19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ШИКАНҶА ҚОНУНШИКАНИСТ

Мақсади асосии пешниҳод ва қабули Қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, ки аз Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф бармеоянд, инчунин тавсияҳои Кумитаи мубориза зидди шиканҷаи СММ  ҷиҳати мутобиқ гардонидани Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба моддаи 1 Конвенсияи зидди шиканҷа, иборат мебошад.

Дар ин зимина ба Кодекси ҷиноятӣ моддаи 1431 илова карда шудааст, ки дар он кирдорҳои дар зер номбаршуда низ қонуншиканӣ маҳсуб мешавад.

«Моддаи 1431. Шиканҷа

1) Қасдан расонидани азобу уқубати ҷисмонӣ ва (ё) рӯҳӣ аз ҷониби шахсе, ки таҳқиқ ё тафтишоти пешакӣ мегузаронад ё шахси мансабдори дигар ё бо таҳрики онҳо ё  розигии хомӯшонаи онҳо ё бо огоҳӣ доштани онҳо аз ҷониби шахси дигар, бо мақсади аз шахси таҳти шиканҷа қарордошта ё шахси сеюм гирифтани маълумот ё иқроршавӣ ё ҷазо додани ӯ барои ҳаракате, ки содир намудааст ё дар содир намудани он гумонбар шудааст, инчунин тарсонидан ё маҷбур кардани ӯ ё шахси сеюм ё бо сабаби дигаре, ки ба ҳар гуна табъиз (дискриминатсия) асос ёфтааст, содир шудааст,-

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) нисбати зане, ки ҳомиладории ӯ барои гунаҳгор аён аст ё шахси баръало ноболиғ ё нисбати маъюб;

г) бо расонидани зарари миёна ба саломатӣ содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда, агар:

а) бо расонидани зарари вазнин ба саломатӣ содир шуда бошанд;

б) аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида ё боиси дигар оқибатҳои вазнин гардида бошанд,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои  муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.»  

                                                                     Ҳ. Ализода

:.  Ҳуқуқ 04.04.2012 11:54 2674

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz