Нодира 5-уми декабри соли 1989 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваллуд шудааст. Соли 1993 модараш Х.Ҳ аз бемории диабети қанд вафот мекунад. Он замон падараш Х.О. дар маҳбас буд. Чун дар ин оила се тифлак бесаробон монданд, хешовандон байни худ маслиҳат карда, онҳоро якнафарӣ зери тарбия мегиранд. Нодираи чаҳорсоларо он вақт аммааш бо худ ба яке аз деҳаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров меорад. Бо сабабҳои номаълум аммаи Нодира ҳангоми ӯро аз Самарқанд ба Тоҷикистон овардан зодномаашро фаромӯш кардааст. Баъди чанде ин зан низ аз дунё мегузараду мушкили Нодира ҳам оғоз мешавад. Бо вуҷуди кӯшишҳо ӯ наметавонад зоднома ва ё шиноснома бигирад. Ин аст, ки бо сабаби надоштани ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсият Нодираро милисаҳо борҳо ба таҳвилгоҳи махсуси РВКД-и вилояти Суғд мебаранд. Борҳо масъулини ин муассиса ба унвонии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Самарқанд дархост оид ба муайян кардани шахсияти Нодира Худоёрова ирсол мекунанд, аммо ҳар дафъа бо сабабҳои норавшан мактубҳо бе посух ва масъала бе баррасӣ боқӣ мондааст.
Дар ин давра Нодира чанд дафъа барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ба шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Хуҷанд муроҷиат карда, посухи рад мегирад.
Нодира маҷбур мешавад санаи шашуми апрели соли равон ба суди шаҳри Хуҷанд муроҷиат кунад. Вай ба истинод аз моддаҳои 269 қисмҳои 1 ва 3, сархати 3, 270-и Кодекси мурофиавиву граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз додгоҳ хоҳиш кардааст, ки ҳолати таваллуди ӯро 5-уми декабри соли 1989, зодаи шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, миллаташро тоҷик муқаррар намуда, шӯъбаи САҲШ-и шаҳри Хуҷандро вазифадор намояд, то дар зодномаи ӯ дар сутуни волидон ному насаби воқеии падару модараш сабт намоянд, аммо…
«Дар мавриди он ки ман соли 1993 аз шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ҳамроҳии амаам Х.С. ба Тоҷикистон омадаам, шавҳари аммаам Х.Ҷ., ҳамсари марҳум амакам М.М. метавонанд маълумоту шоҳидӣ бидиҳанд» зикр кардааст Нодира дар аризаи хеш ба унвони Раиси суди шаҳри Хуҷанд.
Чунончи Татяна Хатюхина, директори шӯъбаи хуҷандии созмони ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» мегӯяд, аз рӯзи додани ариза се моҳ мегузараду суд ҳанӯз қарори дахлдорро қабул накардааст.
– Мо дар ин бора ба таври шифоҳӣ ба раиси суди шаҳри Хуҷанд мӯҳтарама Ҳабибуллоева ва ба таври хаттӣ ба раиси суди вилоятӣ мӯҳтарам Наим Мансуров муроҷиат кардем, вале муроҷиатҳои мо то кунун ягон натиҷа надодаанд, - таъкид медорад Т. Хатюхина.
Нигора Қосимова - Судяи суди шаҳри Хуҷанд, ки масъули баррасии аризаи Нодира дониста мешавад, дар сӯҳбат бо хабарнигори «Бонувони Тоҷикистон» иброз дошт ки: «ариза таҳти баррасӣ қарор гирифтааст. Алҳол Суд ба ҷониби Ӯзбекистон супориши судӣ фиристодааст ва интизори ҷавоби он ҷонибем».
Аз бинои мақомоти Суд ноилоҷ берун меоему суолҳои «Агар ҷониби Ӯзбекистон ин дафъа низ дар ҷавоб хомӯшӣ ихтиёр кунад чӣ? Боз чанд моҳу соли дигар бояд посухи ҳукуматдорони ҳамсояро интизор шуд? Чаро мақомдорон дар ин кори хайр хунукназарӣ мекунанд? Тақдири ин духтар чӣ мешуда бошад?» дар сар хотирпарешон роҳ ҷониби идора пеш мегирем.
P.S: Агар нафаре аз масъулин мехоҳанд ба мушкили Нодира расидагӣ ва ё кӯмак намоянд метавонанд ному насаби аслӣ ва нишонии ҷои истиқомати ӯро аз идораи маҷалла дарёфт намоянд.
Телефонҳои мо: 227-88-77, 227-86-05.
Тилав РАСУЛЗОДА