Таваралӣ Зиёзода – муовини директори Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон:
– Таҷриба нишон дод, ки чунин қонун зарур аст, чунки қисме аз волидон масъулиятро пурра ба дӯши мактаб бор карда буданд. Аслан муҳокимаи ин қонун ва қонунҳои дигар кори хуб аст, лекин дар мавриди таҳия, таҳрир, даровардани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи мазкур сухани мутахассис – ҳуқуқшинос зарур мебошад. Онҳо тамоми қонунҳоро медонанд, шояд ибора, зерхат ё моддаи ин қонун дар қонунҳои дигар ифода ёфта бошад. Нозукиҳои зиёде ҳастанд, ки наметавон тариқи «Микрофони озод» иброз дошт. Азбаски сатҳи дониши ҳуқуқии аксари мардум паст аст, таклифу пешниҳодҳояшон содалавҳона ва ба ҳам монанданд.
Қонун чӣ мехоҳад? Қонун маҳз баҳри ҳифзи саломатӣ, таълими баландсифат, ташаккули шахсият ва манфиатҳои имрӯзу ояндаи худи фарзанд ва манфиатҳои падару модару ҷомеа барои фарзанди сазовор тарбия кардан таҳия шудааст. Дар қонун ана ҳамин моддаи хеле муҳим намерасад, онро илова намудан зарур аст. Вагарна мардум мегӯянд, давлат таълиму тарбияи кӯдаконро ба гардани волидон бор кардааст. Агар ҳамин модда мешуд, мақсад ва вазифаҳои қонун равшан мегашт.
Қурбоналӣ Ҳасанов – прокурори калони шӯъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии ҶТ:
– Пешниҳоди лоиҳаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ба андешаи ман, иқдоми хуб аст. Шояд саволе пайдо шавад, ки то имрӯз дар қонунҳои амалкунандаи кишвар ӯҳдадориҳои падару модар нисбат ба фарзанд вуҷуд доштанд ё на? Бояд гуфт, ки дар Кодекси оилаи ҶТ ӯҳдадориҳои падару модар дар тарбияи фарзанд ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ пешбинӣ шудааст. Дар Кодекси гражданӣ бошад, дар бахши ҳуқуқҳои моликиятдорӣ ӯҳдадориҳои падару модар, васӣ, парасторон ва шахсони дигаре, ки ба тарбияи онҳо масъуланд, пешбинӣ гардидааст. Вале дар лоиҳаи қонуни нав маҷмӯи ҳамон ӯҳдадориҳо дар шакли мушаххасу мукаммал таҷассум ёфтааст. Аз тарафи дигар, ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод шудани лоиҳа иқдоми нав аст – ба эҷод кардани қонун аҳли ҷомеа, худи падару модарон ҷалб карда шудаанд.
Чун ҳуқуқшинос лоиҳаро дастгирӣ мекунам, лекин гуфтаниям, ки он ҳанӯз мукаммал нест. Ҳам аз лиҳози қонунэҷодкунӣ, ҳам аз лиҳози дарбаргирии масъалаҳо, ҷавобгариҳо, ӯҳдадориҳо ва ҳамаи масъалаҳое, ки дар муносибати падару модар, васиён, парасторон ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, пайдо мешаванд.
Дар лоиҳаи қонун, ба андешаи ман, таваҷҷӯҳ ба ӯҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд бештар шудааст. Албатта, бунёдгузори инсон падару модар аст ва агар онҳо бунёдро ноустувор гузоранд, тарбияи боғчаву мактабу ҷомеа фоида надорад. Ба гуфтаи Саъдии бузург:
Партави некон нагирад он ки бунёдаш бад аст,
Тарбият ноаҳлро чун гирдакон бар гунбад аст.
Вале, ба фикри банда, ӯҳдадориҳои мақомоти давлатӣ, муассиса ва ташкилотҳое, ки ҷиҳатҳои гуногуни ин масъаларо танзим мекунанд, дар шакли бисёр кӯтоҳ ва маҳдуд омадаанд. Дар ҳоле ки ин мақомот метавонанд ӯҳдадориҳои бисёреро вобаста ба тарбия ба дӯш бигиранд. Масалан, ман мехостам, ки бо назардошти баъзе меъёрҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак (моддаи 9), барои дарёфти фарзандони беназоратмонда, маъюб ё ки бо ягон сабабе аз доираи тарбия берунмонда баҳри мақомоти давлатӣ ӯҳдадорӣ муайян карда шавад, то онҳоро аз кафолатҳое, ки давлат дар қонунҳои амалкунанда медиҳад, бархурдор намоянд. Масалан, волидоне ҳастанд, ки кӯдакони нуқсдори худро бо сабаби шарм доштан аз мақомоти давлатӣ пинҳон медоранд, онҳоро ба парваришгоҳҳои давлатӣ намедиҳанд. ӯҳдадориҳои давлатӣ ҷорӣ шавад, то бо роҳи омӯзиш – ба қайд гирифтан дар муассисаҳои табобатӣ, таълимӣ ин гуна фарзандонро пайдо карда, ба волидон таъсир расонда, дар зери парвариши давлат қарор диҳанд ва бо ин роҳ баҳри ҳимояи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, моддию маънавии онҳо замина гузоранд.
Дар моддаи 7 омадааст: «–ба фарзанди хурдсоли то шашсола барои гирифтани донишҳои аввалия шароит фароҳам оваранд;» Дар ин ҷо калимаи «хурдсол» бемавқеъ омадааст.
Ё ин ки пас аз ҳамин банд омадааст: «–ба таълим фаро гирифтани фарзандонро таъмин намуда, ба таҳсили онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ монеъ нашаванд;». Агар ин ҷо илова кунем, ки «дар муассисаҳои миёнаи умумӣ ва олӣ» дуруст мешавад, зеро, ба касе пинҳон нест, ки баъди хатми мактаби миёна духтарон мехоҳанд дар мактабҳои олӣ таҳсилро идома диҳанд, вале волидон монеъ мешаванд.
Дар лоиҳа омадааст: «– шаъну шарафи фарзандонро эҳтиром карда, ба муомилаи бераҳмона нисбат ба онҳо роҳ надиҳанд;» Агар ибораи «ҳуқуқ ва шаъну шарафи фарзандон» гӯем, ба меъёрҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак мувофиқ мешавад.
Зимнан бояд қайд кард, ки барои амали ҳамаҷонибаи қонун дар баробари зиёд кардани ӯҳдадориҳои падару модар фароҳам овардани шароити моддӣ, иҷтимоӣ барои татбиқи ӯҳдадориҳо зарур аст.
Ибронова Рухсора – муовини директор оид ба таълиму тарбияи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 41, ноҳияи Шоҳмансур:
– Лоиҳаи қонун аз нигоҳи замон ва вазъи ҷомеаи мо хеле саривақтист. Вале аз нигоҳи мӯҳтаво ва мундариҷа, албатта, кор мехоҳад. Мутаассифона, тайи чанд соли охир бар асари табаддулоти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа заминаҳои фарҳангиву иқтисодии оилаи тоҷик заиф гардида, дар натиҷа тарбияи кӯдакон дар оила ва нақши волидон дар ин масъала сахт коҳиш ёфт. Ва ин дар ҳолест, ки мактабу маориф ҳам дар бисёр маврид дар ҳамин масъала дасткӯтоҳӣ мекашанд. Ман нарасидани муаллимони баландихтисос, қашшоқии китобхонаҳои мактаб, ба вазъи иҷтимоӣ мувофиқ набудани музди кори муаллим, косташавии эътибори ӯро дар ҷомеа дар назар дорам, ки ба сифати таълиму тарбия бетаъсир намемонанд. Ман пешниҳод мекунам, ки аз қонун масъалаҳои ҷузъӣ, аз қабили бо худ доштан ё надоштани телефонҳои мобилӣ ихтисор карда шавад, чунки ин масъаларо тавассути ойинномаҳои муассисаҳои таълимӣ ҳал кардан мумкин аст. Аз тарафи дигар телефонҳои мобилӣ барои назорати ҳаракати кӯдак аз ҷониби калонсолон мададгори хуб аст. Хуб мешуд, баробари қонун барнома ё нақшаи амалиёт барои иҷрои ин қонун таҳия мегардид ва дар он доираи масъулият ва фаъолияти ҳамаи сохторҳои ҷомеа мушаххас баён мешуд.
Барно Султонова