Сӯхбат бо Барно Сайдалиева, Сардори шӯъбаи тафтиши ҷиноятҳо марбут ба кофтукоби ҷиноии Раёсати тафтишотии ВКД, подполковник, аълочии милитсия.
• Дар мо ду соҳае аст, ки аксаран фарзандон меросӣ интихоб мекунанд: духтурӣ ва ҳуқуқшиносӣ. Интихоби Шумо ҳам аз рӯйи мерос буд ва ё ифтихор аз пагонҳо?
– На меросӣ ва на ифтихор аз пагонҳо, балки шавқу ҳаваси заминӣ ба ин касб. Зеро замоне ман ин касбро интихоб кардам, ҳатто мардҳо бо тарсу ҳарос аз мақомот дур мешуданд. Соли 1990 вақте ба донишгоҳ дохил шудам, баъди ду сол дар кишвар ҷанг шурӯъ шуд. Дар шӯъбаи ғоибона таҳсил мекардам, новобаста ба донишҷӯй буданам, ба Раёсати корҳои дохилаи собиқ вилояти Кӯлоб ба кор қабулам карданд.
Ҳангоми фаъолиятам дар вилояти Хатлон ҳамлаи гурӯҳи ҷиноятпешаи Маҳмуд Худойбердиев ба Раёсати корҳои дохилаи вилояти Хатлон шурӯъ шуд. Ҳарчанд он солҳо душвор буд, вале новобаста ба ин вазъ мо фаъолиятамонро идома медодем. Зеро пушаймон шудану қафо гаштанро хиёнат ба ватан меҳисобидам.
• Ҳатто дар он солҳои душвор ҳам боре аз интихоби пешаи худ пушаймон нашудаед?
– Не. Ҳарчанд солҳои душвор буд, вале он замон танҳо маро шавқу ҳаваси самимӣ водор мекард, то ҳамчун корманди мақомот вазифаи худро содиқона иҷро кунам.
Бояд гӯям, ки шояд ҳамин саъю кӯшишҳоям буд, ки дар факултаи ҳуқуқшиносӣ ҳам аспирант ҳастаму ҳам ба донишҷӯён дарс мегӯям. Аз ин рӯ, устодони донишманду азиз дар факулта дар корҳои илмиам мададрасон ҳастанд. Худо хоҳад рисолаи номзадиамро рӯзҳои наздик дар Маскав ҳимоя мекунам.
• Воқеан, аксаран онҳое, ки рисолаи номзадӣ ҳимоя мекунанд, агар аз мавзӯъҳои кори илмиашон огоҳ шавем, соддаву хандаовар аст. Мегуфтед, ки шумо ҳам бо интихоби мавзӯи осон мехоҳед олим шавед?
– Намехоҳам худро таъриф кунам, аммо бояд гӯям, ки мавзӯи ман дар Тоҷикистон бори аввал тадқиқ мешавад. Яъне, «Тавсифи ҳуқуқи ҷиноятии афв». Ин ҳам ба ин маънӣ, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Президенти кишвар 14 санади ҳуқуқии афв ба тасвиб расид. Дар ин муддат ягон институт диққати аҳли ҷомеаро чун институти афв ба худ накашид. Дар кори хотима бахшидан ба ҷанги дохилӣ, ба даст овардани ризояти миллӣ татбиқи санади афв ҷойи намоён дошт.
– Паҳлӯҳои нокушода бения ҳоят зиёданд. Тавре ба ҳама маълум, маънои афв худ бахшиши гуноҳ аст ва ҳанӯз дар асрҳои 15 Ҳусайн Воизи Кошифӣ гуфта буд:
Дӯст дорад афвро Парвардигор,
Он, чи Эзид дӯст дорад, дӯст дор.
Бубинед, дар давраи соҳибистиқол шудани кишвар 14 санади афв аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул гардида, ҳазорҳо нафар аз ҷазои ҷиноятӣ озод ва ҳам мӯҳлати ҷазоҳояшон ихтисор шуданд. Ман зарур мешуморидам, ки пеш аз қабули санади афв манфиатҳои ҷабрдида низ ба назар гирифта шаванд.
• Яъне?
– Масалан, афв менамоянду ҷабрдида ҳолаташ тавре буд, ҳамон хел мемонад. Бояд танҳо нисбати он шахсоне афв татбиқ гардад, ки зарари аз ҷиноят расидаро ба пуррагӣ талофӣ намуда бошанд. Ҳатто дар Конститутсияи Фаронса омадаст, ки танҳо нисбати он шахсоне афв татбиқ мешавад, ки аз ҷинояти содирнамудаашон ягон зарар мавҷуд набошад. Ғайр аз ин, ҳангоми татбиқи афв бояд синну сол, вазъи оилавӣ, мавҷудияти фарзандон, ҷойи кори пешинаи маҳкумшудагон, беморӣ, вазнинии ҷинояти содирнамуда, ба ҷамъият хавфнок будани ҷинояткор, ҷой доштан ё надоштани доғи судӣ, мӯҳлати адо намудани ҷазо ба инобат гирифта шавад. Боз ман пешниҳод дорам, ки нисбати як нафар ду маротиба афв татбиқ нагардад.
• Чаро?
– Зиёд нафароне ҳастанд, ки бо вуҷуди як бор мавриди афв қарор гирифтан, бори дуюм ҷиноят содир мекунанд. Чунин шахсон боварии давлатро сазовор нестанд, чунки давлат як маротиба гуноҳашонро бахшида буд.
• Аммо баъди аз маҳбас баромадани маҳбусон тақдири онҳо чӣ мешавад, касе ҳатто намеандешад. Шумо вобаста ба ин ҳам ягон пешниҳод доштед?
– Албатта, хуб мешуд, ки як қонуни дигар дар бораи ба муҳити иҷтимоӣ мувофиқ намудани шахсони маҳкумшуда қабул мегардид, ки мавридҳои ба ҷойи кор таъмин намудан, вазъи иҷтимоии онҳо баъди ба озодӣ бароманданро танзим мекард. Зеро баъди ба озодӣ баромадан онҳо на хона ва на ҷойи коре доранд, то зиндагӣ кунанд. Аз ин рӯ, онҳо аз озодӣ дида, маҳбасро авлотар медонанд. Чунин шахсонро дастгирӣ намудан лозим аст.
• Тавре зикр намудед, афв ба хотири сулҳу субот ва оромӣ қабул мешавад. Дар ҳамин ҳол аксар таҳлилгарон бар ин назаранд, ки судяҳои мо гоҳҳо аз адолат берун ҷазоро таъин мекунанд, ки ин боиси эътирозҳо мегардад. Шумо чӣ андеша доред?
– Албатта, агар ин тамоюл рафтан гирад, шояд баъди чандсолаҳо мо шахсеро пайдо накунем, ки доғи судӣ надошта бошад. Пешгирии ҷиноят ин вазифаи мақомоти қудратӣ аст. Ч. Беккария, як ҳуқуқшиноси фаронсавӣ гуфтааст: «Қонунгузори хуб на фақат дар бораи ҷазо ба ҷинояти содиршуда, балки бисёртар дар бораи пешгирии ҷиноят фикр мекунад». Ман ҳам тарафдор ҳастам, ки бояд бештар содир шудани ҷиноятҳоро пешгирӣ кунем.
• Пас, агар Шумо судя мебудед, барои ҳукми ҷазо кадом омилҳоро ба эътибор мегирифтед?
– Нисбати ҷиноятҳои махсусан вазнин афв татбиқ намегардад, лекин мӯҳлатҳое, ки бениҳоят калон, яъне якумра ҳастанд, бояд бознигарӣ кунем, зеро дар маҳбасхонаҳои мо то охири умр истодан номумкин аст. Ҳама хуб медонад, ки барои адои ҷазо дар шароити маҳбасхонаҳо 5-10 сол кифоя аст. Зеро баъди 5-10 сол аз ӯ шахси солим намебарояд. Аз ин рӯ, мо бояд системаи ҷазодиҳии судиро ба танзим дарорем. Ҷиноятҳое, ки дар як сатҳ содир шудаанду ҷазо гуногунанд, агар мӯҳлатҳо одилона дода мешуд, шояд ки ба чунин оқибатҳои фоҷианок намерасид. Монтаские, ҳуқуқшиноси барҷастаи фаронсавӣ гуфта буд: «Қонунгузори хуб на фақат дар бораи ҷазо ба ҷинояти содиршуда, балки бисёртар дар бораи пешгирии ҷиноят фикр мекунад».
• Он нуктаҳое, ки дар кори илмиатон зикр кардаед, намешавад, дар лоиҳаи қонун ва ё тағйирот ба кодекс пешниҳод кунед?
– Бояд гӯям, ки пешниҳод кардан дигар асту қабул гаштан дигар. Вақте мо дар бисёр конфронсҳо иштирок мекунем, вобаста ба ин пешниҳодҳо фикрҳо мухталифанд. Мо дар мақолаҳои илмиамон ҳам пешниҳод мекунем. Хуб мешуд, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи афв фикру мулоҳизаҳои кормандони илмӣ ва мақомотро, ки афвро татбиқ мекунанд, ба инобат мегирифтанд. Ҳамчунин, ба андешаи ман, зарурати қабули як қонуни алоҳида дар бораи афв ба миён омадааст. Ин қонун бояд тамоми паҳлӯҳоро дар бар бигирад, чунки камбудиҳо бениҳоят зиёданд.
• Агар ин имкониятро ба шумо медоданд, метавонистед, ки ин корро анҷом диҳед?
– Баъди дифои номзадӣ шояд ҳаммуаллиф мешудам.
• Қонуни авфе, ки ниҳоят қабул мешавад ба назари шумо такмилшуда аст?
– То андозае такмил шудааст, аммо тавре гуфтам, ҳанӯз камбудиҳое зиёданд.
• Зан – роҳбар бояд чӣ гуна бошад?
– Новобаста ба ҷинсият роҳбар бояд аз ӯҳдаи вазифаи бар зиммааш вогузошта барояд. Мустақилона қарор қабул намояд. Барои мавриди эътирофи аҳли ҷомеа қарор доштанаш бояд сифатҳои донишмандӣ, навоварӣ, таҳаммулпазирӣ, фарҳанги баланди инсонӣ, суханварӣ, таҳлилгарӣ, ҷасорату масъулиятшиносӣ дошта бошад. Инчунин асаби мустаҳкам ва иродаи қавӣ низ лозим аст.
• Дар чунин вазифаи ба қавле «мардакӣ» худро чӣ гуна эҳсос мекунед? Умуман вазифаи мушкил ва роҳбарӣ ба муҳити хона таъсир намерасонад?
– Ҳамчун зани оддии шарқӣ ҳастам. Ман дар хона аллакай сардори шӯъба, подполковник нестам. Зеро зан бояд ботин ва зоҳири зебову пок ва нозук дошта бошад. Зан ҳамавақт бояд зан бошад, новобаста ба вазифа ва мавқеи иҷтимоӣ. Дар баробари он ки роҳбар, корманди мақомоти қудратӣ ҳастам, боз модараш ҳастам ва вақтҳои холигӣ ҳарчанд каманд, вале кӯшиш мекунам барои оила ва духтарчаи худ масруф бошам.
• Ташаккур барои сӯҳбат.