Вақте аз маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» дар тамос шуда, гуфтанд, ки дар мавзуи «Саҳми занон дар Артиши миллӣ» андешаҳоямро иброз дорам, ростӣ, то лаҳзаи вохӯрӣ фикрҳои зиёд дар сарам чарх заданд. То ин замон, яъне тули 23 соли фаъолият дар ҷодаи ҳарбӣ, боре ҳам дар бораи мушкили зан дар ин самт наандешида будам. Мисли кори доимӣ ё реҷа мебоист ҳар рӯз масъулияти базиммадоштаро анҷом медодам. Ин суол водорам сохт, то аз рӯзгори гузаштаи худу ҳамсафонам, сафҳаҳо гардон намоям.
Андешидам, ки, воқеан, барои зан дар баробари бар дӯш доштани бори вазнини рӯзгор, боз дар паҳлуи мардон истода, тартиботи ҳарбиро иҷро намудан, корест басо мушкил.
Гоҳе ба зиндагии бонувони касбу кори гуногундошта назар афканда, ҳавасам меояд. Воқеан ҳам, масъулияти зани ҳарбӣ зиёдтар аст ва зиндагиаш ҳам ба куллӣ аз дигарон тафовут дорад. Сарфи назар аз он ки дар кадом самту бахшҳо фаъолияташ роҳандозӣ шуда бошад ҳам, риояи тартиботи ҳарбӣ талаботи хосса аст, ки он аз ҳар нафар корманди ҳарбӣ бечунучаро тақозо мешавад. Вале аз ба бар намудани либоси зебои низомӣ, ки пӯшидани он орзуи деринаам буд, сарфарозам. Ифтихормандӣ аз пеша доштан ҳамаи мушкилиҳоямро фаромӯш месозад, - иброз медорад Олима Мирзоҷонова.
Мавсуф мегӯяд, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бонувон соҳиби мақому манзалати воло шуда, имрӯз онҳо дар ҳама соҳаҳо фаъолона ширкат меварзанд. Дар сафи Артиши миллӣ бонувон дар баробари мардон содиқонаву софдилона хизмат менамоянд.
- Бонувони низомӣ зоҳиран зан ҳастанд, вале дар асл онҳоро иҷро ва риояи тартиботи ҳарбӣ ончунин дақиқназару бомасъулият намудааст, ки корнамоии бевоситаашон дар вазифаҳои ҳарбӣ гувоҳи ин гуфтаҳоянд, - бо фахр иброз медорад ҳамсуҳбатам.
Ба гуфтаи Олима, дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ аз соли 1996 инҷониб аз ҳисоби бонувони фаъоли ин ниҳоди қудратӣ Шурои занон амал менамояд, ки он дар ҳалли мушкили ҷойдоштаи занон - хизматчиёни ҳарбӣ корҳои зиёдеро анҷом додааст. Ҳамчунин, бонувони низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар тамоми чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва парадҳои ҳарбӣ ширкат меварзанд. Алҳол, дар шифохонаи мазкур 70 дарсади кормандонро, сар аз рӯбандаю фаррошҳо то ҳамшираю табибон бонувон ташкил медиҳанд.
Зодмандонаш кормандони ҳарбӣ, падар дар Комиссариати ҳарбии шаҳри Хоруғ муҳосиб ва модар хазинадори он буд. Олима ба фанҳои дақиқ рағбати зиёд дошт. Бахусус, фанҳои кимиё ва биологияю анатомия аз зумраи фанҳое буданд, ки ӯ вақти бештарашро масрафи он менамуд. Шуълаи пешаи пизишкӣ аз хурдӣ дар қалбаш фурӯзон гаштаву омӯзиши пайдарпайи фанҳои вобаста ба ин касб муҳаббати ӯро ба табибӣ меафзуд.
- Пас аз хатми мактаби миёна соли 1994 шомили факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев шудам. Бо хатми Донишгоҳ соле зиёдтар дар беморхонаи марказии шаҳр кор кардам. Табиб шудан тасмими ниҳоиям буд, вале дар бар намудани либоси низомӣ орзуи деринаам буду мехостам ҷомаи амал пӯшад. Қиблагоҳам роҳнамоям шуданд, то дар ин ҷода фаъолият намоям. Соли 2001 чун духтури лаборанти клиникавӣ – биохимиявӣ дар Шифохонаи марказии ҳарбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба фаъолият пардохтам. Аз соли 2016 сардори шуъбаи тадқиқотии шифохонаи мазкур ҳастам. Хуллас, 23 сол аст, ки машғули ин пешаам. Бо рутбаи ҳарбии подполковники Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ мушарраф гардидам, - мегӯяд Олимабону.
Солимии ҷомеа аз солимии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон маншаъ мегирад. Имрӯз, ки самти ӯ ба фаъолияти ҷавонон, бахусус аскарону афсарон роҳандозӣ аст, мебоист дар ин ҷода масъулиятро аз мадди назар дур наандозад. Бо тани сиҳату солим дар мудофиаи Ватан омода будани ҳар нафар корманди низомиро рисолати хеш медонад.
Олима бо ҳампешаҳо ҳар рӯз зиёда аз 50 сарбозу афсарро аз таҳлилҳо ва тадқиқоти лаборатории шифохонаи ҳарбӣ мегузаронад. Бо ёфтани нуқс ё беморӣ дар бадани онҳо барои табобат ба назди духтурони касбӣ мефиристонад. Ҳамчунин, дар шуъбаи тадқиқотии Шифохонаи марказии ҳарбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хонаводаи афсарону сарбозон имкон доранд, ки бо гузаштан аз ташхиси лабораторӣ аз ҳолати саломатии хеш бохабар шаванд.
- Чанд соли охир аст, ки бо дастрасӣ аз таҷҳизоти нави замонавии тиббӣ мушкили кормандони шуъба осон шудааст. Пештар ду нафар дар таҳлилу таҳқиқи лабораторӣ аз нарасидани лавозимоти лабораторӣ мушкил доштем. Ҳоло бошад, шаш нафар корманд бо дастрасии таҷҳизоти осонкор дар дақиқаҳои кӯтоҳ таҳлилҳоро мегузаронанд, - иброз дошт Олима.
Ин аст, ки бонувон бо дили гарм омодаи хизмат ба Ватан буда, дар мубориза бар зидди ҳама зуҳуроти номатлуби аср ва барои сулҳу оромӣ, таъмини ҳаёти осоишта ва хушбахтии мардуми кишвар ҷаҳду талош меварзанд.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО