.
Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки аксари занҳои нашъамандро дӯстмардонашон ташвиқ кардаанд
Мутаассифона, солҳои охир бештар дар байни бонувони қобили меҳнат истеъмоли маводи нашъаовар паҳн гардидааст. Сабабҳои рӯ овардан ба истеъмоли маводи мухаддир барои занон гуногунанд. Онҳо метавонанд дар ҳолатҳои рӯҳафтодагӣ даст ба ин амалҳо зада, дар аксар маврид боварӣ ба майлу иродаи худ доранд, ки агар ҳоло истеъмол кунанд, фардо метавонанд онро қатъ намоянд. Вале омили аслӣ ҳамон ҳавову ҳавас ва талоши чашидани тамъи чизи ҷадид аст.
Тибқи омори расмӣ семоҳаи аввали соли 2012 дар Тоҷикистон 229 нафар зани нашъаманд ба қайд гирифта шуда буд, ки дар қиёс ба як соли пеш рӯ ба коҳиш овардааст. Вале ин ҳам барои мо нигаронкунанда аст. Зеро истеъмоли ҳар навъи маводи мухаддир ба саломатии зан таҳдид мекунад ва тадриҷан дар зиндагӣ рисолати табиии ӯ - МОДАР шуданро аз байн мебарад.
Мутахассисони гинеколог исбот намудаанд, ки дар занҳои гирифтори нашъамандӣ кори узвҳои таносулӣ суст шуда, қобилияти таваллудро гум мекунанд. Истеъмоли пайвастаи мухаддирот тухмдон ва бачадони занро хушк намуда, фаъолияти кори онҳоро аз байн мебарад. Ҳатто зани нашъаманд ҳомиладор шуда, то вақти таваллуд тифли батни худро нигоҳ дошта тавонад ҳам, наметавонад тифли солим ба дунё оварад.
Занҳое, ки бангдона истеъмол менамоянд, силсилаи гулдоманиашон (менструатсия) вайрон ё қатъ мегардад. Зеро истифодаи дурударози ин мавод метавонад, ки роҳи тухмдонҳоро баста гардонад. Кӯдакони занҳое, ки ин навъи маводи мухаддирро истифода мебаранд, бо инкишофи сусти ақлонӣ таваллуд мешаванд. Занҳои истифодабарандаи навъи сахттаъсири героин бошанд, ҳомиладории худро сари вақт ҳис намекунанд, чунки дар онҳо силсилаи гулдоманӣ номунтазам мегардад. Занҳое, ки маводҳои психоактивӣ истеъмол менамоянд ва тифлони ширхораи худро мемаконанд, ба солимии рӯҳии тифлони худ хатар эҷод менамоянд.
Мувофиқи маълумотҳо соли 2012 дар ҷумҳурӣ 4084 ҳодисаи сирояти СПИД ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 1,9% ҳолатҳои гузариши ВНМО аз модар ба кӯдак ҳангоми таваллуд ва синамаконӣ мебошад. Бо роҳҳои алоқаи ҷинсӣ 1233 ҳолат, яъне 30,2%, ба воситаи хуни сироятшуда - 2106 (51,6%), ба воситаи хунгузаронӣ 15 ҳодиса (0,4%), бо сабабҳои номаълум 668 (16,3%) -ро ташкил медиҳад. Шумораи нашъамандони тазриқие, ки ба бемории ВНМО гирифторанд, 2091 (51,2%) -ро ташкил медиҳанд.
Олимон суръати баланди вобасташавии занон ба маводи психоактивиро дар мавҷудияти таносуби гормони занона (эстроген) мебинанд, ки он дар навбати худ организми онҳоро моили истеъмол ва вобастагӣ мегардонад.
Барои истеъмол ва вобасташавӣ, шахсияти худи зан нақши муҳим дорад. Одатан чунин шахсон ба алоқаи ҷинсии бармаҳал оғоз менамоянд, намоишкориро меписанданд, таваккал кардан ва ҳасосиятро дӯст медоранд, ки маҳз ҳамин гуна рафторҳо сабаби даст задани занону духтарон ба амалҳои номатлуб мегардад.
Таҳқиқотҳо нишон додаанд, ки бештари занон (духтарон) аввалин маротиба маводи нашъаоварро на бо хоҳиши худ, балки бо хоҳиши марди шарикаш (ошиқи худ), баъзан бо дили нохоҳам истеъмол намудаанд. Дар натиҷаи гузариши аввалин зинаҳои нашъамандӣ, зан ба марди ӯро «хушбахт» намуда, куллан такя карда ба хотири дарёфти вояи навбатӣ ба шахси «зиёфатдиҳанда» итоат менамояд. Занон дар ками ҳолатҳо маводи мухаддирро худашон дастрас менамоянд, бештари вақт вояи навбатиро марди «хайрхоҳ» дар вақти лозим ба ӯ мерасонад ва табиист, ки паси ин «ғамхорӣ» ҳамон ҳамхобагии беминнат қарор дорад, ки барои ду ҷониб хатаровар аст.
Истеъмоли маводи нашъаовар барои зани гирифтори бемории нашъамандӣ роҳи ҷиноятро боз мекунад. Яъне, барои дастрасии як миқдор меъёри истеъмол чӣ ба таври «зиёфат» ва ё арзонтар, нашъаҷаллобон занонро барои фурӯш ё қочоқи маводи мухаддир ҷалб намуда, баҳри рушди бизнеси ҷиноии худ истифода мебаранд. Бо ин амалҳои худ баъзе занону духтарон кӯшиши ноил шудан ба зиндагии зебою осоишта менамоянд. Инчунин надонистани оқибати амали нашъаҷаллобӣ, ба даст овардани пули муфт, бекорӣ, зудбоварӣ, сатҳи пасти зиндагӣ, мушкилотҳои иқтисодӣ ва боз чандин хаёлҳои хоми осмонӣ сабаб бар он мегарданд, ки занҳо даст ба фурӯш ва қочоқи маводи мухаддир бизананд.
Дар семоҳаи соли равон 11 нафар зан бо ҷурми нашъаҷаллобӣ дастгир шуд, аммо дар семоҳаи соли 2011 дар дохили ҷумҳурӣ 9 нафарро ташкил медод. Занҳои тоҷик, ки бо ҷурми нашъаҷаллобӣ берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ дастгир шудаанд, дар соли 2011 -ум 14 нафар буданд.
Бонувони азиз, мо набояд фаромӯш созем, ки солимии ҷомеа, ояндаи накӯи давлату миллат аз солимии мо вобастагии калон дорад. Ҳар кадоми мо лоақал ба хотири тандурустии хонадони худ, амнияти фарзандони хеш талош варзем ва нагузорем, ки як нашъаҷаллобе баҳри рушди бозори ҷиноии худ мо ва фарзанди моро мубталои маводи нашъаовар гардонад.
Озодамоҳ Абдуллоева, корманди Агентии назорати
маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ