Бояд гуфт, дар ҷараёни муаррифӣ сайти ниҳоди мазкур ба иштирокчиён шинос карда шуд, ки дар он метавон ҳамаи маълумоти лозимаи ОМБУДСМЕНро бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пайдо кард.
Дар ҷараёни ин муаррифӣ ҳамчунин нишасти матбуотӣ доир гардид, ки Зариф Ализода дар он оид ба вазъи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Тоҷикистон маълумоти муфассал дод. Ў гуфт, ки дар аввалҳои моҳи июн масъулони ин ниҳод аз зиндонҳои вилояти Хатлон ва дар моҳи август аз зиндонҳои шаҳри Душанбе дидан хоҳанд кард.
Ҳамчунин, ба гуфтаи Зариф Ализода ду ҳодисаи куштор дар соли ҷорӣ, яъне кушта шудани корманди милисаи роҳ ва фавти Сафаралӣ Санговро таҳти назорат дорад.
Ёдрас мешавем, ки Зариф Ализода аввалҳои моҳи майи соли 2009, бо фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ОМБУДСМЕН ё ваколатдори ҳуқуқи инсон дар кишвар таъин шуда буд ва барои нахустин бор гузориши худро дар бораи фаъолияти беш аз дувунимсолаи худро муаррифӣ намуд.