21
Ноябр, 2024
Панҷшанбе
21
Ноябр, 2024
Панҷшанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
Гуландом Ғафурова: «ОРЗУИ МАН ГЕНЕРАЛИСТ!»
.
Дастпарвари Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, сержанти калон, нозири роҳи Бозрасии давлатии автомобилии Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд Гуландом Ғафурова орзу дорад, ки ба дарёфти рутбаи генералӣ мушарраф бишавад. Барои расидан ба ин нияти неки хеш вай пайваста ва фидокорона заҳмат мекашад, меомӯзад, бо ҷидду ҷаҳд аз донишмандону собиқадорони соҳа маслиҳату машварат мепурсад. Вай мӯътақид аст, ки бо ҳидоят ва раҳнамоиҳои Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзе ба мақсади хеш хоҳад расид. Зеро Гуландом бар он бовар аст, ки маҳз номаи ӯ ба Президент боис гашта, то риштаи гусастаи таҳсилоти ӯ дар мактаби олии милитсия дубора пайванд гардад.
Ӯ чӣ касест, дар дил чӣ ниятҳо дорад? Чӣ тавр вай аз ҳама монеаҳо, садҳо ва мушкилоти зиндагӣ, дар роҳи расидан ба ҳадафи наҷиб пайгирона ва сарбаландона бигзашт? Биёед бо зиндагиномаи ӯ, ки саропо омӯзанда, ибратбахш ва сутуданист, аз оғоз ошно шавем.
Гуландом моҳи майи соли 1978 дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт дар оилаи коргар ба дунё омад. Падараш кафшергар ва модараш коргари заводи консерви ноҳия буданд. Гуландом дар оила аз чаҳор фарзанд нахустин буд. Аз ҳамон овони кӯдакӣ одамонеро, ки либоси низомӣ ба бар доштанд, басо дӯст медошт. Моҳи июни соли 1995 мактаби миёнаи рақами 44-и шаҳракро ба итмом расонд. Хост ҳуҷҷатҳояшро ба Академияи Вазорати корҳои дохила бисупорад, вале ба ӯ гуфтанд: «Дер кардӣ!». Маълум гардид, ки ҳуҷҷатҳо бояд моҳи феврал омода мешудаанд. Маҷбур шуд дубора ба деҳкада баргардад ва се моҳ дар заводи консерв ҳамроҳи модараш фаъолият барад. Чун моҳи сентябр шуд, боз ба шаҳр омад ва ҳуҷҷатҳояшро ба ҳунаристони рақами 56 супурд ва касби дӯзандагию қаннодиро аз худ кард. Дафъаи дигар низ ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи 4-уми ВКД супурду ин бор ҳам бахт ба рӯяш нахандид. Вале Гуландом ҳамоно дар интихоби касб устувор буд ва аз раъяш барнамегашт. Ба зодгоҳаш омад ва як сол дар ШКД-и ноҳия ба ҳайси котиба кор кард. Вале иштиёқи бепоёни донишҷӯи ВКД шудан дар дилаш ҷӯш мезад. Бори савум ба Хуҷанд омад ва ба факултаи 4-уми шӯъбаи вилоятии Академияи ВКД Хуҷҷат супурд ва ин дафъа низ натавонист донишҷӯ шавад.
– Он солҳо ба дониш кам эътибор медоданд ва нақши асосиро дар ҳалли ҳама мушкилот маблағ мебозид,- изҳор медорад Гуландом. – Мо, мутаассифона, онро надоштем. Вале ман аз ин номеҳрубониҳои тақдир маъюс намешудам ва соли дигар боз омадам. Ин дафъа бахти деринтизор ба рӯям бихандид. Билохира, донишҷӯ шудам ва либоси низомӣ ба бар кардам.
Вай дар шаҳр манзил надошт. Ҳар рӯз ба Хуҷанд меомаду аз он ҷо баъди дарс ба Шайдон бармегашт. Ҳар субҳ соати се аз хоб бармехест ва бо мошини аввалин, ки соати чаҳор ба роҳ мебаромад, нишаста, пеш аз шурӯи дарсҳо дар синфхона ҳозир мегашт.
Моҳи апрели соли 1999 модару хоҳарчаи Гуландом яке паси дигар мариз шуданд. Падараш дар Русия дар муҳоҷират буд. Бо ҳамин сабаб беморбон шуду пас аз як ҳафтаи баргашт ба идомаи таҳсил касе аз ӯ напурсид, ки: «Ба чӣ сабаб ҳафтае ба дарс наомадӣ? Мушкиле доштӣ?», гуфтанд: «Хориҷ!».
Гуландом боз ба Шайдон баргашт. Акнун яъсу навмедӣ вуҷуди ӯро печида буд. Тасмими дигаре гирифт, то ба афсари милитсия ба шавҳар барояд. Агар пӯшидани либоси низомӣ барояш муяссар нагардад, бошад, ки либосҳои низомии ҳамсари ояндаашро бишӯяду дарзмол бикунад, то бад-ин васила армонҳояшро бишканад.
Шавҳараш зодаи деҳаи Қаратоғ буд. Деҳаи зебоманзаре, ки Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзодаро дар оғӯши худ парвардааст. Он замон ҷавон чун нозири минтақавӣ дар Шайдон адои фаъолият мекард. Соли 2003 бо исрори падару модар шавҳари Гуландом тасмим гирифт ба Қаратоғ баргардад. Он вақт онҳо соҳиби ду писараки дӯстрӯ буданд. Калониро дар Ашт дар тарбияи бобову бибияш гузошта, бо хурдӣ ба шаҳри Турсунзода омаданд. Вале хусуру хушдомани Гуландом аз омадани арӯс хурсанд набуданд. Зану шавҳари ҷавон маҷбур шуданд ба Ҳисор кӯч банданду хонаеро ба иҷора гирифта, зиндагии якҷояро идома бидиҳанд. Гуландом ҳар рӯз дар хона анвои шириниҳоро бо фатири аштӣ омода карда ба бозор мебаровард. Чун каме маблағ гирд овард, ба тиҷорат пардохт аз Ашт ҷӯробҳои пашмини зимистона харида, дар Ҳисор мефурӯхт.
Баъди замоне Гуландом дубора ба Хуҷанд баргашт. Боз ба Факултаи 4-ум рафт, то ки барқарор шавад. Охир ҳамагӣ як моҳ монда буд то хатми он. Ба вай мегуфтанд: «Маслиҳат мекунем», «баррасӣ мекунем», «мебинем». Ба мактубаш посух доданд: «Барқарор шудан имкон надорад».
Бо ёрии кормандони Маркази бонувон «Гулрухсор» ба унвони вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов мактуб навишт. Вале посух наёмад. Тасмим гирифт, ки ба Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намояд. Пас аз чанде Сарвари давлат ба Хуҷанд сафар карда, дар Хуррамшаҳр бо донишҷӯён мулоқот орост. Гуландом хост мустақиман бо ӯ вохӯрда, мушкилоташро бигӯяд. Вале боз имкон надоданд. Моҳи январи соли 2005 Гуландом ба сомонаи Президент мактуб навишт. Баъд аз чанд рӯз аз Дастгоҳи иҷроияи Президент барояш мактуб омад. Ин пайки шодӣ,муваффақият ва сарбаландӣ буд. Вайро акнун дар ҳар куҷо аз мақомоти гуногун ҷустуҷӯ мекарданд. Гуландом ҳуҷҷатҳояшро ба шӯъбаи ғоибонаи Академияи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе супурда, аз имтиҳонҳо бо сари баланд бигзашт. Соли 2011 ин даргоҳи олиро хатм намуд. Худи ҳамон сол дар озмуне, ки барои ишғоли вазифаи холии нозири роҳ эълон карданд, ширкат варзиду ба кор қабул шуд.
Вай дар роҳи расидан ба пирӯзиву дастовардҳо аз дастгириҳои кормандони Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, БДА-и вилоят ва ШКД-и шаҳри Хуҷанд ёдовар шуда ба ин одамони наҷиб изҳори сипос менамояд.
Имрӯз Гуландом Ғафурова ягона бонуи нозири роҳ дар вилояти Суғд аст. Ин ки як духтари тоҷик, сарфи назар аз гармою сармо, аз субҳ то шом дар роҳҳои шаҳр ба риоят ва таъмини қоидаҳои роҳ аз ҷониби ронандагон ва пиёдагардон назорат мекунаду бад-ин васила аз ҳаводиси нохуши нақлиётӣ ҷилавгирӣ менамояд, худ шоистаи таҳсин аст.
Нозир аз кори худ қаноатманд аст. Фақат як чиз ӯро озор медиҳад. Ин ҳамон таҳдидест, ки аз ҷониби як гурӯҳ муштзӯрону пуштзӯрон ҳини боздошт ба амал меояд. Онҳо зуд ба пуштибонони воломақомашон занг зада, телефонро ба нозир наздик оварда мегӯянд: « Ку, бо шеф гап занед!». Вале Гуландом барояшон мегӯяд: «Барои ман фармони вазири корҳои дохилӣ қонун аст ва ҳеҷ кас ҳуқуқи дахолат карданро ба фаъолияти хидматии ман надорад».
Гуландом дар шаҳр манзил надорад.Бо ду писар ва модараш дар як хона иҷора менишинад. Ба тарбияи фарзандонаш машғул аст. Ҳафтае се маротиба ба толори варзишӣ меравад ва ба гимнастикаю самбо шуғл меварзад. Гуландом аз ин ки теъдоди садамаҳои роҳу нақлиётӣ ҳамасола афзоиш меёбад ва кӯдакону ҷавонони зиёде бар асари он ҳалоку маҷрӯҳ мешаванд, сахт мушавваш аст. Мехоҳад дар дабистону кӯдакистонҳо ба кӯдакон аз қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дарс диҳад. Орзу дорад, ки рӯзе соҳиби манзил шавад ва фарзандонашро чун инсонҳои ватандӯсту фидокор, меҳрубон, қадршинос, дар роҳи расидан ба мақсадҳои хеш устувор тарбият бикунад. Бошад, ки рӯзе бигӯянд: «Ин ҷавонмардон писарони ҳамон бонуе ҳастанд, ки барои расидан ба ҳадафи ниҳоии хеш аз ҳама имтиҳоноти зиндагӣ бо сари баланду рӯйи сурх бигзаштааст. Номи ин бону Гуландом аст, ки алҳол сержанти калон аст, вале барои расидан ба қуллаи баланди генералӣ аз худ фидокорӣ ва матонат нишон медиҳад ва қадам ба қадам, зина ба зина, рӯ ба сӯи муваффақиятҳои нав пеш меравад»
Тилав Расулзода
:.
Ҳуқуқ
30.03.2012 12:03
3160
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz