Аммо бояд гуфт, ки ин омил дар ҳама давру замон буд, ҳаст ва бо боварӣ гуфта метавон, ки хоҳад монд. Зеро яке дӯст дошта ба шавҳар мебарояд, дигаре ба хотири ба хориҷ рафтан ва саввумӣ аз рӯи манфиатҳои дигар. Масалан, дар замони шӯравӣ мардони тоҷик барои ба даст овардани мансаб ба занони рус оиладор мешуданду духтарони шахсони шинохта барои расидан ба ҳадафҳои худ ба мардони рус. Дар ин миён метавон духтарони Ҷаббор Расулов, Ғаффор Мирзо ва дигаронро мисол овард.
Имрӯз дар тамоми ҷаҳон никоҳи байнимиллатҳо ба назар мерасад, аммо ин раванд дар ҳар кишвар ба таври худ сурат мегирад ва «иштирокчиён»-и он ҳар як ҳадафу мақсади худро доранд. Мисол, духтари рус ҳангоми шавҳари хориҷӣ кардан ҳам метавонад дар оилаи нав менталитет ва мафкураи русии худро ҷорӣ кунад. Ҳатто баъди талоқ ҳам русзан аз ҳуқуқҳои худ ҳимоя карда метавонад. Аммо зани тоҷик чӣ? Зани тоҷик дар кишвари худ аз ҳуқуқҳои худ ҳифз карда наметавонад, ҳатто дар муносибат бо марди тоҷик, ҳоҷати гапи марди хориҷӣ нест. Вале чун имрӯз бонги хатар мезанем, ки ҳуқуқи духтарони тоҷикистонӣ аз ҷониби мардҳои миллати ғайр поймол мешаванд ва пеш аз он ки пеши роҳи экспорти арӯсон - тоҷикро гирифт, бояд сабабҳои онро муайян кард.
Пӯшида нест, ки сабаби аввал ва аз ҳама асосӣ кам будани мардон дар муқоиса ба занон аст. Дигар сабаби ҳалталаб вазъи иқтисодии кишвар аст, ки дар ин маврид зиёд гуфтаанд. Инчунин бояд муайян намуд, ки кадом гурӯҳи занон ба мардони хориҷӣ мерасанд. Аз ҳама аҷибаш ин аст, ки аввал духтарони соҳибмаълумот ва ба қавле «тоҷики нав» шавҳари хориҷӣ мекарданд, аммо имрӯз ин омилро дар минатқаҳои кишвар низ мушоҳида кардан мумкин аст.
Тибқи иттилои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷ соли ахир ҳудуди 2700 шаҳрванди хориҷӣ бо духтарони тоҷик издивоҷ карда, аз ин миён 600 нафар никоҳи худро бекор кардаанд.
Дар ҳамин замина, Абдуманнон Холиқов, муовини вазири адлияи кишвар дар як ҷаласаи Парлумонӣ зарурати ба Кодекси оилаи ҷумҳурӣ ворид кардани тағйиротро дар мавриди ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон пешниҳод кард. Яке аз шартҳои дар ин санад зикршуда ин аст: шаҳрванди хориҷие, ки нияти бо шаҳрванди Тоҷикистон барпо кардани оиларо дорад, бояд ду шартро рияо намояд: аввал – тайи як соли охир дар Тоҷикистон истиқомат карда бошад ва дуюм аҳдномаи дуҷонибаро ба имзо расонад, ки хариди манзили истиқоматии шахсӣ барои ҳамсараш шарти асосии он аст. Зимни баррасии ин масъала намояндагони Парлумон гуфтанд, ки дар бархе мавридҳо шаҳрвандони хориҷӣ бо ҳадафҳои ғаразнок, аз ҷумла, дарёфти шаҳрвандии Тоҷикистон ё зиндагии муваққатӣ дар ин кишвар, бо духтарони тоҷик издивоҷ мекунанд. Аммо то кадом андоза ин фикр дуруст аст, хонандаи азиз худ қазоват кунед.
Муҳим мо бояд мавриди он андеша кунем, ки ҷиҳати манфии никоҳи байнимиллатҳо дар чист? Ин омил бештар ба генофонди миллӣ таъсири манфӣ мерасонад, аммо барои ҳар як инсон манфиати шахсиаш болотар аз ҳама чиз меистад. Мо бояд ба чашми ҳақиқат нигоҳ кунем ва ҳади ақал ба худ дурӯғ нагӯем.
Дар ин маврид, ҳатман бояд як нуктаро қайд кард, ки давлат дар ҳолати таҳдид ба генофонди миллӣ ҳақ дорад ва вазифадор аст, ки чунин никоҳҳоро танзим кунад. Барои мисол лигаи лордҳои англис масъалаи генофондро зери назорати махсус қарор дода, ба ҳукумат ҳамеша тавсияҳо медиҳад, ки дар қонунгузорӣ инъикос мешавад.
Яҳудиҳо бошанд, наметавонанд бе иҷозати раввин – рӯҳонӣ, ки аз функсияи динӣ дида, бештар рисолати миллӣ дорад, ба марди ғайримиллати худ ба шавҳар бароянд.
Ягона таҳдиде, ки метавонанд никоҳҳои байналмиллатҳо ба мардуми мо дошта бошанд, ин никоҳ бо хитоиҳост. Азбаски хитоиҳо беш аз якуним миллиард ҳастанд ва метавонанд миллати моро дар худ ҳазм карда, ба нестӣ расонанд, ҳатман бояд санади меъёрии танзимкунандаи никоҳи тоҷику хитоӣ қабул шавад. Ин ҳиҷ гоҳ ба мазмуни миллатгароӣ набояд қабул шавад, баръакс ба хотири ҳимояи манфиатҳои миллӣ.
Ва мавриди зикр аст, ки ба инсон интихоби ҳамсарро маҷбур кардан дар ҷомеаи имрӯзаи мо қариб ки ғайриимкон аст. Аз ин рӯ ба зан ҳам наметавон манъ кард, ки бо марди хориҷӣ издивоҷ кунад. Меарзад, ки ба шоҳзодаи мулки бегона ба шавҳар баромад ё на, танҳо худи зан ҳал карда метавонад. Аммо бо «айнакҳои гулобӣ» бояд зудтар хайрбод гуфт. Ва аз ҳама муҳим, агар зан донад, ки дар ватани азизаш ӯро ояндаи нек интизор аст, ҳеҷ гоҳ орзуи кишвари дигар намекунад.
Муҳайё Нозимова