19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҚОНУН ҚАБУЛ ШУД

Аз рӯи масъалаи мазкур вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон Марҳабо Ҷабборова суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тақозои ҷомеа мебошад.

Аз ҷумла  Абдуҷаббор Раҳмонов гуфт, ки ҷиҳати мукаммал баррасӣ намудани лоиҳаи қонуни мазкур гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда буд. Гурӯҳи корӣ 15 ҷаласа баргузор намуда,  11 ҳазор андешаҳои шаҳрвандонро баррасӣ намуд ва беш аз 4 ҳазор пешниҳодҳо ба лоиҳаи қонун ба инобат гирифта шуд.

Дар маҷмӯъ, дар муҳокимаи лоиҳаи қонуни мазкур беш аз  2 миллион нафар аҳолии кишвар иштирок намуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз 6 боб ва 17 модда иборат буда, бо қабули он аз сӯи парлумони  кишвар масъулияти  волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон бештар мегардад.

«Мақсади асосии Қонуни мазкур танзими таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад»,-афзуд Абдуҷаббор Раҳмонов.

Тибқи иттилои вазири маориф, дар муҳокима зиёда аз 80 мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо, инчунин 11000 нафар шаҳрванон иштирок намуда, тариқи хаттӣ зиёда аз 8500 таклифҳои худро нисбат ба такмили лоиҳаи қонун пешниҳод намуданд.

Ҳангоми такмили лоиҳа зиёда аз 4000 таклиф ба инобат гирифта шуданд. Қисми зиёди таклифҳои пешниҳодшуда ба санадҳои қонунгузории дигар дахл дошта, лоиҳаи ин санадҳо омода карда шудаанд, ки онҳо низ бо тартиби муқарраргардида барои баррсасӣ пешниҳод карда мешаванд.

Саида Қурбонова

:.  Ҳуқуқ 17.06.2011 06:34 3838

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz