19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Падару модар дар тарбияи фарзанд вазифадор мешаванд

     Ин мақоми баландпояи кишвар мегўяд, имрӯз сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ ба талабот ҷавобгӯ нест ва ба гуфтаи ӯ, яке аз сабабҳои ин ҳолат он аст, ки аксарияти падару модарон масъулияти таълиму тарбияи фарзандонашонро танҳо ба мактабу муаллим ҳавола мекунанд.

                                            Гузариш ба низоми 12-солаи таҳсилот

                                             марҳала ба марҳала сурат мегирад

     Ҳамчунин дар ин нишаст вазири маориф иттилоъ дод, ки тарҳи ислоҳоти Вазорати маориф гузариши марҳила ба марҳиларо ба низоми нави таҳсил дар назар дорад. Мутобиқ ба ин тарҳ, солҳои 2014-2015 қабули муҳассилин ба мактаб аз синни 6 шурӯъ хоҳад шуд ва дар солҳои 2016-2017 мактабҳои Тоҷикистон пурра ба низоми таълими 12-сола хоҳанд гузашт.

     Ҷаноби Раҳмон дар ҳамин робита гуфт, тарҳи тағйироту иловаҳо ба қонуни маориф барои ҷорӣ кардани низоми 12-солаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз сӯйи палатаи болоии парлумони кишвар тасдиқ шудааст.

     Барои роҳандозӣ кардани низоми нав Вазорати маориф гурӯҳи вижаи корӣ таъсис додааст, ки ба омӯзиши вазъи феълии макотиби таҳсилоти умумӣ ва ин низоми ҷадид машғул хоҳад шуд.

     Тасмими боз як соли дигар тамдид кардани таҳсил аз сӯйи Вазорати маориф ба хотири мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ба роҳ мондани сатҳи таълим гирифта шудааст. Ба ақидаи масъулин, ин навъи низоми тадрис метавонад ба падидаи тарки таҳсил кардани хонандагон хотима гузорад.


                                                                      Камбуди муаллимон


     Вазири маорифи Тоҷикистон гуфтааст, ки дар соли хониши 2010-2011 дар маҷмӯъ ба 3132 нафар омӯзгори фанҳои мухталиф дар мактабҳои миёнаи кишвар ниёз дорад.
     Ба ақидаи Абдуҷаббор Раҳмонов, сабаби аслии норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар афзоиши шумори муҳоҷирон ба хориҷ аз Тоҷикистон аст. Ӯ гуфт, аз моҳи феврал ба ин сӯ, муҳоҷирати корӣ ба хориҷ аз кишвар афзоиш пайдо кард, ки дар миёни муҳоҷирон муаллимони мактабҳои миёна низ зиёд ҳастанд.
     Ба гуфтаи вазири маориф, танҳо роҳи ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати муаллимон ва даст кашидани онҳо аз кори омӯзгорӣ он аст, ки ҳукуматҳои маҳаллӣ дар таъмини шароити кору маишати зиндагии омӯзгорон мусоидат кунанд.

     Дар соли равон 6200 нафар донишгоҳ ва донишкадаҳои омӯзгориро хатм намудаанд, ки ба гуфтаи вазири маориф агар ҳамаи онҳо ба мактаб ба кор бираванд, мушкили таъмини мактабҳо ба омӯзгорон ҳал хоҳад шуд. 

Медалҳои байналмилалӣ меафзоянд

     Тибқи иттилои Шокирҷон Гадоев – Директори маркази ҷумҳуриявии кор бо мактаббачаҳои шоиста, муҳассилини тоҷик дар олимпиадаҳои байнулмиллалӣ дар Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Туркия, Озарбойҷон, Русия, Амрикои Лотинӣ, Молдава ва Руминия бештар дар фанҳои дақиқ иштирок карда, сазовори 47 медали тилло, 48 медали нуқра ва 91 медали биринҷӣ гаштанд. 

 Кўдакистонҳо ниёз ба ислоҳот доранд

     Ҳамчунин Абдуҷаббор Раҳмонов аз вазъи таълиму тарбия дар кўдакистонҳо низ ибрози нигаронӣ карда афзуд, ки мутаассифона дар муассисаҳои томактабӣ шахсони тасодуфӣ зиёд роҳ ёфтаанд ва вазъи ин ниҳодҳо низ ташвишовар шудааст. Тавре вазири маориф гуфт, ҳар он чизе, ки мутааллиқ ба вазорати мо буд, чопи китобҳову дастурамалҳо барои мураббияҳоро ба роҳ мондем ва  курсҳои тахассусию бозомўзиро ташкил кардем. Дигар муваффақияти кор дар ин ҷода вобаста ба маҳорати мураббияҳою масъулият бошад, бар ўҳдаи раисони кўдакистонҳост.

                                                                                                                                     Шаҳноз Комилзода
:.  Ҳуқуқ 18.12.2010 10:47 4076

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz