Ашки чашмон ва дидаҳои пурумеди занону мардони умрдида тардидро аз андешаам дур андохт. Бале, онҳо интизор доштанд соати дигарро, то билохира фарзандони аз сари ҷавонӣ гунаҳкардаву ба маҳбас афтодаи худро ба оғӯш бигиранд. Ба оғӯше, ки ба инсон итминон медиҳад аз ҳама ҷиҳат, ҳам аз он ки ӯро дӯст медоранд ва хонаву инсонҳое ҳам мунтазираш ҳастанд…
Ба назди зане меравам, ки худро Гулизор Назарова муаррифӣ менамояд. Аз ӯ мепурсам, киро интизор аст? бо чашмони пур аз ашк посух медиҳад, ки ҳарчанд соати ҳашту ним гуфта бошанд ҳам, соати 5 субҳ омада, писари 17 солааашро интизор аст. Ӯ барои содир кардани ҷиноят, яъне дуздӣ ба муддати 5 сол маҳбас шудаву баъд аз 7 моҳ аз ҷониби Президент авф шудааст.
Ба назди оилаи Қамбаровҳо меравам. Азбаски зан бошиддат гиря дошт, марди хона ба суолҳои мо чунин посух дод: «Хабари авфро шунида, рӯзи шанбе аз ноҳияи Қабодиён ба пойтахт омадем, то писарамонро ҳамроҳ гирифта барем. Писарам 17 сол дорад ва барои 5 сол маҳбас шудааст. Як сол боз дар зиндон аст. 2 писар ва 6 духтар дорем. Орзу дорад, ки баъди аз маҳбас баромадан таҳсилро давом диҳад. Мегӯяд, ки дигар аслан ба ҷиноят даст намезанад. Ташаккур ба Президенти кишвар, ки Қонуни авфро имзо кард, мо аз замин то осмон аз ӯ миннатдорем».
Зани дигаре ба наздам омада худро муаррифӣ менамояд: « Ман Хайринисо Ҷумъаева. Писарам барои дуздӣ ба муддати 8 сол маҳбас шуда буд. 11 моҳ нишасту хушбахтона, Қонуни авф ба имзо расид. Имрӯз озод мешавад». Ин лаҳза эҳсосоти модарӣ боло мегиранду ҳамсӯҳбатам ба гиря оғоз мекунад…
Ба тадриҷ мардум ва кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷинояти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои маҳбас ҷамъ мешаванд. Дар вақти таъйиншуда Изатулло Шарифов муовини вазир ва сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷинояти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозир шуда, бо журналистов ва волидайни маҳкумшудагон гарму ҷӯшон вохӯрӣ менамояд.
Бо дастури ӯ дарвозаи бузургу оҳанин кушода мешаваду мо ба саҳни ҳавлии маҳбас ворид мешавем. Дар майдони он 86 нафар наврас чун ҳарбиён саф кашидаанд.
Изатулло Шарифов ёдовар гардид, ки куллан дар маҳбас 90 нафар маҳкумшудагон нигаҳдорӣ мешаванд. 86 нафари онҳо тибқи Қонуни авф имрӯз ба озодӣ мебароянд. 4 нафари дигар ҷиноятҳои вазнин содир намудаанд, бинобарин муддати нишасти онҳо дар зиндон кам карда шудааст.
Ӯ ба саломи наврасони маҳкумшуда алейк гирифта, онҳоро тарбрик гуфт ва таъкид намуд, ки дар муддати 17 сол Президенти кишвар бори 13 –ум зиндониҳоро авф мекунад. Аз ин рӯ, онҳо баъди ба озодӣ баромадан бояд таҳсилро идома дода, соҳибкасб шаванд. «Дар зиндагӣ бояд мард бошем. Танҳо онҳое ба маҳбас менишинанд, ки номардона ҷиноят содир мекунанд», - гуфт ӯ.
Бо роҳбаладии низомиён, мо ба саҳни дохили маҳбас ворид мешавем. Сараввал ба ошхона медароему дар тааҷҷуб мемонам. Чунин ошхонаи тамиз ва пурнақшунигорро на дар ҳар микрорайони пойтахт меёбӣ. Баъдан ба ҷойи хоби маҳбасиён меравем. Катҳои хоб мисли низомиён болои ҳам ҷой гирифтаанду фаршро қолиҳо зеб медиҳанд. Онҳо нав набошанд ҳам тоза ва озодаанд. Азбаски озодшудаҳо ба саҳни берун баромадаанд, дар саҳни дохили маҳбас танҳо чор нафарро мебинем, ки телевизор тамошо мекунанд. Вақти расм гирифтан онҳо ҷониби мо табассуми ҳуснангезе намуданд…
Ба саҳни беруни маҳбас баргашта, аз байни наврасони мунтазири озодӣ бо чанд нафар ҳамсӯҳбат мешавам. Навраси аввал худро Кароматулло муаррифӣ менамояд. «Ман 8 моҳ боз дар маҳбасам. Барои дуздӣ маро ба муддати 5 сол зиндон карданд. Занҷири гардани занеро аз гарданаш канда гурехтам. Дар маҳбас шароити зистамон хуб буд, аз ҳеҷ чиз танқисӣ намекашидем. Касе рӯйи мо фишор намеовард, маъмурон дағалӣ намекарданд. Мехоҳам таҳсилро давом диҳаму дар корҳои хона ба падарам ёрӣ расонам». Нафари дуввум Дилшод Баротов аст. Ӯ мегӯяд: «Як солу чор моҳу 21 рӯз боз дар маҳбасам. Барои дуздӣ ба муддати 5 сол зиндонӣ шудам. Дар маҳбас пайваста варзиш мекардам. Маъмурон моро намезаданд. Дар мактаби ғоибонаи маҳбас таҳсил мекардам. Дар озодӣ то синфи 9 таҳсил кардам, бинобарин мехоҳам ба назди падару модарам баргашта, хонданро идома диҳам. Баъд аз хатми мактаби миёна, мехоҳам ба Донишкадаи санъат дохил шавам. Орзуи овозхон шудан дорам». Навраси дигар, ки Исмоил ном дорад бори дуввум дар маҳбас нишастааст. «Вақти мастӣ мошинеро дуздида, ба роҳ баромадам, аммо онро идора карда натавонистаму ба дарахт задам. Барои ҳамин гуноҳам маҳбас шудам. 8 сол доданд, аз он 1 солу 8 моҳашро шиштам. Навбати аввал бошад, барои дуздӣ зиндонӣ шуда будам. Дигар ҷиноят карданӣ нестам ва дар ҳар фурсати муносиб мехоҳам ба мардум кори нек намоям», - изҳори андеша мекунад ӯ.
Гулчеҳра Сафарова ҷонишини директор оид ба таълим буда, ба маҳкумшудагон дарс мегӯяд. Дар мавриди ба таҳсил фаро гирифтани зиндониён вай чунин ибрози назар кард: «83 нафари онҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Тамоми фанҳое, ки дар макотиби миёна омӯзонида мешаванд, дар ин ҷо мавҷуданд. Ҳатто ба онҳо забони анлисӣ тадрис карда мешавад. Наврасон дар дарсҳо фаъолона ширкат менамоянд. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ мактаби моро бо китобҳои дарсӣ, қаламу худкор (ручка) таъмин менамоянд. Баъд аз хатм ба наврасон шаҳодатномаи синфи 9 ва 12 дода мешавад, зеро мактаб шабона буда, таҳсил 12 сола аст.
Ин лаҳза бо даъвати масъулин ба берун баромадем ва дарвозаи гарон ва сангини маҳбас ба рӯйи зиндониён боз шуд. Модаре писарашро бо оғӯш гирифта, ашки шодӣ мерехту зане фарзанд дар оғӯш аз шиддати эҳсос ба замин меафтод. Падаре дар нази писар сархам меистоду хоҳаре бародарашро бӯсаборон мекард. Аммае аз рухсораи наврасе мебӯсиду холае зор- зор мегирист…
Озодшудагон гурӯҳ – гурӯҳ сахни маҳбасро тарк мегуфтанд ва мерафтанд ба самти озодӣ, мафҳуме, ки дар худ беҳтарин вожаҳои азизи инсониро ғунҷондааст…
Эмомалӣ Сайидамирзод