Соҳибназарон бар онанд, ки инсон ҳар дараҷа дар зинаҳои маърифат боло рафт, он қадр масъулияти қазоват дар додгоҳро, ки меъёри таъинкунандаи мизони адлу зулм дар ҷамъият маҳсуб меёбад, бештару зиёдатар дарк мекунад. Тасвири вақт Раиси суди вилояти Хатлон дастоварду комёбиҳои касбӣ ва ҷойгоҳи хосаи ҷумла бонувони тоҷикро дар арсаи сиёсат самараи даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон медонад, ки ин санаи барои миллат тақдирсоз баробари барқарории адолати таърихӣ ва эҳёи навини миллату давлатдории тоҷикон дар умури идоракунии давлат ҷойгоҳи шоистаеро барои занон муайян намудааст.
Ба гуфтаи аз тарафи ҳайати Шӯрои Аврупо оид ба робитаҳои байналхалқӣ эътироф кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – ҳамчун «Пешвои асри 21» нишон аз нақши ин абармарди миллат дар пойдории Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва густариши давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад.
Тӯли даврони соҳибистиқлолии давлатии Тоҷикистон дар партави сиёсати Президент оид ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа падидаҳое мисли Муҳаббат Азизова рӯйи кор омадаанд, ки аз ҳузури онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда ҷамъият бурду ифтихор дорад.
Саргузашти ҷавонӣ
Бону Муҳаббат ҳанӯз аз овони наврасӣ пайроҳаи тайнамудаи падари ҳуқуқшиносаш шодравон Абдуқаҳҳор Азизовро интихоб мекунад. «Шодравон корманди прокуратура, ки буданд, масъалаҳои оилавиро ҳам бисёр одилона ҳал мекарданд, – падарашро ба ёд меорад ӯ. Ман бовар мекардам, ки ҳамаи кормандони мақомот мисли падарам мебошанд. Падар идеали ман дар зиндагӣ буду орзу мекардам мисли ӯ ҳуқуқшинос шавам. Ҳамин тавр, баъди хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти касбиро аз маслиҳатхонаи ҳуқуқии шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз кардам. То замони раиси суди вилояти Хатлон таъин шудан дар вазифаҳои судяи суди вилояти Хатлон ва шаҳри Қӯрғонтеппа, раиси суди ноҳияи Колхозобод (имрӯз ноҳияи ба номи Ҷ. Румӣ) кор кардам».
Ҳақиқат фарозанда аст
Албатта, кор дар сохтори судӣ барои зан- модар, ки табиатан дилсӯзу меҳрубон аст, мушкилӣ ҳам дорад. Зеро суд тақдири инсонро ҳал мекунад. Бону Муҳаббат иқрор мешавад, ки пеш аз баровардани ҳалнома ё ҳукми судӣ ӯро эҳсоси мушкили масъулиятшиносӣ фаро мегирад. Зеро дар пояи ҳукму ҳалномаҳои судӣ, ки аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мешаванд, метавонад эътимоди инсонҳоро нисбат ба адолати судӣ ва ҳокимияти давлатӣ афзун ё баръакс, коҳиш диҳад.
Ҳақиқат фарозандаи обрӯю эътибори инсон буда, раҳнаварди роҳи ҳақро ба Худо наздик мекунад. Судя бояд ба мақсаду мароме кору зиндагӣ кунад, ки боварии халқро арзанда бигардад.
Ба суоли мабодо ҳукми ноодилонае содир гардад, замонати умри ҳукмгирифта бештар бар дӯши кӣ меафтад, мусоҳиби мо мегӯяд: «Судя дар асоси далелу арқоми баҳсу мунозираҳо миёни айбдоркунандаи давлатӣ ва ҳимоятчӣ хулосабарорӣ намуда, ҳукм ё ҳалномаи худро мебарорад. Аммо баҳои асосиро судя медиҳад. Ҳакамон, ки ҳалнома ва ҳукмҳои судиро аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебароранд, дар мурофиаҳои судӣ масъулияти бузургро бар дӯш доранд».
Имрӯзҳо дар шохаи судии ҳокимияти давлатӣ
79 нафар бонувон дар сатҳи роҳбарӣ ифои вазифа доранд:
• 1 нафар муовини аввали раиси Суди олӣ;
• 2 нафар раисони коллегияи Суди олӣ;
• 7 нафар раиси судҳои шаҳру навоҳӣ;
• 4 нафар муовини раиси судҳо.
Дигаргуниҳои судӣ
Бинобар гуфтаи Муҳаббат Азизова: «Доимо такмил додани ҳокимияти судӣ ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи Роҳбари давлат қарор дорад. Дар баробари қабули қонунҳои нав ва тағйирот ба қонунҳои мавҷуда, ҳамчунин давра ба давра музди маоши кормандони сохтор зиёд карда мешаванд. Аз ҷумла аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ 100% баланд бардоштани маоши кормандони мақомот дар таҳкими мустақилияти судҳо ва шаффофият дар кори онҳо бояд нақши муҳим бозад. Зеро яке аз омилҳои асосии мустақилияти судҳо ва шаффофияти кори онҳо зимни амалӣ кардани адолати судӣ вобастагӣ надоштани онҳо аз дигарон мебошад».
Муҳаббат ба ваколати судҳо вогузор кардани ҳабси пешакии гумонбаршудагонро истеҳкоми адлу андешаи одил дар ҳифзи ҳуқуқҳои инсон арзёбӣ мекунад.Ӯ мегӯяд, ки тартиби ба ҳабс гирифтан тавассути мақомоти судӣ инсонҳоро бовар мебахшад, ки ба ҳабс гирифтани гумонбаршудагон одилона сурат мегирад. Бечунучаро тартиби ба ҳабси пешакӣ гирифтан тариқи қарори судҳо волоияти қонун ва адолати иҷтимоиро барои шаҳрвандон таъмин мекунад.
Андешаҳои ислоҳотпарастии Муҳаббат
Ба андешаи Муҳаббат Азизова, барои аз ҷониби халқ довари одил эътироф шудан, судя мебояд, ки дар баробари дониши мукаммал доштан, таҷрибаи хуби касбӣ низ пайдо кунад. Ӯ пешниҳод дорад, ки таъини судяҳо, ки аз синни 25 солагӣ оғоз мешавад, бояд боло бардошта шавад. Мутобиқи моддаи 85 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои судяҳо, Суди олӣ, Суди олии иқтисодӣ, Суди ВМКБ, судяҳои шаҳру вилоятҳо ҳуқуқшиносоне таъин ва интихоб мешаванд, ки синну соли онҳо аз 30 кам ва аз 65 зиёд набошад ва ҳадди аққал 5 сол таҷрибаи кори судягӣ дошта бошанд. Ба вазифаҳои суди шаҳру ноҳияҳо, суди ҳарбӣ, суди иқтисодӣ, суди ВМКБ ва суди шаҳри Душанбе ҳуқуқшиносоне таъин карда мешаванд, ки синну солашон аз 25 кам ва аз 65 зиёд набошад. Ҳадди аққал 3 соли таҷрибаи кор дар мақомотро дошта бошанд. Ҳамсӯҳбати мо оид ба қисми ҳошияи дуввуми моддаи мазкур чунин пешниҳод дорад, ки дар синни 25-солагӣ судя таъин шудан барои ҳуқуқшиносон синни хеле ҷавон аст. Бояд синну сол аз 30 боло бошад. Ба судяҳои вилоят бошад, кадрҳое таъин шаванд, ки синну солашон аз 35 боло бошад. Зеро барои чунин вазифаҳои масъулро ба ӯҳда гирифтан, кадрҳо бояд таҷрибаи бештар дар кору зиндагӣ дошта бошанд.
Ба таъкиди ӯ бояд бозомӯзии шаҳрвандон дар самти донистани қонунҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо дурусттар ба роҳ монда шавад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд аз тамоми қонунҳои ба тозагӣ ба тавсибрасида ва тағйироту иловаҳо дар қонунҳо сари вақт огоҳ бошанд. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти судяҳо ин баргузории чорабиниҳои воқифгардони байни шаҳрвандон мебошад. Судяи ҳақиқӣ як нишондоди фаъолияти касбии худро бояд аз ҳамин зовия баҳогузорӣ намояд, – мегӯяд ӯ.
Муҳаббат ва мушкилот
Муҳаббатро сатҳи пасти дониши ҳуқуқии табақаҳои гуногуни ҷомеа ба ташвиш овардааст. Мушкили мардум ин надонистани қонунҳо аз ҷониби худи шаҳрвандон мебошад. Бояд дар самти расмикунонии никоҳ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карда шавад. Зеро дар мавриди баҳси амвол оилаҳое ки расман ҳолати шаҳрвандии худро ба қайд нагирифтаанд, ба мушкилиҳо дучор мешаванд.
БОНУВОНИ ТОҶИКИСТОН
Минбаре, ки 5 сол боз…
… ба хотири ҳаёту фаъолияти омӯхтаниашон аз занони шинохтаи олам иттилоъ медиҳад.
… бонуи тоҷикро ба оламиён муаррифӣ месозад.
… барои рушди кишвар, хештаншиносии миллат, пойдориву устувории Истиқлол, Сулҳ, Ваҳдат, дилшодии занону ободии хонадонашон аз ҷону дил мекӯшад.
Муҳаббат ва ҷомеа
Азбаски Муҳаббат Азизова хоҳиши сӯҳбат атрофи ҳаёти шахсӣ надошт, мо тасмим гирифтем, ки дар бораи шахсияти ӯ аз дигарон пурсон шавем. Инак, як зумра шахсиятҳои касбу кори гуногун ба саволи судяи №1 Хатлонро чӣ гуна мешиносед, чунин посух доданд:
Темур Боев, раиси суди шаҳри Қӯрғонтеппа: Бо Муҳаббат Азизова ҳанӯз аз замони судяи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ буданашон шиносоӣ дорам. Дар ин сатҳ бар камол расидани як бонуи тоҷик самараи ҳамин сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа мебошад. Бешубҳа, Муҳаббат дастоварди кадрӣ дар соҳаи судии натанҳо вилоят, балки ҷумҳурӣ мебошад. Ӯ намунаи як зани солеҳаи тоҷик аст, ки мо аз ӯ ифтихор дорем.
Бедилҷон Одинаев, сардори раёсати адлияи вилояти Хатлон – мушовири давлатии адлияи дараҷаи севвум: Ӯро ба ҳайси беҳтарин ҳуқуқшинос ва як зан-модари ҳалиму меҳрубон, дорои тамоми хислатҳои ҳамидаи инсонӣ мешиносам. Баъзан шаҳрвандон мушкилиҳое пайдо мекунанд, ки ҳалли он ҳам аз судяҳо ва ҳам аз кормандони сохтори адлия вобастагӣ дорад. Ман борҳо аз шаҳрвандони оддӣ шунидаам, ки мегӯянд: Муҳаббат Азизова ба қадри инсонҳо мерасад. Агар боре бо ӯ ҳамсӯҳбат шуда бошед, маънии гуфтаҳои маро дуруст дарк мекунед.
Афзалалӣ Иззатов, муовини прокурори вилояти Хатлон: Муҳаббат Азизоваро ҳанӯз аз замоне, ки баъди хатми донишгоҳ ба маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ ба кор омада буд, мешиносам. Ҳамон давра роҳбарони идора ва кормандони соҳибтаҷрибаи дигар сохторҳои марбут ӯро таъриф мекарданд, ки донишу малакаи хубу ояндаи дурахшон дорад. Бону Муҳаббат воқеан ҳам як инсони адолатпарвар аст. Ӯ дар роҳи ҳақиқат ба камоли инсонӣ расидааст.
Ҷамолиддин Сайфиддинов