Саломат мисли аксари мардум як замон тасаввур дошт, ки ҳамаи милисаҳо танҳо як ҳадаф ва рисолат доранд: низому тартибот ҷорӣ намуда ҳақро ба ҳақдор мерасонанд ва одамонро аз ҷабру ситам раҳоӣ мебахшанд!
Ӯ намедонист ва донистан ҳам намехост, ки дар ин мақомот низ нафарони ғаразнок фаъолият доранд ва «заказ» ҳам иҷро мекунанд.
Ӯ намедонист ва донистан ҳам намехост, ки як рӯз маҳз худаш ба ин ҳолат гирифтор мешаваду дари милисаву прокуратураву судро ба қавле «охурча» хоҳад кард.
Оре, ӯ ин ва бисёр чизҳои дигарро намедонисту донистан ҳам намехост: то замоне, ки ба ин саргузашти детективмонандро пушти сар накард…
«Мардумро ба шӯр наоред!»
Ҳамааш аз тиҷорат сар шуд. Саломату шавҳараш - Мирзохон мисли ҳазорон нафари дигар пас аз ҳаводиси маълуми солҳои 90 барои пешбурди рӯзгори худ ба харидуфурӯш ва соҳибкории миёна машғул шуданд, ҳарчанд шавҳараш соҳиби маълумоти тиббӣ буд.
Қисса кӯтоҳ онҳо ба сифати соҳибкор дар бозори «Ганҷина» фаъолият доштанд. Соли 2002 ин бозор барҳам хӯрд ва онҳоро ба бозори «Корвон» кӯчониданд. Соле пас, роҳбарияти бозор барои барқарор кардани «Ганҷина» Саломат Каримоваро даъват намуда, ӯро бригадири сохтмон таъин намуд. Директори генералии бозор Саидалӣ Амиров маҷлис карда, гуфт, ки тибқи нақшаи кашидаи меъмории шаҳри Душанбе барои сохтмони ҳар нуқтаи савдо 250 – 300 доллар масраф мешавад ва ин маблағ бояд аз ҳисоби тоҷирони дар бозор нуқтаи савдо дошта ҷамъоварӣ гардад. Бригадае, ки Саломат роҳбарӣ мекард, мебоист 168 нуқтаи савдо сохта ба истифода медод. Маблағҳои сарфшударо тоҷирони бозор пардохт мекарданд. Саломат Каримова як қисмати сохтмонро аз ҳисоби маблағҳои худ ба анҷом расонд. Дар ин миён чандин маротиба «зарурати хос» пайдо шуду роҳбарияти бозор маблағи иловагӣ талаб намуданд. Тоҷирон ин маблағҳоро бегуфтугӯ медоданд, то сохтмон ба зудӣ анҷом ёбаду онҳо фаъолияти худро ба роҳ монанд. Баъдтар аз ҳисоби онҳо як ҳаммом дар маҳаллаи 63 –юми пойтахт низ сохта шуд, зеро роҳбарияти бозор мегуфт, ки сохтмони ҳаммомро шаҳрдор ба онҳо «бор» кардааст…
Корҳои сохтмонӣ қариб ба анҷом расиданд, ки роҳбари бозор пеши бригадирон шарт гузошт: аз ҳар бригадир 20 фоизи нуқтаҳои сохташударо ӯ мегирад!
Саломату ҳамкоронаш намедонистанд чӣ кор кунанд, чун маблағҳои сарфкардаи эшон аз ҳисоби тоҷирон буд, аммо роҳи дигаре надоштанд. Аз нуқтаҳои савдои сохтаи Саломат низ 30 нуқта «соҳиби аслӣ» - и худро ёфт. Саломат дар ин миён ба қавле зиракӣ карду квитансияҳои ин нуқтаҳои гирифтаи роҳбарияти бозорро ба даст овард, ки баъдан хеле кӯмакаш ҳам карданд.
Хулоса, сохтмон ба охир расид, аммо маъракаи ифтитоҳи бозор тӯл мекашид. Баъдан маълум шуд, ки кормандони мақомоти сӯхторхомӯшкунӣ бинобар сабаби ба талаботи ин ниҳод мувофиқ набудани сохтмон, ба он иҷозаи фаъолият надодаанд. Роҳбарияти бозор ин хатои худро бо чаппа кардани як қисмати дӯконҳои сохташуда ислоҳ кард. Аммо номаълум буд, ки барои тоҷирони дӯконҳояшон валангоршуда аз кадом ҳисоб нуқтаҳои нави савдо месозанд. Баъдтар инро ҳам ба ӯҳдаи Саломат вогузоштанд. Инро низ таҳаммул карданд. Сабри Саломат замоне сар омад, ки акнун Саидалӣ Амирову ҳамроҳонаш мехостанд нуқтаҳои савдои аз ҳисоби тоҷирон сохташударо бо пардохти маблағи сарфкардаашон аз худ намоянд. Саломат ба ин иқдом мухолифати шадид нишон дод. Охир мардум пул сарф кардаанду ду сол интизор буданд. Хоҳиш мекунам, мардумро ба шӯр наоред!
Ин эътироз ба роҳбарияти бозор хуш наомаду баъди дашноми зиёд фармон дод: ту аз кор озод!
– Ҳамчунин ба супориши ӯ ҳамаи нуқтаҳои савдои сохтаи ман ба фурӯш гузошта мешаванд. Аммо хушбахтона то соли 2007 Амиров ин дӯконҳоро фурӯхта натавонист, – ба хотир меорад Саломат Каримова.
Зеро ӯ барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ ба суди ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат кард. Вақте судя ин қазияро беасосу ғайриқонунӣ ба манфиати Амиров ҳал кард, ӯ ноумед нашуд: ба Прокуратураи шаҳри Душанбе, Прокуратураи генералӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон муроҷиат намуд.
Амиров ба ин ҳама талошҳои ӯ бо тамасхур менигаристу писханд мезад: ба куҷое арз мекунӣ, кардан гир, чизе аз дастат намеояд! Ҳамааш одамони худӣ…
Ахиран пас аз такудави зиёд прокуратураи пойтахт нисбати Амирову ҷиянаш Зайнулло Мадаминов парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ намуд. Пас аз ин роҳбари бозор каме «мулоим» шуду як қисми дӯконҳо ва пулҳои гирифтаи худро бозпас гардонд.
Аммо Амиров ором намешуд…
Рӯзашро сиёҳ карданӣ шуда…
Баъдтар қазияи дигаре рӯ зад, ки Саломату Мирзохон интизор надоштанд. Гап сари ин мерафт, ки пас аз бекор мондани зану шавҳар, Мирзо ягона воситаи таъмини зиндагиву пеш бурдани рӯзгорашро дар мусофиркашонӣ дарёфт. Ӯ мизоҷҳои доимии худро дошт, ки ба Мирзо занг задаву ӯро киро мекарданд. «Амиршо» низ аз ибтидои моҳи июн ба ҷумлаи чунин мизоҷҳо дохил шуд. Ӯ бегоҳии 12 – уми июни соли 2009 ба Мирзо занг зада, хоҳиш кард, ки субҳи дигар онҳоро ба Қурғонтеппа барад. Рафтанд. Аммо хатсайри мусофирон ҳар дафъа иваз мешуд. Ахиран ба Норак омаданд ва дар яке аз ошхонаҳо хӯроки нисфирӯзӣ хӯрданд. «Амиршо» Мирзоро барои овардани кадом як шиносаш ба ҷое мефиристад. Меравад, вале он одамро намеёбад. Чун Мирзо ба ҷои истодаи мусофирони худ бармегардад, онҳо аллакай набуданд. Мирзо ҳайрон мешавад. Дар ҳамин вақт кормандони милиса пайдо мешаванду мошини ӯро кофтуков мекунанд. Аз ҷои нишасти пушти ронанда маводи мухаддир меёбанд. Мирзо мегӯяд, ки ин мавод ба ӯ дахл надораду эҳтимол аз мусофирони ӯ бошад. Хулоса, Мирзо 15 рӯзро дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Норак сипарӣ кард…
Ахиран маълум шуд, ки он ду мусофири Мирзо кормандони милиса будаанду ба хотири нишон додани «резултат» маводи мухаддирро ба мошини Мирзо партофтаанд.
Саволе, ки пайдо мешавад, дигар аст: чаро «сайд»-и онҳо Мирзо интихоб шуд?
Баъдан ин пурсиш посухи худро дарёфт: таблограммаи телефонҳои ба Мирзо зангзада нишон доданд, ки соҳибони аслии рақамҳои ҳамон рӯз аз ҷониби «Амиршо» ба ӯ зангзада, хешовандону кормандони Сайдалӣ Амиров будаанд. Баъдан дар сӯҳбатҳои хос кормандони милиса низ иқрор шуданд, ки қазияи ба сари Мирзо омада «заказ» -и директори бозори «Ганҷина» будааст. Воқеан, милисаҳои дар ин қазия гунаҳкор бо ҳукми суди шаҳри Қӯрғонтеппа ҷазо гирифтанд: сардори шӯъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон Сафаралӣ Солиев ва Иброҳим Тошев – ваколатдори оперативии шӯъбачаи пешгирӣ ва назорати гардиши ғайриқонунии РКД –и вилояти Хатлон барои содир кардани ҷиноят бо моддаҳои 36 – 223, 314 ва 316 қисми 1 –и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуданд…
Барои ошкор шудани ин ҷиноят ва раҳоии шавҳари худ Саломат Каримова талоши бисёре кард. Маҳз талошу ҷасорати ӯ буд, ки ҳақиқат дар ин замина то андозае барқарор гашт. Вале баҳси онҳову роҳбарияти бозори «Ганҷина» барои баргардонидани дӯконҳои сохташуда ва маблағҳои сарфшуда ҳанӯз идома дорад. Саломат бовар дорад, ки ин қазия низ ҳалли ниҳоии худро пайдо мекунад:
- Бовар дорам, ки ҳақиқат як рӯз не як рӯз ошкор хоҳад шуд. Барои ин ҳамаи нерӯи худро сарф мекунам. Рӯзҳои наздик бо директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Фаттоҳ Саидов вохӯрӣ дорам. Илова ба ин, умед дорам, Раиси Маҷлиси миллӣ, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев низ маро қабул ва барои ҳалли ин қазия мусоидат хоҳад кард, – мегӯяд Саломат Каримова.
Барору муваффақият ба ҳар зани ҷасоратманди тоҷик!
Раҳимаи Аъзам