* Падар худро кушт
* Модар зиндонӣ мешавад
* Се кӯдаки бепарастор
Хонаводаи суннатии тоҷик гирифтори бӯҳрон гаштааст. Бӯҳрони ахлоқӣ, эҳтироми ҳамдигарӣ, таҳаммулпазирӣ, масъулият дар назди фарзанд ва аҳли ҷомеа.
Бисту якуми январи соли равон дар бинои Суди ноҳияи Бобоҷон Fафурови вилояти Суғд таҳти раёсати судя М.Азаматова мурофиаи додгоҳӣ бо иштироки сокини ҷамоати Хистеварзи ноҳияи ба номи Боҷон Fафуров модари се фарзанд Ҳодибоева Зебинисо Шарифбоевнаи 38-сола баргузор гардид. Додгоҳ ӯро тибқи моддаи 109, қисми 1-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расонидани шавҳар то худкушӣ гунаҳкор дониста, ба мӯҳлати се сол аз озодӣ бо адо кардани мӯҳлати ҷазо дар колонияи ислоҳотии низомаш умумӣ маҳкум намуд.
Баъд аз эълон шудани ҳукм вазъи саломатии маҳкумшуда бад гардида, баъди расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба шӯъбаи асаби Беморхонаи марказии ноҳия интиқол дода шуд. Алҳол З.Ҳодибоева таҳти муолиҷа қарор дорад.
Ҳамзамон, нисбати маҳкумшуда чораи пешгирӣ дар шакли навиштани забонхат дар бораи берун нарафтан аз маҳали истиқомати муваққатӣ (беморхона) то ба рӯзи қувваи қонунӣ гирифтани ҳукм, ки қаблан вуҷуд дошт, бетағйир мононда шуд.
Маҳкумшуда Зебинисо Ҳодибоева ва вакили мудофеъи ӯ Таҳмина Расулова бо ҳукми содиркардаи додгоҳ норозӣ буда, ба зинаи болоӣ шикояти касатсионӣ бурдаанд. Ба андешаи вакили мудофеъ ҳукми мазкур ғайриобъективона, яктарафа, ва беасос бароварда шудааст. «Дар ҷараёни мурофиа нишондоду далели шоҳидоне, ки бевосита дар толори суд иштирок доштанд, ба инобат гирифта нашуд. Ҳукми судӣ асосан бо нишондоди тарафи даъвогар асоснок карда шуда, далелу ваҷҳҳои пешниҳодкардаи мо ба инобат гирифта нашуд,- гуфт зимни як нишасти матбуотӣ Таҳмина Расулова.
Ҳодиса аз он шурӯъ мешавад, ки рӯзи 22 августи соли 2011 байни зану шавҳар муноқиша бармехезад. Абдуғаффор шавҳари Зебинисо Ҳодибоева баъд аз латукӯби ҳамсар ӯро бо духтараш аз хона ронда дарвозаро аз дарун маҳкам кардааст. Зебинисо дар ин бора тавассути телефони як раҳгузар ба волидайнаш хабар медиҳад. Баъдан ба раиси маҳалла Д.Воҳидов муроҷиат мекунад, то ӯ биёяду дар якҷоягӣ масъаларо ҳал амоянд. Раиси маҳалла бо сабаби беморӣ хоҳиш мекунад, ки зан ба милитсия муроҷиат кунад. Кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ҷамоати Хистеварз Неъмат Комилов ва Шароф Fаффоров ба ҷойи ҳодиса меоянд. Барои муайян кардани ҳолати кор зану шавҳарро гирифта ба идораи милитсия мебаранду баъди гирифтани баёнот онҳоро ҷавоб медиҳанд. Саҳарии 23-уми август, вақте шавҳари Зебинисо хоб буд, ӯ таҳдидомез ба фарзандонаш мегӯяд, ки «ҳоло барои аз ташхиси тиббӣ гузаштан мераваду баъд ба мақомот ариза навишта, шавҳарашро ҳабс менамояд». Баъди рафтани вай шавҳар арғамчинро гирифта, ба хонаи дигарӣ медарояду худро меовезад.
Судя баъдан дар ҷараёни суд ин суханони Зебинисоро чун «таҳдид» маънидод кард.
- Чунин парванда дар таҷрибаи даҳсолаи ман бори нахуст аст,- мегӯяд, ҳимоятчӣ Таҳмина Расулова. - Зеро маъмулан, то имрӯз бештар ба худкушӣ расонидани зан аз ҷониби шавҳар ба мушоҳида мерасид.
Бояд ёдовар шуд, ки Зебинисо Ҳодибоева бо Абдуғаффор Усмонов соли 1996 оила бунёд намуда, солҳои аввал зиндагии оромона доштанд. Вале баъдан миёнашон пайваста пархошҳо сурат мегирифтаасту кор бо латукӯб анҷом меёфтааст.
Соли 2010 Зебинисо мавриди латукӯби шавҳар қарор гирифта, дар беморхонаи марказӣ бистарӣ мешавад. Боре ба шӯъбаи корҳои дохила аз рафтори шавҳараш шикоят карда, баъд аз хоҳишу илтимоси шавҳар, аризаро дубора пас мегирад.
Дар баёноти хеш ҳангоми мурофиа гурӯҳе Абдуғаффорро бо пайваста арақ нӯшида, сипас нисбати занаш ва фарзандонаш шиканҷаро раво дидан гунаҳкор шумориданд. Мисол оварданд, ки писари ӯ Абдуғанӣ аз тарси ҷанҷолҳои пайвастаи падару модар ба лакнати забон гирифтор шуда, лаби духтарчааш Зайнура ҳам осеб бардоштааст. Вале ин ваҷҳҳоро маълумотномаи тиббӣ ва баёноти дигар шоҳидон рад кардааст.
Дар баёноте, ки хоҳарону, наздикони Абуғаффор додаанд, бародари онҳо як шахси оддие будааст, ки барои гузаронидани зиндагӣ ба касби мӯзадӯзӣ машғул будааст. Зебинисо баръакс пайваста шавҳарашро дашному ҳақорат намуда, шаъну шарафи ӯро дар назди кӯдакону пайвандон паст зада, таҳдид мекардааст, ки ӯро рӯзе ҳабс мекунад.
Шоҳидон арз доштанд, ки Абдуғаффор қабл аз ин ҳодиса солҳои 2002-юм ва 2004-ум низ ду маротиба азми худкушӣ кардааст, вале пайвандон сарвақт ба ҷойи ҳодиса расида, ӯро наҷот додаанд.
Маълум шуд, ки тайи понздаҳ соли зиндагии якҷояи ҳамсарон вазниниҳо зиёдеро аз сар гузаронидаанд, ки ҳама ин боиси заъифу ноустувор шудани пояҳои ахлоқи хонаводагӣ, сард шудани муносибати зану шавҳар, поймол шудани ҳуқуқи кӯдакон дар оила гардидаанд.
Назар ба андешаи ҳуқуқшиноси бахши хуҷандии Созмони ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» Сайфулло Эргашев падидаҳое, ки хушунатро дар оила ба вуҷуд меоваранд, гуногунанд. «Агар хушунати оилавӣ ва овардани шавҳарро то ба худкушӣ дар мисоли Зебинисо Ҳодибоева баррасӣ намоем, ин худ як ҳодисаи нонсенс ё худ бовар нокарданӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон аст. Шояд дар ҷомеаи мо ин гуна ҳолатҳо зиёд ҳам, ки набошанд, бошанд, аммо афсӯс, ки сари ин масъала ягон омори расмӣ вуҷуд надорад, ё дар ин мавзӯъ тафтишоте ҳам бурда нашудааст», - мегӯяд, С.Эргашев.
Яке аз сабабҳои зиёд шудани ҳолатҳои хушунат дар оиларо коршинос С.Эргашев дар амал таъмин нашудани баробарҳуқуқии зану мард медонад.
- Вақте дар мо як нафар (аксаран занон) дар оила дучори хушунат мегардаду ба мақомоти дахлдори давлатӣ барои кӯмак муроҷиат мекунад, ба таври лозим аз ҷониби онҳо ҳимоя намешавад, дастгириро эҳсос намесозад. Мақомот гунаҳкорро муайян намуда, ӯро муҷозот намекунанд. Ҷабрдидаҳо (аксаран занон) низ дар бештар маврид ба хотири ояндаи фарзандон бо маслиҳати хешовандон аризаҳои худро бозпас мегиранд. Дар аксари ҳолатҳо бо вуҷуди мавҷудияти ҷароҳатҳои сабуку миёна парванда боз намешавад. Аз рӯйи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон агар ҷароҳат сабуку миёна бошад, бо хоҳиши ҷониби ҷабрдида, мақомоти марбута парвандаро қатъ мекунанд. Мо соли чандум аст, ки интизори он ҳастем, ки Парлумон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди хушунат дар оила»-ро қабул мекунад. Аммо чаро баррасии ин қонун бисёр тӯл кашид.
Тилав Расулзода