Фарухулло Олимов – намояндаи раёсати назорати Қонун «Дар бораи танзими расму оинҳо»-и назди Кумитаи дини Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: «Аз рӯи нишондодҳои оморӣ то қабули қонуни мазкур харҷи маъракаҳои хурсандиву мотам ба ҳисоби миёна ба 8750 сомонӣ мерасид. Баъди қабули қонун бошад, ин нишондод то 2000 сомонӣ коҳиш ёфтааст, ки албатта ба манфиати халқ аст».
Ба таъкиди ў пас аз қабули қонуни мазкур аксари маъракаҳо ба танзим даромадаанд, вале ҳанӯз ҳам дар ин самт бархе камбудиҳо ба назар мерасанд.
« Баъзеҳо талаботи ин қонунро нодида гирифта, имрӯз ҳам мисли пештара боз тӯйҳои арӯсиву домодӣ ва хатнасури фарзандонашонро бо дабдабаву серхарҷ мегузаронанд. Аммо қонуншиканҳоро ҳатман ҷазо интизор аст. Чунончӣ, аз рӯзи қабули қонун то имрӯз 704 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуда, 1 миллиону 897 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шудааст. Чунин қонуншиканиҳо, бештар дар вилоятҳои Суѓду Хатлон ба назар мерасанд», – гуфт Ф. Олимов.
Дар ҳамин ҳол, Абдулазизи Восеъ, хабарнигори ҳафтаномаи «Озодагон» бар ин назар аст, ки назорат аз болои риояти қонун замони аввали қабул шуданаш сахт буд, аммо бо гузашти вақт гӯё ҳам рӯзноманигорон ва ҳам масъулин хаста шуда бошанд, ки дигар дар ин хусус камтар ҳарф мезананд. Ба таъкиди ин коршиноси ҷавон, мардум худашон ҳам дарк кардаанд, ки бо ин вазъи сангини зиндагӣ дигар ҳавсалаи тӯйҳои серхарҷро ҳам надоранд, ба истиснои 3-4 сарватмандону баъзе аз мансабдорон.
Дар хусуси қонунвайронкуниҳои мансабдорон намояндаи раёсати назорати танзими расму анъанаи кумитаи дин гуфт, ки ҳама дар назди қонун баробаранд ва касе, ки қонунро вайрон кард, ҷазо мегирад. Масъули гуфтанд, ки ҳодисаи қайд кардани зодрӯз ба таври бошукӯҳ аз ҷониби сарвари Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Суд Д.Ѓоибов, ҳодисаи ногуворе буд.
Бино ба таъкиди масъулин феълан дар миқёси ҷумҳурӣ 499 нафар ба ҳайси комиссияи доимӣ ва беш аз 8 ҳазору 500 нафар ҳамчун комиссияи ҷамъиятӣ оид ба назорати татбиқи Қонуни мазкур фаъолият мебурдаанд.
Ёдовар мешавам, ки дар авохири моҳи майи соли 2007 Порлумони Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти кишвар қонуни мазкурро, ки баргузории туйю маъракаҳоро ба танзим медарорад, қабул намуда буд.
Гулноза Бобомуродова