Илова бар ин, коршиносон мегӯянд, ки ин навбат низ арзу шикояти бонувон, ки бештар аз 50 дарсади райъдиҳандагонро ташкил медиҳанд, дар нисбати мушкилоти ҷомеа аз ҷониби вакилони мардумиашон беҷавоб боқӣ хоҳад монд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар парлумони Тоҷикистон теъдоди вакилзанон афзоиш ёфта, курсиҳои ишғолкардаи бонувон 12 ададро ташкил медиҳад.
Таҳлилгарон мегӯянд, ки аслан фаъолияти бонувон дар Парлумон ба ҳаёти сиёсии ҷомеа ҳеҷ таъсире нахоҳад гузошт, чунки занонро танҳо ба хотири расмият, яъне баробарҳуқуқии гендерӣ ва ё барои мувофиқат бо меъёрҳои байналмилалӣ вориди Парлумон кардаанд. Мустақил набудани бонувон ва ширкат накардани онҳо дар баҳсҳову хомӯшиашон зимни қабули санади баҳсбарангезро коршиносон ба сифати далел мисол оварда мегӯянд, ки барои фаъолияти муассир занон бояд қабл аз ҳама мустақил бошанд.
Аммо вакил Марҳабо Ҷабборова дар ин маврид назари дигар дорад. Мавсуф баррасии арзу шикояти интихобкунандаҳоро дар мадди аввал гузошта, ҳимояи манфиатҳои бонувонро як ҷузъи аслии фаъолияти хеш медонад. «Бонувон дар парлумон танҳо ба пахши тугмачаҳо машғул нестанд ва сабаби ягонаи хомӯш нишастани онҳо дар иҷлосияҳои МНМО ба қаблан таҳлил ва баррасӣ шудани масоил дар ҷаласаҳои саркумитаҳо рабт дорад», – изҳор дошт Марҳабо Ҷабборова.
Хадича Ҳакимова, вакили дигари парлумон, ин гуфтаҳоро тақвият дода мегӯяд, ки давоми 11 моҳи фаъолият мутасаддии 7 лоиҳаи қонун буд, ки 5-тояш бо ташаббуси Ҳукумат ва 2 лоиҳаи дигар аз ҷониби худаш пешниҳод шудааст. Номбурда мегӯяд, ки зимни таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои қонун «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи суди ҷиноятӣ» ва ҳамзамон ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни «Дар бораи судҳои ҶТ» дар маҷлисҳои саркумитаҳо ва ҷаласаҳои парлумон бо бархӯрди шадид рӯ ба рӯ шуда, тавонистааст ба тамоми суолҳои вакилмардон ҷавоб бидиҳад. Аслан Хадича Ҳакимова назари коршиносонро дар мавриди хомӯшии вакилзанон мутлақо бардурӯғ хонда, гуфт, ки суол аз ҷониби вакил дар ҳолате ба вуҷуд меояд, ки агар вай масъалаи пешниҳодгардидаро дарк ё қаблан хуб таҳлил накарда бошад. «Шахсан барои ман мазмуну моҳияти тамоми қарору асноде, ки то имрӯз дар рӯзномаҳои иҷлосия пешниҳод шудаанд, фаҳмо буд, зеро кӯшиш мекунам тамоми масъалаҳои мавҷударо дар ҷаласаҳои саркумитаҳо баррасӣ намоям», - изҳор дошт Хадича Ҳакимова. Ба бовари вай, бонувон замони баргузории ҷаласаҳои саркумитаҳо ва баромадҳои худ бо бархӯрди шадид рӯ ба рӯ мешаванд, ки мутаассифона аз назари ҷомеа дур мемонад.
Махфират Хидирова, яке аз муаллифони Қонун «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» ва яке аз масъулони ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маориф» дар сӯҳбат ба «Бонувони Тоҷикистон» гуфт, ки давоми фаъолият дар соли 2010 ва даъвати қаблӣ хилофи қабули ҳеҷ санаде овоз надодааст. Ба назари номбурда аслан андешаи он ки фаъолияти Парлумони Тоҷикистон муассир нест, қобили қабул набуда, вакилон то ҳадди имкон талош доранд мушкилоти интихобкунандагонашонро баррасӣ намоянд. «Азбаски тамоми масъалаҳоро мо нахуст дар Шӯро, баъдан дар маҷлиси саркумитаҳо баррасӣ мекунем, зарурате ба баҳс дар иҷлосияҳо боқӣ намемонад», – илова намуд Махфират Хидирова.
Узви Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Галия Рабиева мегӯяд, ки аслан зидди баҳогузории фаъолияти вакилон бидуни ҳеҷ муқаррарот аст. Вай мегӯяд, ки хулосабарорӣ аз фаъолияти бонувон танҳо пас аз дидани иҷлосияҳо, ки комилан пахш намешаванд, низ ғайри қобили қабул мебошад, чунки эроду таклифҳояшон аксаран ҳангоми баргузории маҷлиси саркумита, Шӯрои МНМО пешниҳод карда мешавад. Ба маълумоти Галия Рабиева, худи вай аз моҳи март ба ин сӯ дар умум ба 48 лоиҳаи санад хулоса тайёр карда, муаллифи ду қонун будааст. Хонум Рабиева мегӯяд, ки: «Эҳтимол чунин хулосабарориҳо дар мавриди фаъолияти номуассири бонувон дар Парлумон аз ҷониби гурӯҳи махсуси хабарнигорон ва афроди ғаразнок бароварда шавад». Илова бар ин, – меафзояд вай, – бонувон дар Парлумон хоксор буда, хислати ифтихор аз фаъолияту корҳои басомонрасонидаашонро надоранд».
Тибқи маълумоти мавҷуда феълан, намояндагони беҳтарин дар парлумони дунё дар давлати Руанда ҳисоб мешавад, ки бонувон 48 фисади онро ташкил медиҳанд. Дар ҷойи дуввум Шветсия қарор дорад, ки намояндагони бонувон дар ҳокимияти қонунбарори онҳо ҳудуди 45,3 дарсад мебошад. Шумори занон дар парлумони Тоҷикистон аз рӯи миқдор 17%-ро ташкил медиҳанд.
Аз ин рӯ ба бовари Рано Бобоҷонова, раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ (МИҲД) дар вилояти Суғд баҳогузорӣ намудан бо дарназардошти вақт чандон дуруст нест. Гап дар сари сифати кор меравад. Як соли фаъолият чандон муддате нест, ки ба кори бонувони парлумон баҳои сазовор аз нигоҳи вақт дода шавад. Зеро, барои шинос шудан, таҷриба андӯхтан, малака ҳосил намудан албатта, ба ҳама фурсат лозим мешавад. Бо вуҷуди ин дар парлумони кишвар чеҳраҳои шинохта, ки дар арсаи сиёсат ва қонунгузорӣ худро муаррифӣ кардаанд, фаъолият мебаранд. Барои намуна ман метавонам аз Хайриниссо Юсуфӣ, Мамлакат Хидирова, Галия Рабиеваро махсус қайд кардан мехоҳам, ки духтарону занонуи зиёд бо онҳо пайравӣ кардан мехоҳанд. Ҳамзамон фаъолияти Назира Шарофова ва Сабоҳат Муқумова, ки бевосита бо сафари корӣ ба остони Хуҷанд омада буданд, шиносоӣ дорем. Боз вақт довари хуб аст, зеро аз бонувони қонунэҷодкунанда ҷомеа умедҳои зиёд дорад, мегӯяд Рано Бобоҷонова, раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи МИҲД дар вилояти Суғд.
Бунафша Одинаева, муовини директори агентии назорати маводи нашъовари назди президенти Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ҳар бонуе, ки дар парлумон феълан фаъолият дорад, аз ҷониби мардум интихоб шуда, сазовори ин мақом мебошад. Ба бовари ин ҳамсӯҳбатам дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки ҳамеша мушкилоти зиёти иҷтимоӣ вуҷуд дошт ва дорад, интизор меравад бо гузашти муддате он бартараф шавад. Зеро бонувон ҷиҳати бартараф намудани хушунати хонаводагӣ ва дигар масоили ба ин монанд талош хоҳанд кард.
Бо вуҷуди ин ҳама таҳлилгарон мегӯянд, ки аслан занҳо дар Парлумон барои беҳтар намудани вазъи зиндагии райъдиҳандагони худ ҳеҷ коре анҷом дода наметавонанд. Коршиносон мегӯянд, ки агар вазъ дигар аст, чаро то ба имрӯз бонувони парлумон, ки аксарияташон аз даъвати қаблӣ ҳастанд, дар робита ба мушкилоти иҷтимоии бонувон лоиҳаҳое пешниҳод накардаанд. Умуман, таҳлилгарон бар ин назаранд, ки фаъолияти бонувон дар Парлумони феълӣ дар қиёс бо парлумони солҳои 90-уми Тоҷикистон ҳеҷ аст.
Ҳуқуқшинос Файзиннисо Воҳидова сабаби аслиро дар «таъйин» гардидани занҳо аз ҷониби ҳукумат медонад. Номбурда мегӯяд, ки мутаассифона, давоми чанд соли охир бонувонро мардум интихоб намекунад, балки онҳо ба хотири риояи тавозун, танҳо барои омори расмӣ дар МНМО фаъолият доранд. Мавсуф изҳор дошт, ки: «ӯ бештар на аз фаъолияти бонувон, балки аз фаъолияти парлумони Тоҷикистон дар умум нигарон аст. Зеро фаъолияти МНМО барои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мардум ношаффоф буда, мардум танҳо баъд аз қабули қонунҳо бохабар мешаванд. Илова бар ин, боре ҳам мушоҳида нашудааст, ки дар робита ба озодӣ ва нақзи ҳуқуқи занон ва ё худ воқеоти кишвар бонуе аз Парлумон сару садо баланд ва ё қонуне мутобиқи вазъи иҷтимоии шаҳрвандон пешниҳод карда бошад».
Ба бовари Мунира Иноятова, яке аз занҳои фаъоли солҳои 90-ум, барои фаъолияти камранги Парлумон ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳам худи вакилон гунаҳкоранд. Мунира Иноятова бештар аз он нигаронӣ намуд, ки бо вуҷуди бохабар будан аз вазъи занон бонувони вакил ҳеҷ вокунише нишон намедиҳанд. Номбурда мегӯяд, ки аз фаъолияти бонувон дар Парлумон умуман бехабар аст ва аз вакилбонувон суол мекунад, ки «Чаро бо вуҷуди хушунати хонаводагӣ дар ҷомеа онҳо дар ин мақоми қонунбарор ба сифати намояндаи мардумӣ санади махсусеро баҳри рафъи ин мушкилот пешниҳод ва қабул намекунанд?! Бигузор вакилбонувон барномаҳои мушаххасеро барои боло бардоштани маънавиёти занон рӯйи даст бигиранд, зеро ояндаи давлат ва миллати тоҷик аз масоили ба ҳамин монанд вобастагии зиёд дорад. Аз ин хотир, пешниҳод дорам, ки бонувони Парлумон ҳамкории густурдаеро бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ба роҳ монад, зеро ташкилоту созмонҳои иҷтимоӣ тамоми маълумоти заруриеро рӯйи даст доранд». Аз назари ӯ, дар авохири садаи бист ҷомеаи шаҳрвандӣ вакилони мардумии худро дар симо ва фаъолият беҳтар мешинохт, аммо имрӯзҳо қисме аз ҷомеа аз мавҷудияти занон дар МНМО бехабар буда, занҳои ҷасур ва фаъол бештар дар ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва намояндагии созмонҳои хориҷӣ фаъолият доранд. Номбурда батакрор афзуд, ки барои фаъолияти камранги бонувон дар парлумон на танҳо худи вакилон, балки бештар интихобкунандагон айб доранд, зеро занҳои ҷасуру донишмандро интихоб накардаанд. «Бигузор, бонувони парлумонӣ аз назари мардум ва баҳогузории ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбати фаъолияташон наранҷанд, балки кӯшиш намоянд, ки бештар дастраси ҷомеа бошанд».
Узви ҲНИТ - Зарафо Раҳмонӣ, яке аз муддаиёни курсии парлумон дар интихоботи соли 2010, узви ҲНИТ бар ин назар аст, ки занҳои фаъол дар парлумон роҳ ёфтаанд, аммо бо баъзе сабабҳои ҷузъӣ фаъолияташон назаррас нест. Ба бовари ӯ, онҳо, мисли гурӯҳи дигари вакилон, танҳо ба хотири пиёда сохтани аҳдофи ҳукумат буда, дар робита ба бартараф намудани мушкилоти иҷтимоӣ ибтикоре нахоҳанд кард. Номбурда мӯътақид аст, ки: «Дар сурати ворид шудани бонувони худпешбар ва ё ҳизби мухолиф, рақобат миёни бонувон ба вуҷуд омада, он ба фаъолияти парлумон дар умум таъсири мусбат медиҳад. Чун ин нест, ба фаъол гардидани бонувон дар Парлумон давоми чаҳор соли дигар шубҳа дорад».
Ойниҳол Бобоназарова, яке аз занҳои фаъоли ҷомеа, мегӯяд, ки аслан дар Парлумони Тоҷикистон ба ҷуз аз чанд нафар фаъолияти назаррас надоранд. «Вақте дар Парлумон дар робита ба мушкилот ва ҳаводиси кишвар мардон хомӯш менишинанд, пас чӣ расад ба як бонуи тоҷик, ки ба ин маснад таъйинаш кардаанд?» мегӯяд ӯ:
- Солҳои 90-ум дар арсаи сиёсии кишвар бонувоне фаъолият доштанд, ки зинаҳои гуногуни хидмати давлатиро гузашта, дар манотиқи худ ҳамчун лидер маъруф буданд. Мутаассифона, дар ин авохир бонувон ба сифати намояндагони мардумӣ танҳо ба хотири мансубият ба ҳизб интихоб мешаванд, ки барои мардум ноошноянд, - меафзояд ӯ.
Ба бовари номбурда Тоҷикистон дар симои занон лидерҳои сиёсӣ дорад, аммо бо ҷурмҳои мухталиф бонувони ҷасур дар соли 2010 вориди парлумон нашуданд.
Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти парлумони кишвар ва то куҷо ҳимоя гардидани манфиатҳои интихобкунандагон-бонувон аз ҷониби вакилони мардумӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон яке аз масоили баҳснок боқӣ хоҳад монд. Сари вақт ба навоҳии ҷанубу шимоли кишвар сафар накардану вокуниш нишон надодани вакилзанон дар робита ба обхезии фоҷиабори Кӯлоб, хомӯшӣ ихтиёр кардани онҳо дар мавриди муҳосираи иқтисодии вагонҳои Тоҷикистон дар қаламрави ӯзбекистон, хурӯҷи дубораи бемории сироятии фалаҷи атфол, эътирози занҳои Ҳушёрӣ дар робита ба пулакӣ гардидани роҳ, кушта шудани афсарон дар натиҷаи ҳамла дар дараи Камаробро тахлилгарон исботи гуфтаҳои худ медонанд. Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки занҳо пас аз ин низ ҳатман аз «банд» будани худ ба таҳияву баррасии қонуну қарорҳо ҳадс мезананд…
Ҳумайрои БАХТИЁР