Коргоҳи «Авитсенна»-и шаҳри Хоруғ, ки ба фаъолияти фармасевтӣ машғул аст, аз гиёҳҳои кӯҳистон 13 намуд дору тайёр мекунад. Ба қавли роҳбари муассиса Нигина Ватанбекова имкониятҳои фаровони дорухонаи табиати Бадахшон ҳанӯз истифода нагаштаанд ва дорусозони коргоҳ тасмим доранд, ки дар ояндаи наздик аз гиёҳҳои шифобахши маҳаллӣ беш аз 30 намуд дору тайёр намуда, ба мизоҷон пешкаш намоянд.
Нигина пас аз хатми коллеҷи тиббии шаҳри душанбе (1983) бо ихтисоси дорусоз фаъолияташро ба ҳайси ассистент дар дорухонаи марказии хоруғ шурӯъ намуд. Ӯ аз таҷрибаҳои нахустини дорусозони вилоят дар самти тайёр кардани маҳлулҳои табобатӣ ва дору аз хокаҳои кимиёвӣ ва рустаниҳои шифобахшро ёд гирифт. бар мабнои таъминоти мутамарказ намудҳои зарурии доруҳои кимиёвӣ ба миқдори зиёд ворид гардида, пас ба дорухонаҳои навоҳӣ тақсим мекарданд.
Миёнаи солҳои 80-ум, агарчи ҳангомаи бархе аз воситаҳои ахбори омма ба боло рафтани шуҳрати иддае аз табибони халқӣ, ки аз гиёҳдармонӣ истифода мебурданд, дар миқёси ҷумҳурӣ ва берун аз он мусоидат намуд, дорусозони маҳаллӣ ба истифодаи доруву дармони аз гиёҳҳои маҳаллӣ тайёршуда дар табобати беморон иҷоза надоштанд. Дар ин давра ба вилоят асосан доруҳои кимиёвӣ ворид мешуданд ва дорусозон барои қонеъ намудани талаботи муассисаҳои табобатӣ ба дору аз хокаи кимиёвӣ ва спирт номгӯи ангуштшумори маҳлулҳо ба мисли натрий хлори 0,9 - фоиза тайёр мекарданд. Дар давраи нобасомониҳои солҳои 90-уми асри ХХ эҳсоси шадиди камбуди доруворӣ дорухона истеҳсоли маҳлулҳои кимиёвиро афзоиш дод.
Н. Ватанбекова аз зумраи дорусозонест, ки масъалаи истифодаи самаранок аз дорухонаи табиатро ба миён гузошта, бо ташаббуси онҳо тайёр намудани доруву дармон аз гиёҳҳои шифобахшро дар дорухонаи вилоятӣ ба роҳ монд.
- Қисмати зиёди доруҳо дар хориҷ аз кишвар истеҳсол мешаванд ва нархи гарон доранд. Доруҳое, ки аз рустаниҳои шифобахши ватанӣ тайёр мешаванд ва барои мизоҷон аз ҳамаи табақаҳо дастрасанд. Вале, муҳимтар аз ҳама, доруҳои аз гиёҳҳои шифоӣ тайёршуда аз лиҳози экологӣ тоза ва барои саломатӣ бехатаранд, - иброз медорад дорусоз.
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба корхонаҳои давлатӣ иҷозаи хусусӣ шуданро дод, Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Авитсенна» таъсис ёфт ва Н. Ватанбекова роҳбари он интихоб гардид. Таҷрибаи талх нишон дод, ки иддае аз корхонаву муассисаҳои хусусишуда дар вилоят пас аз чанде таъйиноташонро дигар намуда, ба ҷояшон манзилҳои истиқоматӣ ва ё ошхонаву меҳмонхона арзи вуҷуд карданд. Вале, Нигина тавонист дорусозони беҳтаринро муттаҳид намуда, фаъолияти ҷамъиятро тавсеа бахшад. Муҳити созандаи корӣ имкон дод, ки дорусозони пуртаҷриба донишу малакаашонро ба мутахассисони ҷавон омӯзанд.
Даромади хуб аз фурӯши дору боис гардид, ки солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳо дорухонаҳои зиёд чун «замбурӯғҳои баъди борон» арзи вуҷуд намуданд. Вале, мизоҷони «Авитсенна» кам нагаштанд. Қатъи назар аз он ки муассиса яке аз андозсупорандагони калонтарин аст, нархи доруҳои воридотӣ дар ин ҷо назар ба дигар дорухонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят арзонтар мемонад. Мизоҷони зиёде ҳам барои дарёфти доруҳои арзони аз гиёҳҳои шифобахш тайёршуда ба ин ҷо муроҷиат менамоянд.
- Тозакору бовиҷдон будан ва шифобахшандагӣ сифатҳои дорусозу доруфурӯш дар ҷомеаи анъанавии тоҷик ҳастанд. Муносибатеро, ки солиёни зиёд байни мизоҷон ва муассиса ба вуҷуд омадааст, қадр медорем ва намехоҳем, ки ин бовариро аз даст диҳем. Дар муносибатҳои тиҷоратӣ манфиати мизоҷонро низ ба назар мегирем ва ин омилҳо сабаби муваффақияти корхона аст, - баён дошт Н. Ватанбекова.
Дар шароити сарди кӯҳистон бемориҳои шадиди узвҳои нафас хеле зиёданд. Доруҳои бо омехтаи спирт аз хуч, ширинбия ва бобуна тайёршударо беморон ба таври фаровон барои табобати ин гуна бемориҳо истифода мебаранд. Аз омехтаи асали тоза ва барги алоэ маҳлул барои табобати захми рӯда омода мешавад. Маҳлули аз одамгиёҳ (женшен, золотой корен) афроди миёнсол ва солманде, ки ба таскинбахшӣ ниёз доранд, бештар ҷӯё мешаванд. Барои беморони ҷоғар аз пӯст ва мағзи чормағз дору омода месозанд.
Коргоҳ ба талаботи бозор мутобиқ мегардад. барои рангу бор ва ҳифзи рўю дастон аз таъсири гармову сармо аз маҳсулоти косметикї истифода мебаранд. алҳол онҳо ҳарчи бештар маҳсулоти косметикиро, ки бо омехтаи асал ва ё спирт аз гиёҳҳои тару тозаи шифобахши маҳаллї тайёр мешавад, харид менамоянд, зеро ба сифат ва таъсирнокиашон эътимод пайдо кардаанд. пас аз чанде ба бозор ғўлаҳои «сникерс» бароварданианд, ки он аз омехтаи хокаи тут ва чормағз тайёр шуда, хусусияти табобатиро дорост.
Дар сафарҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Малайзия ва Дубай (2007, 2014) дар қатори соҳибкорони ватанӣ Н. Ватанбекова бо маҳсулоти корхонааш дар намоишгоҳҳои он ҷо иштирок намуд. Чанде қабл дар форуми байналмилалии дорусозон дар Ҳиндустон бо бренди «Авитсенна» ширкат варзид.
Олимон муайян карданд, ки дар ҳудуди Бадахшон зиёда аз 240 намуди гиёҳҳои шифобахш мерӯянд. Бобуна, ангат, настаран, зуф, гулхор, ширинбия, шулха, бӯйи модарон, боқило, андуз, баргчой, гашниз, зағир, зира, сипандона, роҳдавак, ҷамбилак, гули хуҷаста, сияҳдона, газна, қоқу, мушхор, кавар, марв, одамгиёҳ ва ғайра дар тибби халқӣ ба таври фаровон истифода мешаванд. Алҳол танҳо дар ноҳияи Ишкошим 4 табиби халқӣ тибқи иҷозатномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба гиёҳдармонӣ машғуланд. Аммо, ба истеҳсоли саноатии дору аз рустаниҳои шифобахш фақат коргоҳи «Авитсенна» кор мегирад.
- Аз ҳаҷми умумии солонаи муомилоти доруворӣ маҳлулҳо ва доруи аз гиёҳҳои шифобахш тайёршуда ҳамагӣ 15 фоизро ташкил медиҳад, ки ночиз аст. Имкониятҳои дорухонаи табиати кишварамон беназиранд ва аз он бояд самаранок истифода бурд,- изҳор медорад роҳбари «Авитсенна».
Хусусиятҳои иқлимӣ ва олами беназири набототи Тоҷикистон ҳанӯз даҳсолаҳо қабл таваҷҷуҳи мутахассисони дорусозро ба худ ҷалб сохта буд. Таҷрибаҳо собит намуданд, ки дар таркиби рустаниҳои дар шароити баландкӯҳ меруста, бинобар зиёдтар будани таъсири нурҳои ултрабунафш моддаҳои фаъоли биологӣ бамаротиб аз чунин намуди рустаниҳои водиҳо зиёдтар ва сифатан беҳтаранд. Ин аст, ки соли 1980 бо ибтикори «Союзлекраспром» дар садҳо гектар замини корами Бадахшон кишти гули хуҷаста, мелиса ва валерянка шурӯъ шуда, қарор буд дар Хоруғ корхонаи коркарди рустаниҳои шифобахш сохта шавад, вале бинобар қатъ гардидани таъминоти мутамарказ ин тарҳ ба боди фано рафт. Нигина Ватанбекова бар он бовар аст, ки бо баҳрабардорӣ аз имконоти беназири табиии кишвар ва рушд ёфтани саноати дорусозӣ рӯзе мерасад, ки доруи дармонбахш ва босифат бо бренди «Made in Tajikistan» дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи шоистаи хешро дармеёбад.
М. ШОҲҶАМОЛ,
ВМКБ
барои рангу бор ва ҳифзи рӮю дастон аз таъсири гармову сармо аз маҳсулоти косметикӢ истифода мебаранд. алҳол онҳо ҳарчи бештар маҳсулоти косметикиро, ки бо омехтаи асал ва ё спирт аз гиёҳҳои тару тозаи шифобахши маҳаллӢ тайёр мешавад, харид менамоянд, зеро ба сифат ва таъсирнокиашон эътимод пайдо кардаанд. пас аз чанде ба бозор ғӮлаҳои «сникерс» бароварданианд, ки он аз омехтаи хокаи тут ва чормағз тайёр шуда, хусусияти табобатиро дорост.