19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

НИГАРОНИИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН АЗ ВАЗЪИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ

Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод, Шукурҷон Зуҳуров иброз дошт, ки мутаассифона, ҳафтаи охир расонаҳои хабарии Русия зимни пахши мавод дар бораи зиндонӣ шудани ду халабони ин кишвар дар Тоҷикистон иттилои нодуруст дода, бо ин роҳ заминаи эҷоди фишор ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русияро ба вуҷуд овардаанд.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин иброз намуд, ки баррасии парвандаи мазкур бо риояи тамоми меъёрҳои мурофиавӣ тавассути қонунгузории миллии кишвар ва ӯҳдадориҳои байналмилалии он анҷом шудааст.

Раиси Маҷлиси намояндагон супориш дод, ки бо ҳадафи баррасии вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар минтақаҳои гуногуни Русия аз ҳисоби вакилони ин мақоми олии қонунгузор як ҳайати кории вижа таъсис дода шавад. Ҳайати мазкур рӯзҳои наздик ба минтақаҳои кишвари Русия сафар карда, бо вазъияти кору зиндагии муҳоҷирони тоҷик аз наздик ошно хоҳанд шуд.

Шукурҷон Зуҳуров таъкид дошт, ки масъалаи мазкур дар маркази таваҷҷӯҳи роҳбарияти давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни изҳори андешаи худ дар ин замина кишвари Русияро бори дигар шарики асосӣ ва стратегии кишвари мо унвон карда, ба ҳалли мусолиматомези ин қазия таъкид кард.

Дар ин росто, роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ибрози умедворӣ менамояд, ки ин масъала бо  роҳи дипломатӣ ҳал шуда, ҳамаи нофаҳмиҳо аз миён бардошта хоҳанд шуд.

:.  Ҳуқуқ 21.11.2011 11:52 2762

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz