22-юми июни соли равон Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ», «Дар бораи рӯзҳои ид», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат», «Дар бораи Созишномаи грантии (Амалиёти махсуси) Лоиҳаи минтақавии интиқоли қувваи барқ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд», «Дар бораи иттифоқҳои касаба», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ ва қабул намуд.
Аз ҷумла, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода зарурияти қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ»-ро ба вакилон дар таҳкими танзими масоили низоми суғуртаи ҳатмии пасандозҳои шахсони воқеӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои пасандоздорон, беҳтар намудани боварии аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ кард.
Лоиҳаи қонун бо мақсади татбиқи стратегияи рушди низоми бонкӣ барои солҳои 2010 -2015 ба парлумон пешниҳод гардида, узвияти ҳатмӣ ба хазина барои ташкилотҳои қарздиҳӣ, ки ҳуқуқи ҷалби пасандозҳои шахсони воқеъиро доранд, таъмин менамояд. Андозаи ниҳоии маблағҳои хазина дар ҳаҷми 7% -и пасандозҳои ҳисоботҳои шахсони қарзгир пешбинӣ мегардад, яъне ҳама ташкилотҳои қарздиҳие, ки пасандоз ҷалб мекунанд 7% пасандозҳоро дар хазина нигоҳ медоранд.
Хазина метавонад маблағҳои ҷамъкардаашро дар ҷалби коғазҳои қиматноки Ҳукумат, Бонки миллӣ ё бонкҳои марказии хориҷие, ки дорои нуфузи баланди сармоягузорӣ мебошанд, нигаҳдорӣ кунад. Шариф Раҳимзода афзуд, ки ҳақи узвияти ташкилотҳои қарздиҳӣ ба хазина дар ҳаҷми 0, 5% -и сармоя муқаррар карда мешавад.
Ҳамчунин, лоиҳаҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро пас аз баромади муовини аввали вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Қодиров ва вакилони Маҷлиси намояндагон Убайдулло Давлатов ва Тӯрахон Самадов қабул карда шуд.
Дар лоиҳаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид, ҷашни идҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои корӣ нестанд, гузаронидани чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ дар рӯзҳои ид пешбинӣ гардидаанд. Инчунин, дар он ҷашни рӯзҳои идҳои миллӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, динӣ, соҳавӣ ва дигар идҳо низ инъикос карда шудааст.
Дар мавриди таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид шуд, ки он ҷиҳати иҷрои банди 23 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 5-уми октябри соли 2010 баён гардида буд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Вакилон Хадича Ҳакимова, Саодат Амиршоева ва Насрулло Маҳмудов масъалаҳои дигари ҷаласа, аз ҷумла лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро шарҳу тавзеҳ дода, иброз доштанд, ки мутобиқи иловаҳои воридшаванда ба лоиҳаи қонуни мазкур барои пахши диску фиттаҳои хусусияти динӣ-экстремистӣ ва ё таҳқиркунанда дошта дар кӯчаю хиёбонҳо, майдонҳо, бозорҳо, марказҳои савдо, боғу соҳилҳои фароғатӣ, воситаҳои нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст.
Саида Қурбонова