21
Ноябр, 2024
Панҷшанбе
21
Ноябр, 2024
Панҷшанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
ОШИҚОНИ ҶИНОЯТКОР
Моҳи июни соли 2011 волидайн ва хешовандони Исроил Бафоев азм кардаанд, ки ба писарашон арӯс биёранд. Аз мақсади онҳо Раънохон огоҳ гашта, аз онҳо талаб намуд, ки вайро ба арӯсӣ қабул намоянд. Вале хешовандони Исроил ба ин розӣ нашуданд.
Санаи 2 июли соли 2011, Раънохон ба дӯкони И.Бафоев, воқеъ дар бозори шаҳри Истаравшан омада, «бо мақсади тарсонидан» аз зарфи бо худ овардааш «чанд қулт оби соф» менӯшад. Сипас, «худро ба руйи фарш партофта», чунин вонамуд месозад, ки гӯё сирко нӯшидааст. И.Бафоев аз вазъи ба амаломада «ба ҳаяҷон» омада, Раънохонро аввал ба бемористони ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров, сипас ба Хуҷанд ва билохира, ба Истаравшан оварда бистарӣ кунониданӣ мешавад. Вале Раънохон аз аз табобат даст кашида, аз шӯъбаи қабули беморон баромада меравад. Раънохон мебинад, ки ин ҳодиса ба Исроилу хешовандонаш таъсир накард, «тарзу воситаи дигари ноил шудан ба мақсадашро пеша мекунад.
Дар ҳукмнома зикр шудааст, ки Раънохон Ҳорисова дар таърихи 4 июли соли 2011 ба ШКД ва прокуратураи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намуда, дар баёноташ ҳангоми санҷиш арз медорад, ки шаҳрванд И.Бафоев санаи 2 июли соли 2011 дар шаҳри Истравшан, дар дохили дӯконаш «бо чӯб ва пойҳояш ба сару дигар аъзои баданаш якчанд зарба зада, бо дастон гулӯяшро буғӣ карда, бо мақсади куштор ба даҳонаш зӯран маҳлули сирко ва якчанд ҳаб хӯрондааст.
Аризаи мазкур аз ҷониби мақомоти зикргардида мавриди санҷиш қарор гирифта, гуфтаҳои Раънохон Ҳорисова тасдиқи хешро намеёбанд. Баъди ин бошад Раънохон тасмим мегирад, ки Исроилро аз ҳаёт маҳрум созад ва бо ҳамин роҳ касдашро аз ваю хешовандонаш бигирад. Ба хотири амалӣ намудани мақсади хеш ӯ 26-уми августи соли 2011 табари хонаашонро гирифта, ба пеши устои оҳангар меравад ва онро тез карда, аз дорухона як ҷуфт дастпӯшак ҳам мехарад. Шомгоҳон тавассути мошини кироя ба манзили Исроил, воқеъ дар маҳаллаи Ясии ҷамоати Гули Сурхи шаҳри Истаравшан меояд. Чанд лаҳза дар назди дарвоза истода, фурсати хилватро интизор мешавад. Чун мебинад, ки дар назди дари меҳмонхона як ҷуфт пойафзоли мардона истодааст, гумон мекунад, ки дар он хона дилдодааш аст. Даромадан замон чашмаш ба одами дар кунҷе хобида меафтад. Бо табар панҷ маротиба ба сару гардани шахси хобида мезанад ва сипас аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Вақте ӯро субҳи рӯзи дигар кормандони милиса дастгир мекунанд, огоҳ мешавад, ки ба ҷойи Исроил падари ӯ, Бақоев Қурбонбойи 54 - соларо ба ҳалокат расонидааст.
Бояд бигӯем, ки ҳодисаи бар асари рашку интиқом даст ба куштори маъшуқон задани бонувони дилдода ҳодисаи нодир ба шумор намеравад.
Чанд рӯз пеш Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Суғд парвардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноиро бо сарварии Гулбаҳор Давлатова баррасӣ намуда, вайро ба содир кардани ҷиноятҳо аз рӯи моддаҳои 131, 248, 32, 104,200 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор донист, ба муддати 24 сол аз озодӣ маҳрум намуд. Гуфта мешавад, ки Гулбаҳор низ бо О.Ф. муносибатҳои маҳрамона дошта, чун мефаҳмад, ки ҳамзисташ бо шаҳрванди дигар С.М. шинос шуда, майли ӯ дорад, аз пайи нобуд кардани маъшуқаи дӯстдоштааш ва модари ӯ мешавад. Чанд нафарро барои амалӣ намудани ин иқдом киро мекунад. Вале қотилони зархарид дар лаҳзаи охир аз ин амал даст мекашанд. Гулбаҳор мехоҳад тавассути куштори ду нафар кормандони нуқтаи бензинфурӯшӣ, ки марбут ба О.Ф. буд, муносибати як сол пеш қатъгаштаашро барқарор кунад. Бо ин хотир Гулбаҳор ду нафарро барои куштори кормандон киро мекунад. Дар натиҷаи ҳуҷуми қотилони зархарид як тан аз кормандон ба ҳалокат расида, дуввумӣ ҷароҳатҳои сангини ҷисмонӣ мебардорад…
Ин ҷо суоли матраҳ он аст, ки кай ба фарҳанги мо андешаи интиқом барои аҳдшикании яке аз тарафҳои ошиқ ворид шуда, ки он ҳам дар шакли бисёр даҳшатзо ва фоҷиабор?
Ба андешаи коршиноси ҷавон, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Чкалов, Мунира Султонова беш аз пеш аҳдшикании ҷавонони замоне ошиқ, таъсири фарҳанги то андозае фосиқонаи Ғарбу Шарқ, тағйир ёфтани арзишҳо ва муқаддасот дар ҷомеа, ноустуворӣ дар расидан ба ҳадафҳои олӣ, булҳавасӣ, истифода аз сомонаҳои фосиқонаи интернетӣ, пахши филмномаҳо ва барномаҳои тарғибкунандаи фаҳшу фуҷуру даҳшат тавассути телевизионҳои моҳвораӣ, равандҳои ҷаҳонишавӣ, ки тамаддунҳои бузург ғосиби тамаддунҳои кӯчак мешаванд, ин ҳама дар маҷмӯъ боиси сурат гирифтани таҳаввулот дар мафкураи ҷавонон гардидааст.
- Вагарна, - меафзояд Мунира Холматова, - ишқи поку беолоиш ҳаргиз бо қатлу куштор дар ҳеҷ як давру замон рабте надошт ва имрӯз низ бояд ҳамчунин бимонад.
Тилав Расулзода
:.
Ҳуқуқ
20.03.2012 05:30
2984
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz