19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҶУБРОНИ АЛИМЕНТ КАМ КАРДА ШУД

Аз ҷумла, Бахтиёр Худоёров, гуфт, ки: «Фоиз ё баҳраи ҷарима аз маблағи алимент, ки нафари муттаҳам бояд бисупорад, барои ҳар як рӯзи таъхир даҳ дар сад муқаррар шудааст, ки пардохти он ношуданист. Аз ин рӯ, ин фоиз аз 10 то ба сифру аз даҳ як дарсад коҳиш дода шуд. Татбиқ гардидани ҷаримаи аҳдшиканӣ ​​дар ҳаҷми даҳ фоиз назар ба қарзи асосӣ чандин маротиба зиёд мешавад, ки ҳолати алиментсупорандаро хеле вазнин мегардонад ва дар ниҳояти кор аз ӯ ситонидани ин миқдори ҷарима ба ҳақиқат мувофиқат намекунад.»

Ҳамчунин, тағйироти воридшуда ба қонуни оилаи Тоҷикистон минбаъд ба фарзандони донишҷӯи алиментсупорандаҳо новобаста аз онки онҳо дар кадом муассисаи таълимӣ:- давлатӣ ва ё ғайридавлатӣ таҳсил мекунанд ҳуқуқ дод, ки ҳаққи худро талаб кунанд. Дар ҳоле, ки дар қонуни қаблӣ ин ҳуқуқ танҳо барои донишҷӯёни муассисаҳои давлатӣ дода шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, ба қавли Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, тибқи ислоҳоти қонуни мазкур, акнун бобою бибӣ ё хешовандону пайвандони наздики кӯдак дар сурати набудани волидайн бояд ба таври расмӣ дар Мақомоти васояту парастории шаҳру навоҳии Тоҷикистон нигаҳбонии кӯдакро ба ӯҳда бигиранд.

Тавре Маҳмадалӣ Ватанов ба хабарнигорон гуфт: «То ҳол падару модарон, ки ба муддати беш аз се моҳ муҳоҷират мекунанд, дар бархе маворид фарзандони худро дар ихтиёри хешовандон дури худ мегузоранд. Аммо умдатан хешовандон ба тарбият ва таҳсили кӯдакони вогузоршуда чандон таваҷҷӯҳе накарда ва дар сурати иттифоқ афтодани ҳодиса ё мушкиле ба кӯдак худро масъул намедонанд.

:.  Ҳуқуқ 22.11.2011 05:11 2921

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz