19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

РОҲБАР КИ ШУДӢ, ДИГАР БА КЕЛИНУ ДОМОДАТ ҶОЙ НЕСТ

Фаттоҳ Саидов, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия зимни суханронии хеш дар Парлумон қайд кард, ки яке аз асосҳои авлавиятдори мубориза бар зидди коррупсия бархӯрди манфиатҳои шахсӣ ва давлатӣ, роҳ надодан ба хешутаборчигӣ, маҳалгароӣ, пуштибонӣ, таъмини шаффофият дар фаъолияти шахсони мансабдор, кафолати ҳуқуқӣ ва ҳавасмандгардонии шахсоне, ки барои мубориза бар зидди коррупсия мусоидат менамоянд, инчунин ҳамкории давлат бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мебошад.

«Дар лоиҳаи қонун барои аз ҷониби шахсони мансабдор роҳ надодан ба унсурҳои хешутаборчигӣ ҳангоми иҷрои вазифаи худ, пас аз калимаи қудоҳо калимаи келинҳою домодҳо илова карда шудааст. Зеро келин ва домод ҳамчун шахси наздик маҳсуб мешаванд. Дар қонуни пештара мафҳуми қудоҳо буду келину домод набуд. Пас, вақте ки келину домод набошад, қудо аз куҷо пайдо мешавад», – гуфт Ф. Саидов.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, омилҳои хеш­та­бор­чигӣ, маҳалгароӣ ва пуштибонӣ боиси кос­та гардидани боварии мардум ба мақомоти давлатӣ гашта, он ба бархӯрди манфиатҳо мусоидат менамояд.

Саодат Амиршоева, вакили Маҷлиси намояндагон низ изҳор дошт, ки зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз байн бурдани баъзе мухолифатҳои қонун бо санаду қонунҳои ҷории кишвар ва талаботи Конвенсияи Соз­мони Миллали Муттаҳид мебошад.

Ёдрас мешавем, ки қонуни мазкур ҳанӯз 6 сол муқаддам, аниқтараш, 25 июли соли 2005, ҳамзамон бо санади барномавии «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» қабул гардида буд.

Саида Қурбонова

:.  Ҳуқуқ 05.12.2011 06:34 3380

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz