21
Ноябр, 2024
Панҷшанбе
21
Ноябр, 2024
Панҷшанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
Ҳуқуқи кӯдакро поймол насозед!
Ба ақидаи мутахассисони равоншинос, волидайн бояд дар тарбияи фарзандон ба ифрот роҳ надиҳанд. Мароқи кӯдакро ба бозӣ, бозича ё кори сабуке бедор сохтан бар манфиати ӯст. Маҷбурӣ ҷалб кардани диққати кӯдак ба амалеву бозие манъ аст. Зеро кӯдакон озодиро дӯст медоранд ва мехоҳанд ин ё он корро озодона, мувофиқи табъи дилашон анҷом диҳанд.
Бозии кӯдак:
Як мисоли оддӣ: модар аз духтарчаи сесолааш шикоят мекунад, ки «танҳо ва мустақилона бозӣ кардан намехоҳад». Ин ҷо кӯдак гуноҳе надорад, баръакс вақте ҳолатро таҳлил мекунем, меомӯзем, мебинем, ки волидайн кӯшише барои мустақил шудани тифлак ба анҷом нарасонидаанд. Падару модар ҳанӯз дар даврони хурдсолӣ бояд барои фарзанд бозичаҳоеро интихобу харидорӣ намоянд, ки диққати ӯро ба худ ҷалб карда тавонанд. Падар ё модар вазифадоранд, ки бо кӯдакашон бозӣ карда, роҳҳои истифода ва муносибаро бо бозичаҳо нишон бидиҳанд. Бо кӯдакони хурдсол бо мулоимативу забони фаҳмои кӯдакона ҳарф задан лозим аст, дағалӣ нибати кӯдак норавост.
Ба ақидаи мутахассисон, омӯзонидани ҷобаҷокунии лавозимоти бозӣ баҳри кӯдак ҳатмист. Ин амал кӯдаконро водор месозад, ки эҳтиёткориро биомӯзанд. Кӯдаконро навозишкорона, бо суханони хуб хоҳиш кунед, ки бозичаҳои парокандаро ҷамъ намуда, ба ҷойҳояшон гузоранд, кӯдак баъд аз ин ҳамеша мекӯшад, ки бозичаҳо баъди бозӣ бо низому тартиби муайян дар ҷои муайянгардида қарор бигиранд.
Либосӣ кӯдак:
Баъзе модарон ба кӯдаконашон либоси нав пӯшонида ба берун мебароранд ва ба онҳо иҷозат намедиҳанд, ки бо ҳамсолонаш бозӣ кунанд. Сабаб: пӯшоки наву тамиз чиркин нашавад. Дар натиҷа кӯдак аз пӯшидани куртаву туфлии нав пушаймон мешавад. Барои ӯ бозӣ бо ҳамсолон аз куртаи нав ҳам муҳимтар аст.
Равоншиносон маслиҳат медиҳанд, ки либоси кӯдакон бояд бо назардошти вазъияти ҳаминлаҳзаина интихоб шавад. Масалан, зимни сайёҳат дар кӯча ё боғи шаҳрӣ ба кӯдакон пӯшонидани либоси ҷашнӣ иҷозат доданамешавад. Дар ин лаҳзаҳо бояд либоси кӯдак гарму сабук ва қулай, ки ба ҳаракатҳои ӯ мувофиқ бошанд, интихоб шаванд…
Манфиатҳои бозӣ:
Кӯдакон камбудиҳои худро зимни бозӣ бо ҳамсолонашон дарк ва ислоҳ менамоянд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба ҳамаи қоидаҳои бозӣ риоя намуда, аз ҳамсолонашон қафо намонанд. Дарки баробарҳуқуқиву масъулиятшиносии кӯдак аз ҳамин давра оғоз мешавад. Хислатҳои аҷиби нуҳуфтаи кӯдакон низ маҳз зимни бозӣ бо ҳамсолонашон ошкор мшаванд.
Ба ақидаи мутухассисон, бозии кӯдакона машғулияти беҳуда набуда, балки ба ташаккули шахсияти онҳо ёрӣ мерасонад. Кӯдакон ҳини бозӣ бо якдигарашон мусобиқа карда, афзалият ва бартарияти худро нишон додан мехоҳанд. Ин амал баъдан дар оянда низ (дар даврни наврасӣ ва чавонӣ) барои рушду нумӯи онҳо кӯмак мерасонад.
Имконоти зеҳнии кӯдак:
Падару модар дар баробари харидани бозичаҳо аз мағоза бояд ба кӯдаконашон шарои фароҳам оваранд, ки баъзе бозичаҳоро бо дастони худ сохта бошанд. Кӯдакон одатан барои ин амал аз коғаз, санг, рег, хок ва ғайра истифода мебаранд. Онҳо тахайюли бою рангине доранд. Кӯдаконро ҳангоми бозӣ бо кори дигаре банд кардан мумкин нест. Дар вақти бозӣ онҳоро маҷбурӣ ба сари дастурхон барои хӯрокхӯрӣ шинонидан хеле бад аст. Дар ҳолати ниҳоят зарурӣ дар чунин маврид калонсолон метавонанд чанд лаҳза ба бозии кӯдакон ҳамроҳ шаванд ва баъдан оҳиста-оҳиста рафти бозиро қатъ кунанд. Масалан, ба кӯдакон фаҳмонидан мумкин аст, ки бозиро баъди хӯрдани хӯрок давом медиҳанд.
Ҳуқуқи кӯдакро поймол насозед!
Кӯдакон бо мурури замон баъди каме бузург шудан мавқеи худро ҳимоя мекунанд. Волидайн бошад дар аксар маврид ин рафори онҳоро аз якравӣ ва худписандӣ медонанд. Кӯдаконро барои ин гуна бархурд ҷанг кардан ва ё тарсонидан лозим нест. Ин рафтори оддиест, ки кӯдак бо анҷом додани он мехоҳад ба атрофиён аз бузург шудан ва аз будани худаш ҳамчун шахсият дарак бидиҳад. Дар сурати сарзаниш, тамасхур ва ё ҷазо додан дар ин марҳилаи ҳаёт, кӯдак таъсири бади равонӣ бардошта дар оянда ҳамчун шахси хиҷолатзада, тарсу, дамдузд ба воя мерасад.
Якравии кӯдак:
Якравӣ одатан хислати фарзандони эрка аст. Ҳамчунин, кӯдакон дар натиҷаи ҷангу ҷанҷолҳои пайваста дар оила, аз муносибати сарду беэҳтиромии падару модар нисбати якдигар, якраву худписанд мешаванд. Якравии кӯдакон як навъ вокуниши ҳимояи шахсияташон низ буда метавонад.
Ҷазо:
Мутахассисон ба падару модарон маслиҳат медиҳанд, ки кӯдакони хурдсолро ба ҳеҷ ваҷҳ ҷазои ҷисмонӣ надиҳанд. Зеро ҳар гуна ҷазои ҷисмонӣ ҳатман таъсири манфие ба ҳолати равонии кӯдак боқӣ мегузорад, ки кӯдак онро солҳо аз хотир намебарорад. Падару модарро лозим аст, ки фарзандонашонро бо меҳру навозиш ва тарбияи дурусту арзанда, ҳамчун шахсони бофарҳангу маданӣ бузург намоянд.
:.
Ҳуқуқ
28.02.2012 10:54
2663
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz