як тараф (дар сӯҳбат бо хабарнигори вилоятии «БТ» Абдураҳмон Абдуллоев бо далелҳои зиёде собит кардааст, ки ин ҳолати нанговар, воқеан рух додааст) бовар кунӣ, хиёнати зане, ки такрор мекунем, нобахшиданист, ошкор мешавад. Вале охир тарафи дуюм ҳаст, ки баъди гирифториҳо ба таҳқирҳои паёпайи тӯлонӣ ҳам, қасам мехӯрад, ки гуноҳе накардаву гирифтори тӯҳмат гашта. Аммо мавриди таваҷҷӯҳи мо муроҷиати занест, ки шахсияташ аз тариқи матбуот ( ба таври оммавӣ) таҳқир гаштаву аз қонуншикании журналистон шикоят дорад. Даъвоҳои хонаводагии ин оиларо суд бояд қазоват кунаду то имрӯз ҳам намудаеву вале боз мӯйро аз хамир бояд ҷудо кард.
Оре, мӯйро аз хамир мақомоти судӣ ҷудо карданд, вале боз хамири пурмӯе дар дасти як тараф мондаву дар тарафи дигар зане гирёну нолон шармандаву шармсор дур аз фарзандон, аз дар ба дари идораҳо давидаву хаста ва бо тарси он, ки падаршӯяш боз чи «мазҳака»-е ба «саҳна» монданист, ба қавли худаш дилзанак шуда гаштааст.
ҚИССА АЗ ҚАВЛИ МАЪРИФАТ
Моҳи феврали соли гузашта дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Маърифат Абдуллоева бо чашмони пур аз ҳузн ва дастони ларзон он лифофаро сӯям дароз кард. Оби чашмонаш шашқатор, аз алами зиёд сӯҳбат карда наметавонист. Баъд аз соате ором шуда, бо илтиҷои: «Апаҷон, ёрӣ расонед, набошад худамро мекушам», қисса кард:
«Ман бо ду фарзандам дар хонаи падаршӯям зиндагӣ доштам. Шавҳарам, то ин дам боре дар ҷое кор накардааст. Рӯзгори мо бар дӯши амакпочоям (хусур) буд. Ӯ марди золимест, ки ҳатто аз латукӯби ман ҳам ор намекард. Рӯзе шавҳарам эълон дошт, ки ба Русия меравад. Ман ҳайрон шудам, ӯ он ҷо чӣ кор мекарда бошад? Вале вай ба қавли мардум аз қатор намонда рафт.
Ман бар замми дӯзандагиам боз дар дӯкони (мағоза) хусурам, ки дар хонаи истиқоматиамон ҳаст, савдо ҳам мекардам. Рӯзе як ҷавоне дар телефони мобилиам занг заду ба ман чун як одами шиносе сӯҳбат кардан хост. Намедонам ӯ ин рақамро аз куҷо ёфта буд. Баъдан ба мағоза омад, ман бо вай ҳамчун бо як харидор муносибат доштам. Вале рӯзи 18 сентябри соли 2010 зимни дар мағоза буданаш, падаршӯям якбора пайдо шуда, дарро аз дарун баст ва маро таҳқир намуд, ки хиёнат кардам. Дар дасташ доскалла ва корд дошт, Азбаски маро борҳо лату кӯб карда буд, ман сахт метарсидам. Аз ин рӯ ҳар амре мекард, иҷро менамудам. Баъдан, бо шӯру мағале, ки гӯё маро дар зино дастгир карда бошад, бародарашу ҳамсояҳоро ҷамъ кард, волидони ману он ҷавонро низ оварданд.
Бародари падаршӯям забонхатеро навишта, маро маҷбур карданд, ки ба он имзо гузорам. Сипас, маро дар назди ҳама хиёнаткор эълон намуданду бо як сару либоси танам аз хона ронданд. Ҳарчанд хоҳиш кардам, фарзандони ноболиғи 6-солаву 2-солаамро бо худ бигирам, иҷоза надоданд. Хусурам ҳар замон доскаллаву кордро болои сарам алвонҷ медод, ки: «мекушам». Бо нолаву гиря, гӯё «шармандаву шармсор» ба хонаи падар рафтам. Баъдан борҳо ба дари хонаи шавҳарам омада бошам ҳам, дигар маро роҳ намедоданд, ҳатто фарзандонамро нишон намедоданд.
Бо муроҷиати шавҳарам, ки волидонаш аз Русия даъват карда оварданд, суд никоҳи моро бекор кард ва ӯ аз нав хонадор шуд. Вале ҳарчанд суди шаҳри Хуҷанд дар қарораш фарзандонро бо ман монда бошад ҳам, боре онҳоро ба ман нишон намедиҳанд.
Падаршӯям таҳдид мекунад, ки ба судҳои шаҳриву вилоятӣ, суди олӣ, прокуратураи генералӣ, Маҷлиси Олӣ ва даҳҳо идораҳои дигар аризаву мактуб кардаасту маро аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум карданӣ аст. Ҳарчанд 30 июли соли 2010 суди шаҳри Хуҷанд ин даъвои онҳоро рад карда, фарзандонро бо ман монондааст, вале ман онҳоро то ҳол надидаам.
Хусурам бар замми ҳамаи ин, дар рӯзномаи «Нилуфар» аз 2 феврали соли 2011 бо имзои Зебоҷон Қурбонова, як мақолаи шармандасозе ба чоп расонид. Дилаш бо ин тар нашуда, ҳамроҳи наворбардорону кормандони телевизиони «Суғд» ба хонаи волидони ман зада даромаданӣ шуданду ба муовини раиси шаҳр занг задам, ки агар чизе боз аз телевизор нишон диҳанд, худро мекушам. Муаллима онҳоро телефонӣ аз он ҷо ронд. Амакпочоям маро тӯли ин муддат таъқибу таҳдид намуда, дар ҳама ҷо шарманда карда гаштааст. Кор то ба ҷое расида, ки бо маслиҳати пешакӣ бо идораи рӯзномаи «Нилуфар» худаш як даста рӯзнома харидорӣ карда, дар маҳаллаи худашон, ҳамсояҳои мо ва идора ба идора гашта, паҳн карда, оиди «шармандагии ман» овозаву дарвоза карда гаштааст. Охир, чаро сармуҳаррири «Нилуфар» Додохони Эгамзод ё Зебоҷон Қурбонова пеш аз чопи мақола бо ман сӯҳбат накарданд? Чаро онҳо ҳалномаи судро эътироф накарда, ба хонандагони худ бо суол муроҷиат карданд, ки ҳукм кунанд, ки кӯдакони ман бо бобояшон монанд? Кушоду равшан номи маро бо забонхати сохтаи падарарӯсам бо тафсилоти пурраи он лаҳзаҳои шармандасоз, дар бораи «хиёнат»-и ман дар нашрияашон чоп карда, обрӯ ва шаъну эътибори маро қасдан ва дидаву дониста паст заданд. Ҳуқуқҳои маро поймол намуда, ҳатто ҳукми суди шаҳри Хуҷандро ноодилона эълон карданд. Намедонам, кӣ ба онҳо ин ҳуқуқро додааст?
Наход кормандони TV «Суғд» вазифаҳои худро намедонанд, ки падаршӯи ман- Абдураҳмон Абдуллоев онҳоро пеш-пеш карда, барои наворгирӣ ба хонаи мо мебиёрад? Чӣ магар ман касеро куштаам?
Ин чӣ бедодӣ аст, ки тӯли якуним сол ман ва аҳли оилаи мо як рӯзи ором надорем. Ҳар рӯз як мазҳакаи навро бароварда, ин одаме, ки агар қонунӣ бигирем, аллакай дигар падаршӯи ман нест, маро таҳқиру шарманда ва таъқиб мекунад? Охир, ман ҳам ба чизе ҳуқуқ дорам ё не? Ҳатто суд иҷрочиҳо то ҳол қарори судро амалӣ карда, фарзандони маро гирифта дода наметавонанд. Ӯ ҳамаро тарсонда гаштааст, ки то Суди Оливу Президент меравам. Охир, барои чӣ? Абдураҳмон Абдуллоев рӯзномаи «Нилуфар»-ро, ки бояд ҳимоятгари занҳо бошад, ба маҳалла паҳн карда, мардумро даъват кардааст, ки маро сангсору шарманда кунанд. Вале хайрият, ки аз пушти ин ҳоҷии «қонундон» касе нарафт, ки маро «суди шариатӣ» карданӣ шуд.
Хулоса, ман бо ин қадар таъқибу фишорҳо ва шармандагиву кашмакашиҳо асабҳову саломатиамро аз даст додаву ғамбемор гаштааму то ҳол фарзандонамро дида наметавонам. Аз маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» хоҳишмандам масъалаи тавассути рӯзномаи «Нилуфар» қасдан шарманда кардани маро дида, ҳуқуқҳои маро ҳимоя намояд».
ЧАРО ДАР СУҒД ҚАРОРИ СУД ТО ДЕР ИҶРО НАШУД?
Ин муроҷиат, ки танҳо фишурдаашро овардем, маро шокӣ кард ва дар навбати аввал дар ҳамдастӣ бо муовини раиси ш. Хуҷанду ҳамкорони ӯ Маърифатро насиҳат кардаву маслиҳат додем, ки андешаи худкуширо комилан аз сараш дур созад. Зеро ӯ шаҳрванди кишвари демократӣ асту шукри Худо қонунҳо амал мекунанд, на хоҳишҳои собиқ падаршӯи вай. Ва раисикунандаи ин мурофиаи судӣ Ёдгорова Н.Ю. ҳанӯз 30 июни соли 2010 тавонистааст, ки адолати судиро риоя ва талаботи қонунгузориро дуруст татбиқ намояд. Ва зинаи дуюми судӣ низ 11 январи соли 2011 зери раисии Зиёдуллоев Ф.Н. шикояти кассатсионии даъвогар А. Абдуллоевро рад карда, Маърифатро аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум насохт. Зеро воқеан ин ҷо асосе барои чунин ҳукми сахт мавҷуд нест.
Акнун биёед ба баъзе паҳлуҳои даъвоҳои беасоси падаршӯи Маърифат ва матлаби нашркардаи «Нилуфар», ки воқеан қонуншиканӣ аст, назар афканем, то баъдан низ касе кӯшиши поймол кардани ҳуқуқҳои инсонии дигареро ва амали ба таври оммавӣ шармандасозии вайро накунад.
Ба суд аризаи даъвоии Аъзамхӯҷа Абдуллоев (собиқ шавҳари Маърифат) баъд аз бекор кардани никоҳи онҳо ва дубора хонадор шудани вай ворид шудааст, ки мақсадаш аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум сохтани Маърифат Абдуллоева ва ҷудо кардани ду фарзанди ноболиғ аз модар аст. Бубинед, ин дар ҳолест, ки тибқи моддаи 69-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ягон асосе барои амалӣ кардани ин даъво вуҷуд надорад. Ин ҷанбаи қонунии масъала аст, ки дуруст ҳалли худро ёфтааст. Вале аз нигоҳи ахлоқ ва боз ҳам ҳуқуқи инсон бигирем, дар хонадони Абдуллоевҳо занеро шарманда кардаву (ё агар ӯ худ зино кардаву шармсор гашта бошад ҳам ) ӯро бе ягон имкону сарчашмаи зист монда, боз аз ҳақи модарӣ низ маҳрум карданӣ шуданд.
Ба гуфти Маърифат ӯ хиёнат накардааст. Вале ба гуфти ҳуқуқшиносон агар амале карда бошад ҳам, тибқи қонун баъд аз бекор шудани никоҳаш, ӯ ва ду фарзандаш, ки ба сарпаноҳ ва амволи то никоҳ доштааш (сару либос, кӯрпаву болишт, гилему диван, шифонеру дигар чизҳои то тӯй доштааш) ҳақ доранд. Вале на дар суд, на то ба ҳол дар дигар ҷо, касе аз ин ҳақҳои қонунии ӯ ҳарфе намезанад.
«НИЛУФАР» ҲУКМ МЕКУНАД!
Журналист (ҳатто гуфтани ин вожа дар ин ҳолат дуруст намеояд) Зебоҷон Қурбонова дар ҳафтавори «Нилуфар» аз «кӯҳ-кӯҳкунӣ»-и мӯйсафеде, ки гӯё «дар ягон дар ба додаш намерасанд» (Кадом дод? Доди ду тифли модардорро сағираву бемодар кардан?) бо алами бофта ва пурхато менависаду боз хилофи гуфтаҳои пешини худаш, менигорад: «Ба ҳайрат афтода (бобои Абдураҳмон- «БТ») чолокона аз болои девор дохили хона шуд». «Бобо»-и аз рӯйи навиштаи Зебоҷон : «дарро бо ангушти хамгашта кӯбанда» чӣ тавр чолокона аз болои девор мепарад охир, Зебоҷони азиз? Худ қазоват кунед. Поёнтар Зебо Қурбоноваи «журналист» боз дар утоқи корӣ нишаста «эҷод» мекунад: «… ки аз рӯи гуфти бобои Абдураҳмон, ӯ дар ҳавлияш 15 ҳуҷра дорад. Ба хонааш тавассути панҷ дарвоза дохил шудан мумкин аст. Дар ошёнаи дуюмаш ҳам меҳмонхона ва ҳам мағоза ҷойгир аст» Зебоҷони «хушқалам» чаро ҳамчун журналист аз номи як нафар ин қадар бо алам менависию чун журналисти воқеӣ ба он хона рафта, манзараву воқеиятро бо чашми худ намебинӣ? Чаро аз Маърифат, ки «қаҳрамон»-и шармандасохтаи туст ва ҷомеаро барои аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум карданаш ба кӯмак даъват дорӣ, суол мекунӣ, ки оё воқеият чунин буд ё хайр? Гоҳе, ки барои дар ғазаб овардан ва нафрати хонандаатро бештар кардан менависӣ, ки: «…Баъд зинаҳоро яке паси ҳам паси сар карда (аҷаб ҷумлаву аҷоиб образ- «БТ») нохост овози нохуше (?) ба гӯшаш расид.» (Аҷабо, ишқварзӣ, ки бошад, бояд овози нохуш набошад, ҳам ту не, Зебоҷон?) Ва бо овардани ба қавли русҳо «подробност»-ҳои ишқварзии нафароне, ки на дидаиву на шунидаӣ, бедардона менигорӣ, Зебоҷон «…бараҳна ба айшу шаҳват машғул буданд» Аҷаб тазоде овози нохуш ва айш?
Баъд, Зебоҷони меҳрубон, гӯё худакатам ҳамон ҷо бошӣ, фикри якбора ба сараш омадаи боборо дар бораи бо телефони мобилӣ сабт кардани ин манзараи дар тасвири ту «ҷолиб»-ро ба хонанда талқин месозӣ. Дар асл бошад, ба гуфти психологҳо мӯйсафеди ин лаҳзаро (зиноро) дида, бояд чанд вақт моту мабҳут монад. Дар он ҳолат на андешаи бо телефон сабт кардан, на ҷамъ намудани шоҳидон ва хоса гирифтани забонхат дар бораи он ки: «Ман даъвои хона намекунаму аз фарзандонам ҳам даст мекашам»-и келинаш бояд ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеомад. Охир, «оперативник»-и милиса ҳам дар ҳолати ғайримунтазира ба чанд хатоӣ роҳ медиҳаду... Вале «бобои аз кор кӯфтаву шалпар баргаштаи Абдураҳмон» дар як замон чун юристи кордон тамоми чораҳоро мебинад, то келинашро шарманда карда, бо як сару тан, аз 15 дар хонаи дуошёна пеш кунад? Ва ӯ ҳатто даъвои ҳуқуқии ба чанде аз ин хонаҳо доштан (ҳуқуқ ба маскун шудан) он тараф истад, дигар ҳуқуқи модарӣ ба фарзандонашро ҳам ба гуфти ин «бобо» бояд аз даст бидиҳад?..
Аҷабо! Тавре дар сӯҳбат сармуҳаррири «Нилуфар» Додохони Эгамзод ба мо перомуни ноҳақ дар саҳифаи нашрия беобрӯ кардани Маърифат гуфт, Зебоҷон Қурбонова духтари ҷавони ҳанӯз оиладор нашуда аст. Оё барои як духтари хона, ки бояд худ дар бораи лаҳзаҳои муносибати шаҳвонӣ камтар хабар дошта бошад, зарур буд бо чунин тафсилот ҳикоят кардани манзараи фаҳши зино? (агар воқеан чунин бошад ҳам) Набояд чунин кори ношоиста аз тарафи як навқалами ҳамҷинси он зан, бо чунин суханпардозиҳо мунъакис мешуд? Магар ин дарси инъикоси «воқеият»-ро касе ба ин «журналист» омӯхта бошад? Дахолат ба ҳаёти шахсии инсонҳо мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлнопазир аст-ку. Вале Маърифат бо ҳама ҷабри кашидааш аз ин мақолаи иғвоангез ва шармандагии карда ё накардааш, боз ба инсоф омада нашрияро ба суд надодааст, шукр бояд намуд.
Зебоҷон боз ба қарори суд (!!!) норозӣ буданашро нишон дода, хонандаро ҳам бар зидди ин мақомот шӯронданӣ шуда менависад: «…Ҳарчанд суд ақди никоҳи онҳоро бо баҳонаи (?!) хиёнат ба ҳамсар бекор карда бошад ҳам, тарбияи ду нафар кӯдаки хурдсолро бар зиммаи модар гузошт. Ҳол он ки модар дар ҳузури панҷ нафар шоҳид баёнот навишт, ки ҷавонро ба ин кор худаш маҷбур кардааст».(?) Чӣ мантиқ аст дар ин ҷумла? Албатта, мақсади «журналист» хонандаро нисбат ба Маърифат боз ҳам бештар шӯрондан аст. Ӯро қозивор ба «таҷовуз» ҳам айбдор карданист. Шояд гуфтанӣ шудааст, ки биёед Маърифатро бо ин гуноҳ суди шариатӣ (сангсор) кунем?.. Фарқаш чи як гуноҳ ё дуто? Зиёдтар бошад, боз хонанда бештар қаҳролуд мешавад. Сангсор карда кушем-мӣ, журналистони «Нилуфар»? Оё ба ҷуз Худованд (суд ҳам), касе ҳак дорад, ки гуноҳу савоби дигареро ҳукм кунад ва ё ӯро ҷазо бидиҳад?
Агар журналист бошед ё журналистшав, боре андешае бояд ба саратон меомад, ки чаро ашхоси зиёде дар ҷомеаи мо қариб, ки пурра ба ботлоқи дузанагӣ ва қисмаш ба фисқу фуҷур ғӯтидаанд? Агар инро пинҳон дорем, бадтар аз ин мешавад. Ва бояд чун як фарди ҳамон ҷомеа бидонед, ки қариб ҳар як марди ғайриқонунӣ дузанаву сезанаи мо, тибқи талаботи қонунгузорӣ, ҳамарӯза хиёнат ба ҳамсари хеш мекунад. Пас кадоме аз онҳоро мо бо чунин ҷафову шармандагӣ «суд» намудаему тавассути рӯзномаҳо беобрӯ сохта, боз нашрияро дар маҳалли зисташон паҳн кардаем? Ҳамин қадар мардони ҳамватани мо дар Русия ва дар дигар кишварҳо бо хонумҳои он ҷо зино карда гаштаанд, кадомашро дар телефон сабт карда, диск намуда, гузашта аз он бо операторони телевизион пушт-пушташон гашта, ба хонаашон зада даромаданӣ шудаву ба ҳама намоиш дода, таънасори мардум кардаем??? Ё пешниҳод намудаем, ки аз ҳуқуқи падарӣ маҳрум карда шаванд?
Агар чунинҳоро аз хона пеш мекардему аз ҳуқуқ ба падарӣ маҳрум, пас дар бисёр аз оилаҳои кишварамон падарро бо микроскоп ҳам кофта намеёфтем! Ҳамту не, Зебоҷон, ҳимоятгари «ҳуқуқҳо»-и набудаи «бобои ҷабрдида»? Хонандаро барои дастгирӣ даъват кардану масъала гузоштан, ки: «Кӣ кӯдаконро тарбия кунад?» ва ба ҷомеа «подсказка» кардан, ки: «Модари зинокор? Падари ночор? Ё бобои ғамхор»! Нишонаи ҳанӯз фарсахҳо дур буданат аз касби рӯзноманигорист, хоҳари азиз!
ИТТИЛОИ «СӮЗАНДА»
Аввалан ин ки журналист ё нашрия ҳақи ҳукм кардан надорад. Қазоват аз ҷомеа ва муҳимтар аз он аз суду қонунҳост. Баъдан ин ки исботи гунаҳгору бегуноҳ, бо кӣ будану бо кӣ намондани тифлони ноболиғро суд муайян кардааст. Оё «Нилуфар» нашрияи зинаи болоии суд аст, ки ҳукми онро бояд зери шубҳа барад? Агар чун журналист адолати судиро тарафдор мебудед, масъала намегузоред, ки бобои «ғамхор» чаро ҳалномаи (ҳукми) судро иҷро намекунаду тули якуним-ду сол бо аризаву даъвоҳои беасосаш асаби шахсеро мехарошад, ки дигар қонунан ба вай иртиботе надорад, Маърифат аллакай дигар келини ӯ нест, аммо ӯро шармандаву масхараи мардум месозад!? Агар барои ин бобои «ғамхор» ояндаи ин наберагон қимате медошт, модари онҳоро дар ҷомеа чунин шарманда намекард. Зеро дар ҷомеаи суннатии мо доғи шармандагиро аз авлод ба авлод таъна мезананд. Акнун суоли матраҳ ин аст, ки ба ин қадар судбозиву арзу шикоятҳо чаро на шавҳари Маърифат, ки аллакай ҳамсари нав гирифтааст, балки «бобои ғамхор» ин қадар «ҳавас» дорад? Ё то Маърифатро ба худкушӣ нарасонад, ба қавле дилаш «тар» намешавад? Шумо дастандаркорони нашрияи «Нилуфар» бояд доираи салоҳияти худ ва риояи қонунгузориро дар бораи матбуот ва ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон медонистед. Наход бовар надоред, ки дар вилояти Суғд низ чун дар тамоми Тоҷикистон адолати судиро судҳо амалӣ мекунанд, на қаламбадастон?
Агар бо ҳамин дастгириҳои бобоҳои «ғамхор» ВАО дар паст задани шаъну шарафи инсон ва дахолат ба ҳаёти шахсии ӯ «кӯмак» намояд, пас он рӯз дур нест, ки ҳукми сангсор кардани занеро низ «Нилуфар» бо қалами Зебоҷон Қурбонова имзо гузорад ва бо пайдо кардани афкори «омма» амалӣ намояд!
Охир, хиёнати заношӯйиро, агар ҷазо медоданд, дигар марди суднашуда қариб, ки ёфт намешуд. Дар бораи шармандагии хиёнат бигӯем, дуруст аст, ки он амали нобахшиданист, вале овозаву дарвозаи он ба ҷуз шармандагии боз зиёдтари хеш чизе ба бор намеорад.
ЗИНОИ МАРДОНА ВА ГУНОҲИ ЗАНОНА?
Хонандаи азиз, аз рӯйи иттилои охирини мо, фарзандони Маърифатро суд ба модарашон дер бошад ҳам, баргардонид. Вале рӯйи коғаз омадани ин қазияи нангин ва муносибати аз он нангинтари ВАО ва қабули аҷоиби ҷомеаи иҳотакардаи Маърифат водорамон намуд, ки барои андешаҳои солим ба миён овардан ва ноадолатона хушунат кардан ба занонро масъалагузорӣ намоем. Қабули нодурусти мардуми мост, ки як амалро барои як ҷинс хатои нобахшиданӣ эълон доштаву барои ҷинси дигар онро як кори муқаррарӣ мепиндорад. Агар хиёнати ҳамсарӣ, ки дар қонунгузорӣ не, дар шариат маҳкум карда шуда, ба унвони «зино» ба қатори гуноҳҳои кабира шомил аст, чӣ тавр метавонад барои зан гуноҳу барои мард бегуноҳӣ бошад? Бубинед, агар марде хиёнат кард, ҳамагон ба занаш мегӯянд: «Ҳеҷ гапе нашудааст, барои ҳамин хел як майда - чуйда одам оилаашро вайрон намекунад. Ҳамаи мардако мегардан, тоқат кардан даркор, табиати онҳо ҳамин аст. Ку як марди ҳалол? Боз дигараш аз инаш бадтар аст» Вале зане ин амалро содир созад, ҳамагӣ бо як овоз мегӯем: «Дигар ҳеҷ мумкин нест, ки онҳо бо ҳам зиндагӣ кунанд. Ҳатман чунин занро талоқ ва аз хона пеш бояд кард.» Шариат бошад, ҳатто сангсор карданашро иҷоза медиҳад, мегӯянд мардум. Пас куҷост адолат, ба як амал ду бархурд? Ду қабул? Оё ҳар ду ҷинс мусулмон нестанд? Оё фармудаҳои дин ба ҳар ду дахл надоранд? Пас чаро падарони зинокор ҳуқуқи падарӣ доранду модаре агар чунин кард, бояд дар ба дару саргардону болотар аз он талаби маҳрум кардан аз ҳуқуқи модарияшро намоем? Шармандаву сангсораш созем? Пас ин чӣ тазодест? Оё беқадрии зан ба унвони ҳамсар ва хушунатҳои бешуморе, ки мунтазам сари ӯ бор мешаванд, аз ҳамин нобаробариҳои бофтаи хурофотӣ барнамеояд, ки ҳуқуқҳои инсониро ба гунаи мисоли оварда нобаробар кардаанд. Касе бо ин даъво гуфтанӣ нест, ки хиёнату зино бе ҷазо монанд ё тарафдоре дошта бошанд, вале масъала сари риоя нашудани талабот аз ҷониби ҷинсест, ки дар ҷомеи мо «сар» ҳисобида мешавад. Сардори хона, авлод, сарвари идораву корхона, саркалони фарзандон, сардори оила ва …
PS: Суолҳои зиёде ҳанӯз ҳам посух надоранд:
1.Маърифат гумон дорад, ки ин корро махсус падаршӯяш «ташкил» кардааст. Зеро то ҳол намедонад, ки он ҷавон аз куҷо пайдо шуд, чӣ тавр рақами телефони ӯро ёфт ва бо чӣ сабаб чанд рӯзе зуд-зуд дӯкони онҳо пайдо мешуд ва охирон чӣ тавр ғайб зад. Агар ӯ воқеан хушдори Маърифат мебуд, ногаҳон гум шуда намерафт- ку?
2.Маърифат мегӯяд, ки баъди ин муносибатҳои ваҳшиёнаву шармандасози падарарӯсаш, қасдан, яъне дидаву дониста дар суд айби накардаашро ҳам ба гардан гирифтааст, зеро акси ҳол имкон дошт боз ба зери зулми падарарӯс, ки дар қасди қасосаш гаштааст, бимонад. Шояд ӯ дигар ба он маҳкумхона баргаштан намехост?..
3.Дар ҳолати шокӣ, ҳайратзадаву раҳгумӣ оё ба хотири марди «мӯйсафед» даъват кардани шоҳидону сабти телефонӣ аз куҷо ба ёдаш меояд? Оё аз ҳад зиёд «омода»-гиро ба ин «маъракаи муҳим» эҳсос накардед?..
4.Падарарӯси тақводор задаи мантиқии «хиёнат»-и келинашро рӯйи моҳи шарифи Рамазон мегузорад (Ҳарчанд чунин гуноҳ дар ҳама рӯз як хел қабеҳу убол аст). Вале дар ҳамин моҳи шарифи Рамазон худи ӯ ба ҷойи тавбаву ибодат (дар бораи бахшиши ҳамдигар чизе намегӯем, то Абдуллоев Абдураҳмон гумон накунад, ки мо тарафдори хиёнати зан ҳастем), шояд пайи овозаву дарвозаи доманфарохи ин бешарафӣ намешуд? Оё беҳтар набуд, ки бо ҷазои талоқ аз Маърифати гӯё хиёнаткор осон халос шаванду чуноне ҳам ки дере нагузашта ин корро карданд, писарашон Аъзамро бо зани бошарафе хонадор кунанд? (Дар зимн-охир дар қиёмат ҳар кас барои гуноҳони худ, худаш ҷавоб медиҳад ва мо ки дар давлати демократӣ зиндагӣ дорем, ҳукми ҷазоро танҳо суд медиҳад).
5.Кӣ ба Абдуллоев Абдураҳмон ҳуқуқ додаст, ки шахсияти Маърифат Абдуллоеваро тариқи матбуот ва овозаҳо дар маҳалла ин қадар паст занад? Ҳатто ӯро латукӯб карда боз шармандаи як шаҳр ҳам гардонад? Ва ӯ боз ҳам даъво кунад, ки то ба Дастгоҳи Президент, Прокурори генералӣ ва Суди Олӣ меравад? Аҷоиб барои чӣ? Кадом беадолатӣ? Кадом ҳуқуқпоймолкунӣ?
6.Касе ба ҳолати рӯҳии кӯдакон кор надошт? Кӯдакони Маърифат борҳо мавриди пурсуҷӯйи намояндагони Шӯрои васоят ва парастории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, кормандони экспертизаи судӣ- психологӣ (аз 28 июли соли 2010) қарор доштаву ин қадар таҳқиру мағалу муноқишаҳои бобояшонро, ки ба ҳар як «мӯру малах» оиди хиёнати келинаш иттилоъ медиҳад, таҳаммул менамоянду соли дувум аст, ки ба тазйиқ гирифторанд. «Ғамхориҳо»-и «шарафмандона»-и бобои ба тамоми мақомоти шаҳру вилоят ва ҳамаи зинаҳои судӣ ва намудҳои гуногуни Воситаҳои ахбори омма муроҷиат кардаро, ки домони келинашро бардошта, ба оламиён нишон додан мехост, ки ин ҷинояти «вазнинтарин»-ро (ки гӯё дар олам аввалину охирин бор танҳо Маърифат карда бошад) бе ҷазо намонда, тамоми ҷомеаро хабар бидиҳад, ҳамаро огоҳ намояд, фардо кӯдаконро таънасори дӯсту душман намекунад?
Муҳимтар аз ҳама он аст, ки чаро Абдураҳмон Абдуллоев, ки аз шумули калонсолтарин иштирокчии ин ҳама баҳсу муноқишаҳои оилавӣ, судию ҷамъиятӣ буд, фармудаи Худовандро ба ҷой наовард, ки фармудааст: «Ҳар нафаре айбу гуноҳи бандаеро пӯшонад, фардо рӯзи ҳисоб айбу гуноҳҳои ӯ пӯшида мешавад». Афсӯс…
Ҳуриннисо АЛИЗОДА