Рӯзи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, яъне чӣ? Кӯдаконро аз КӢ ва ё аз ЧӢ бояд ҳифз кард?
Аз рӯйи омор ҳар сол дар ҷаҳон қариб 10 миллион кӯдак бо сабаби беаҳмиятии волидайн ё камбизоативу норасоии дорувор аз бемориҳои гуногуни табобатшаванда мефавтанд. Зиёда аз 100 миллион кӯдак бо сабаби имконият надоштан ё набудани мактаб аз таҳсил дур мемонанд. Зиёда аз 300 ҳазор кӯдакони коркунони ҳарбӣ айёми тифлии худро дар минтақаҳои ҷангзада паси сар мекунанд. Миллионҳо кӯдакони сайёра аз оддитарин ҳуқуқҳо, аз қабили доштани манзили зист, нону оби тозаи ошомиданӣ маҳруманд. Ҳамасола аз меҳнати миллионҳо кӯдакон сӯистифода мекунанд, онҳоро ҳамчун мол мехаранду мефурӯшанд.
Тибќи гузориши СММ (ЮНИСЕФ) дар ҷаҳон ҳар даҳумин кӯдак таҳти ҳолати вайрони равонии волидайн мавриди лату кӯби пайваста қарор мегирад. Гуруснагӣ, фақр, бемориҳои гуногуни сироятӣ, ҷангу бенавоӣ кӯдакони қораи Африқо ва Осиёро ҳар лаҳза домангир аст. Ҳамаи ин мушкилиҳоро ба назар гирифта давлатҳои аъзои СММ мувофиқи Конвенсия дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак вазифадоранд, ки баҳри беҳбуди ҳаёти бачагон талош намоянд.
Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии кор дар ҷаҳон ҳудуди 220 миллион наврас кор мекунанд.
Аз рӯйи маълумотҳои ғайрирасмӣ дар Тоҷикистон низ ҳамасола тақрибан 200 ҳазор кӯдак иҷборан ба корҳои саҳроӣ машғул мешаванд.
« Кӯдакон аз вазъи бади иқтисодӣ аз ҷониби калонсолон ба мошиншӯӣ, селофанфурўшӣ, ширфурўшӣ, нонфурўшӣ ва корҳои монанд ба ин ҷалб мешаванд. Дар чор моҳи соли ҷорӣ 181 нафар кӯдакони талбандаву оворагард ё ба истилоҳ «коргар» боздошт ва ба қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғони вазорат оварда шуданд», - мегӯяд, нозири калони гурӯҳи матбуотии хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазораи корҳои дохила, Баҳодур Саидов.
Новобаста аз кӯшишҳои ҳукумат дар хусуси бо таҳсили ҳатмӣ фаро гирифтани кўдакон вазъ дар ин самт ҳамоно нигаронкунанда арзёбӣ мешавад. Мувофиқи омор ҳамасола 5 фойизи кӯдакони синни мактабӣ дар Тоҷикистон бо сабабҳои гуногун аз таҳсил дур мемонанд. Мушкилоти таҳсили духтарон, набудани мактабҳо дар деҳоти кўҳистон, норасоии омӯзгорон, баъди хатми синфи 4 идома надодани таҳсил ва то синфи 11 нахондану барвақт ба шавҳар додани духтарон ҳанӯз ҳам ҷой дорад.
Тибқи омор дар ҷумҳурӣ танҳо 5 фоизи кўдакон ба боғча фаро гирифта шудаанд.
Аз рӯи маълумотҳои Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ имрӯз дар ҷумҳурӣ 2,128 кӯдак барои омӯзиш ба мактаб-интернатҳои махсус фаро гирифта шудаанд, ки ин нишондод дар умум 11 фойизи кӯдакони маъюбро ташкил медиҳад.
Ба Русия бурдану бе назорат гузоштани ноболиғон яке аз мушкилотҳои дигарест, ки ҷомеашиносон ин амалро аз вазъи бади иқтисодӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, беаҳмиятиву бемасъулиятии волидай медонанд. «Дар чор моҳи соли равон 8 ноболиғи беназоратмонда аз Федератсияи Русия бозпас ба ватан оварда шуданд, ки ду нафари онҳо духтаронанд», - мегӯяд сардори хадамоти матбуоти ВКД Маҳмадулло Асадуллоев.
Ҳодисањои фурӯхтану даст кашидан аз навзодњо низ масъулинро нигарон сохтааст. Мувофиқи иттилои ВКД дар чор моҳи соли равон, 6 ҳолати даст кашидан аз тифлоне, ки дар ҳудуди Федератсияи Русия ба дунё омадаанд, ба қайд гирифта шудааст.
Маҳмадулло Асадуллоев, сардори хадамоти матбуоти ВКД мегӯяд, ки дар чор моҳи соли ҷорӣ 11 ҳодисаи бе риояи талаботи ҳуқуқӣ ба фарзандхонӣ додани кӯдакон ба қайд гирифта шудааст. Волидайн бар ивази пули ночиз тақдири фарзандони худро ҳатто бар дасти шаҳрвандони хориҷ месупоранд, ки ояндаи онҳо норӯшан боқӣ мемонад. Чанде пеш шаҳрванд М. Бойматова духтарчаи 8 солаи худро дар Федератсияи Русия ба шаҳрванди Италия ба фарзандхонӣ медиҳад, ки баъдан аз ҷониби ниҳодҳои масъул боздошт мешавад.
«Аслан истилоҳи рӯзи ҳифзи њуќуќи кӯдаконро бояд тағйир бидиҳем. Кӯдак на танҳо рӯзе, балки 365 рӯз дар сол мӯҳтоҷи муҳофизат ва меҳрубонист. Беҳтар аст ин рӯзро ҳамчун Рӯзи ёдоварӣ аз ҳуқуқҳои кӯдакон унвон кунем»,– мегӯяд омӯзгори собиқадор Сипорат Мутеҳова.
Мегӯянд, кӯдак мисли гул аст. Нозук ва мӯҳтоҷи нигоҳубин. Бузургсолони азиз, пас биёед, барои бармаҳал ба хор табдил ёфтани он, ки ниёз ба меҳрубониҳои мову шумо дорад, сабабгор набошем. Кӯдак новобаста аз ҷинсу нажод, миллату дин бояд дар олами беғами кӯдакии арзандаву ором ва беғашу беолоиш бузург шавад. Дар сурати акс, рӯзе тифли бузургшуда домангир аз волидайну атрофиён талаб менамояд: «Кӯдакиамро баргадонед!».
Гулноза БОБОМУРОДОВА