19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Ваколатдор: «ШИКОЯТ АЗ СУДҲО ЗИЁД, МУШКИЛИ ЗАНОН ҲАЛТАЛАБ АСТ»

– Мӯҳтарам Зариф Ализода, таъсиси институти миллии ваколатдори ҳуқуқи инсон, ки он ба сифати пурракунандаи фосилаи байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ эътироф ва бо унвони «Омбудсман» шинохта мешавад, миёни мардум интизориҳои зиёдеро ҳанӯз побарҷо медорад. Мегӯянд «Омбудсман» бояд нақши миёнҷии Ҳукумат ва шикояткунандаи алоҳидаро анҷом бидиҳад. Метавонед оиди рисолатҳои мақомот ва фаъолияти хеш чанд мисоли рӯшане аз оғоз то имрӯз биёред?
– Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст. Баҳри амалӣ намудани ин иқдом Қонун «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 4 апрели соли 2008 мавриди амал қарор дода шуда, дар асоси он 27 майи соли 2009 бо ризоияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис гардид ва аз он давра амалан ба кор шурӯъ кард.
Ин ниҳод механизми мавҷудаи ҳифзи ҳуқуқи инсонро (мақомоти суд, прокуратура, корҳои дохила ва дигарҳоро) иваз намекунад, баръакс онро пурра намуда, сохтори махсус дар масоили ҳуқуқи инсон мебошад.
Вазифаи асосии он назорати фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба риоя, таъмин ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таҳлили вазъи ҳуқуқи инсон бо мақсади ҳифзи ҳамаҷониба ва пешрафти он мебошад.
Дар масъалаи нақши миёнҷӣ доштани Ваколатдор Шумо дуруст қайд намудед, воқеан ҳам чунин аст.
– Перомуни пурра риоя нашудани ҳуқуқи инсон гуфтугузорҳои зиёде мавҷуданд, оё Шумо оиди вазъи ҳуқуқи инсон тафтишоте гузаронидаед? Ҳисоботе таҳия кардаед? Ё таҳқиқоте анҷом додаед, таҳлил ва ё ҳуҷҷати дигаре, ки таҳияи он аз вазоифи мустақими Омбудсман маҳсуб мегарданд, ба Президент ё Парлумон пешниҳод кардаед?
– Бояд зикр намоям, ки нақзи ҳуқуқи инсон ин проблемаи башарӣ аст. Ҳам дар давлатҳои пешрафта ва ҳам дар давлатҳои рӯ ба инкишоф ин масъала мавҷуд аст ва то андозае ба масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии ҷомеа ҳамбастагӣ дорад.

«Омбудсман». Ин мақом аввалин маротиба дар Шветсия соли 1809 арзи ҳастӣ намуда, баъдан бо номҳои гуногун ба дигар кишварҳои ҷаҳон паҳн гардид ва ин истилоҳ маънои мардеро дорад, ки дигаронро ҳифз менамояд.
Дар Тоҷикистон аввалин кӯшишҳои таъсиси институти ваколатдори ҳуқуқи инсон солҳои 1995-1996 сурат гирифт, вале бо дарназардошти омода набудани афкори ҷамъиятӣ, ин мақом таъсис наёфт. Баъдан, солҳои 1999 ва 2006 ду маротиба Конференсияҳои байналмилалӣ оид ба дурнамои таъсиси институти миллии ваколатдори ҳуқуқи инсон дар шаҳри Душанбе доир гардид, ки дар онҳо атрофи масъалаи зарурати бунёди чунин институт мубодилаи афкори иштирокдорони ин чорабиниҳои байналмилалӣ сурат гирифт.


Айни замон «Стратегияи фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2011-2015» таҳия ва тасдиқ шудааст, ки дар он оид ба таҳким ва пешрафти ҳуқуқи инсон дар мамлакат афзалиятҳо муайян шудаанд.
Ҳар сол мақомоти мо оид ба вазъи ҳуқуқи инсон дар мамлакат ва перомуни фаъолияти худ гузориш таҳия намуда, ба Президенти кишвар, Ҳукумат, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, судҳои Конститутсионӣ, Олӣ, Олии иқтисодӣ ва аҳли ҷомеа (тавассути ВАО) пешниҳод менамояд.
Соли 2011 чунин гузориш бо 58 тавсия оид ба таҳкиму пешрафти ҳуқуқи инсон дар мамлакат пешниҳод шудааст.
Дар 4 моҳи соли 2009 ва соли 2010 ба мақомоти мо 1543 шаҳрванд муроҷиат намуд. Бештари шикоятҳо ба мақомоти судӣ дахл доранд. Аз ҷумла, аз 444 муроҷиати хаттӣ 222-тои он нисбат ба ҳукму ҳалномаҳои судӣ мебошад.
Тибқи қонунгузории ҷорӣ, шаҳрванд бояд тамоми зинаҳои шикоятро гузашта, баъд ба мақомоти Ваколатдор муроҷиат намояд. Ба ин нигоҳ накарда, аз муроҷиатҳои хаттии воридшуда, тақрибан 10% ҳалли мусбати худро пайдо намуд.
– Додани машваратҳо ба мақомоти давлатӣ оид ба масъалаҳои риояи стандартҳои миллӣ ва байналмилалии ҳуқуқи инсон низ вазифаи ниҳодест, ки роҳбариашро Шумо бар дӯш доред, дар ин самт чӣ  амалҳое кардаед?
– Ҳамкории мо бисёрсамта мебошад. Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолият дар назди мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Шӯрои коршиносон аз ҳисоби намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва ВАО фаъолият менамояд. Ҳамчунин, дар самтҳои алоҳида гурӯҳҳои корӣ низ таъсис дода мешаванд. Машваратҳои мо дар дигар шаклҳо – мизҳои гирд, семинару конфронсҳо, таҳияи лоиҳаи қонунҳо, пешниҳодҳо оид ба такмили амалияи ҳуқуқтадбиқсозӣ низ сурат мегиранд.
– Мӯҳтарам Ализода,  пеш аз таъин шудан ба ин вазифа низ Шумо дар вазифаҳои калидии соҳаи ҳуқуқ ифои вазифа намудаед ва хуб медонед, ки камбуди маърифати ҳуқуқии ҷомеа мушкили ҷиддист, хоса  фаъолияти маърифатию  иттилоотӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба ҳар ду по мелангад,  дар ин самт чӣ нақшаҳо доред?

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ дар соли 2007 чунин ибрози андеша намуда буд: «Бо мақсади пурзӯр намудани фаъолият дар ин бахш ва густариши минбаъдаи раванди демократикунонии ҷомеа, инчунин баланд бардоштани сатҳи ҳимояи ҳуқуқи инсон, чунин мешуморам, ки дар мамлакатамон вақти ҳалли масъалаи таъсис додани институти миллии ваколатдори ҳуқуқи инсон расидааст».

– Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз масъалаҳои афзалиятноки стратегии фаъолияти ин мақомот аст. Дар ин самт корҳои зиёдеро бояд анҷом бидиҳем. Таҷриба нишон медиҳад, ки бинобар надонистани қонунҳо аксаран шаҳрвандоне, ба мо муроҷиат менамоянд, ки масоили онҳо ба салоҳияти мақомот дахл надорад. Аз ин рӯ, барномаи нави таълимӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2012-2016 таҳия шуд ва он ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод мегардад. Бояд зикр намоям, ки барнома бисёрсамта буда, тамоми қишрҳои ҷомеаро дар бар мегирад ва мақомоти зидахл вазифаҳои худро амалӣ хоҳанд кард. Ҳамчунин чандин мавод, буклет ва китобчаҳои «Ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон чӣ тавр бояд муроҷиат кард?» (ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ), «Қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ), Маҷмӯаи санадҳо оид ба фаъолияти Ваколатдор, Тафсири оммавӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Мониторинги ҳуқуқи шахсони аз озодӣ маҳрумшуда» ва ғайраҳоро ба нашр расонида, дар ҳамкорӣ бо телевизиони «Ҷаҳоннамо» барномаи «Ҳуқуқи шумо»-ро ба роҳ мондаем. Шурӯъ аз соли 2012 ба нақша гирифтем, ки бюллетени иттилоотӣ нашр намоем ва тариқи ройгон онро паҳн кунем. Дар оянда мақсад дорем, ки рӯзномае бо номи «Ҳуқуқи инсон» ба нашр расонем.
Аммо инҳо басанда нестанд. Таълиму ташвиқ дар соҳаи ҳуқуқи инсон бояд яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат бошад.
– Акнун мерасем сари масъалае, ки ҷомеа аз он интизориҳои зиёде дошту дорад, яъне қабул ва баррасии шикоят ва дархостҳои шаҳрвандоне, ки дар дигар ҷо ҳал нашудаанд, ки яке аз вазифаҳои асии Омбудсман маҳсуб мегарданд…
– Бале, баррасии муроҷиат, арзу шикоятҳои шаҳрвандон аз вазифаҳои ҷонии мост. Дар ин самт шароити зарурӣ низ муҳайё шудааст. Аз ҷумла, қабулгоҳи мақомот ҳамарӯза шаҳрвандонро қабул мекунад. Дастурамали махсус барои қабули муроҷиати шаҳрвандон таҳия ва тасдиқ шудааст. Ҳамчунин барномаи махсуси электронӣ дар дастгоҳи мақомот амалӣ мегардад, ки муроҷиати шаҳрвандонро коркард мекунад. Дар мақомот таснифот оид ба ҳуқуқи инсон тасдиқ шудааст, ки дар он вобаста ба самтҳои ҳуқуқи инсон, муроҷиати шаҳрвандон дохил карда шуда, то ба охир онҳо зери назорат гирифта мешаванд. Ҳармоҳа муроҷиати мардум мавриди таҳлил қарор ёфта, ҷамъбаст мегардад.
Соли рафта ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 567 муроҷиат, аз ҷумла 207 муроҷиати хаттии шаҳрвандон ворид шуд. Аз муроҷиатҳои хаттӣ 71 адад нисбати мақомоти судӣ, 13 адад нисбати мақомоти прокуратура, 16 адад нисбати мақомоти корҳои дохила, 10 адад нисбати мақомоти адлия ва ғайра мебошанд.
Ҳамон тавре ки дида мешавад, шаҳрвандон бештар (қариб 30%) аз ҳукму ҳалномаҳои судҳо шикоят доранд. Вобаста ба мазмуни муроҷиатҳо: оид ба моликият 28 адад; оид ба манзил 31 адад; оид ба таъминоти иҷтимоӣ 10 адад; ҳуқуқ ба ҳимоя 4 адад; ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ 3 адад; ҳуқуқи кӯдак 2 адад; ҳуқуқ ба таҳсил 3 адад ва дигарҳоро дар бар мегиранд.
Дар давоми соли сипаришуда бо мақсади иттилоотонии бештари ҷомеа ва беҳтар намудани дастрасии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, дар шаҳрҳои Турсунзода, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд ва ноҳияи Айнӣ қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор ифтитоҳ шуданд. Ҳамзамон тасмим гирифтем, ки соли ҷорӣ боз 4 Қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдорро дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ифтитоҳ намоем.
– То кадом андоза метавон аз мустақилият, аз мудохила накардани давлат ё Ҳукумат ҳангоми қабули қарорҳо дар ниҳоди мазкур ҳадс зад?

«Ин сохтор ҳамчун яке аз институтҳои демократӣ, бояд робита ва ҳамкории мақомоти давлатиро бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, боз ҳам тақвият диҳад».
(Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми соли 2007)


– Бояд қайд намоям, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо розигии Маҷлиси намояндагон аз ҷониби Президенти мамлакат ба мӯҳлати 5 сол таъин мегардад. Вале дар фаъолият он ба ягон мақомот тобеъ ва ҳисоботдиҳанда нест. Ва тӯли фаъолияти зиёда аз дусола ягон мақомот ва ё шахси мансабдор ба кори мо мудохила накардааст.
– Агар ин сохторро як навъ маҳаки тақвиятдиҳандаи назорати риояи ҳуқуқи инсон биномем, оё метавон умед баст, ки риояи ҳуқуқи инсон ва риояи адолати судӣ тақвият хоҳад ёфт? Агар не, Омбудсман, дар дидани чораҳо нисбати ниҳодҳои вайронкунандаи ҳуқуқи инсон ё ашхоси алоҳида чӣ салоҳият дорад?
– Тибқи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқие, ки дар мамлакат идома дорад, ҳалли аксарияти кулли баҳсҳо, дигар масоили шаҳрвандию маъмурӣ, ба салоҳияти судҳо вогузор шудаанд. Ва бисёр хуб қайд кардед, ки вазъи ҳифзи ҳуқуқи инсон бештар аз фаъолияти судяҳо вобаста аст. Дар ин самт бояд корҳои зиёде анҷом дода шаванд. Пеш аз ҳама такмили ихтисоси судяҳои ҷавон, ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ва қабули қарорҳои дахлдори пленумҳои судҳои олӣ оид ба татбиқи дурусти қонунҳо, фаъолияти бенуқсон ва муоширати хуби судяҳо ва кормандони суд бо муроҷиаткунандагон, баланд бардоштани сатҳи ҳимояи ҳуқуқӣ ва нақши адвокатура мебошад.
Аз фаъолияти босамари мақомоти судӣ ҳифз ва пешрафти ҳуқуқи инсон вобаста аст, зеро ҳифзи судӣ воситаи асосии таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва умуман адолату ҳақиқат мебошад.
Ваколатдор ҳуқуқ дорад барои ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ва ё ҷиноятӣ кашидани шахсони мансабдоре, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро вайрон мекунанд, ба мақомоти дахлдор муроҷиат намояд.
– Яке аз мушкилоти умдаи ҳуқуқии занон тақсими амвол ва ё соҳибмулк (маскун) кунонидани ҳамсар зимни ҷудошавӣ, масъалаи тақсими мерос ва ҳимояи ҳуқуқҳои духтарон аст. Оё ин ба вазифаҳои Омбудсман низ  рабт дорад? Агар рабт дорад, механизми муроҷиати бонувонро  дар ҳалли масоили хонаводагӣ ташреҳ медодед.
– Яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ин ҷудошавии ҳамсарон, тақсими амвол ва таъйини алимент ба фарзандони ноболиғ аст. Вобаста ба ин масъалаҳо дар Дастгоҳи мақомот корманди алоҳида сару кор дорад. Сол ба сол ҷудошавии ҳамсарон зиёд шуда истодааст. Қисме аз мардҳое, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, солҳои зиёд ба оилаҳояшон бар намегарданд, фарзандони ноболиғи худро нигоҳубин намекунанд, дар хориҷа оилаи нав барпо карда, алоқаи худро бо оилаи пешина мекананд. Аз ин рӯ, муроҷиати бонувон зиёд шуда истодааст. Судҳо масъалаҳои номбурдаро тариқи ғоибона (бе иштироки шавҳар) баррасӣ намуда, алимент таъин мекунанд. Аммо рӯёнидани алимент хеле мушкил аст, зеро суроғаи шавҳар муайян нест ва ё шавҳар кори доимӣ надорад. Дар вохӯриҳое, ки дар шаҳри Москва доштем, хусусан бо намояндагони Хадамоти консулгарӣ ва муҳоҷирати меҳнатии мо дар ин кишвар, таъкид шуд, ки ин мақомот дар ҳалли ин масъалаи муҳим кӯмак намоянд. Баъзе корҳо дар ин самт аз ҷониби ин мақомот аллакай оғоз шудааст ва онҳо то ҳадди имкон кӯмак менамоянд.
Масъалаи дигари нигаронкунанда ин маскун намудани собиқ ҳамсарон ба манзили истиқоматӣ мебошад. Оилаҳои ҷавон аз ҳам ҷудо шуда, талаб менамоянд, ки ба хонаи ҳамсари пешинаи худ маскун карда шаванд. Дар аксар ҳолатҳо собиқ шавҳарони онҳо манзили истиқоматии алоҳида надошта, дар хонаи падару модарашон истиқомат мекунанд. Ва тибқи қонунгузории амалкунанда ин бонувон ба ин хонаи истиқоматӣ маскун карда мешаванд. Маҳз аз ин ҷо ҷанҷолу кашмакашиҳо, ки дар баъзе ҳолатҳо ба оқибатҳои бисёр ногувор меоваранд, сар мезанад.
Масъалаи зикргардида мушкилиҳои зиёд дорад. Зеро дар баъзе мавридҳо баъди ҷудошавӣ бонувон бо якчанд фарзанди ноболиғ дар кӯча мемонанд. Зарур аст, ки роҳҳои ҳалли ин масъаларо ҷустуҷӯ кард ва дар Кодекси нави манзил, ки лоиҳаи он ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст, онро инъикос намуд.
– Вақте Омбудсман аз рӯйи рисолат фаъолият мекунад, мушкили ҷомеа кам мешавад. Агар чунин аст, масоили ҳалталаби ҳуқуқӣ аз назари Шумо кадомҳоянд?
– Тавре дар боло таъкид шуд, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мақомоти махсус дар соҳаи ҳуқуқи инсон мебошад. Аз ин ҷо таҳлили вазъи ҳуқуқи инсон дар мамлакат, таъмини ҳамкориҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, такмили қонунгузории соҳа, рушд ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ба ӯҳдаи ин мақомот мебошад.
Вобаста ба ин самтҳо мақомот ваколатдор аст, ки бидуни мавҷуд будани арзу шикоятҳо фаъолият намояд. Аз ин ҷо оид ба афзалиятҳое, ки дар Стратегияи мақомот муайян шудаанд, яъне гузаронидани санҷишҳо дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва муассисаҳои табобати маҷбурӣ, тавқифгоҳҳои нигоҳдории муваққатӣ ва тафтишотӣ, андешидани чораҳо барои мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқҳои гурӯҳҳои осебпазир (кӯдакон, занон, маъюбон ва дигарҳо), ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон корҳо анҷом дода, натиҷаи онҳо тавассути гузоришҳои ҳарсола ва махсуси мақомот ба самъи ҷомеа расонида мешавад.
Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон пайваста тадбирҳо меандешад, ки эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеа амалӣ гашта, арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон таъмин гардад.
– Ташаккур.
Мусоҳиб Ҳуриннисо Ализода
:.  Ҳуқуқ 22.02.2012 10:54 2737

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz