• Иди Истиқлолро ба Шумо табрик мегӯем. Ба унвони раиси фраксияи ҲХДТ дар Парлумони кишвар нахустин бор бонуе интихоб гаштааст, ки хеле барои мо ифтихор аст. Аз хамин мавқеъ ширкати занонро дар сиёсат чӣ тавр арзёбӣ мекунед? Бурду бохти ин масъала?
– Ташаккур. Масъалаи иштироки занон дар сиёсат имрӯз воқеан ҳам яке аз мавзӯъҳое гаштааст, ки атрофи он бисёр гуфтугузорҳо сурат мегиранд. Доираҳое сатҳи фаъолияти сиёсии занонро мусбӣ ва гурӯҳе онро ғайриқаноатбахш арзёбӣ мекунанд. Ман ба ин масъала аз нуқтаи назари илмӣ - сиёсӣ баҳо дода гуфтаниям, ки фаъолгардонии занон дар сиёсат ин раванд аст, ки ба ин арсаи пурталотум боз як субъекти муносибатҳои сиёсиро ворид месозад. Аз ин рӯ, ҳама гуна раванд оғоз, марҳилаи рушд, болоравӣ ва боз пастравии худро дорад. Заминагузори оғози ин раванд бечунучаро Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан ба қувваи созандаи зани тоҷик эътимоди комил доштанд ва бо ташаббуси шахсии худ тавассути қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ кӯшиш намуданд фазои мусоидро баҳри ҷалби ҳарчи бештари занон ба ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷомеа фароҳам оваранд. Таҳлили имрӯзаи фаъолияти занон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, мавқеи онҳо нисбат ба равандҳои ҷомеа ва нақши онҳо дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии кишвар шаҳодат аз он медиҳад, ки мо айни ҳол мунтазам ба марҳилаи рушд рафта истодаем. Муҳимтарин омиле, ки минбаъд низ метавонад рушди ин равандро таъмин намояд, ин болоравии масъулият ва талоши худи занон мебошад, ки имрӯз, хушбахтона, ин баръало эҳсос карда мешавад.
• Аз таҷрибаи ду давраи вакилӣ гуфта метавонед, ки намояндаҳои ҳизби Шумо бо чӣ фарқ аз дигар вакилон дар эҷоди қонун саҳм доранд?
– Аслан ман байни ҳизбҳо тафриқа гузоштанӣ нестам, зеро тайи ин ду даъват дар парлумон байни ҳизбҳои сиёсӣ муносибатҳои хуби корӣ ва ҳамкории самарабахш ба роҳ монда шудааст, ки дар ин кор саҳми роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бениҳоят калон аст.
Яке аз нишонаҳои амиқи чунин ҳамкорӣ ин таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо аз ҷониби вакилони ҳизбҳои гуногун мебошад.
Нисбати фаъолияти вакилони ҲХДТ гуфтанӣ ҳастам, ки таҳлили фаъолияти аъзои фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши онҳо дар амалинамоии Барномаи пешазинтихоботии ҳизб собит сохт, ки имрӯз ҳар як узви фраксия фаъолона аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ истифода бурдааст. Ман имрӯз метавонам бо сарбаландӣ дар ин раванд фаъолияти густурдаи занонро қайд намоям, ки тайи якуним соли сипаришуда аз се то ҳафт лоиҳаи қонунҳои мукаммал ва тағйиру иловаҳоро ба қонунҳои амалкунанда пешниҳод намуданд, ки аксарияти онҳо мавриди қабул қарор гирифта, қисми дигарашон дар марҳилаҳои гуногуни баррасӣ қарор доранд.
• Агар ҳамин гуна савол бигузорем, ки Истиқлолият ва парлумон, чӣ мешавад гуфт?
– Бешубҳа метавон гуфт, ки Парлумон ин худ самараи истиқлол аст. Бинобар ин, вақте ки мо истиқлолият мегӯем, бояд донем, ки истиқлолияти давлатӣ ин пеш аз ҳама ҳастии мо ҳамчун давлати миллист. Яъне чун мо соҳибистиқлол гаштем, дигар кишварҳои олам моро ҳамчун давлат шинохтанд ва эътироф карданд. Бинобар ин, метавон гуфт, ки истиклолият ин имконияти мусоиди таърихӣ ва иҷтимоию сиёсӣ баҳри рушди мусоид, муайян намудани арзишҳое, ки таҳкимбахши равандҳои созанда ва интихоби шакли идораи давлатӣ ҳастанд, мебошад.
Дар ин робита Парлумон низ самараи соҳибистиқлолӣ буда, зарурати таъсиси онро равандҳои иҷтимоию сиёсии кишвар ва рушди босуботи он пеш гузоштанд. Бинобар ин ҳамчун шохаи қонунгузори ҳокимият парлумони касбии кишвар тайи солҳои фаъолияташ тавонист нақши бевоситаи худро дар рушди кишвар тавассути бунёди заминаи меъёрии ҳуқуқии ҷомеа гузорад.
• Мо чанд нафар вакиле дорем, ки ба иборае «қаҳрамони матбуот» ҳастанд. Яъне, садои онҳоро фаротар аз долонҳои Парлумон мешунаванд. Аммо аз ҳисоби вакилбонувон чунин қаҳрамонҳоро кам дорем, агар Шумо ва як-ду нафари дигарро истисно кунем, чаро чунин аст?
– Ман фикр мекунам, ки вакилзанони мо бо тамоми воситаҳои ахбори омма робитаи хуб доранд. Зеро таҳлили фаъолияти яксола нишон дод, ки ҳар як вакил вобаста ба масъалаҳои ба салоҳияти кумитаҳояш дахлдор дар воситаҳои гуногуни ахбори омма баромадҳо намудаанд. Ман боварӣ дорам, ки агар журналистон ба вакилзанон муроҷиат намоянд, албатта, ба саволҳояшон посух медиҳанд.
БОНУВОН ДАР ПАРЛУМОН ВА МАҶЛИСҲОИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
· 5 нафар узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
· 12 нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
· 517 нафар вакилони маҷлисҳои халқи шаҳру ноҳияҳо интихоб гардидаанд.
• Шумо як чеҳраи шинохтаи ҳизбӣ ҳастед. Вале аҳзоби дигари мо чеҳраҳои фаъолро аз миёни бонувон надоранд. Манзур чеҳраҳои матраҳ. Чӣ иллат вуҷуд дорад?
– Ман фикр мекунам, ки имрӯз дар ҳар як ҳизби сиёсӣ чеҳраҳои фаъол аз миёни бонувон хеле зиёданд. Инро маъракаи интихоботи гузашта собит сохт ва маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» низ иқдоми наҷиберо баҳри муаррифии онҳо пеш гирифта буд. Ба ақидаи ман, имрӯз мушкилӣ сари дигар чиз аст: занонро дастгирӣ кардани роҳбарияти ҳизбҳо камтар эҳсос мегардад.
• Метавонед аз ҷиддитарин иқдом ва ё амали анҷомдодаи худ ба ҳайси як вакил ибрози андеша кунед?
– Медонед, ҳар нафар меъёри баҳодиҳии шахсии худро дорад. Агар росташро гӯям, ҳамчун вакил ман то ҳол аз фаъолияти худ қаноатманд нестам. Агар амале ба ҷо оварда бошам, онро ҳамчун иҷрои вазифаи худ мешуморам.
• Агар суханронии Шумо ба унвони: «Зан ва истиқлолият» ҷое баргузор гардад, чӣ мегуфтед?
– Мегуфтам, истиқлолият ба зани тоҷик соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ эҳдо намуда, аз ӯ талаб намуд то фаъолона ба маҷрои созандагии кишвараш ворид гашта, хушбахтии хеш ва фарзандонашро бо дасти худ бисозад. Эҳсоси ватандорию ифтихори миллии худро соҳиб бошад, нишон диҳад, ки дар масъулиятшиносӣ ӯ аз мард кам нест.
БОНУВОНИ ТОҶИКИСТОН
Минбаре, ки 5 сол боз…
… дар дили даҳҳо ҳазор хонандагонаш бовар ва азму талош барои ояндаи арзандаро ҷо месозад.
… ба занон сиёсату сиёсатмадорӣ, ба модарон тарбияи хушрӯзгорӣ, ба масъулин воҷибии ҳалли масоили рӯзгори ҷомеа, ба шавҳарон эҳтироми занон ва ба худи бонувон хештаншиносиро тарғиб мекунад.
… аз пирон панди рӯзгор ва аз ҷавонон ояндасозӣ таманно дорад.
• Аз таърихи «шинохта» шуданатон барои бонувон ёдовар мешудед, шояд насли ҷавон бо таъсири он ҳаваси илм ё қонунгузорӣ кунад?
– Аслан ман худро ҳанӯз «шинохта» намеҳисобам, барои шинохта шудан ҳоло ба мардум хизмат карданам лозим аст. Дар бораи фаъолияти илмӣ бошад, ҳаминро гуфтаниям, ки талоши омӯхтан ҳанӯз аз хурдӣ дар вуҷудам ҷой дошт ва пайваста меомӯхтам, меомӯзам ва хоҳам омӯхт. Ба насли ҷавон муроҷиат карда гуфтаниям, ки омӯзиши илм дар назди онҳо имкониятҳоеро фароҳам меоварад, ки ҳатто худашон чашмдор нестанд. Бинобар ин, пайваста омӯзанд ва дониши худро то ба беохир сайқал бидиҳанд.
• Миёни бонувони қонунгузор нафаре ҳастед, ки баробари фаъолияти густурда, дар ҳамин давра аз таваллуди фарзанд худдорӣ накардед. На чун қонунгузор ва олима – Хидирова, балки ҳамчун модар – Махфират чӣ андешаҳо доред?
– Ҳамчун модар, пеш аз ҳама орзуи тинҷию оромӣ ва осудагии кишварро дорам. Сипас пайваста кӯшиш менамоям, ки дар тарбияи фарзанд ба хатое роҳ надиҳам ва фарзандонамро дар рӯҳияи садоқат ба Ватан ва мардуми худ тарбия намоям. Мушкилтарин вазифа ҳам барои ман маҳз ҳамин вазифа, яъне вазифаи модарист.
Мусоҳиб Ҳ. ЮСУФӣ