-Оҳи ман, оҳи замона, оҳи занест, ки гӯё тақдир, вале дар асл қонуншиканиҳову ноадолатиҳо бадбахтам карда. Ин ҳама беэътибориҳо бароям аз он буд, ки инсонам нашумурданду занам хонданд ва молам пидоштанд. Моле, ки бо кӯҳна гаштанаш чун чизи нолозим мепартоӣ. Шукрона мекунам. Меболам агар касе сӯям табассум кунад. Сӯяш мешитобам, номаш мепурсам… Ба муносибати оддии инсонӣ ниёз дорам, вале он имрӯз хеле қиммат гаштааст.
Афсӯс, баъди шунидани оҳи дили ман ҳамсӯҳбатон канораҷӯӣ мекунанд. Метарсанд, ки мисли ман бадбахт нашаванд, бадбахт…
Меҳрубонии модаронаро надидаам, зеро вақте чашм ба олами рӯшан во намудам, ки модарам танҳоям гузошта буд. Баъди омадани аввалин хостгорҳо бе ягон дудилагӣ модарандарам нархи маро барои хостгорҳо болои коғаз овард.
Бо садои гӯшхароши дафу доира, навоҳои нофораму сурудҳои ҳофизони туйгард маро аз ҳавлии падар, ки аз он бӯи раҳматии модарам меомад, «бароварданд»…
Зери чодари арӯси сар болои зону ниҳода бо сад фикру хайёл, пуртарсу ҳарос менишастам. Ӯ вориди чодар гашта, ҳарисона ба ман менигарист. Баъди чанде дар чанголҳои шохимонандаш такон хӯрдаму…
Гову мол, нонпазию рӯбу чин хӯрокпазию хушомадгӯии хусуру шавҳар, хешовандону дӯстон маро чунон ба коми худ фурӯ бурда буд, ки худамро ҳамчун каси дорои ҳуқуқҳои инсонӣ, эҳсос намекардам.
Баъди марги падар, бародарон даст ба гиребон гаштанд. Тақсими мерос бо роҳи ҷангу ҷанҷол идома меёфт…
Сулама - шавҳари ман молу чизҳои фарсударо ба мошинае бор карда, ману се фарзандамро бо болои ашёҳои рӯзғор шинонду худ паси чамбарак нишаст. Аҷаб шаҳрҳое, рустаҳои мумфарш, хонумҳои олуфта, мардони чатрдор. Ин ҳамаро аввалин бор медидам…
Се ҳуҷра, се фарзанд, се соат кору дигар тамошои телевизор. Хаёлам рӯз то рӯз ҷуссаам бузург мегашт. Назди оина худамро медидаму меболидам.
Сулама, ки дар деҳа муаллими варзиш буд, акнун дар ин шаҳри обод ӯро ба милисагӣ қабул намуданд. Ӯ шабу рӯз паси кор медавид. Дар як ҳафта ду- се рӯз ба хона бо дасти пур аз пул, халтаҳои пур аз гӯшту ғизоҳои гуногун меомад. Ҷои нишасташро намеёфтам. Дари хайрам ба сӯи ҳамсояҳо, ки он замонҳои нотинҷӣ ғизо надоштаанд, кушода буд. Ҳам худ мехӯрдаму ҳам ба дигаронро медодам. Моҳҳо мегузаштанд. Ман рӯ ба зебоӣ доштаму феълу атвори Сулама бошад, рӯз то рӯз тағйир меёфт. Омаданаш бо дастаи пулу халтаҳои пур торафт кам мешуд. Шабҳо хобҳои ҳархела медидам. Аз ӯ хавотир будам, вале худро бо он тасалло медодам, ки милисагӣ кори осон нест ва на ҳар мард мисли Сулама дар ин замони ноорому пурдаҳшат метавонад шабро дар сангарҳо гузаронад.
Шабе дарро куфтанд. Кушодам. Суламаи ширакайф бо хонуме паси дар меистоданд. Зани беҳаё сару рӯи ӯро мебӯсиду мелесид. Мехостам ӯро бизанам, вале аз дастони ба мисли оҳан сахти Сулама меҳаросидам. Дандон ба дандон то он замоне тоқат кардам, ки болои рахти хоби ман Сулама бо ӯ… ҳамхоба шуд.
Он шаб бо ашк рӯямро шӯстам. Аз тарс ба Сулама чизе нагуфтам. Баъди ин рафту омади занҳо ва мардони ношинос ба хонаи мо авҷ гирифт. Обу рӯ ва эътибори доштаам, назди ҳамсояҳо мисли хазон рехту мерехт.
Тоқатам тоқ шуд. Рӯзе дар назди бонувони машғули кайфу сафо ба Сулама хашмгинона нигаристаму гуфтам: «Ҳаромӣ бас!» Занҳои беҳаёро аз хона рондам. Онҳо рафтанду мушту лагади зиёд ба сарам борид. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, аз он меболидам, ки рахти хобамро соҳибӣ карда тавонистам.
Ҳафтаву, моҳҳо сипарӣ мегаштанд, вале аз Сулама ному нишон набуд. Акнун дари хайри ман ба рӯи ниёзмандон баста шуда буду худам бо се фарзандам ба кӯмаки дигарон ниёз доштам. Гуруснагии фарзандон ба ҳолам нагузошт. Барои дарёфти қути лоямут халта ба даст гирифта роҳи осиёҳоро пеш гирифтам.
Рӯзе дили ронандае ба ҳолам сӯхту дар наздам мошинашро қарор дода, аз аҳволам пурсон гардид. Аҷаб сӯҳбати самимие буд, сӯҳбати мо. Ӯ оҳи дили маро мешуниду ба мисли ман оҳ мекашид. Сад бор тақдири талхамро лаънат мекардам, ки чаро ӯ ба хостгории ман наомада. Акнун ҳаррӯз ҳангоми баргаштан аз талбандагӣ ронандаи шинос маро бо ордҳои аз мардум ҷамънамудаам то хона меовард. Дилбардориям менамуд. Мехостам ӯро ба хона даъват намоям, вале дар никоҳи Сулама буданам ба ёдам мезаду аз азоби гуру қиёмат меҳаросидам.
Сулама баъди чанд моҳ хаставу рӯҳафтода дари хонаро кушод. Қабулаш кардам. Рондааш наметавонистам, зеро фарзандонам мудом суроғаш мекарданд…
Ронанда чун хоби ширин дар хотири ман нақш баста буд. Ӯ низ ба ман дил дода буд. Ронанда ба дарди фироқ тоб наовард. Боре ба суроғаш баромадам ва ба ман гуфтаанд, ки ӯ ба дуриҳои дур ба кор рафтааст.
Сулама парешонхотирии маро ҳис намуду маро зери мушту лагад қарор дода, аз хона баромада рафт.
- Тифли дар батн доштаам моҳ ба моҳ бузург мешуду ман дигар қуввати ба осиёб рафтану орд оварданро надоштам. Аз ин лиҳоз роҳ сӯи милисахонаро пеш гирифтам, то ки аз Сулама ба сардорашон шикоят барам. Қабл аз ворид шудан ба шӯъбаи корҳои дохилӣ ҳамкор, ҳамқадаҳ ва дӯсти наздики шавҳарамро дидам ва хостам рози дил намоям. Ӯ маро шунидан нахост ва гуфт: «Он ки дар батни туст аз Сулама не, аз ҳамон ронандае ҳаст, ки туро мебурду меовард. Номи Суламаро бад накун ва ба қафо баргард». Чашмонамро сиёҳӣ пахш кард. Акнун фаҳмидам, ки чаро Сулама ба хона намеояд. Мардро гапҳои носазо гуфтам. Милисаи беҳаё, ки замоне аз хони мо нон мешикаст, маро бераҳмона мезад ва омода буд дастонамро шиканад…
Замоне чашмонамро кушодам, ки даруни катча ду писарча мехобиданд, яке аз они ман буду дигари азони ҳамкатам. Ман чашм кушодаму дунёи рушанро дидам, вале он духтарак, ки ҳамагӣ 15 сол дошту дар ин ҷанги беъманӣ ӯро нашъаманде барои худ зан карда буд, аз олам гузашт. Дар чашмони шавҳари бангияш осоре аз ғаму андӯҳ набуд. Ӯ беист механдид ва дояро маҷбур мекард, ки писарчаро ба дасташ бидиҳад.
Ба писарам Меҳтоҷ ном ниҳодам, зеро ӯ мӯҳтоҷи дидори падар буд. Нимсеру нимгурусна баъдан низ роҳи омадани Суламаро интизори мекашидем, вале намеомад. Гуруснагию ночорӣ маро маҷбур месохт ҳар субҳ дари якчанд хонаро кӯбаму нон бипурсам, зеро бе маълумоту бе касбу кор, дигар чорае надоштам. Рӯзе ба ҷустуҷӯи ризқ рафтаму хонаам оташ гирифт. Он ҳуҷрае, ки дар он Меҳтоҷ мехобид. Сулама рӯзи даъфни писарам ҳозир шуд. Баъди се рӯз дар назди ҳамсояҳо маро талоқ доду ду писарамонро гирифта рафт. Ману духтарам танҳо мондем.
Тоқатам тоқ шуд. Роҳи хонаи навободнамудаи Суламаро пеш гирифтам. Зани бераҳмаш маро шинохтану гӯш кардан нахост. Ӯ ба дасти се писари аз шавҳари пешина доштааш ва ба дасти писарони худам санг дода фармуд, ки маро сангборон кунанд.
Борони сангу чӯб ба сӯям рехт. Сангҳои ҳавододаи писари хурдиям Шӯҳрат, ки ҳамагӣ 5 сол дошт, ба поям мерасиданд. Сангҳои писари калониям, ки метавонист дар як лаҳза сари маро кафонанд аз болои сарам мегузаштанд. Қалби хуншорам дарк мекард, ки дили писари калониам ба мисли қалби ман афгор аст, вале аз ночорӣ ҷониби ман санг мепартояд, то зери шаттаи модарандар қарор нагирад.
Худоё, мани мискин дигар рӯи бахтро медида бошам?
Ҳар шаб дар хоб мошинеро мебинам, ки маро бо худ ба шаҳри дур мебарад…