Ӯ бо пайкори арзишманд ва тоҷиконаи худ қаҳрамони солҳо ва садаҳо барои наслҳои баъдӣ боқӣ мемонад ва бори дигар наҳваи куштори ӯ собит мекунад, ки ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва таъмингарони адолатҳои иҷтимоӣ, аслан саргарми аъмоле болотар аз инсондӯстӣ ва демокросӣ ҳастанд, ки дар ҳамин ҷомаи зебо симо ва намои аслии худро пинҳон дошта, ҷилва медиҳанд. Масъуд як қаҳрамонӣ миллӣ, қаҳрамони сулҳ ва як муборизи роҳи адолат алайҳи ғосибон ва ҳукуматҳои қудратхоҳи вақт буд. Ҷанг ва муборизаҳои мусаллаҳонаи ӯ ба хотири таъмини ҳуқуқи одии инсонии ҳамиллатон ва амну сулҳи кишвараш буд. Мантиқи аслии ҷанги худро хеле дақиқ хулоса карда буд: «Ман ба хотири Ислом, ин дини инсонсоз, ба хотири сулҳ ва озодӣ, ба хотири раҳоиҳои инсон аз чанголи истеъмор ба ҳар шакле, ки бошад ҷангидаам ва меҷангам» (Аз китоби «Марди устувор»). Ӯ як муборизи роҳи озодӣ ва ғурури миллӣ буд, ки бо ин амалаш собит кард, ки тоҷикон ҳамеша дар гузори таърих ба ҳеҷ навъе аз тарруз ва таҷовуз сар пойин накардаанд ва агар ҳам карда бошанд, барои муваққат будааст. Мисле, ки худ қоил шуда буд: «Мо барои озодӣ меразмем. Барои назистан дар зери чатри бардагӣ меразмем, ки пасттарин навъи зиндагист. Барои ҳаёти модӣ ҳама чиз метавон дошт: об, нон, маскан. Вале агар озодии мо барбод рафт, агар ғурури миллии мо дарҳам шикаста шуд ва агар истиқлоли мо нобуд гашт, дар он сурат зиндагӣ барои мо кӯчактарин лаззат ва арзише нахоҳад дошт» («Марди устувор»). Аҳмадшоҳ Масъуд дидгоҳҳо ва назариёти худро вобаста ба мушкил ва равандҳои замони худ дар сӯҳбату суханрониҳояш матраҳ карда буд, ки ҳамагӣ дуруст ва мантиқиву илмӣ буданд. Мо ҳам дар ин матлаб хостори дидгоҳҳои Масъуд нисбат ба зан шудем ва ин дидгоҳҳо аз китобу маҷмӯаъҳои сӯҳбату суханрониҳои ин шаҳиди ҷодаи истиқлол таҳия шудаанд. Ин ҳам ба хотире, ки дар ҷомеаҳои мудаии озодии инсон ва ҳуқуқҳои зан режими Масъуд як режими шадид ва хушунатборе дар умури занон тарсим мешуд.
«Занон ниме аз пайкараи ҷомеаи башарӣ ҳастанд. Дар ҷомеаи маданӣ ҳақ ва ҳуқуқе доранд. Занони кишвар дар даврони ҷиҳод дӯшодӯши мо дар саҳна истода буданд, фидокориҳо карданд. Ман дар даврони ҷиҳод занони зиёдеро дидам, ки корҳои бузургеро кардаанд, хеле хотираҳо аз занони фидокор ба хотир дорам, ки дар шароити сахт, зери бамбабориниҳои душман ба мо нон мепухтанд, ҷонфишонӣ мекарданд. Мо мухолифи бозгушоии макотиби духтарон нестем» («Марди устувор»).
«Пеши мо зану мард ҳар дуяш аз нуқтаи инсонӣ арзиши баробар доранд. Ҳеҷ якро нисбат ба дигар бартарӣ нест. Дар оянда занҳо метавонанд таҳсил кунанд, метавонанд дар корҳои иҷтимоӣ саҳм бигиранд, метавонанд, ки дар интихоботи оянда дар таъйини нави режим ё раъй бидиҳанд ва ё ки худро кондид (номзад) бикунанд» («Дидгоҳҳои Аҳмадшоҳ Масъуд»).
«Аз назари ислом, иштироки занон дар интихобот мамнӯъ намебошад ва мо ҳам аз он пайравӣ намуда мухолифи он намебошем. Аммо дар шароити феълӣ дар дохили Афғонистон замина барои ширкати занон дар интихобот мусоид нест» («Марди устувор», баргирифта аз як мусоҳибаи соли 1990).
«Назари ман дар мавриди нақши занон дар ҷомеа ин аст, ки табақаи насвон (занон) бояд аз ҳаққи таҳсил ва касби дониш бархӯрдор бошанд. Ҳаққи раъй дошта бошанд ва битавонанд вазоифе чун ваколат, қазоват ва вазоратро дар ташкилоти давлатӣ ифо кунанд» («Марди устувор»).
Иршод Сулаймонӣ