26-уми майи соли 1922 иҷлосияи савуми кумитаи иҷроияи умумирусиягӣ санадеро бо номи «Низомнома роҷеъ ба адвокатура» ба тасвиб расонда буд, ки баъдан мувофиқи он ин рӯзро ҳамасола чун «Рӯзи адвокатҳо» таҷлил менамоянд.
Адвокатура ва соҳибкорӣ бо ҳам намесозанд!
Назар ба андешаи Моҳира Усмонова, раиси Коллегияи адвокатҳои вилояти Суғд, давлат на ҳамеша метавонад таври лозим равандҳои иҷтимоиро ба танзим дароварда, манофеи шахсиятҳоро таъмин ва ё ҳимоя намояд. Ба инобат нагирифтани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар ҳаёт ниёзеро барои ҳимоятгар ба миён меорад.
– Вале воқеият чунин аст, ки на ҳар ҳимоятгари ҳуқуқи инсон ба таври шоиста метавонад рисолати хешро сарбаландона анҷом бидиҳад, – иброз медорад Моҳира Усмонова. – Миёни мардум гуфтугӯе ҳаст, ки адвокатҳо дар ҳоли ҳозир гӯё нақши миёнҷигариро байни додситонию додгустарӣ ва муҷрим мебозанд. Ин андешаи нодуруст обрӯю нуфузи мақомоти адвокатураро паст мезанад. Шояд ин ақида дар ҷомеаи мо пояи воқеӣ дошта бошад, аммо ин масъала танҳо мушкили соҳа набуда, мушкили тамоми низоми ҳуқуқии кишвар аст. Ин андешаҳо аз он сарчашма мегиранд, ки дар ҷомеа нақши адвокатура ба таври лозим устувор нест. Адвокатҳо дар татбиқи вазифаҳои муҳими давлат дар соҳаи адолати судӣ ширкат меварзанд. Дар раванди истеҳсолоти додгоҳӣ аз он хотир иштирокашон ҳатмист, то далелҳо таҳриф, шеваҳои номатбуи тафтишот истифода нагардида, нишонаи айбдоркунии маҷбурӣ бартараф шавад. Одамони бегуноҳ набояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд ва инсонҳо барои ҷинояти андак бояд ҷазоҳои аз ҳад зиёд сангине нагиранд. Мавҷуд набудани мақоми воҳиди худидории адвокатӣ, вуҷуд надоштани қоидаҳои ягонаи рафтори ҳирфаии адвокатҳо боиси пайдо гаштани як силсила коллегияҳои машкуки адвокатҳо, машваратхонаҳои ҳуқуқӣ ва дигар иттиҳодияҳои бесалоҳияте шуданд, ки бо амали ғайриҳирфаӣ ба обрӯи мақоми адвокатураи воқеӣ рахна ворид менамоянд. Илова бар ин, мавҷудияти адвокатҳо - соҳибкорони ваколатдор, ки дар асоси муҷаввиз - литсензияи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебаранд, ба табиати ҳуқуқии институти адвокатура ва меъёрҳои байналмилалӣ оид ба мустақилияти касби ҳуқуқшиносӣ ва рисолати мақомоти адвокатура хилоф аст. То ҳол адвокатҳои Тоҷикистон дар ҷамъияти ягонаи ҳирфаӣ, ки узвияташ ҳатмӣ бошад, муттаҳид нашудаанд. То он рӯзе, ки чунин иттиҳод рӯи кор наояд, манфиатҳои онҳо сарфи назар хоҳад шуд. Барои он ки одамон ба адвокатҳо бовар бикунанд, дар кишвар бояд ислоҳоти институти адвокатура сурат бигирад. Баланд бардоштани мақоми адвокатура дар таҳкиму пешрафти шохаи муҳими ҳокимият: ҳокимияти судӣ мусоидат хоҳад кард.
«Ӯ туро ҳимоя карда наметавонад!»
Муҳаббат Ҷӯраева, сарвари созмони ҷамъиятии «Адвокати ту» низ бар ин назар аст, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон обрӯ ва мақоми адвокатура дар сатҳи паст қарор дорад.
– Дар кишвари мо адвокатҳо ба танҳоӣ фаъолият мебаранд. Иттиҳодияи адвокатҳо бояд бошад. Дастгирии якдигарро намебинем. Худи адвокатҳо байни ҳам низоъ доранд. «Вай адвокат туро ҳимоя карда наметавонад!»-мешунавем аз забони худи адвокатҳо. Баъзе аз адвокатҳо ба бемории бузургманишӣ гирифторанд. Гӯё танҳо онҳо метавонанд инсонҳоро ҳимоя кунанд, дигарон не. Дар ин хел мавридҳо, агар адвокатҳо сарҷамъона кор бикунанд хуб аст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура» шумораи иштироки адвокатҳоро дар ҳимояи шахс маҳдуд накардааст. Адвокатҳое низ ҳастанд, ки фаъолияти худро бо иштирок дар зинаи аввал бинобар напардохтани маблағ барои марҳилаи дувум қатъ мекунанд ва аз ҳимоя даст мекашанд, – мегӯяд Муҳаббат Ҷӯраева. – Вале байни ҳимоятгарон онҳое низ ҳастанд, ки ҳамеша дар фикри зерҳимояи худ буда, ба таври лозим ба онҳо ёрии ҳуқуқӣ мерасонанд. Яке аз ҳимоятгари ҳирфаӣ Файзинисо Воҳидова мебошад, ки сари андешаву мавқеъ бисёр устувор аст. Парвандаҳое ҳастанд, ки вобаста ба тафтиш то шаш сол мавриди баррасии зинаҳои гуногун қарор мегиранд, сарфи назар аз шартнома, ин бону ҳамоно аз пайи ҳимоя қадаме ба ақиб намегузорад. Имрӯз мушкили печидае дар низоми додгоҳию додгустарӣ ба миён омадааст. Шумораи ашхоси аз ҷониби додгоҳ сафедшуда як дар садро ташкил медиҳад. Дар низоми судии мо чунин амале роиҷ шудааст, ки ҳар шахси нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғозшуда бояд ҳатман ҷинояткор бошад. Дар ҷомеаи демократӣ барои исботи бегуноҳии шахс баҳсу талоши зиёд мешавад, аммо дар кишвари мо, мутаассисона, чунин нест. Чунончи, дар кишварҳои пешрафтаи аврупоӣ роиҷ аст, ки адвокатура бояд соҳавӣ бошад. Мисол, адвокат доир ба корҳои заминшиносӣ, оид ба манзил, ҳуқуқи меҳнат, ҷиноятҳои иқтисодӣ ва ғайра. Танҳо дар ин маврид кори ӯ пурсамар хоҳад шуд.
Ҳамсӯҳбатам аз он мутаассиф аст, ки дар вилояти Суғд ҳамеша ҳимоятгарони инсон барои худ коргоҳ мекобанд. Ҳол он ки мувофиқи қонун адвокатҳоро давлат бояд бо бинои корӣ таъмин ва барои ҳимояи ройгони шаҳрвандон маоше муқаррар созад.
Адвокат бояд беғаму бетарафу бепарво набошад!
– Ба андешаи ман, шахсе метавонад ҳимоягари инсонҳо бошад, ки ӯ бо дониши арзандаву далели кофӣ аксуламали шадиде зидди беадолатӣ нишон дода тавонад, – мегӯяд Татяна Хатюхина, сарвари ИҶ«Маркази ҳуқуқи инсон»-и шаҳри Хуҷанд. – Адвокат бояд барои расидан ба ҳадафи ниҳоии хеш - ҳимояи ҳуқуқи инсон пайваста кӯшиш намояд. Рисолати аслии адвокат зиён нарасонидан ва хиёнат накардан ба шахсе аст, ки ба ӯ ояндаашро бовар намудааст.
Коршиносон бар ин назаранд, ки то замоне низоми ҳуқуқӣ фасодзада аст, то замоне адолати судӣ аз тарафи додгоҳҳо таъмин намегардад, то замоне ҳимоятгарон худ ба ҳимоят ниёз доранд, фаъолияти адвокатҳо муассир нахоҳад шуд. Ин ҳалқаҳо яке ба дигаре сахт пайвастанд. Танҳо гусастани онҳо ва ба роҳ андохтани таҳаввулоти тоза дар низоми додгоҳию додгустарӣ ва мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ метавонад фаъолияти адвокатураро дар ҷомеа боризу муассир созад.