Амалиёти «Мадраса» ба хотири чист?
Соли дуввум аст, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ бо номи «Мадраса» аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амалиёти махсус баргузор мегардад. Имсол низ аз 1 то 31-уми май чунин амалиёт роҳандозӣ гардид, ки дар чаҳорчӯбаи он фаъолияти 58 мактаби хусусии динии хонагӣ қатъ карда шуд. Назар ба иттилои Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар чаҳорчӯбаи амалиёти «Мадраса» риояти қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» фаъолияти 8 мадраса, 95 масҷиди ҷомеъ ва 955 масҷиди панҷвақта мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зимни баргузории амалиёт фаъолияти ғайриқонунии 11 таълимгоҳи динӣ ошкор гардид. Нисбат ба ҳамаи мударрисоне, ки бо роҳи ғайриқонунӣ фаъолият намудаанд, парвандаҳои маъмурӣ тартиб ва ба додгоҳҳо ирсол шудааст.
Бар асоси иттилои сардори бахши кофтукови ҷиноии РКД-и вилояти Суғд, подполковник Илҳом Қосимов, ҳадаф аз баргузории амалиёт ошкор намудани таълимгоҳҳои ғайрирасмии исломӣ дар манзилҳои шахсӣ, ҷилавгирӣ аз ворид ва паҳни ғояҳои ҷараёнҳои динии ифротгарое чун «Салафия», «Ҷамоаи таблиғ» ва ғайра дар Тоҷикистон буд. Ҳамчунин тибқи қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» тамоми таълимоти динӣ бояд дар ҳудуди он муассисаҳои таълимии диние гузарад, ки расман дар мақомоти марбута сабти ном шудаанд. Барои таъсис додани макотиби хусусии тамоюли динидошта зарур аст иҷозатномаи Вазорати маориф ва ризоияти Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ гирифта шавад.
– Дар ҳоли ҳозир дар вилояти Суғд 9 мадраса фаъолият дорад, ки дар 5 адади он бахшҳои духтарона амал мекунанд, – иброз медорад раиси Кумита оид ба корҳои дин ва танзими расму оинҳои вилояти Суғд Мавҷуда Мирпочоева, – ҳамчунин қонун иҷоза медиҳад, ки дар назди масҷидҳои ҷомеъ гурӯҳҳои таълимӣ таъсис дода шаванд. Духтарон метавонанд ба онҳо шомил шуда, дарс биёмӯзанд.
Ифротгароёни фурсатталаб
Коршиносони маҳаллӣ иброз медоранд, ки дар ноҳияи Исфара, ки беш аз 230 ҳазор аҳолӣ дораду ба қавле, яке аз нуқтаҳои доғи кишвар дар мавриди теъдоди зиёди ифротгароёну тундгароён ба шумор меравад, то кунун мадрасаи се сол қабл аз фаъолият бозмонда, фаъол нашудааст.
Тобистони соли 2010 сокини Исфара Мухтасархон Мирамоноваи 24-сола (ҳамсари ҷияни собиқ сарвари Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон/Туркистон Тоҳир Юлдошев – Расул Охунов) зимни амалиёти мақомоти интизомӣ аввал муқобилияти сахт нишон дод ва сипас тавассути норинҷаки дар дасташ буда, худро тарконд. Шавҳараш Расул, ки бо номҳои мармузи «Мурод», «Бахтиёр» фаъолият мекард, зимни як даргирӣ миёни марзбонон ва хадамоти амниятии қирғиз ду сол қабл кушта шуд. Мисли Мухтасархон бонувони зиёде бо ҷурми ҳимоят аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароёна мавриди боздошт қарор гирифтаанд. Соҳибназарон мӯътақиданд, ки агар Мухтасархон аз «Қуръон» ва ҳадисҳои паямбар огаҳии дуруст медошт, ҳаргиз ба чунин иқдоми ношоиста – тарконидани худ даст намезад. Ҳоло ду тифлаки маъсуми ятими ӯ аз тарбия ва навозишҳои модару падар маҳруманд.
Манъи таҳсили динии ба истилоҳ «ҳуҷрагӣ» (хонаҳои шахсӣ) дар ҳолест, ки сиёсатшинос Илҳом Яъқубов изҳор медорад: «Аксари рӯҳониён ва диншиносони саршиноси кишвар нахустин дониши хешро маҳз дар ҳуҷраҳо фаро гирифтаанд. Онҳо бар хилофи дигар диндорон, домуллоҳои суннатии андозашинос ва мӯътадил ба шумор мераванд. Ҳамакнун бо манъи таълими кӯдакон дар назди домулло ва бибиотунҳо, яъне таълимгоҳҳои хусусии хонагӣ, одамон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то фарзандони худро ба муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар шомил созанд. Мақомоти кишвар бо манъсозиҳо халоеро дар фазои динии кишвар эҷод мекунанд, ки онро бо вуруди хеш идеяҳои ифротгароёнаи хориҷӣ пур месозанд. Акнун он кӯдакони аз ҳуҷраҳо рондашуда эҳтимол дорад ба макотиби ба таври пинҳонӣ фаъолияткунандаи «ҳизбуттаҳрир», «ҲИӮ/Т», «Салафия», «Ҷамоаи таблиғ» бипайванданд. Созмонҳои ифротӣ ҳам чунин фурсатҳоро бештар хуш доранд ва истифода мекунанд».
Дар миёни онҳое, ки дар манзилҳои хеш ба тадриси духтарон машғул шудаанд, чанд нафар бонувон, яъне бибиотунҳо низ буданд. Сокини ноҳияи Исфара Муҳайё Ҷӯраеваи 40-сола ба тадриси се нафар бону машғул буд. Мушкил дар он буд, ки ҳарчанд Муҳайё тадрису таълимро аз моҳи феврали соли 2011 шурӯъ карда буд, барои пешбурди фаъолияти хеш ҳанӯз иҷозатномаи мақомоти давлатиро ба даст наоварда буд.
Алтернатива куҷост?
Назар ба андешаи раиси бахши бонувони ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Зарафо Раҳмонӣ ба манфиати давлат аст, агар хатмкардагони Донишгоҳи исломии Тоҷикистон барои таълими асосҳои ислом дар мактабҳо ё муассисаҳои дигари таълимӣ ҷалб шаванд: «Бисёре аз хатмкардагони ин донишкада бекор нишастаанд. Фақат хоҳиш ва иродаи масъулин лозим асту бас. Ҳатто он муаллимоне, ки маълумоти динӣ надоранд, вале Қуръон ва илми таҷвидро бахубӣ медонанд, метавонанд дар назди ягон комиссияи бонуфузу босалоҳият имтиҳон бисупоранд ва ба тадриси хоҳишмандон бипардозанд. Зеро бо манъ кардани таълиму бастани дари таълимгоҳҳои хонагӣ масъала ҳал намешавад. Вақте алтернатива нест, хеле бад аст». Раиси ҲНИТ дар Исфара Абдусаттор Бобоев мегӯяд, ки манъи таълими ислом дар назди домулло ва бибиотунҳо барои ҷомеа шояд натиҷаҳои хуб ба бор наоварад. Ҳафизамо Содиқова, масъули бахши бонувони ҲНИТ дар Суғд бошад, фаро гирифтани Қуръонро аз ҷониби бонувони тоҷик танҳо ба манфиати ҷомеа медонад: «Ҳоло мардҳо, ки ҳама дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранду бори тарбия асосан ба дӯши зан аст, донистани Қуръон ба онҳо дар фарқ намудани ба истилоҳ, ҳалол аз ҳаром кӯмак мекунад».
Вақти аз ҷузъ ба кулл пайвастан
– Инсони бомаърифат ва худогоҳ дар ҳама давру замон новобаста аз ҷинсу нажод мавқеи хоса дорад, – таъкид мекунад Раиси Кумитаи занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Раъно Бобоҷонова. – Зери мафҳуми «маърифат» ман донишҳои дунявӣ, бохабарӣ аз шариат, маданияту зебопарастиро дар назар дорам. Донистан ва аз рӯйи он амал кардан ба ҳамдигар вобастагии пурра дорад. Донишҳои дунявӣ ҳамчунин маънии дар доираи қонунҳои ҷорӣ амал карданро низ дорад. Агар ҳуҷранишинии духтарон дар назди бибиотунҳо чунин имконияти донишандӯзиро дошта бошад, хуб аст. Таҷриба ва мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки мутаассифона, чунин нест. Аввалан, аксарияти онҳое, ки дар ҳуҷраҳои худ дарс медиҳанд, иҷозатномаи Вазорати маориф ва Кумитаи динро барои фаъолияти дарсомӯзӣ надоранд. Сониян, барномаи таълимии онҳо чиро дарбар мегирад, номаълум мемонад ва натиҷа ба чӣ оварда мерасонад, нигаронкунанда аст.
Ҳамчунин ба назари Раъно Бобоҷонова: – агар мақсад танҳо дониши исломӣ андӯхтан бошад, пас мадрасаҳои расмӣ фаъолият доранд. Ман худ шоҳид ҳастам, ки духтарони дар мадрасаи шаҳри Душанбе таҳсилкарда фаъол ва дар роҳи ҳимояи ҳуқуқҳои хеш талош доранд. Бо имомхатибон озодона баҳс мекарданд, муқобили бисёрзанӣ ҳарф мезаданд, аз технологияи муосир истифода мекарданд. Кунун вазъи таърихӣ дигар шудааст ва вақти аз ҷузъ ба кулл пайвастан, аз ҳуҷра берун омада ҷаҳон омӯхтану ҷаҳон дидан аст ва мо бояд духтаронро ба ин самт равона созем, – гуфт ӯ.
Соҳибназарон мӯътақиданд, ки истифода аз шеваҳои қудратию хушунатомез наметавонад роҳи ҳалли раванди босуръати ба ислом гаравидани духтарону бонувон гардад. Масъулонро лозим аст, то сабабҳо ва ангезаҳои чунин майлу гаравишро ба омӯзиши аркони ислом биёмӯзанд ва барномаи фарогиреро барои ҳаллу фасли ин қазия таҳияву роҳандозӣ намоянд.
Тилав Расулзода