19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Қонун «Дар бораи афв» қабул шуд

Тавре Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода ҳангоми шарҳи қонун қайд кард зиёда аз понздаҳ ҳазор гумонбаршудаҳо, айбдоршавандаҳо, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон аз маҳбасхонаҳову боздоштгоҳњои муваққатӣ ва муассисаҳои ислоҳотӣ озод мешаванд. Аз ҷумла, зиёда аз чор ҳазор маҳбус аз муассисаҳои ислоҳотӣ озод карда шуда, нисбати дигар маҳкумшудагон мӯҳлати ҷазо кам карда мешавад. Боз қариб ду ҳазору чорсад нафаре, ки ба ҷазоҳои ҷиноятии ғайри маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, аз ҷазо озод карда мешаванд. Ҳамчунин, нисбати зиёда аз ду ҳазор нафаре, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо дар пешбурди таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ қарор доранд, амали қонуни мазкур татбиқ карда мешавад.

Ба гуфти Прокурори генералӣ, аз ин миқдор 250 нафарашон зан ва 100 нафар нолболиғон мебошад, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноятҳои начандон вазнин содир кардаанд.

Ғайр аз ин, аъзои ҳизбҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динии ғайриқонунӣ, ки барои содир кардани ҷиноятҳо вобаста ба фаъолияти экстремистӣ ба ҷазои то 5 сол маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, инчунин ҳамин гуна шахсоне, ки ба мӯҳлати зиёда аз 5 сол маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд ва аз се ду ҳиссаи ҷазоро адо намудаанд, агар ҷиноятҳои одамкушӣ, терроризм, ҷосусӣ, тахрибкорӣ ва дигар ҷиноятҳои махсусан вазнинро содир накарда бошанд, низ аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд.

Бо ҳамин тартиб, иштирокчиёни исёнҳои мусаллаҳонаи соли 1997 дар вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода, инчунин иштирокчиёни ҳуҷуми мусаллаҳонаи соли 1998 дар вилояти Суғд, ки барои ҷиноятҳои содирнамудаашон ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд ва аз ду як ҳиссаи ҷазоро адо намудаанд, озод карда мешаванд.

:.  Ҳуқуқ 19.08.2011 09:46 3190

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz